19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст»

 


Bonu 10_2022__IMG-0c3c_fmt

 

 Муҳовара бо хонум Сабзина: шоира, муаллифи китоби ашъори «Ҷавҳари имон»

- Шумо чандин сол боз муқими Канада ҳастед. Бигӯед, ки бо чӣ эҳсосе ба сарзамини Тоҷикистон қадам гузоштед?

- Бо гузашти 15 сол, вақте ба шаҳри орзуҳои ҷавониам Душанбе қадам гузоштам, онро зеботар, дилработар ва пуршукӯҳтар дарёфтам. Дигаргуниҳо беназиранд, кӯчаҳои озодаву обод, биноҳои зебову муҳташам, хиёбонҳои сарсабзу хуррам ва чеҳраҳои болидаи сокинонаш ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшанд.

Дар маҳаллаҳои пойтахт барои истироҳату фароғати шаҳрвандон майдончаҳои варзишӣ, боғҳову гулгаштҳо ва фаввораҳо қарор доранд. Аз диди ман, аз лиҳози фароҳам сохтани шароит барои истироҳату фароғат ва шуғл варзидан ба варзиш кишвари мо ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар шудааст.

Вақте савори мошин озими зодгоҳи хеш, маҳаллаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз шудам, роҳат дар тули чанд соат ба макон расидам. Дар роҳ сафариёни зиёди хориҷи кишварро дучор омадам, ки аз зебоии табиати шигифтангез ва роҳи нави тахту ҳамвори замонавӣ, ки дар дили кӯҳҳову сахраҳо ва талу теппаҳо сохта шуда, имкони сафар ва саёҳати осону роҳатро фароҳам сохтаанд, ба ҳайрат омаданашонро иброз медоштанд, ки чӣ тавр бо қудрати давлат орзу ба воқеият табдил ёфтааст.

Вақте аз Тоҷикистон бурун рафтам, эҳсоси маъюсӣ ҳанӯз дар дилам ҷо дошт ва онро дар абёти зер ифода кардам:

Зиндагӣ саҳнаи гиру дор аст,

Зиндагӣ арсаи пурозор аст.

Дар раҳи пур зи хаму печи ҳаёт,

Рафтани мо чӣ қадар душвор аст.

Ҳоло бошад, аз ҳисси шодӣ ва ифтихор қалб лабрез аст:

Баҳори дӯстӣ дорад, шукӯҳи тозатар имрӯз,

Насими форами ваҳдат вазон дар бӯстони мо.

Аз ин пас ман ба ҳар ҷо меравам, бо фахр мегӯям,

Ба номи Тоҷикистон ман Ватан дорам, Ватан дорам.

„ - Дар муҳоҷират шеър ҳамсафаратон буд?

- Ростӣ, муҳоҷират ба хотири кор аст, вале гоҳе шеър ҳам менависам, ба ёди Ватан менависам. Дар коргоҳи қаннодии мутааллиқ ба сармоядорони канадагии русзабон заҳмат мекашам. Аз ҳисоби даромадам ба хешовандонамон ёрӣ мерасонам. Барои писари хоҳарам, ки дар Аврупо таҳсил мекунад, солона 2500 доллар барои пардохти ҳаққи таҳсил ва ҳар моҳ 500 доллар барои харҷи рӯзгораш мефиристам. Дар деҳаи Ёгед як хонандаи хеле болаёқат аз хонаводаи камбизоат ҳаст, ки мехоҳам дар ягон донишгоҳи хуби ватанӣ ё хориҷи кишвар таҳсил кунаду омодаам дар пардохти ҳаққи таҳсилоташ саҳм бигирам.

            „ - Ба онҳое, ки қасди муҳоҷират доранд, чӣ гуфтаниед?

- Муҳоҷират ҳатто дар давлатҳои тараққикардаи дунё яке аз самтҳои муҳими шуғл ва ҳамчун ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ боқӣ мондааст. Он ҷанбаҳои мусбати худро дорад ва бояд мақсаднок сурат гирад. Шахс бояд забондон бошаду соҳиби касбу кор, то шуғлеро бо музди хуб пайдо намояд. Масалан, дар Канада бе дипломи он давлат кор пайдо кардан хеле душвор аст. Аз рӯйи ихтисоси интихобкарда 6 моҳ ҳам бошад, бояд коллеҷро хатм кунӣ ва танҳо пас аз ин дари корфармоён ба рӯят боз мегардад.

Духтарам Фирӯза бо шавҳар ва фарзандонаш дар шаҳри Торонтои Канада зиндагӣ дорад. Сабаби муҳоҷирати ман ҳам ин шуд, ки ба дидорбинии духтар ва набераҳоям рафтаму мондам ва кор пайдо кардам.

Фирӯза, магистри соҳаи тиҷорат, айни ҳол бо шавҳараш Салим Паллаев дар Торонто тарабхонаи таомҳои миллии тоҷикӣ кушодааст. Духтарам таомҳои миллӣ - оши палави тоҷикӣ, манту, санбӯса, шӯрбо ва дигар таомҳои бадахшониро аввал дар хона тайёр мекарду тавассути интернет ба фурӯш мегузошт. Дар Канада одамон зиёд меҳнат мекунанд, вале барои истироҳату фароғат ҳам маблағ дареғ намедоранд. Нисбат ба фарҳанги мардумони гуногун хеле кунҷкованд ва ҳар чизи барояшон мароқангезро донистану таоми навро чашидан мехоҳанд ва бо аҳли хонавода ғизоҳои миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикиро фармоиш медиҳанд. Муштариёни таомҳои миллии тоҷикӣ зиёд гардиданду имконияти молӣ ҳам пайдо шуд ва тарабхонаи таомҳои миллии тоҷикӣ таъсис доданд.

Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Канада набераҳо дорам, ки бароям азизанд. Дар Канада байни худ бо тоҷикӣ суҳбат менамоему ба наберагонамон забон меомӯзем, то аз фарҳанги миллӣ дур намонанд. Дар ҳар куҷоем, бо забони тоҷикӣ ва Тоҷикистон худро тавъам медонем.

„ - Аз хӯрокҳои мардумони дигар бештар чиро меписандед?

- Бештар дар хона таомҳои миллии тоҷикӣ мепазем, вале таомҳои дигар миллатҳоро низ истеъмол мекунем. Санбӯсаи ҳиндӣ ва спагетии итолиёвиро дӯст медорам. Дар дастархони субҳонаи тоҷикон ҳасибчаи канадагӣ ва қаҳва маъмул аст.

„ - Тоҷикони Канада чӣ рӯзгор доранд?

- Дар Торонто бо 45 оилаи тоҷик робита дорем, аммо тоҷикон дар Канада хеле зиёданду дар идҳо ва маросимҳои сол ҷамъ меоем. Иде, ки барои тоҷикон аз ҳама азиз асту моро гирд меорад, Наврӯзи хуҷастапай аст. Дар ин рӯз аксари духтарону занон либоси миллӣ ба бар мекунанду ғизоҳои миллӣ мепазанд. Шаҳрвандони канадагии афғон ва эронитабор низ дар Наврӯз бо мо ҳастанд.

„ - Қабл аз ҳиҷрат Шумо яке аз иштирокдорони фаъолони «Корвони ваҳдат» будед ва аз ин ибтикори адибон чӣ хотироте дар ёд монда?

- Дар Тоҷикистон ваҳдати воқеӣ ҳукмфармост ва пешрафти рӯзафзуни кишвар дар тамоми соҳаҳо далели ин гуфтаҳоянд. Адибон низ дар таҳкими ваҳдат бо сухани ваҳдатофар ва ташаббусҳои созанда саҳм мегиранд. Яке аз чунин ибтикори фарҳангиён дар ҳайати «Корвони ваҳдат» аз ағбаи Қулма, ки сохтмони роҳи аҳамияти байналмилалӣ дар ин ҷо нав оғоз шуда буд, тавассути шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ба шаҳри Исфараи Суғд ва то марзи Ботканди Қирғизистон паёми ваҳдат ва дӯстиро бо шеъру тарона ба мардум расонданд. Вақте адибони тоҷик вориди Бадахшон шуданд, дар ҳайати аҳли фарҳанги вилоят дар суҳбату мулоқот ширкат варзидам ва ба истиқболашон ин шеър гуфтам:

Омадӣ эй дӯсти ҷон бар ҷойи мо,

Мо сарафроз аз карамҳои шумо.

Хоки потон нури чашмон ин кам аст,

Ҷони мо хоки қадамҳои шумост.

            „ - Таманнои Шумо ба хонандагони маҷалла.

- Ба мардуми соҳибиқболи тоҷик ва хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» гуфтаниам, ки дастовардҳои кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм гиромӣ доранд ва барои ҳифзашон худро масъул донанд.

Тоҷикон дар Канада дар ҷомеаи қонунсолор ва пешрафта умр ба сар мебаранду аз лиҳози иҷтимоӣ мушкилоте надоранд, аммо Тоҷикистонро биҳишти рӯйи Замин номидаанд, ки ҳақиқат аст. Дар он ҷо кор аст, кӯчаҳо сарсабзу хуррам, оби софу хуштаъм, вале дар зарфи солҳои зиндагонӣ дар он ҷо меваи аз Офтоб пухтаи дарахтонро надидам.

Дар Канада тавассути телевизиони маҳвораӣ гоҳе чун манзараи ангуру анор, себ ва дигар меваҳои шаҳдбори боғҳои Тоҷикистонро дида, дил гум мезанаду кас беихтиёр мехоҳад, ки барои канданашон аз дарахт ва ком ширин намудан даст дароз кунад. Вақте ба зодбум омадаму дар боғистони хонаамон - деҳаи Ёгед даст ба ангур ва анҷир бурда, аз онҳо ком ширин кардам, беихтиёр садо дардодам: - Ин аст биҳишти рӯйи Замин.

                                                                                                Мусоҳиба М.ҶАЛОЛ

:.  Мусоҳиба 28.10.2022 13:06 647

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz