Ба тозагӣ китоби нависандаи таронасаро Сабрин аз дасти чоп баромад. Аз ин хусус бо адиби шинохта суҳбате оростем.
- Нашр шудани девони «Азони ишқ» ба Шумо, ҳамаи мухлисони таронаи шево ва ошиқон муборак бошад, устод!
- Ташаккур.
-Ман, ки яке аз аввалин шахси бо соядаст «Азони ишқ» гирифта ҳастаму онро ба пуррагӣ хондам, мехостам дар ибтидо як андешаи худро равшан созам. Чун унвони ҳар боби девонро шабеҳи як тарона дарёфтам, суолам ин аст, ки ба як ҷумла ҳам метавон тарона гуфт?
- Тарона барҳақ, каломи пуротифа, маънии зебо ва эҳсоси мағзбарангезест, ки дона-дона чида мешаванд. Шеър, агар шаддаи зебост, тарона донаҳои зеботар аст. Ҳарфе набояд такрор, вожае набояд беруҳ, сухане набояд ноҷо, ҷумлае набояд орӣ аз гудози ҳавас ва шааф бошад. Тарона аллаи пурҷозибаи модар, ниёиши ошиқи шабзиндадор, дуои сабзи пир, қадами хуҷастаи баҳор, хандаи сафеди барф, ашки андуҳи тирамоҳ, қудрати ишқи Ватан ва Яздони пок аст. Тарона бояд маънии пок ва тозаро дар навишт мунъакис созад, яъне ҳамсони оина на танҳо чашм, балки дилро ҳам дида тавонад. Санъати эҷод ва ифшои тарона ҳам аз маҳорат бармеояд, ки маънии бикрро дар суханбозии камтар ҷой диҳад. Бори таронаро як ҷумлаи равону содаи сафедгуфта ҳам кашида метавонад. Хуб, чанд ҳамгуна:
«Китоби ҳарфи умре, ки бе ишқ аст, касе намехонад»
«Марги модар барои мо афсона аст, ки бовар намекунем»
«Мисли абру ҳамабин бояд буд, то болонишин гардӣ»…
-Аз он ҷо, ки медонам, охирин китоби таронаҳои Шумо «Оҳи гусаста» соли 2003 ба хонанда расид. Фосилаи бист соли интизориро барои ҳаводорон ва муштоқони тарона чӣ гуна арз мекунед?
- Эҳ, агар умри одамӣ ин қадар кӯтоҳ намебуд, чӣ корҳое ба сомон додан мумкин буд. Ё шояд ба назари ман чунин менамояд, ки корҳои азими муфид ва амалҳои савоб кӯҳ-кӯҳ нигарони моянд, вале ҳеҷ ба яке намерасем.
Талошҳои одамизод барои ба даст овардани мояи зиндагӣ гуногунанд. Яке пайи ҷамъ кардани сарвату мол аст, яке дар ҷустуҷӯи ганҷи илму дониш. Яке хидмати мардум мекунад, то ризқ ёбад, дигаре ин таматтуъ ройгон мебарад.
Ин бист соле, ки мегӯед, ба анҷоми корҳои зиёде сарф шуд, ки заруртар аз эҷоди тарона буд. Лек, ишқи тарона дили маро лаҳзае танҳо нагузоштааст. Менавиштам, гоҳи сафар, гоҳи шодию ғами худ. Ҳар куҷо фурсат меёфтам, дар поварақе, дафтаре, пораи коғазе, гоҳо гӯшаи рӯзнома ё китобаке садафҳои рози бурунпартофтаи дил ёднавис мешуданд. Аз ҳукми шоҳи вақт гурехтан натавон.
Баъдан таҳрири сахти таронаҳо пеш омад. Санги таронаҳоямро борҳо ва борҳо суфта мекардам, он хурдтару хурдтар мегашт. Вақте ба шаклу ҷилои дилхоҳ медидам, як- як рӯнавис мешуд. Сабр дарахти ранҷ, аммо мевааш ширин аст.
-Аз ин бармеояд, сабки Сабрин дар навишти тарона сабки ороста ва перостаи худ аст?
- Намедонам. Ин дар ҳукми ҳаводорони тарона, маънишиносону ошиқони сухан аст.
- Таронаҳои худро аз ёд медонед?
- Оё боғбон ҳосили тамоми себҳояшро шумурда метавонад? Онро аз лаззату рангу ҳусн фарқ мекунад ва пеши чашм меорад?
- Дар адабиёти тоҷик тарона аз жанри насрии нав ва баҳсбарангез аст. Чаро бонувони эҷодкори мо бештар ба он таваҷҷуҳ кардаанд?
-Тарона саропо ҳарфи ишқ аст. Ин эҳсоси поку мубарро ва муъҷизабахшо аз дили зан зеботар метаровад, гӯӣ қатраҳои зулол аз дили чашма. Тарона - ифшои нируи ишқи осмонист, ки Замин, зиндагиро зебоӣ бахшида. Ва дили ошиқи зан, заррабони муҳаббатрези ӯ ҷуръати офаридани зеботарин тарона дорад. Бо тарона хилваттарин ногуфтаҳои дил мегӯяд. Чун ишқ худ истеъдод аст.
- Чаро девони таронаҳоятон «Азони ишқ» унвон гирифтааст?
- Хуштарин савти дунё субҳгоҳон савти азон аст, ки моро ба ниёишу омурзиш, ба муноҷоти Худованд, ба намоз мехонад. Агар жарфотар ба рози дил гӯш диҳем, ҳамин савти оромиш ва роҳатбахш, азони дилро мешунавем:
«Бонги наҳифи заррабони дили маро мешунавӣ?
Бишитоб, ай ошиқи ман!
Азони ишқ мехонад».
- Таронаҳои «Азони ишқ» баҳри кӣ суруда шудаанд? Магар сахт ошиқ будед?
- (Механдад) Чаро будам? Ҳанӯз ҳам ошиқам, вагарна дили маро муаззини ишқ шуданаш муборак намебуд.
Ошиқам. Имрӯз ҳам, фардо ҳам, ошиқи Худованд, ошиқи Ватан, ошиқи мард, ошиқи инсон, ошиқи табиат. Бе ишқ чӣ мебуд, на Офтоб, на зиндагӣ, на оби равон, на шапалакҳои рангинболу на шукуфаи оташ, на ашки борон, на ёсамини хандаву сурур…
- Яке аз бобҳои девон «Дасти дуо сари гаҳвора» ном гирифтааст. Модаратонро хоб мебинед?
- Ман аз модар яксола ятим мондаву рӯяшро ба зеҳн надорам. Гоҳ-гоҳ ба хобам меояд. Ҳамон замон мехоҳам рӯяш бинаму оғӯш бигирам, нопадид мешавад… Ва хештан ба азони дил тасалло медиҳам.
«Модаро, шабеҳи кистӣ?
Шабеҳи ман, духтарам, ё баҳори сабзпайкар, ки ҳар сол ба суроғи ман ояд.
Гум мезанад дил ба ёди дидорат.
Бигӯ, пас чӣ сон ба суроғат оям?»
«Худоё! Модари дигарон маро модар шуданд.
Модари маро баҳри кӣ бурдӣ?»…
- Бешак, дар зиндагӣ сабуред, ки Сабрин тахаллус гирифтед. Ҳамин тавр?
- Сабр беҳтарин неъмати Офаридгор аст. Ба ҳар ғами омада сабр бинамоӣ, поёнаш шодист. Ҳар нобарориро сабр барор диҳад. Сабр рақиби андуҳ аст. Ба сабр метавон душманро дӯст гардонд.
Сабр суханро низ дар оташи таҷриба бипазонад, ҷаззоб ва дилрасу созанда гардонад. Ҳамин сабр маҷмуаи ғазалҳои маро дар 60-солагӣ ва девони таронаҳоямро дар 70 рӯй ба хонанда бахшид. Яъне, ба он бовар, ки «Дабири нуктагирамро набошад ҳадди таҳрирам».
- Қариб дар ҳама жанрҳои бадеӣ: шеър, бозию чистону муаммо, афсонаю ҳикоя ва қиссаю ғазалу тарона, ҳаҷву латифа навиштаед. Дар кӯлвори эҷоди Шумо ягон жанри дигаре ҳаст?
- (Сукут меварзад) Дар зеҳни худ мавзуъҳои даргири ҷомеа ва фоҷиаҳои зиндагӣ дорам. Умр вафо кунад, роман хоҳанд шуд.
- Кадом китобҳоро вақти наздик хондед?
- «Достони писари Худо»-и Сорбон, «Занони Сабзбаҳор»- и Гулрухсор, «Тысяча сияющих солнц»-и Холид Ҳусайнӣ, «Гулнор ва оина»-и Раҳнаварди Зарёб, «Ситораҳои сари танӯр»- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва китобҳое, ки «Истиқбол» ба нашр омода кардааст.
- Ба ҷавонони таронанавис маслиҳат ва дуои Шумо.
- Оне, ки завқ ва истеъдод ба эҷоди тарона дорад, бояд аз хотир набарорад, ки сухан муқаддас аст. Онро эҳтиром бояд ва ҳар сухани пучу бемағз, ҳар вожаи обшуставу беранг дар қолаби тарона намеғунҷад. Иншои сӯзу гудози ошиқӣ, баёни ғаму олами дар дил рӯ зада, агар он сирф шахсист, ҳанӯз тарона нест.Тарона ҳам чун як жанри зебову гиро бояд ба дарди ҷомеа хӯрад, ба дили мардум нишинад, ба зиндагӣ дар кулфату шодӣ ҳамово бошад, бори замона бардорад.
Тамоми санъати бадеӣ дар тарона наққошӣ мешавад. Ва чун мағз-мағзи тарона ишқ аст, бояд об аз иффату покӣ ва наҷобату зебоӣ бихӯрад, ба ҳарири сабоҳату нозукӣ ва нармӣ бипечад. Тарона танҳо дар оташи танӯри эҳсоси баланд нони хушрӯ шавад…
Таманнои ман он аст, ки суханро, ки мисли ҷон аст, бояд эҳтиёт намоянд, то умре сабз монад.
Таҳияи Сайидои ШАРИФӢ