Муҳовара бо раиси Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Савлат Одилбекова
Маркази деҳоти Шумо бештар симои шаҳракро мегирад. Бигӯед, ки авҷи созандагиву ободониро дар ин ҷо чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?
- Дар 12 деҳаи ҳудуди деҳот бештар аз се ҳазор нафар кору зиндагӣ дорад. Бинобар барҳам дода шудани ноҳия дар солҳои 60-уми асри гузашта ва ба ҳудуди ноҳияи дигар ҳамроҳ кардани он корҳои ободонӣ ва сохт¬мон аз мадди назари роҳбарияти вилоят дур монд. Ноҳия, бахусус маркази он, ба остонаи асри нав бо иншооти садамавӣ ворид гардид. Воқеият аст, ки вақте соли 2000-ум издивоҷ карда, бо тақозои тақдир ба маркази маъмурии ноҳия омадам ва дар хонаводаи навам маскан гирифтам, ин ҷо бештар ба деҳаи назарногире шабоҳат дошт.
Аз нав таъсис ёфтани ноҳия ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рост омад ва бинобар ноамнӣ ва мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар нишонаҳои ободӣ дар ҳудуди деҳоти даҳсолаҳо аз доираи таваҷҷуҳ дар канор монда, кам ба назар мерасиданд. Бо истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам омадани шароити созгори рушд дар ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила ободониву созандагӣ дар ноҳия ва ҳудуди деҳот роҳандозӣ шуданд. Бунёдкорӣ, ба вижа, пас аз сафари нахустини Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза пайдо кард. Дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба вусъат бахшидани ободониву созандагӣ дар ноҳияи навтаъсис ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон танҳо дар ҳудуди деҳоти мо бештар аз 20 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Бо сохта шудани бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, хадамоти оташнишонӣ, адлия, нозироти андоз, раёсати молия, варзишгоҳ ва навсозӣ гардидани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ деҳаи Медон - маркази маъмурии ноҳия ва деҳот симои шаҳракро касб кард.
Дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия то соли 2025 дар ҳудуди деҳот бунёди як қатор иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ дар нақша аст. Айни ҳол сохтмони беморхонаи замонавӣ, бинои панҷошёна барои хизматчиёни давлатӣ, муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда идома дошта, хатти об байни деҳаҳои Анҷиндара ва Медон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Роштқалъа ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.
Муассисаҳои табобатӣ сифати хизматрасониро ба мизоҷон беҳтар намуданд, аммо мушкилоти норасоии духтурони соҳибмаълумот дар марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ ҳанӯз эҳсос мешавад ва талош дорем, ки камбуди мутахассисони соҳаи пизишкиро бартараф созем.
Дар ҳудуди деҳот се мактаб навсозӣ шуда, интизор меравад, ки дар заминаи мактаби калонтарин, ки корҳои навсозии он идома доранд, чун дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз Мактаби президентӣ дари худро ба рӯйи толибилмон боз мекунад. Хонандагони мактаб дар сабқатҳои фаннӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкати фаъол доранд. Шароити мактаби санъат беҳтар шуда, он дар бинои барҳаво ҷой гирифт. Хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 Назаршо Назаршоев дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз номинатсияи навозандагӣ соҳиби ҷойи аввал гардид.
Чанд сухан аз равнақи соҳибкорӣ мегуфтед.
- Дар ҳудуди деҳот 89 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, саҳми онҳо дар таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, сӯхт ва дигар молҳои мавриди ниёзи мардум назаррас аст. Ба истиқболи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди деҳот боз як коргоҳи тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳудуди деҳот 10 чойхонаву ошхона, 2 нонвойхона, як коргоҳи таъмири чархҳои автомобил, сехҳои дӯзандагию бофандагӣ фаъолият доранд.Бозори маркази ноҳия барои сохибкорон танг гашта, ба васеъ намудани он зарурат пайдо шудаст.
Дар панҷ соли охир 7 бонуи соҳибкору ҳунарманди ноҳия соҳиби гранти президентӣ гардид. Ду ҳунарманд гранти президентӣ гирифт, ки он ба рушди коркарди муина, чорводорӣ, моҳипарварӣ, қаннодӣ, дӯхтани либосҳои миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ихтисос дода шуданд. Салима Қурбонмамадова дар дӯхти либосҳои миллӣ моҳир ҳасту ҷавондухтаронро омӯзиш медиҳад. Бонувони ҳунарманду ташаббускор дар равнақи ҳунарҳои мардумӣ ва афзудани буҷети хонаводагӣ саҳми зиёд доранд.
Дар ҳудуди деҳот 71 гектар замини корам ва 34 гектар чарогоҳ мавҷуд буда, воридот аз фаъолияти чорвопарварӣ ҳиссаи чашмгири даромади сокинонро ташкил медиҳад.
Фаъолияти кориатон чӣ гуна шуруъ гардид?
- Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ беш аз даҳ сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар макотиби ноҳия ба хонандагон дарс гуфтам. Чун бо воситаҳои ахбори маҳаллӣ ҳамкории зич доштам, ба рӯзномаи ноҳиявии «Шоҳдара» сармуҳаррир таъин намуданд ва чанд сол кор кардам. Дар озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ба вазифаи мудири шуъбаи бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони МИҲД-и ноҳия ширкат варзидам ва ғолиб омадам. Ҳамин тариқ, фаъолияти кориам ҳамчун хизматчии давлатӣ шуруъ гашт. Сипас шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳоро роҳбар будам, баъд маро раиси деҳоти Роштқалъа интихоб намуданд.
Роҳбарии Ҷамоат барои зан мушкил аст?
Муносибати хуб бо мардумро кафил ва калиди пешрафти кор дар ҳар соҳа мешуморам. Мардум дар симои намояндаи ҳокимият ба давлат баҳо медиҳанд ва ҳамчун зан-роҳбар ин масъулиятро дучанд эҳсос менамоям. Сокинони меҳнатдӯст ва мушкилписанд бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ташаббусро, ки ба беҳбуд бахшидани ҳаёти иҷтимоӣ нигаронда шудааст,ҷонибдорӣ менамоянд…
Писари калониам худихтиёрӣ барои хизмат ба Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст, дар дас¬таи марзбонӣ дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд бо сипоснома қадр шуда, айни ҳол соли дувуми хизматро дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе паси сар менамояд. Ҳоло муш¬килоти даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз байн рафта, ҷавонон ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд.
Дар моварои ҷашнҳои бузурги Ваҳдату Истиқлол ба хонандагони маҷалла чӣ гуфтание доред?
Роштқалъа як гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз аст. Авҷи ободониву созандагиро дар мисоли рушди бесобиқаи Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бармало дидан мумкин аст. Тавре мегӯянд, «он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Ноҳия бо дижҳои таърихӣ, обҳои маъданиву шифоӣ ва манзараҳои нотакрор макони ҷолиб барои сайёҳӣ ҳасту сайёҳони дохилу хориҷи кишварро барои тамошо ба ин сарзамини санъатвару ҳунарпеша ва шоирхез даъват менамоем. Роштқалъа, аз вожаи «роҷ», яъне баландӣ ва «қалъа» иборат буда, нишонаҳои ин куҳандиз ҳамчун силсилаи ёдгориҳои таърихӣ дар баландии назди маркази ноҳия ва деҳоти Роштқалъа побарҷост.
Айни ҳол, агарчанде сокинони ноҳия бо неруи барқ таъмин бошад ҳам, дар маҳалли Себзор сохтмони неругоҳи барқи обӣ бо тавоноии 11 МВт босуръат идома дошта, ба кор андохтани он ба беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони ноҳия ва раванди саноатикунонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суръат мебахшад. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи Ваҳдату Истиқлол ҳастанд, ки бо саъю талошҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳон ба даст омада, ин арзишҳоро гиромӣ ва пос дорем. Саодату иқболро аз Истиқлолу Ваҳдат дарёфтем ва ба ин мафҳумҳои ҳаётан муҳим барои ҳар шаҳрванди кишвар бояд арҷ гузорем.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Роштқалъа