Шаҳрия Аҳтамзод бо завқи баланду табъи болида ба олами ҳастӣ, ба дунёи безаволи суханварӣ ворид шудааст. Ин зани саропо ҳунару истеъдод аз ғаму шодии шахсии худ ва муҳите, ки ӯро иҳота кардааст, сухан мегӯяд. Меҳри Ватани маҳбубро пайваста месарояд. Парвози шеъраш бештар ба самти ватандориву ифтихори миллист. Ин шабу рӯзҳо Шаҳрия 70-сола шуд. Дар рӯзҳои фараҳбахши умраш низ аз ишқ мегӯяду аз муҳаббат ба Меҳан…
- Шоир ва шеър. Шеъре, ки ба суроғи шоир омадааст ва шеъре, ки шоир ба суроғаш рафтааст, кадоме аз ин шеърҳоро тарҷеҳ медиҳед?
- Фикр мекунам, ки шоир дар тамоми ҳолатҳо сари кор аст, яъне ӯ ҳамеша думболи андешаҳои хеш пай мезанад ва сипас, ин андешаҳоро дар мағзи хеш ҷой дода, рӯйи авроқ меорад. Ва ана ҳамин гуна шеърро ман шеъре меномам, ки шоир чандин рӯз дунболи ӯст ва ахиран тавонистааст, ба чангаш оварад. Аммо шеъре, ки дунболи шоир меояд, ба гуфте мисли дарёи пурҷӯшу хурӯшонест, ки бо шукӯҳу ҳашамату эҳсоси шоир якҷо шуда, марзи дили инсонҳои ғамзадаро сабзу гулафшон мекунад. Яъне, шеъре, ки ба суроғи шоир меояд, ширину шевотар аст.
- Оё муҳити зиндагии замони наврасиатон¬ро ба ёд меоред? Он ба шеъри Шумо чӣ таъсир гузошт?
- Оре, бори дигар атри гумгаштаи кӯдакиро ба димоғам овардед. Боз дили шикастаам лабрези зистан шуд; рӯзгори шоиста ва ширине доштам дар канори модарбузургам, ки хеле зани вораставу дар сатҳи деҳ донишманду кадбону буданд. Он қадар адабиёти шифоҳиро хуб медонистанд ва ҳатто дар сухани раҳ ба росташон ҳатман аз шеъру таронаҳои халқӣ истифода мебурданд. Ҳазору як рубоии халқӣ медонистанд. Шояд таъсири суханони ширини модарбузург буд, ки шеъри ман аз канори ӯ ибтидо гирифт ва гӯё, ки имрӯз «шоир» шудам.
- Барои ворид шуданатон ба майдони адабиёт ва эътироф шуданатон ҳамчун шоир киҳо дастатон гирифт?
- Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест, - гуфтаанд, ки воқеан дуруст аст, аммо бовар кунед, устоде, ки дастамро ба гуфте рост карда бошад, шеърамро қалам зада бошад, надоштам, ҳар чи ки навиштам, аз роҳи омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосир буд. Мусаллам аст, шоироне мисли устод Бозор Собир, устод Гулназар маслиҳату машварат медоданд. Алоқаманди шеъри Фурӯғу Симин будам ва то ҳол шеърашонро мехонам ва бо эҷодиёташон пайванди ногусастанӣ дорам.
- Аз оғоз сарояндаи шеърҳои ошиқона ҳастед ва ишқ аз назари Шумо?
- Хуш ба ҳолатон, ки дар ин синну сол боз маънии ишқро ҷавоне аз ман мепурсад. Ишқ бузургтарин армуғони зиндагист, ки туҳфаи Худовандист. Он тавре, ки Ҳофизи бузург гуфта:
Фаришта ишқ надонад, ки чист, қисса махон,
Бихоҳ ҷому шаробе ба хоки одам рез.
Зиндагӣ худ гузаргоҳи дӯст доштан аст. Мавлонои бузургвор гуфта:
Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам,
Давлати ишқ омаду давлати поянда шудам.
Ишқ хоҳ заминист, хоҳ самоӣ, аммо ба инсон эъҷоз меоварад ва ҳақиқати ғайри қобили инкор аст. Ғаму андуҳи ишқ шоирро бештар тавону қудрат мебахшад. Ишқ дар эҷоди шоир ва ташаккули шеъру таронаҳояш нақши намоён дорад. Ва ба вижа барои ман ишқ дар шеър баҳона нест, балки воқеияти зиндагист, зеро адабиёт ойинаи зиндагӣ аст ва ишқ чароғи ӯ:
Бе ҳарфи ишқ як дами беғам намезанам,
Ширинии тапиши дил барҳам намезанам.
- Яке аз дӯстон мепурсад, ки Шаҳрия кай аз ишқ гуфтан канор меравад? Ман мепурсам, ки оё ишқ синнусол дорад?
- Азизам, ба он дӯст расонед, ки то ба лаби гӯр рафтанам такрор ба такрор: ИШҚ,ИШҚ, ИШҚ хоҳам гуфт. Бубинед, ки Мавлонои бузург чӣ гуна зебо сароидааст:
Гарчи ман худ зи адам дилхушу хандон зодам,
Ишқ омӯхт маро шакли дигар хандидан.
Ишқ синнусолро намепазирад, ишқ шояд лаҳзае ба дидорат расад, ки кайҳо аз қаламрави ҷавонию ҷунун гузаштаӣ. Ишқ пир намешавад, агар дил солиму ошиқ бошад, дар сад ҳам ошиқ мешавад инсон.
- Шумо яке аз беҳтарин гӯяндагони ғазал дар Тоҷикистон эътироф шудаед. Чаро ба ин навъи шеър, ки гӯё кайҳо куҳна шудааст, дилбандед?
- Медонед, ғазал матоъ нест, ки куҳна шавад, ғазал камоли маърифат ва ҳунари ҳар шоирро ба намоиш мегузорад. Ҷавҳари ғазал хираду дониш ва ишқ аст. Масалан, барои ман лаҳзае ғазал гуфтан лаззати зиёде дорад, зеро вақти навиштанаш ҳезумвор месӯзам, дард мекашам, аммо чун ғазаламро менависам, то ба чанд рӯз кӯдаквор меболам. Яъне мухотаби ман дар ғазал Ишқ аст.
- Беш аз 30 сол аст, ки ба доираҳои адабу фарҳанги Эрону Афғонистон робита доред ва табиист, ки аз шеъри нав ва нимоӣ хуб огоҳед, вале бештар дар қолабҳои суннатӣ месароед. Сабаб чист?
- Оре, дарвоқеъ имрӯзу фардои шеъри форсӣ- тоҷикиро бештар шеършиносон ба шеъри нимоӣ ва шеъри озод муносиб медонанд, аммо фикр мекунам, ки сухан дар кадом навъи шеъре, ки бошад, агар хубу хонданист, шоир дастболову муваффақ аст. Суҳроби Сипеҳрӣ, намояндаи шеъри озод, гуфта буд:
Чашмҳоро бояд шуст,
Ҷӯри дигар бояд дид.
Аммо намешавад, ки ҳама шоир бо оби шеъри озоду нимоӣ чашмҳоро бишӯяд. Ман чанд сол қабл шуруъ карда будам, аммо ба дилам нанишаст, зеро ин навъи шеър дар зеҳн намемонад, яъне мондагор нест. Аммо хонданаш хушам меояд
- Шоир будан ва зан будан. Оё зани шоир, мисли занони одӣ хушбахт буда метавонад?
- Чаро не? Занони эҷодкор зиндагиро дӯсттар медоранд ва масъулияти хонаводагиро низ хубтар эҳсос мекунанд. Ба қадри ишқ бештар мерасанд. Зани эҷодкор бо ҳузураш маҳфилҳоро меафрӯзад, аммо баъзан дар зиндагии зани эҷодкор рахнаҳое пайдо мегарданд, ки сабаби танҳоии ӯ мешаванд, зеро шавҳар ҳам қурбонӣ мехоҳад ва шеър ҳам. Бояд аз ин яктоашро интихоб кард. Аммо, агар зани оқил бошад, ҳатман аз уҳдаи ҳардуяш мебарояд.
- Вассофи Ватан ва Истиқлолед, чӣ ангеза медиҳад, ки дар ин мавзуъ эҷод намоед?
- Яке аз фазилатҳои инсони имрӯз огоҳ будан аз хешу аз таърихи халқу Ватан аст. Ишқи Ватан бо шири модар андарун омада, дигар берун нахоҳад рафт, зеро Ватан ҳам ҷузъи мо ва ҳам кулли мост. Ва кӯлбори шоир бояд пур аз ишқи Ватан бошад. Вақте дар бораи Ватан шеър мегӯям, эҳсоси аҷибе маро фаро мегирад, гӯё дар бораи модарам шеър менависам, ашкам сарозер мегардад. Шеъри «Меҳани гулафшонам» - ро навиштаву гиристам:
Меҳани гулафшонам сар ниҳам ба домонат,
Бӯса - бӯса бистонам аз рухи гулистонат.
Аммо ҳангоме, ки мақтаи шеърро гуфтам, сахт гиристам:
Оҳу дарду доғатро ман ба хеш хоҳам бурд,
Зери хок ҳам бошам, эй Ватан нигаҳбонат.
Истиқлоли Ватан иттиҳоди моро нерумандтар гардонд ва фазои зиндагии мо рӯшантар шуд. Истиқлол имрӯз мисли бози давлат аст, ки ба дӯши мо - мардуми хушбахт нишастааст.
Порсол, ки 30 - солагии Истиқлолро ҷашн мегирифтем, 30 шеъре, ки тули ин солҳо дар васфи Истиқлол гуфта будам, як китобе бо номи «Сафои Истиқлол» мунташир сохтам.
- Дар мавзуъҳои иҷтимоӣ хомӯш нестед. Пайваста тариқи расонаҳо андешаҳои хешро изҳор медоред. Ба андешаи Шумо шоир то чӣ андоза бояд иҷтимоӣ бошад?
- Медонед, шоир забони гӯёи мардум аст, кӯшиши ман низ ба унвони як шоир ин аст, дар муҳите, ки ба сар мебарам, бетараф набошам. Шоир бояд бо чашми дил ва чашми ҷон ба дунё нигарад. Масоҳати андешаи шоир набояд мисли чашми мӯр бошад. Рисолати шоир танҳо шеър гуфтан нест, балки ҳидояти мардум ба сӯйи муҳаббату меҳрубонию дӯстӣ аст. Аммо ман пайваста, қабл аз он ки андешаҳоямро бигӯям, ин пораи дуоро мехонам: Худоё, забони маро аз он чи ки зиён меоварад, нигаҳ дор.
- Дар зиндагии Шумо ноҳамвориҳо ва душвориҳои зиёде буда… Ин зарбаҳо ба шеъри Шумо чӣ таъсире гузошта?
- Оре, зиндагӣ мисли ойинаест, ки як рӯяш сафед асту рӯйи дигараш сиёҳ ва дар ин рӯзгор дасте мебояд дастгират бошад, неруе мебояд, ки шердилат намояд, то тавонӣ аз шиканҷаҳои руҳӣ раҳо ёбӣ, вале ман бо ҳамин лашкари ғам танҳо будам ва танҳо ҷангидаму музаффар шудам. Баъзан дар ашъорам аз он рӯзгорон ноҳинҷор ёд меорам:
Авроқи дилам пур шуда аз хотираам,
Дар зоти худам фариштаву нодираам.
Дар маҳфили шоирони пурдарди замон,
Ман Шаҳрияам, Шаҳрияи шоираам.
Мусоҳиба Одил НОЗИР