Муҳовара бо муовини раиси ноҳияи Шуғнон Гулғунча Саидарабзода
Дар давраи пас аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ кадом рӯйдодҳои муҳим дар ноҳия ба вуқуъ пайвастанд?
- Нахустин ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнон ва ширкат варзиданашон дар маросими ба кор андохтани чархаи аввали НБО «Помир-1» дар деҳаи Танг, ки моҳи марти соли 1994 ба вуқуъ пайваст, ҳодисаи муҳими таърихист дар ҳаёти сокинони вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ.Он ба рафъи буҳрони шадиди энергетикӣ ва оғози саноатикунонӣ дар кишвар оғоз бахшид. Ҳамчун хабарнигор дар ин маросим иштирок доштаму он лаҳзаҳоро ҳамеша дар ёд дорам.Чун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар он давра афроди мусаллаҳи зиёди ғайриқонунӣ, ба шумули омадагон аз манотиқи дигари ҷумҳурӣ ҳузур доштанд, ин сафари Сарвари давлат пешакӣ эълом нашуда буд.Аммо мардуми зиёд, бахусус сокинони деҳоти гирду атроф, аз хурд то бузург ба ин мулоқот омада буданду барояшон муҷиби ҳайрат гардид, ки Роҳбари ҷавони давлат қариб бидуни ҳузури муҳофизон бо мардум аз сулҳу бунёдкорӣ ва ояндаи ободи мамлакат сухан мегуфт.
Айни ҳол НБО «Помир-1», бузургтарин тавлидкунандаи барқ дар вилоят дар якҷоягӣ бо неругоҳҳои дигари барқӣ сокинони вилоятро дар тамоми фаслҳои сол ба барқ таъмин менамояду ба кишвари ба мо ҳамҷавор ҳам барқ содир мекунад.
Дар заминаи рушди энергетика дар ноҳия корхонаи коркарди ғалла ба кор андохта шуда, корхонаҳои хурди коркарди чӯб, тайёр намудани масолеҳи сохтмонӣ, коркарди меваву сабзавот ва дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки дар таъмини ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ ва воридот ба буҷети маҳаллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар доираи рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ ҳаҷми буҷети ноҳия дар қиёс бо соли 2000-ум 77 маротиб афзоиш ёфта, алҳол бештар аз 42 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ҳазору садсолагии шоир, олим ва мутафаккири барҷаста Носири Хусрав таҷлил ва муҷассамааш дар Чашмаи Носир гузошта шуда, осорхона дари худро ба рӯйи тамошогарон боз намуд.
Таъсиси маркази маъмурии ноҳияи Шуғнонро барои кулли сокинони ноҳия рӯйдоди муҳими таърихӣ меҳисобам. Калонтарин ноҳияи вилоят, ки ҳанӯз соли 1922 таъсис ёфта буд, маркази маъмурӣ надошт. Сафари навбатии кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, дар соли 2010 ба раванди ободонӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа такони тоза бахшид.Хишти нахустини маркази маъмурӣ дар деҳаи Миденшор бо дастони Сарвари давлат гузошта шуду айни ҳол дар ин ҷо шаҳраки зебову замонавии Ваҳдат арзи вуҷуд намудааст. Шаҳрак аз лиҳози ободу зебо ва тозаву сабзу хуррам будан дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ борҳо ба мақоми аввал соҳиб гардид, ки боиси ифтихори сокинони ноҳия аст.
Бо Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро сокинони ноҳия ва вилоят, бешубҳа, чун рӯйдоди муҳим қабул намуданд. Осорхонаи Шоҳтемур дар зодгоҳаш таъмиру тармим ва зодрӯзи Қаҳрамон ботантана таҷлил гардид. Дар Ҷамоати деҳоти Поршинев осорхонаи арбоби давлатию сиёсӣ, олим Моёншо Назаршоев таъсис ёфт. Қадршиносии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва арбобони давлатӣ, ки дар бунёди Тоҷикистон ва пешрафти он хизматҳои арзанда анҷом доданд, баёнгари фазилат, ҳиммати баланд ва ҷавонмардии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давлату миллатро аз вартаи нобудии тундбод ва тӯфони таърих наҷот доду хизматҳояшон дар саҳифаи сарнавишти кишвар бо сатрҳои зарҳалин сабт ёфтанд.
Дар ноҳия деҳае бо номи Раҳмонобод арзи ҳастӣ намуд.
- Бунёди деҳа таърихи худро дорад. Бар асари гармои моҳи июли соли 2015 пиряхи болои қуллаи кӯҳ об шуда, оби ҷамъшуда дар роҳи ҳаракат сели азим ба вуҷуд овард. Сел маҷрои дарёи Ғундро баста, кӯли сунъӣ бо ғунҷоиши 30 миллион метри мукааб об ба вуҷуд овард. Кӯл яке аз паси дигаре манзилҳои қисми поёни деҳаи Барсемро ба комаш фурӯ бурд.
Аҳли 82 хонаводаи деҳа базӯр ҷонашонро ба саломат бурданд. Зиёда аз 4 километр роҳи байналмилалии Душанбе-Мурғоб- Қулмаро дар ин мавзеъ селоб тамоман шуста бурду ҳаракати нақлиёт дар ин масир қатъ гардид ва касе бовар надошт, ки ба зудӣ аз дили сангу сахраҳо ва харсангҳои бузург, ки сел бо худ оварда буд, роҳи нав кушода мешавад. Сел ҳамчунин пули болои рӯдро канда, роҳи мошингарди ба сӯйи деҳаро куллан харобу валангор сохт.
Бо супориши Сарвари давлат ба сокинони зарардида ёрӣ расонданд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки дар мадди аввал бояд дар муддати кӯтоҳтарин хонаводаҳои бесарпаноҳмонда соҳиби манзил шаванд. Барои сохтмон даште, ки як вақтҳо ҷойи машқҳои тирандозии ҳарбиёни Россия буд, интихоб гардида, бунёдкорӣ оғоз шуд. Дар сохтмон кормандони тамоми идораву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ихтиёриён зарбдорона меҳнат карданд. Агентии давлатии захираҳои моддӣ ҷабҳаи фаъолиятро пурра бо масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ таъмин намуд. Созмонҳои байналмилалӣ ҳам дар ин бунёдкорӣ ҳисса гузоштанд. Аз соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳидаи саховатпеша аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба бесарпаноҳмондагон ва сохтмончиён маводи ғизо ва ёрии молӣ мерасид.
Дар Бадахшон одатан хонасозӣ якчанд сол давом мекунад. Вале, вақте бо гузашти ду моҳ дар деҳаи навбунёд калиди хонаро бо тамоми чизу чораи зарурӣ барои рӯзгордорӣ ба дасти бесарпаноҳмондагон доданд, ҳеҷ бовариашон намеомаду аз дидагонашон беихтиёр ашк мерехт. Ин ашки шукргузорӣ аз офият ва сипосу миннатдорӣ аз Ҳукумати кишвар дар шахсияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон, ки ба чанд рӯзи пас аз вуқуи офати табиӣ рост омад, гуфтанд: «Мардуми ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин ҳолати вазнин ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамаи чораҳоро меандешад, ки оқибатҳои офати рӯйдодаи табиӣ ҳар чӣ зудтар бартараф карда шаванд».
Вақте дар ҷамъомади сокинон масъалаи номгузории деҳаи навбунёд ба миён омад, ашхоси солманду рӯзгордида якдилона гуфтанд: - Раҳмонобод. Кулли ҳозирон ин пешниҳодро ба кафзанӣ ва ҳамовозӣ ҷонибдорӣ намуданду дар харитаи ВМКБ деҳаи нав арзи вуҷуд намуд.
Дар деҳа мактаби замонавӣ барои 240 хонанда, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом ва се мағозаи тиҷоратӣ дар хизмати мардум қарор доранд. Бо ташаббуси соҳибкорон дар гӯшаи деҳа ду сехи сементблокбарорӣ фаъолият мекунад, ки ба мизоҷони деҳа ва маҳалҳои гирду атроф семблоки арзон ва босифатро пешкаш менамояд.
Деҳаи навбунёди Раҳмонобод на танҳо аз оқибатҳои сели азим дар деҳаи Барсем ва сарнавишти 82 хонаводаи муваққатан бесарпаноҳмондаи он, балки хайру саховат, накукорӣ, иттиҳоду дӯстӣ ва намунаи созандагӣ ва бунёдкории бемисл бо роҳбарии шахсияти таърихӣ, ки ин деҳа ба номаш гузошта шудааст, ба ҳамзамононамон ва то абад ба ояндагон нақл хоҳад кард.
- Китоби «Диловарони Шуғнон»-и Шумо дастраси хонандагон гардид. Дар ҷодаи таълиф боз чӣ нақшаҳо доред?
- Акси садои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 даҳшатноктарин дар ҳаёти инсоният дар ҳар деҳаи Тоҷикистон низ ба гӯш мерасиду бештар аз 260 ҳазор диловарони тоҷик барои ғалаба бар фашизм дар майдонҳои ин набард иштирок намуданд. Аз ноҳияи Шуғнон 248 сарбоз дар ин ҷанг барои дифоъ аз Ватан корнамоӣ нишон дод, ки нахустгенерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов яке аз онҳост. Падарам зиндаёд Саидаҳмад дар ҳайати фронти Украина дар озодкунии Украина ва сипас Руминияву Булғория ширкат варзида, чор соли дигар пас аз Ғалаба дар ҳайати қӯшунҳои советӣ дар Берлин хизмат намуд.
Мо-тоҷикон аз таҷрибаи талхи таърихии оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба хулосае омадем, ки сулҳу амният ва суботи ҷомеа беназир асту ба даст овардани он осон нест ва сабабу паёмадҳои сангинаш бароямон мактаби бузурге гардид.Хушбахтона, дар ин давраи пурталотуми гузори таърихӣ тақдир ба мо Сарвари сулҳофареро ато намуд, ки бо ҷасорату матонат сулҳро дар кишвар побарҷо сохт.
Китоби мазкур бо дастгирии раиси ноҳия нашр гардид. Китоби дигари таълифнамудаам бо номи «Ноҳияи Шуғнон дар даврони 30 соли Истиқлолият» дар дасти чоп аст.
- Фаъолияти касбиатон чӣ гуна сурат гирифт?
- Пас аз хатми гурӯҳи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар идораи радио ва телевизиони вилоятӣ ба фаъолияти касбӣ пардохта, сипас дар рӯзномаи «Маърифати Шуғнон» ҳамчун хабарнигор ва сардабир кор кардам.Дар мақомот солҳои зиёд дар вазифаҳои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва сардори шуъбаи кор бо занон ва оила фаъолият доштам. Соли 2017 муовини раиси ноҳия таъин гардидам.Фаъолияти касбиам дар иҷрои вазифаи хизматиам ба ман кумаки зиёд менамояд. Лаҳзаҳое шудааст, ки дар чорабиниҳо ҳам барандагӣ кардаму ҳам ба манзури инъикоси он барои нашрияҳои маҳаллӣ матни хабару гузориш омода намудам.
Таманнои Шумо ба истиқболи Соли Нави милодӣ?
- Вожаи Шуғнон маънои «латофат», «малоҳат», «ширин»-ро ифода намуда, ноҳия бо Дарвози меҳмоннавоз, Ванҷи пурганҷу Рӯшони равшандилон, Ишкошими дорои чашмаҳои шифоӣ ва Мурғоби қадамгоҳи офтоб ва Роштқалъаи шоирхез ва нигини Хоруғ дар ҳамбастагӣ чеҳраи Бадахшони овозадорро мунъакис месозад. Сокинони меҳнатқарини ноҳия мекӯшанд бо фаъолияти шоиста ва созандаву бунёдкор ба асолати ин ҳафт бурҷи меҳрофарини инсон сазовор бошанд.
Дар Соли Нав ба кулли сокинони кишвар саодат, пирӯзиву барор мехоҳам. Бовар дорам, Кохи сулҳу ваҳдат, ки бо заҳмати зиёд дар кишвар бунёд шуд, то абад қоим мемонаду мардуми мамлакат бо заҳмати созандаву бунёдкорона ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ комёбиҳои нав меафзоянд.
Суҳбаторо М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Шуғнон