Дар зимистони соли равон омодагии бахши энержии Тоҷикистон барои таъмини истеъмолкунандагон бо неруи барқ дар кадом сатҳ қарор дорад?
Дар мавсими сармо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои соҳаи энергетика барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 як қатор корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар НБО - ҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, дегхонаҳо, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ гузаронда шудаанд, ки ин бо мақсади танзими идоракунии самараноки обанборҳои кишвар, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои ҷорӣ намудани маҳдудияти неруи барқ дар фасли зимистон барои истеъмолгарон мебошад.
- Имрӯз дар Тоҷикистон барои тавлиди неруи барқ ғайр аз неругоҳҳои обӣ боз чӣ гуна усулҳо истифода мешаванд?
- Дар шаҳри Душанбе марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳо вуҷуд дошта, дар вақти мавсими сармо барои истеҳсоли гармиву барқ истифода мегарданд. Бояд зикр намуд, ки Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 алҳол бо иқтидори 100 МВт ва сарбории энергияи гармӣ 180 Гкал фаъолият намуда, дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бошад, бо иқтидори 300 МВт ва сарбории энергияи гармӣ 200 Гкал аз 6 октябри соли 2022 фаъол аст.
Ҳамзамон, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» бо истифодаи гази табиӣ бо сарбории 20 Гкал дегхонаи «Ғарбӣ» ва 80 Гкал «Шарқӣ» аз 22 октябри соли 2022 гармӣ медиҳанд. Инчунин, дар мавсими гармидиҳии солҳои 2022 - 2023 аз Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо бо неруи гармӣ таъмин намудани 3000 иншооти пойтахт, аз ҷумла 544 иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1346 иншоот дар ноҳияи Сино, 658 иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур ва 452 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ ба нақша гирифта шудааст.
То моҳи декабри соли 2022 дар маҷмуъ, 2688 иншооти шаҳри Душанбе бо неруи гармӣ таъмин гардид. Мутобиқи ҳисоби пешакӣ таъминоти неруи гармӣ аз МБГ-1 – 935 иншоот, аз МБГ-2 – 1346 иншоот, аз дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ»- 719 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
- Аҳолӣ ба тавлиди неруи барқ дар хона бо ёрии панелҳои офтобӣ таваҷҷуҳ дорад. Бисёр одамон чӣ гуна насб кардани чунин панелҳои фотоэлектрикии офтобиро дар хонаҳояшон намедонанд. Оё шаҳрвандон метавонанд дар хонаҳои худ чунин панелҳои офтобиро насб кунанд?
- Имрӯз аз ҷониби шарикони рушд ва сармоягузорони ватанӣ дар бозорҳои кишвар панелҳои офтобӣ ворид шудаанд. Насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудааст.
Вазорати энергетика ва захираҳои об дар якҷоягӣ бо коршиносони Бонки осиёии рушд ҷиҳати омӯхтани имкони насби панелҳои офтобӣ дар тамоми манотиқи кишвар як назарсанҷӣ анҷом дода буд. Дар асоси натиҷаҳои тадқиқот оид ба насби панелҳои офтобӣ барои 138 деҳа лоиҳа тартиб дода шудааст.
Шабакаҳои статсионарии мустақили таъминоти барқ бо қувваи аз 2 то 10 кВт барои хонаҳо ва идораҳо пешбинӣ ва, инчунин, дар озмоишгоҳи муайянкунандаи сифати пахта дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар насб шудаанд.
Шабакаи мустақили таъминоти барқ дар асоси панелҳои офтобӣ ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ дар беморхонаҳои Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат насб гардид. Ҳамзамон, ба ҳамин монанд лоиҳаҳо вобаста ба насби панелҳои офтобӣ дар мамлакат бисёранд.
- Барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - истиқлолияти комили энергетикӣ кадом нақшаҳо дар пешанд?
- Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 34 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 57,2 млрд сомонӣ татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбатро ба бор оварданд.
Дастоварди муҳимтарин ва беназири соҳа дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, ин ба кор даромадани чархи аввал ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.
Дигар дастовардҳои муҳими соҳа ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда - 2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 (400 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе - 500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО «Норак», хатти интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб - Шимол» (ба масофаи 263,8 км), «Роғун-Душанбе» (ба масофаи 198 км) зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО «Норак» ва НБО «Қайроққум», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор - Хатлон» (53,3 км) «Тоҷикистон - Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд - Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км), «Геран - Румӣ» (78 км), Қайроққум - Суғд (63,3) ва Айнӣ - Рудакӣ (91 км) ба масофаи умумии 561,8 км ба шумор мераванд.
Дар ин давра, бо назардошти омилҳои гуногуни техникию сиёсӣ, инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, маҳз бо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки дар ҷумҳурӣ низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, таъмини барқ аз истеҳсолкунандагони дохилӣ пурра ба роҳ монда шавад. Лоиҳаҳои сармоягузории дар ин давра татбиқ гардида аслан барои зиёд ё барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ, барои созмон додани низоми ягонаи энергетикии мамлакат ва таъмини фаъолияти устувори он ва барои баланд бардоштани имконияти содиротии неруи барқ равона шудаанд.
Айни замон, 18 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика ба маблағи умумии 16,6 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 20,6 миллиард киловатт-соат дар соли 2021 афзоиш дода шуд ва алҳол дар нуҳмоҳаи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 18 млрд 943 млн кВт-соатро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 млн кВт-соат зиёд аст.
- Бо назардошти тағйирёбии глобалии иқлим зарурати рушди энергетикаи «сабз» муҳим арзёбӣ мегардад. Назари Шумо дар ин маврид.
- Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди энергияи «сабз» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, № 482 қабул гардид, ки дар он Нишондиҳандаҳои асосии стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037 муайян шудаанд. Вазорат дар ин самт ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори стратегияи мазкур чорабиниҳои муфидро ба роҳ монда истодааст.
Илова бар ин, бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетикаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳо, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати бунёд намудани неругоҳҳои барқи офтобӣ идома ёфта истодаанд.
- Барои рушди минбаъдаи соҳа, татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатӣ чӣ гуна амалӣ мегардад?
- Алҳол 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи электроэнергетика, аз қабили лоиҳаи «Таҷдиди НБО Сарбанд», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди НБО Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи CASA - 1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «Барномаи дастгирии ҷомеаҳо», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика (кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара) дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар маҷмуъ, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда, 1,431 млрд доллари ИМА маблағ ҷалб гардидааст.
Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаҳои «Сохтмони Неругоҳи барқи обии Себзор», «Лоиҳаи электрофикатсияи деҳот дар Тоҷикистон» (қисмати ВМКБ), «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ - Шуғнон» - марҳилаи 1, «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ - Шуғнон» - марҳилаи 2, «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VII ё худ ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти ҳаққи неруи барқ», лоиҳаи «Бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ дар ноҳияҳои Дарвоз - Ванҷ барои пайвасткунии шабакаҳои асосии ширкати «Помир Энерҷӣ» ба шабакаҳои ҷумҳуриявӣ» ва Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир, марҳилаи 3 бо маблағи умумии 118 млн доллари ИМА дар марҳилаи татбиқ қарор доранд
Инчунин, дар соли ҷорӣ, ҷаласаи муассисони ҷамъияти таъсисёбандаи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон доир шуда, ҷамъияти муштарак дар шакли ҶСК «ТАУЗ ГИДРО» созмон ёфт. Ҳамзамон, дар ҳошияи сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 2 июни соли равон маросими рамзӣ оид ба оғози корҳои тадқиқотӣ дар неругоҳҳои рудхонаи Зарафшон баргузор гардид.
-Дар самти таҷдиди неругоҳҳои барқи обии кишвар баҳри афзоиш додани иқтидори энергетикии мамлакат кадом корҳо амалӣ шуда истодаанд?
- Вобаста ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обии кишвар алҳол таҷдиди 3 неругоҳ, аз қабили лоиҳаи «Таҷдиди НБО Сарбанд», «Таҷдиди НБО Қайроққум» ва таҷдиди «Марҳилаи якуми Неругоҳи барқи обии Норак», бо маром идома дорад. Баъд аз пурра таҷзия гардидани неругоҳҳои мазкур иқтидори лоиҳавии онҳо то 375 МВт зиёд хоҳад шуд.
- Истифодаи дигар манбаъҳои тавлидкунандаи энергия, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол таҳқиқ мешаванд?
- Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ҳамкориҳо бо як қатор шарикони рушд ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 700 МВт оғоз гардидаанд.
Ҳамчунин, дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишвар ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ бобати бунёд намудани неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори то 200 МВт оғоз шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ гардида, Бонки ҷаҳонӣ дар навбати худ барои омодасозии лоиҳа тибқи талабот ва равандҳои байналмилалӣ ва барои бунёди инфрасохтори муҳандисии берунии лоиҳа (шабакаҳои барқӣ барои пайваст намудан ва низоми энергетикӣ) маблағҳои грантӣ пешниҳод хоҳад намуд.
Ҳамзамон, ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд низ барои татбиқи лоиҳаи бунёди неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори 50 МВт оғоз гардидааст. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) низ вобаста ба татбиқи чунин лоиҳаҳо бо иқтидори 100 МВт ва 50 МВт мутаносибан, корбариҳоро оғоз намудаанд.
Бо Ҷумҳурии Корея тавассути Институти Корея оид ба рушди технология (Korea Institute for Advancement of Tehnology) ҷиҳати бунёд намудани неругоҳи офтобӣ дар ҳудуди вилояти Суғд бо иқтидори 7 МВт ва неругоҳи хурди офтобӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқтидори 3 МВт ҳамкориҳо оғоз шуда, аз ҷониби институти мазкур пешниҳод гардидани 13,5 млн доллари ИМА маблағ ба сифати грант пешбинӣ гаштааст.
-Неругоҳи барқи обии «Норак», ки иқтидори лоиҳавии он 3000 мегаваттро ташкил медиҳад, то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад. Алҳол ҳолати кории агрегатҳои ин Неругоҳ дар кадом ҳолат қарор дорад?
- Дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак»- дар гидроагрегати №1 корҳои васлу насби таҷҳизот ва корҳои озмоишӣ пурра ба анҷом расида, айни замон агрегати мазкур бо тавоноии 375 МВт мувозӣ ба шабакаҳои электроэнергетикии кишвар пайваст карда шудааст. Агрегати мазкур 24 октябри соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҷиҳати иҷрои корҳо вобаста ба бехатарии садд - мониторинг дар доираи қисмати мазкур корҳо идома дошта, дар соҳили чапи Неругоҳ корҳои пармакунӣ дар чоҳҳо ба анҷом расиданд.
Ҳамзамон, қисми асосии корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар обрезҳои нақбҳо ва бинои насосҳои садамавӣ, корҳои пармакунӣ дар чоҳҳо ва васлу насби сутунҳо барои кабелҳои истгоҳҳои сейсмикӣ, инчунин, истеҳсолу таҳвили таҷҳизот ба анҷом расонда шудаанд.
Дар доираи қисмати 3 - «Бехатарии садд - таҷҳизоти гидромеханикӣ», алҳол корҳои лоиҳакашии таҷҳизоти асосӣ идома дошта, истеҳсол ва таҳвили таҷҳизоти асосӣ ва қисмҳои ёрирасони онҳо оғоз гардидаанд.
Инчунин, раванди омодасозии ҳуҷҷатҳои техникӣ аз ҷониби пудратчӣ ва мувофиқасозии онҳо бо фармоишгар ва мушовир амалӣ шуда истодаанд. Корҳои омодагӣ барои таъмири панҷараҳо ва дарғотҳо низ оғоз шудаанд.
Дар қисмати «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимотии кушода-автотрансформаторҳо», иҷрои корҳоро вобаста ба барқарорсозии дастгоҳи тақсимотии кушода, таҳвил ва васлу насби 6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 500/220/10кВ, инчунин, таҳвил ва васлу насби 6 адад васлаки элегазии 500 кВ корбарӣ идома дорад.
Далер САФАР