Ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Забони модарӣ, ки зербинои ҳувияти миллӣ ва омили асосии ҳифзи он мебошад, донишу маърифати дар тули ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардуми тоҷикро дар худ нигоҳ дошта, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахшии миллатро дорост. Аз ин рӯ, ғамхориву арҷгузорӣ ба он ва риояи меъёрҳои забони адабӣ дар навиштору гуфтор дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ тақозои замон аст. Дар робита ба ин, бо директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Фарангис Шарифзода суҳбате оростем.
- Иқдомҳои куллие, ки дар даврони соҳиб¬истиқлолӣ барои ҳимояи забони тоҷикӣ амалӣ гардид, кадомҳоянд?
-Дар самти ҳифзу пойдорӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ хидматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд. Забони миллӣ пойдевори асосии ташаккули давлати миллист, зеро забони миллат рамзи ҳувияти афроди ҷомеа ва шиносномаи миллат аст. Дар кишвари мо – Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли милливу фарҳангӣ Рӯзи забон ва Қонуни забон бо қарори Ҳукумат ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва таъин шуданд. Мавқеи забони миллӣ дар даврони истиқлол устувор ва аз банди фишору маҳдудияту таъзиқ раҳо шуд ва тибқи банди 5 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» «забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ