Хурсандиовар аст, ки имрӯз бонувони ҳушманду закии кишвар барои ҳалли масъалаҳо пешниҳодҳои мубрам иброз медоранд.
Ин шаҳодати комил аз он медиҳад, ки имрӯз онҳо дар ҳама соҳаҳо қадамҳои устувор мениҳанд. Албатта, кам нестанд ашхосе, ки дар фаъолияти худ дастоварди назаррас доранд. Дар ин миён Муқаддас Ҳомидҷонова аз зумраи бонувони қобил маҳсуб меёбад, зеро ӯ ҳамчун омӯзгори ботаҷрибаву кордон ва маҳбуби хонандагон, 13 сол дар Муассисаи таълимии гимназияи №1-и шаҳри Гулистон фаъолият намуда, таҷрибаи хуби омӯзгорӣ касб карда дар тарбияи насли наврас саҳми босазое доштааст. Алҳол, дар Донишоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ ба таълими донишҷӯён машғул аст.
Муқаддас Ҳомидҷонова пайваста дар ҷустуҷӯст. Гуфтаҳои моро «Ташкилоти ҷамъиятии «Шамс», ки роҳбариашро ба зимма дораду барои ҷавондухтарон фанҳои дақиқро меомӯзонад, далели равшан буда метавонад.
Барои як модар, ки ҳам тарбияи фарзандон, ҳам кори хонаву омӯзгорӣ, бар дӯш дорад, роҳбарии ташкилот вазнинӣ намекунад?
- Ҳар нафаре аз модар ба дунё меояд, ӯ ғолиб аст. Мо барои пирӯз шудан ба дунё омадаем, аммо барои пирӯз будан, бояд барномае барои пирӯз шудан дошта бошем. Аз ин рӯ, талош мекунам, ки бонувони мо пирӯзии худро эҳсос намоянд ва барои рушди малакаи худ талош варзанд.
Чаро фанҳои гуманитарӣ неву фанҳои дақиқро меомӯзонед?
- Пеш аз посух додан ба ин саволи Шумо, мехоҳам як иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орам, ки гуфта буданд: «Илм меҳвари асосии рушди ҳар кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбанд».
Бубинед, ки дар фарҳанги пурғановати гузаштаву имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии бонувон аҳамияти хосса дода, адибону равшанфикрони зиёде, перомуни маърифати занон рисолаҳову асарҳои бузурге таълиф намудаанд. Имрӯз дар сартосари ҷаҳон маълум аст, ки, агар дар зиндагӣ бонувон пешоҳангу муваффақ ва маърифатнок бошанд, ин имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар узви оила маърифатнок тарбият ёбад. Зан - модар дар оила, ҷамъият ва тарбияи фарзанд, пешбурди ҳама соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа нақши муҳим дорад…
Шумо бар он боваред, ки бонувони мо аз илмҳои дақиқ огоҳии комил дошта бошанд, аз маърифати баланди инсонӣ бархӯрдор мегарданд?
- Бале. Ягон ҷои шубҳа нест, ки маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравиву тақлид мекунанд. Чунки, дар ҳақиқат, кӯдакро танҳо бо як сухан ба илмдӯстӣ ва китобхонӣ ҷалб карда намешавад. Кӯдак он чиро, ки дар оила мебинад, ҳамонро ёд мегирад ва такрор мекунад. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Дар ин бора Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста таъкид менамоянд.
- Тавре маълум аст, бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид аз 22 декабри соли 2015, 11-уми феврал, «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» эътироф шудааст. Дар ин хусус чӣ фикр доред?
- Шахсан ман ҳамчун зан, модар, омӯзгор, роҳбари ташкилот барои пешравӣ ва иштироки занон ва духтарон дар илм бетараф нестам. Ҳамеша аз дастовардҳои занони бомаърифат фахр мекунам ва орзу дорам, ки занон ва духтарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ намунаи ибрат ва муваффақ бошанд. Ба ин хотир, Ташкилоти ҷамъиятии «Шамс» тасмим гирифт, ки гуфтаҳо ва таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои баланд бардоштани мақому манзалати занон ва духтарон, ки дар ҷодаи илм, соҳаи маориф, барои тарбияи шогирдон саҳми арзандаи худро гузоштаанду намунаи ибратанд, барномаи илмиву маърифатӣ бо номи «Занон ва духтарон пешбарандаи илм» ба навор гирифта, дар ТВ Суғд намоиш дод.
Барои хонандагон дар бораи ташкилоти «Шамс» маълумот медодед!
Мақсади асосии мо бештар омӯзондани фанҳои дақиқ ба бонувон аст, маҳз ба ҳамин хотир хостам дар Донишгоҳ кор кунам, зеро дар ин ҷо донишҷӯёни зиёде ҳастанд, ки воқеан мехоҳанд муваффақ бошанд. Ҳадафи асосии мо афзоиш додани таваҷҷуҳ ва эҷоди талабот барои таҳсилоти духтарон, ба хусус ба фанҳои дақиқ, равона шудааст. Дар рафти корҳое, ки то имрӯз анҷом додем, 150 нафар ҷавондухтарони макотиби миёна пас аз дарсҳои мо барои дохил шудан ба донишгоҳҳои техникӣ, тайёр ва омода карда мешаванд.
Барои васеътар намудани фарогирии духтаракон аз рӯи нақша ва босифат иҷро намудани он пайваста талош меварзем. Агар кӯтоҳ гӯем, мақсади асосии ташкилот саҳм гузоштан ба рушди устувори кишвар тавассути баланд бардоштани сифати таълим, пешбарии таҳсилоти занону духтарон бо таваҷҷуҳ ба илм ва инноватсия аст.
А. АМОН