Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути видеоконфронс дар чаҳорчӯби ифтитоҳи панҷ мактаби нави русӣ дар Тоҷикистон бо ҳамтои худ, Президенти Россия Владимир Путин, изҳор доштанд, ки соли 2023 дар Тоҷикистон Соли забони русӣ эълон мешавад.
Пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд. Вобаста ба ин мавзуъ суҳбате доштем бо декани факултаи забони русии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дотсент Леммара Джамирова ва фишурдаи онро пешкаши хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мегардонем.
Муаллими азиз, соли 2023 бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Соли забони русӣ эълон шуд. Назари Шумо дар ин бора…
Албатта, боиси хушнудист, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои забономӯзии насли наврас ва ҷавонон назари нек дошта, шароитҳои хеле хубу муосири забономӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам овардаанд. Дар ин радиф, пайваста таъкид менамоянд, ки пас аз забони модарӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар мадди аввал меистад…
Мусаллам аст, ки ҳамасола дар кишвар мактабҳои наву замонавӣ ба истифода дода мешаванд, ки миёни онҳо гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ кам нестанд. Мавриди истифода қарор гирифтани панҷ мактаби наву замонавӣ дар оғози соли тахсили 2022–2023 бо ёрии Федератсияи Россия ва таълими пурраи фанҳо бо забони русӣ аз ҷумлаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ояндаи насли ҷавон аст. Ин далолат аз он мекунад, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба омӯзиши забони русӣ назари хос доранд ва ин ташаббуси олӣ бори дигар омӯзгорони фанни забони русиро водор месозад, ки бештар аз пештар масъулият эҳсос намуда, имкониятҳои фароҳамовардаро босамар истифода баранд.
Аз раванди таълим дар факултет Шумо қаноатмандед. Оё устодону муаллимони ботаҷриба, китобҳои фаннӣ, адабиёти илмӣ мерасанд?
- Алҳол раванди таълим дар Донишкада ва ҳам факулта аз рӯи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст ва барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русӣ, дар факултет синфхонаҳои лингафонӣ ва мултимедӣ ҷудо шуда, технологияи муосири таълимӣ низ кофист. Ҷиҳати босамар истифода намудани вақти донишҷӯ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҳайати профессорону омӯзгорони ботаҷриба дар факултет фаъолият менамоянд. Мусаллам аст, ки факултаи филологияи руси ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ҳамчун факултети аввалин дар муассиса маҳсуб меёбад ва дигар факултетҳо дар заминаи факултети филологияи рус таъсис ёфтаанд.
Дар факултет марказҳо ва маҳфилҳои гуногуни илмӣ ва таълимӣ фаъолият менамоянд, ки «Русский центр» (Маркази русӣ) якеи онҳост. Ҳамзамон, дар китобхонаи факулта зиёда аз ҳазор нусха китобҳои илмию бадеӣ ва фиттаҳои гуногуни аудио ва видеоӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон муҳайёст.
Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки донишҷӯёни соли аввали таҳсил ба муҳити нави забони русӣ зуд ворид шуда, кӯшиши бо забони мазкур муошират карданро зина ба зина аз худ мекунанд.
Факултаи забони русӣ тайи солҳои мавҷудият бо донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар асоси шартнома ва созишномаҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар якҷоягӣ конфронс ва маҳфилҳои гуногуни илмиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Донишкадаи давлатии омӯзгории Глазов ба номи В. Г. Короленко, Донишгоҳи давлатии Вятск, Донишкадаи забони русӣ ба номи А. С. Пушкин ва «Дом русского зарубежья» робитаҳои ҳамкориро ба роҳ монда, туҳфаҳои гуногуни муассисаҳои мазкурро дар шакли китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва маҷмуаҳои таълимиву методӣ қабул намудааст.
Шумораи номзадҳои илм, гирандаҳои стипендияи президентӣ ва раиси шаҳр дар факулта ба чӣ миқдор аст.
Дар факултаи филологияи рус докторон ва номзадҳои илм қариб 40 дарсадро ташкил дода, ассистентон рӯйи мавзуъҳои илмии хеш босамар кор мебаранд. Донишҷӯён дар озмунҳои гуногуни фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Донишҷӯёни мо дар соли таҳсили 2021–2022 дар олимпиадаи байналмилалӣ бахшида ба гиромидошти Ф.М. Достоевский, ки дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон доир шуд, ширкат варзида, сазовори диплом ва ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Инчунин, соли равон дар ҷумҳурӣ озмуни забони русӣ баргузор гардид, ки факултети филологияи руси ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ҷойи дуюмро сазовор гардид.
Оид ба бартарияти забондонӣ миёни донишҷӯёни шаҳру деҳот ва Квотаи президентӣ ва имтиёзҳои донишҷӯёни фаъолу камбизоат чанд сухан мегуфтед.
Аслан донишҷӯёни деҳотӣ нисбатан заминаи камтар дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ доранд, вале, аз тарафи дигар, илмҳои табиӣ ва дақиқро бештар аз донишҷӯёни шаҳрӣ аз худ намудаанд. Аз ин лиҳоз, Квотаи президентӣ низ ба ноҳияҳои дурдаст бештар ҷудо мешавад. Ҳарчанд миёни донишҷӯёни шаҳр ва деҳот тафовути забондонӣ ба назар расад ҳам, баъди соле он барҳам мехӯрад.
Дар гурӯҳҳои академӣ донишҷӯёни шакли таҳсилашон пулакӣ, ройгон ва тибқи Квотаи президентӣ якҷоя мехонанд. Албатта, донишҷӯёне, ки бо Квотаи президентӣ дохил шудаанд, дар гирифтани стипендия ва хобгоҳ имтиёз доранд, онҳое, ки шакли таҳсилашон ройгон аст, ҳамчунин.
Маслиҳат ё пешниҳоди Шумо ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муҳоҷирони корӣ ва муштоқони забони русӣ.
-Барои омӯзиши ҳар гуна забон иродаи қавӣ ва талоши босамар, мутолиаи адабиёт, тамошои силсилафилмҳо замина мегузоранд, вале муошират бо забоне, ки омӯхтан мехоҳед, воситаи пуртаъсир ва манфиатовар аст. Барои аз бар намудани забони хориҷӣ нахуст забони модариро хуб бояд донист. Барои омӯзиши забони русӣ имрӯз имкониятҳои васеъ фароҳаманд, марказҳои гуногуни забономӯзӣ фаъоланд ва ба ҳама дастрасанд.
Рустами НАЗИР