Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Қутбия Неъматулло бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз.
Нахуст роҷеъ ба мазмун ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз медоштед.
Дар раванди танзим намудани муносибатҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин, ташкил ва фаъолияти сохторҳои бунёдии давлатдорӣ нақш ва манзалати Конститутсия мақоми бузург дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар шароити ниҳоят мураккаб ва ҳассоси кишвар қабул гардида, ҳадафи асосии он танзим намудани муносибатҳо дар ҷомеа, муқаррар кардани асосҳои сохтори конститутсионии давлат, муайян намудани ҷойгоҳи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амиқан дарҷ кардани сохтору салоҳияти ниҳодҳои муҳими давлатӣ мебошад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф зарурати ҳамовозии халқ ба миён омад. Ниҳоят, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд ва халқи тоҷик дидгоҳи худро барои таҷдид намудани меъёрҳои қонуни асосии давлат иброз намуданд. Пас аз мукаммал намудани лоиҳаи Конститутсия ва ба инобат гирифтани ҳуқуқу манфиатҳои тамоми субъектҳо ба раъй¬пурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид. Боиси хушнудист, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ зиёда аз 95 дарсади аҳолӣ, ки ҳуқуқи раъйдиҳиро доштанд, ширкат варзиданд ва зиёда аз 87 фоизи онҳо ба ҷонибдории қабули Конститутсия овоз доданд.
6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ як зумра масъалаҳои муҳим, ба мисли танзими асосҳои сохтори конститутсионӣ, муайянсозии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти ниҳодҳои бунёдии давлат ҳамаҷониба мавриди танзим қарор гирифтанд.
Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ пайваста дар мутобиқсозӣ бо муносибатҳои ҷамъиятӣ мавқеъ дорад, яъне он хусусияти догмагӣ надорад. Ҷиҳати танзим намудани муносибатҳои нави ҷомеа ва мутобиқ сохтани меъёрҳои қонуни асосӣ вобаста ба талаботи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зарурати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ як қатор муносибатҳои муҳим мавриди танзими конститутсионӣ қарор гирифта, меъёрҳои Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ, забонӣ ва мантиқӣ мустаҳкамтар карда шуданд. Дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 29 соли мавҷудияташ заминаи воқеии бунёди низоми ҳуқуқии миллӣ ва ташаккули низоми қонунгузории ватаниро гузошт.
Падидаи назорати конститутсионӣ дар кишвар кай таъсис ёфт ва барои фаъолияти Суди конститутсионӣ кадом асосҳои ҳуқуқӣ ҷой доштанд?
- Бо талаботи ҷомеа ва давлат падидаи назорати конститутсионӣ дар кишвар соли 1990 таъсис ёфт. Кумитаи мазкур назорат, риоя ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияро амалӣ намуда, баъдан дар таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим гузошт.
Воқеан, ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани Суди конститутсионӣ як қатор санадҳое ҷой доштанд, ки ба сифати асоси ҳуқуқии таъсисёбии он баромад менамоянд. Дар байни онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосаро соҳиб аст, зеро ин санади олии ҳуқуқӣ дар моддаи 9, таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо намуда, дар доираи моддаи алоҳида (моддаи 89) вазъи ҳуқуқии Суди конститутсионӣ ва салоҳияти онро амиқан муайян намудааст. Яъне, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайдоиши як ниҳоди нави ҷомеаи демократӣ заминаи муҳими ҳуқуқиро фароҳам овард.
Дурнамои фаъолияти давлат аз қабул ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқие вобастагӣ дорад, ки онҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ мутобиқат дошта, ҳадафҳои давлат ва ормонҳои халқро инъи¬кос менамоянд. Маҳз бо назардошти муайянсозии мутобиқат доштан ва ё надоштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба меъёрҳои қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ба таъсиси Суди конститутсионӣ пайдо шуд, ки чунин ниҳод имрӯз дар зиёда аз 140 давлатҳои дунё арзи ҳастӣ менамояд. Суди конститутсионӣ мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия таъсис дода шуда, адолати судии конститутсиониро дар кишвар амалӣ месозад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули замони соҳибистиқлолӣ буда, бештар дар худ аломатҳои модели назорати конститутсионии аврупоиро ҷой додааст. Ҳангоми таъсис додани Суди конститутсионӣ таҷрибаи як қатор давлатҳои Аврупо, Амрико ва Осиё мавриди омӯзиш қарор дошт.
Суди конститутсионӣ кадом салоҳиятҳоро дорост?
Суди конститутсионӣ ҳамчун ниҳоди махсуси судӣ дорои салоҳияти хос мебошад, ки он дар моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 34, 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври муфассал мавриди танзим қарор гирифтааст. Ба сифати салоҳияти асосии Суди конститутсионӣ баррасии парвандаҳо дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, баррасии парвандаҳо дар хусуси муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия, баррасии парвандаҳо оид ба ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо, иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муайян кардаанд, шомил мешавад.
Дар моддаи 35 Қонуни мазкур як зумра салоҳиятҳои дигари Суди конститутсионӣ мустаҳкам карда шудаанд, ки ба онҳо метавон қабул намудани дастури Суди конститутсионӣ, омода ва қабул намудани матни номаи ҳарсолаи Суди конститутсионӣ, интихоб намудани котиби Суди конститутсионӣ, боздоштани ваколатҳои судяи Суди конститутсиониро ҳал ва фаъолияти дастгоҳи Суди конститутсиониро баррасӣ ва оид ба он қарори дахлдор қабул менамояд.
Салоҳияти Суди конститутсионӣ имконият медиҳад, то ин ниҳоди мустақили судӣ адолати судии конститутсиониро дар кишвар татбиқ намуда, дар самти риоя кардани меъёрҳои конститутсионӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам орад.
Дар кадом ҳолат шаҳрванд метавонад ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намояд?
- Ба Суди конститутсионӣ субъектҳое ҳуқуқи муроҷиат намудан доранд, ки дар моддаи 40-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд ва яке аз онҳо шахсони воқеӣ ба ҳисоб мераванд. Яъне, шахсони воқеӣ дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба онҳо дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд, ҳуқуқ доранд, ки ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд.
Дар кадом маврид Суди конститутсионӣ муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намекунад?
- Аксаран шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ оид ба масъалаҳое муроҷиат менамоянд, ки тобеият ба ин ниҳоди судиро надоранд. Дар ин сурат Суди конститутсионӣ ба муроҷиаткунандагон дар самти ба кадом ниҳод муроҷиат намудани онҳо маслиҳат медиҳад, вале аз сабаби тобеият надош¬тан ба Суди конститутсионӣ онҳоро мавриди баррасӣ қарор намедиҳад. Инчунин, дар моддаи 45-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳо барои рад намудани оғози мурофиаи судии конститутсионӣ пешбинӣ гардидаанд, ки ба онҳо метавон мувофиқ набудани пешниҳод ё дархост аз ҷиҳати шаклу мазмун ё набудани асос барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи мақомот ё шахси (субъекти) ҳуқуқи муроҷиатнадошта ворид шудани пешниҳод ё дархост, агар муроҷиати пешниҳодшуда таҳти тобеияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надошта бошад, аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ин баррасӣ шудани масъалаи дар пешниҳод ё дархост зикршуда ва дар ин бора мавҷуд будани санади дахлдори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаштани муҳлати яксолаи бо дархост муроҷиат кардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз эътибор соқит дониста шудани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани он зери шубҳа қарор дода шудааст ва ғайраро дохил намуд.
Қарори ниҳоии Суди конститутсионӣ дар кадом шакл аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон қабул карда мешавад? Шумо шаҳрвандонро чӣ гуна огоҳ менамоед?
Суди конститутсионӣ дар доираи салоҳияти худ се санад қабул менамояд, ки ба онҳо қарор, хулоса ва таъинот дохил мешаванд. Суди конститутсионӣ парвандаро моҳиятан баррасӣ намуда, қарор қабул менамояд ва ин қарор аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад. Дар мавридҳои муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии болозикр, Суди конститутсионӣ хулоса қабул мекунад. Хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки барои қабул намудани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, қабул ва эълон карда мешавад.
Оид ба дигар масъалаҳое, ки аз ҷониби Суди конститутсионӣ баррасӣ карда мешаванд, инчунин, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъинот қабул карда мешавад.
Мазмуни қарор ва дигар санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳуқуқии судро, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд, ифода мекунад.
Қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вақти қабул, ё вақти дар ин санадҳо муқарраршуда эътибори қонунӣ пайдо намуда, онҳо дар воситаҳои ахбори омма интишор карда мешаванд ва шаҳрвандон метавонанд бо ин васила аз санадҳои ишорашуда огоҳӣ пайдо намоянд. Инчунин, мазмун ва моҳияти санадҳои Суди конститутсионӣ дар сомонаи он ҷой дода мешавад.
Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.