Вақте кас бону Ҳилолбӣ Қурбонзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дур мебинад ё суханронии ӯро дар ин ё он чорабинӣ мушоҳида мекунад, гумон мебарад, ки як зани босиёсат аст. Аммо равшан мешавад, ки ӯ модари дилсӯз, зани боирода, роҳбари воқеӣ ва хушфеълу ҳунарвар аст.
Мо низ то замоне, ки ба дафтари кориаш ворид шудем, ҳамин гумонро доштем. Раис серкору пурташвиш буд. Аз аввалсухани Ҳилолбӣ Қурбонзода дар суҳбати мо ба модар, ба замони тифлӣ ва донишҷӯӣ печиду гирди чашмони андешамандаш ашк ҳалқа зад. Марҷони ашк дар риштаи мижгон то замоне истод, ки гузашти модарашро ёд овард.
Аслан, суҳбати мо ба фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар рабт гирифт. Мо бештар мехостем чеҳраи инсонии ин бонуи муҳтарамро ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ошно созем.
Муаллими азиз, аз давроне суҳбат кунем, ки Шумо тоза худро бишнохтед, ба остонаи мактаб қадам ниҳодед ва донишҷӯ шудед.
- Кӯдакиҳои мо дар оғӯши модар сипарӣ гаштааст. Падарам барвақт оламро падруд гуфтанду саробони мо танҳо модар монд. Аҷаб зани озодаву хушфеъл буданд, модарам. Ҷоннисориҳояшон хеле зиёд аст, аммо қаҳрамонии асосии модар дар шароити хеле ҳам душвори он замон ин соҳибмаълумот намудани 6 фарзанд маҳсуб меёфт. Замони донишҷӯӣ низ кулчаҳои гарми модар ва гандумбирёнашон нерубахшамон буданд.
Баъди донишҷӯӣ чӣ гуна ба илм роҳ гирифтед? Модаратон он замон мехостанд, ки дар шаҳр монеду ба ҳимояи рисолаи илмӣ камар бандед?
- Модар худ ранҷ барад ҳам, ҳаргиз озор ёфтани дили фарзандашро намехоҳад. Аввал каме дудила буданд, баъд розӣ шуданд. Бародари бузургамон дар шаҳр мезисту барои идомаи таҳсил мусоидат намуд. Як воқеа аз ёдам намеравад. Аз шом то ба субҳ як ҳуҷраро пури китобу варақҳо карда, таҳқиқ мебурдам. Модарам чашмони сурхшуда ва ҳолати руҳонии маро дида, оҳ мекашид. Рӯзе пурсид: «Духтарам, дипломи института дидем, раҳмат, аммо барои ин азобҳоят магар дипломи махсус медиҳанд ё вай диплом ягон чизи дигар аст?». Хандидаму гуфтам, ки бале, дипломи махсус. Рӯзе, ки дипломи номзади илмиам аз Москва омад, интизор шудам, то ҷилдашро низ фирис¬тонанд. Баъдан онро часпонда, назди модарам бурдам. Ӯ ин тарафу он тарафи дипломро аз назар гузаронду гуфт: «Ҳа-а…меарзидааст»..
Пайдост, ки Шумо нахуст дар раҳи илм гом бардоштаед, аммо тағйири кор ва рӯ ба сиёсат чӣ гуна рух дод?
- Корро ҳамчун лаборанти калон, ассистенти кафедраи «Таърихи сиёсии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон» оғоз намудам. Гӯё роҳам ба самти илм дақиқ шуда буд. Дар Академияи миллии илмҳо ҳамчун ходими илмӣ фаъолият мекардам, аммо соли 2000 тақдир маро ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ пайваст. Ду сол сипарӣ шуду ба шуъбаи экспертизаи мавзуъҳои илмию техникии Вазорати иқтисод ва савдо гузаштам. Аз ҳамин Вазорат раҳам сӯи Кумитаи кор бо занон ва оила боз шуд. Муовин ва муовини аввали раиси ин Кумита шудам. Баъдан парлумони кишвар ва дар байн барои фаъолият ба шаҳри Норак рафта, боз ба ин даргоҳ баргаштам. Имрӯз, ки раиси ин ниҳод ҳастам, бо сиёсат ҷонпайвандам.
Пеш аз он, ки роҳбари Кумита таъин шавед, қариб як сол роҳбарии яке аз шаҳрҳои машҳури Тоҷикистон – Норакро бар зимма дош¬тед. Аз масъулият ва ташвишҳои вазифаи мазкур мегуфтед.
Нахуст аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, ки ба чунин мансаби баланд маро сазовор донистанд. Ин далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бонувон аст…
Вазифа ё мансаб дар худии худ як мафҳуми беҷон аст, он ҳаргиз курсии шумо нишаста нест. Ин шумоед, ки онро баланд мебаред ё паст. Дар Норак хуштарин хотираҳоро дорам. Ҳоло ҳам мардуми ин шаҳр занг зада, аз ҳолам мепурсанд, изҳори таассуф менамоянд, ки чаро зуд рафтам. Ин лутфи халқро ба хирмани зар баробар карда намешавад.
Мегӯянд, ки Кумитаи кор бо занон ва оила яке аз ниҳодҳои сермоҷаро аст. Ҳамарӯза аз ҳар гӯшаи кишвар шикоятҳо меоянд, занону мардони норозиву асабӣ. Бо ин ҳама чӣ гуна созиш мекунед?
Не, на он қадарест, ки шумо мепиндоред. Дар ҷое, ки кор ҳаст, баҳсу мунозира ҳаст. Дуруст, нисбат ба дигар кумитаву идораҳо ин ҷо ҳамарӯза ба ҳалли ин ё он муаммои оилавӣ бояд саргарм бошӣ. Дили мардумро ёбӣ, даҳҳо хонаводаҳоро аз пошхӯрӣ эмин дорӣ. Аммо, дар баробари ин, вақте ду дилро аз нав созиш медиҳему бо табассум аз идораи мо мебароянд, руҳи кас болида мегардад. Мушкилиҳо чун бод ба дуриҳо мераванд.
Аз муроҷиатҳои мардум дар масъалаҳои гуногун ҳалли кадоме вазнинтар аст?
- Шикваи занро аз шавҳар ё баръакс, хушдоманро аз арӯс ё баръакс, қудову андаро аз хонаводаи қудову андаи дигар ва муроҷиатҳои ба ин монандро пазируфтан ва ҳал кардан мумкин, вале, вақте ки модар ё падар аз фарзанд шикоят меорад, даҳшат аст. Бовар мекунед, ба дил мегӯям: наход, мардуми мо ҳам ба чунин рӯз расида бошанд? Солҳои тулонӣ дар ин Кумита кор мекунам, аммо дар ду-се соли охир чунин муроҷиатҳоро мебинам. Собиқадорон мегӯянд, ки дар гузашта ба ин хел шикоятҳо дар 5–6 сол як бор во мехӯрдем…
Як рӯз ба аёдати модаре рафтем, ки дар хонаи пиронсолон аст. Писари ӯро нек мешинохтем. Гуфтем, ки писаратон шароити хуб ва қудрати нигоҳубини шуморо дорад, чаро ин ҷо овард? Бузургии модарро бинед, ки гуфт: «Илтимос, ин гапро ба ҳеҷ ҷой набаред, халқ чӣ мегӯяд, обруи писарам чӣ мешавад?». Бо гиря гуфтам: «Ӯ модарашро ба хонаи пиронсолон оварда, обруяш нарехтасту акнун мерезад?!».
Зан чун гул нозук мешавад, оё замоне шуда, ки аз интихоби ҷодаи сиёсат пушаймон гашта бошед?
- На, ҳаргиз. Нахуст оилаи хуб дорам. Духтар ва ҳамсарам маро дуруст мефаҳманд ва дар душвориҳо дасти маро маҳкам медоранд. Дувум, ҳар куҷое будам, бо мардони бузург ва соҳибэҳтиром фаъолият бурдам. Онҳо лаҳзае аз ҷавонмардиву адаб дур набуданд…
Аз соли 2015 то соли 2019 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будам. Чун роҳбар ва, пеш аз ҳама, чун инсон ҳамеша эҳтиром мекарданд.
Шумо аллакай дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият бурдед. Вақти таъин шуданатон ба вазифаҳо ҳатман аз суҳбати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар мешудед. Хотирмонтарин лаҳза ё панди Сарвари давлат бароятон кадом буд?
Аслан, ҳамаи гуфтаҳои Президенти мамлакат пурҳикматанд, аммо як гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақти ба раисии шаҳри Норак таъин карданашон ҳаргиз аз ёдам намеравад. Ин муроҷиат ба ҳамаи мо – кадрҳои нав¬таъин рабт дошт: «Ман ба шумо вазифа медиҳам, аммо обруву эҳтироми мардумро, иззату икроми халқро бо донишу малака ва кордониву дилёбии худ сазовор мешавед».
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР