муҳовара бо муовини раиси ноҳияи Рӯшон Лайло Чоршанбезода
Авҷи бунёдкориҳо ва армуғонҳои тозаи ҳунариро ба истиқболи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Сокинони сарбаланд ва заҳматқарини ноҳия бо дастони зебоофари ҳунармандон 55 намуди маҳсулоти пашмин,чӯбу оҳан ва гаҷу гилӣ омода ва пешкаши бинандагону харидорон мегардонанд. Фес тивали «Ҷуробҳои помирӣ», ки тайи чанд рӯз дар шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҷараён дошт, дунёи ранго- ранги яке аз ин намудҳои ҳунармандиро, ки ба ша- рофати бонувони чирадаст ҳифз шуда, дар доираи эълони Солҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ тараққӣ ёфтааст, ба намоиш гузошт. Дар баробари маҳсулоти бофандагӣ ҳунармандони ноҳия дар сохтани созҳои мусиқии суннатӣ, ба мисли дафу рубоб ва танбӯру се- тор ҳамто надоранд.
Ин бесабаб нест, зеро сифатҳои меҳмоннавозиву санъатдӯстии сокинон ҳанӯз аз айёми қадим мавриди ситоиш қарор гирифта, дар абёти шоир ва ҳаким Но- сири Хусрави Қубодиёнӣ барҷаста ифода ёфтаанд:
Равшандилони Рӯшон оинаи сафоянд,
Ғам аз дили ғарибон чун оина зудоянд.
Дар дили ҳар фарде, ки заррае аз муҳаббати қалб ва неруи ҷисмонӣ ва зеҳниашро барои меҳнати созанда ва офаридани маҳсулоти ниёзи мардум ни- сор мекунад, ҷой барои кудурату кина вуҷуд надораду чунин инсонҳои наҷиб, ки сулҳу ваҳдат шиори ҳамешагии зиндагиашон ҳаст, қишри асосии ҷомеаро дар кишвар ташкил медиҳанд.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мафҳуми баробари бунёдӣ доранд. Ваҳдату Истиқлолро боли иқболи миллату дав- лат меноманд, ки ифодаи барҷастаи ҳамбастагии ин ду вожаи муқаддас медонам. Сокинони ноҳия дар баробари мардуми азизи кишварамон аз хурд то бу- зург аҳамияти ин арзишҳои волоро дарк ва арҷ ме- гузоранд.
Маркази ноҳия – Вомар соле қабл мақоми шаҳрак гирифт. Ба ин муносибат аз ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ мегуфтед?
- Шаҳраки Вомар ҳусни рӯзафзун мегирад. Ин- шооти нав: биноҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, Литсейи маъюбон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи уму- мии № 9, нозироти андоз, шуъбаи маориф, қасри фарҳанг, маркази адлия, табобатхонаи марказӣ, шуъ- баи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мар- кази саломатии Оғохон, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, бонкҳо симои онро куллан дигар намуданд. Роҳрав ва гулгаштҳои шаҳрак то Боғи Парчами давлатӣ ба макони дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонон табдил ёфтааст. Бунёдкориҳо бо навсозӣ ва сохтмони муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимиву варзишӣ ҷараён дошта, барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия 60 лоиҳаро бо маблағи умумии 102 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Танҳо тайи ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои амалисозии ҳадафҳои барнома 72 миллион сомонӣ масраф гар- дид. Дар ноҳия 4 коргоҳи хурди саноатӣ мавҷуд аст, ки меваву сабзавот ва оби минералиро коркард ме- намояд. Бо мақсади рушди қолинбофӣ дастгоҳи хур- ди қолинбофӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Мар- кази таълими калонсолон» дастрас гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Алҳол дар ноҳия 4 сех ва 5 нуқтаи дӯхти либоси миллӣ амал мекунанд. Ҳамчунин, бо дастгирии ҲХДТ як коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 15 ҷойи корӣ ба фаъолият пардохт.
Имкониятҳои рушди сайёҳии ноҳияро чӣ гуна мебинед?
- Аз лиҳози масоҳат Рӯшон пас аз ноҳияи Мурғоб бузургтарин воҳиди маъмурӣ дар вилоят мебошад. Он кӯли зебои Сарезро, ки бархе «Нозанини хуфта» ҳам меноманд, кулоҳи сабз ба сар гирифтааст. Ноҳия ма- кони дижҳои бостонӣ ва мазорҳои зиёд мебошад, ки аз таъриху фарҳанги сокинон ҳикоят мекунанд. Олимони дохилу хориҷ мавзеи Бартангро осорхонаи зиндаи таърих меноманд, ки дар ин ҷо ҳунарҳои бофандагиву кулолӣ ва дигар оинҳои бостонии мардумӣ то кунун ҳифз гардидаанд. Дар ноҳия 6 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шуда, 8 меҳмонхона, 27 ҳомстей, 6 тарабхона, 12 ошхонаи сарироҳӣ, 3 мағозаи армуғон, 22 ҳаммом, нуқтаҳои таъмири мошинҳо ва таъмини сӯзишворӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд. Тайи се моҳи соли равон қариб 100 сайёҳ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан намуд. Сар- фи назар аз буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, хоҳишмандони сайру саёҳати Помир зиёданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои мил- лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъо- лони ноҳия, моҳи июни соли 2016, иброз доштанд:«Ноҳияи Рӯшон яке аз мавзеъҳои таърихии кишвара- мон ба шумор рафта, сокинони он дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун одамони ростқавлу ҳимматбаланд ва озодманишу ботамкин ёдовар шудаанд. Маҳз табиати нотакрор ва руҳи поки бузургони ин мавзеи зебоман- зар аст, ки дар домани он аҳли илму фарҳанг ва аш- хоси соҳибҳунару эҷодкор ба воя расида, бо хизмати софдилонаашон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварамон саҳми муносиб мегузоранд. Аз ин ҷо даҳҳо шахсиятҳои машҳури мамлакат, амсоли На- заршо Додхудоев, Ғоибназар Паллаев, Меҳрубон На- заров, Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Хушна- зар Майбалиев, Усто ва Масто, Азалшо Олимов ва боз даҳҳо дигар чеҳраҳои шинохта баромадаанд». Тайи солҳои охир хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Чанде қабл хонандагони муассисаҳои таълимиамон аз озмуни ҷумҳуриявӣ бо ду медали нуқра ва як биринҷӣ баргаштанд. Дар озмуни «Тоҷикистон - Ватани ази- зи ман» дар як номинатсия ҷойи аввал ва дар но- минатсияи дигар мақоми дувум насиби дастпарваро- ни муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиамон гардид.
-Назари Шумо ба мақоми зан дар ноҳия?
Шумораи занон дар Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилоятӣ - 3, ноҳиявӣ - 7 ва ҷамоатӣ 31 нафарро ташкил медиҳад, ки аз мизони баланди обрӯву эъ- тибор ва боварии мардум ба бонувон ҳамчун неруи ташаббускору созанда шаҳодат медиҳад. Аз 79 нафар хизматчии давлатии ноҳия 35 нафар зан аст. Дар да- воми соли равон аз 10 мутахассиси дар асоси озмун ба мансаб таъингашта дар 5 маврид занон баранда шуданд. Теъдоди умумии занони соҳибкор ба 163 нафар мерасад, ки ин нишондиҳанда 45 дарсади шу- мораи умумии соҳибкорони инфиродист. Дар маркази касбомӯзӣ ҷавонон ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, барқкорӣ, бофандагӣ, ошпазӣ, кафшергарӣ, забонҳои англисӣ, русӣ ва муҳосибӣ аз худ мекунанд. Танҳо дар ду соли охир дар ин марказ 29 ҷавондухтар таълим гирифтааст.
Бо медали «Ҷасорат» мушарраф гардидана- тонро чӣ гуна қабул намудед?
-Дар қатори иддае аз ҳамкорон аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо медали «Ҷасорат«мушарраф шуданамро нишонаи қадршиносии ҳамкории сама- рабахши кормандони мақомоти ноҳия бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волоияти қонун мешумо- рам. Саҳм гузоштан дар ҳифзи сулҳ, амният, ҳаёти осоишта ва созанда вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди кишвар буда, дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолу Ваҳдат ҳама баробар масъулем. Таассуроти Шумо аз ҳамоиши Корвони «Мо- дарони ваҳдатсаро» дар вилоят?
- Ҳамоиши Корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки дар доираи истиқболи сазовори 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бадах- шон баргузор шуд, бори дигар неруи фаъоли сиёсии ташаббускори созандаву бунёдкор будани занону мо- дарони кишварро ба намоиш гузошт. Ҳар яке аз бо- нувони шомили Корвон ҳаёти омӯзанда дошта, баҳра- вар гаштан аз таҷрибаи зиндагӣ ва касбиашон барои ҳар фард манфиатовар аст. Дар суҳбатҳои хотирмон бо сокинон, бонувони соҳибкор ва ҳунарманди ноҳия табодули афкору таҷрибаи судманд сурат гирифтанд.
Мулоқоти самимӣ ва тақдими меҳри модарона, бар- номаи консертии рангин ва армуғони ҳайати корво- ниён барои марзбонон буданд.
Дар интиҳои суҳбат чӣ гуфтание доред?
- Давраи донишҷӯиам дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Хонданро тарк намудам. Ба шарофати ҷоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо беҷошудагони дохилӣ ва муҳоҷирони иҷбории тоҷик аз насими ваҳдат баҳравар гардидан- ду ба Ватан баргаштанд. Ман низ бо фаро расидани сулҳи деринтизор таҳсилро дар пойтахт идома дода, соҳиби диплом шудам. Имрӯз Душанбе ба зеботарин шаҳри дунё ва Тоҷикистон ба амнтарин кишвар таб- дил ёфтанд, ки ба ин бахту бо ин Ватан шукрона бояд кард.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ноҳияи Рӯшон