Мусоҳиба бо ходими сиёсиву давлатӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ:
Муаллими азиз, ҳар кас пойдевори руҳашро дар кӯдакӣ мегузорад. Биёед тавассути хотираҳо ба дунёи кӯдакиятон сайре дошта бошем. Кадом лаҳзаҳои ҳассостарини тифлию наврасиятон аз пеши назаратон мегузаранд?
Фархундатарин замони умрам давраҳое буданд, ки дар домони биҳиштии модар ба сар мебурдам ва суҳбатҳои падар мешунидам. Шабони ситораовези тобистон дар тахтакати рӯи ҳавлӣ, дар оғӯши модар мехуфтаму ӯ маро афсона мегуфт. Аммо афсонаҳои босаодати ҳаётам зуд поён ёфтанд, зеро ҳанӯз донишҷӯи 19 - сола будам, ки азизтарин инсони ҳаётам - модарам барои ҳамеша моро падруд гуфт. Дар ёд дорам, ки шаби ҷашни арӯсиям ҳофиз аввал суруди «Модар» - ро хонда буд ва ман як дарё ашк рехтам.
Таърихчаи ном гирифтани шумо чӣ гуна аст?
Падарам Юсуф Мавлонов ва модарам Санавбарбону Мухторова инсонҳои басо хайрхоҳу хайрандеш ҳамеша мехостанд, бо вуҷуди аҳли сарват набудан ҳам, ба тангдастон ёрӣ расонанд ва ҳар чи дар хонаву хони худ доранд, бо ёру дӯст бо ҳам бинанд. Бо умеди он ки духтари чаҳоруми хона ҳам ворису номбардори шоистаи аҷдоди арҷманди худ бошад ва ба мардум дасти хайр дароз кунад ва роҳи хайр пӯяд, маро Хайринисо ном ниҳоданд.
То ба ин дам бештари суханрониву мақолаҳоятонро хондаему сабташонро шунидем. Сарчашмаи ин ҳама хушсуханӣ ва ҳозирҷавобии шумо аз муҳити хонаводагист, ё мактабу донишгоҳ?
Агар андак ҳарфу сухан омӯхта бошам, ин бардошт аз аҳли хонавода аст, зеро падару модарам талқин менамуданд, ки ба донишомӯзӣ эътибори амиқ бахшам ва забони модариро ба тариқи густарда омӯзам. Аз зодбуми Одамушшуаро Рӯдакӣ будан, масъулияти касро садчанд мегардонад. Аз хурдсолӣ таваҷҷуҳу гароиш ба зарофат ва латоиф доштам ва ин дилбастагӣ имрӯз низ, дар вуҷудам боқист.
Баъдан, ихтисоси дуюмам омӯзгори суханшинос аст. Забономӯзиву адабпарвариву шеърдӯстии ҳар тоҷик табиатану фитрист ва ман низ, дар ин миён, истисно нестам.
Дар замони донишҷӯӣ гумон доштед, ки зинаҳои баланди роҳбарӣ насибатон мегардад?
Дар замони донишҷӯӣ ҳама пари парвозу умедҳои ояндасоз доранд. Ҷавонӣ фасли неруҳои осмонгир аст ва одам гумон мекунад, ки зимоми олам дар дасти ӯст. Ман низ ҳамин гуна будам. Дар хонаводаи мо шахсиятҳое аз табақаи роҳбарон набуданд, аммо дар ниҳонхонаи дилам умед мепарваридам…
Бо вуҷуди он ки фаъолияти шумо пайваста ҷиддият, масъулият ва ҷавобгарӣ дорад, гоҳо ин ҳама ба дӯши наҳифи як зан вазнинӣ намекунад?
Бешак, гарон аст, аммо ҳудуди 40 сол чунин зистаам ва чунин зистан бароям меъёри маъмулӣ шудааст. Аз шаб кандаву ба рӯз дӯхтан, мудом ба сафарҳои дуру наздик рафтан, соати муайяни кор ва рӯзҳои муқаррарии истироҳат надоштан, мунтазам дар ҷаласаҳо ширкату суҳбат оростан, ба мулоқоти мардум расидан ва амсоли инҳо барномаи ҳамарӯзаи ҳаёти мананд. Аммо, ин ҳама заҳмат ва масъулиятро ман бузургтарин саодати зиндагиям медонам…
Шумо ҳам, пеш аз ҳама, модар ҳастед. Мушкилиҳои рӯзгор ва фаъолияти сиёсиатонро чӣ гуна бо ҳам созиш медиҳед?
Барои иҷрои рисолати иҷтимоиям, барои хидмати ҳамсару фарзандону наберагонам ҳамеша вақт меёбам. Тақсими дурусти фурсат дар давоми 24 соати як шабонарӯз ба ман имкон медиҳад, ки ҳам кори роҳбариро пеш барам, ҳам дар хона таббохӣ кунам, ҳам барои набераҳо фурсат ёбам, ҳам аз ҳоли хешу табору пайвандони худу ҳамсарам бохабар бошам.
Гоҳо аз ҳама хаста шуда, танҳо модар ва зан будан хостаед?
Ба ҳар ҳол, шумо ҳам охир, аз табори эҳсосу илтифот ва гармию самимият ҳастед…
-Иқрорам, ки бо тамоми хастагиву ташвишҳое, ки дар маҷрои кор пеш меоянд, ҳеҷ гоҳ орзу накардаам, ки хонашин бошам. Ман дар худам иқтидору неруи бештареро эҳсос менамоям…
То куҷо аз шахсияти худ розӣ ҳастед?
Инсон бояд пайваста барои такмилу вироиши худ талош варзад. Касе, ки худро дар мартабаи мутлақи камол мебинад, шояд, ба қавли Мавлонои Балх «ҳанӯз андар хами як кӯча» бошад. Ман низ, ҳамвора худро як инсони такмилхоҳ мебинам, инсоне, ки бояд сиришту фитрату ниҳоду нигоҳи худро виросторӣ кунад, бояд бештар омӯзад, ба моҳияти ҳаводис андешад, некиро мафҳуми ҷавҳарии ҳаёти худ шиносад.
Шумо солҳо боз дар паҳлуи Сарвари давлат фаъолият доред. Аз дидгоҳи таҷрибаи худ чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода кунед…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои теъдоди бешумори инсонҳои олам одами ормониянд ва ман ҳам дар ҳамин ҳалқаи саодатмандон қарор дорам. Мояи бахти бемисол аст, ки дар дабистони бузурги ин шахсияти таърихӣ донишомӯзи камтарин будам ва аз шарофати инсониву иқтидори азими сарвариашон ангезаҳо бардоштам. Муҳаббатҳои беқиёсамро унвонии Пешвои миллат - ба қаҳрамонписари эҳёгари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо сурудаам…
Пешвои миллати мо пешвои олам аст,
Дар ҳамоишҳои аҳли даҳр садри аъзам аст…
Ташаккур.
Суҳбатнигор Далер САФАР