Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари боло бурдани шавқу завқ ба китобхонӣ, ба эҳёи фарҳанги китобдорӣ ва рушди он мусоидат намуданд. Ҳангоме дӯстдорони мутолиа ба китобхонаи шахсии Шоҳзодамуҳаммад, воқеъ дар деҳаи Сарои Баҳори ноҳияи Шуғнон ворид мешаванд, бӯйи хуши мушк ба машом мерасад. Дар китобхона дастхатҳое мавҷуданд, ки зиёда аз 500 сол умр доранд. Оид ба асрори китобҳои мушкбезу анъанаи тарзи тайёр намудани сиёҳӣ, давот ва килк суҳбате оростем бо китобдори он, ховаршинос Шоҳзодамуҳаммади Муҳаммад - Шерзодшо.
- Дар аҳди қадим, дар Бадахшон, ҳарчанд аз марказҳои маданӣ ва фарҳангӣ дур воқеъ буд, ба хушнависӣ, хаттотӣ ва нусхабардории китобҳои қадимӣ эътибори ниҳоят ҷиддӣ медоданд. Яъне, хушнависони бадахшонӣ на танҳо худашон аз гиёҳҳои маҳаллӣ коғаз месохтанд, балки бо истифода аз гиёҳҳо сиёҳиро ҳам тайёр мекарданд. Вале, мутаассифона, ин ҳунари бисёр муҳим ва пураҳамият батадриҷ аз байн меравад. Дар деҳаи Сарои Баҳор, яке аз деҳаҳои хушманзари деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҳанӯз ин ҳунар вуҷуд дорад ва барои нусхабардории китобҳои қадима аз сиёҳии бо тарзи қадимӣ тайёршуда истифода мебаранд.
- Бартарии сиёҳии қадимӣ ва коғази қадимӣ дар он аст, ки умри дароз мебинанд. Масалан, дар китобхонаи шахсии ман китобҳое ҳастанд, ки умри 500-сола доранд. Вале чун онҳоро варақ мезанед, мебинед, ки гӯё нав нусхабардорӣ шуда бошанд. Ҳам коғаз ва ҳам сиёҳӣ бо гузашти асрҳо ҷило медиҳанд ва сифати худро гум накардаанд. Дар деҳаи Сарои Баҳор тарзи омодасозии сиёҳӣ боқӣ мондааст, зеро дар ин ҷой хаттотӣ ва тарзи тайёр намудани абзори хатнависӣ меросӣ аз падару бобоён монда, бо гузашти айём авлодони онҳо ин касби нодирро идома медиҳанд. Инҳо Муҳаммадшерзодшоҳ ва Шоҳи Калон буданду акнун набераҳояшон дар баробари хушнависӣ сиёҳиро ба тарзи қадимӣ, аз гиёҳҳои маҳаллӣ омода месозанд.
Барои тайёр кардани сиёҳии маҳаллӣ аввал як миқдор донаи арзанро мегиранд. Масалан, як килограмм арзанро гирифта, донаҳоро моҳирона ва устодона бирён мекунанд. Чаро ки чун донаро бо чизе омехта кунанд, гӯё ки аз вай равған пайдо шуда бошад. Баъди бо ин тартиб бирёндани донаҳо, пас аз хунук шудан танаи гули хайрӣ ва як маъдани кимиёӣ бо номи зог омода месозанд. Вақте ин моддаҳо омода шуданд, аввал арзанро ба дег меандозанд ва як нафар бо асбоби махсус онро ҳама вақт омехта мекунад, то даме, ки вай пухта, сиёҳ мешавад ва пас аз ин ба вай шираи гули хайрӣ меандозанд. Арзан моддаи асосии сиёҳӣ аст, арзани сиёҳшуда ба сиёҳӣ ранг мебахшад, вале чун оби гули хайриро ба он меандозанд, вай ба шилм табдил мешавад. Сипас, як миқдор зог меандозанд ва зог сиёҳиро, ки то ин дам моеъ буд, ба ҷисми сахт табдил медиҳад ва онро мисли кулчаҳои майда гирифта, дар соя мехушконанд ва баъди чанд рӯз аз он истифода мекунанд. Агар сиёҳӣ бо тамоми қоидаҳояш тайёр шуда бошад, ранги нуқратоб мегирад. Гӯё ба он оби нуқра омехта карда бошанд, ки мисли нуқра ҷило медиҳад.
- Давотро дар гузашта аз санги махсус бо номи санглиҷ, ки мулоим аст, бо корд метарошанд. Номи яке аз деҳаҳои марзии Афғонистон Санглиҷ аст, сангро аз он ҷой меоварданд ва давот месохтанд. Аммо ҳозир дар корхонаҳои саноатии коркарди санг сиёҳидонро аз мармар ва дигар сангҳои ороишӣ месозанд. Килкро хушнависони касбӣ аз най метарошанд. Най дар Афғонистон зиёд аст ва хушнависон онро дар бозори марзӣ дастрас намуда, аз вай қалам метарошанд ва истифода мебаранд. Вале тарзи тайёр намудани коғаз аз гиёҳҳои маҳаллӣ пурра аз байн рафтааст.
- Хушнависони моҳир ба сиёҳӣ мушк меандохтанд. Мушкро вақтҳои пеш аз Ҳиндустон меоварданд, вале мушк дар баробари хушбӯй ва барангезандаи илҳом будан, ба бовари мардуми маҳал хосиятҳои дигар низ дорад, ба мисли берун кардани неруҳои аҳриманӣ аз хона, барои ҳамин ҳам онро истифода мебурданд. Китобҳое, ки чанд аср пеш бо сиёҳии қадимаи мушкбез китобатшуда ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Вақте онҳоро мекушоед, аз авроқ бӯйи мушк меояд, хеле бӯйи хуштаровату гуворо.
- Дар Сарои Баҳор хаттотони касбӣ зиста китобҳои пурарзишро китобат ва ба дигарон барои мутолиа медоданд. Якеашон Шоҳзодамуҳаммад буд, ки китобҳои «Ваҷҳи дин», «Гулшани роз», бисёр китобҳои тиббӣ ва нуҷумшиносиро китобат кардааст, ки намунаҳояшро на танҳо дар Бадахшон, балки дар осорхонаҳои пажӯҳишгоҳҳои ховаршиносии Санкт - Петербург ва Берлин дидан метавон. Асари нодири «Ваҷҳи дин» - и Носири Хусрав аз рӯйи дастнависи Шоҳзодамуҳаммад чоп шуд ва имрӯз олимон ва дӯстдорони каломи Носири Хусрав онро истифода мебаранд. Нафари дигаре, ки хаттотӣ мекард, амаки Шоҳзодамуҳаммад Шониёз буд ва муҳаққиқон ӯро ба ҳайси устоди символизми динӣ эътироф намуданд. Зеро рамзҳоеро, ки дар ҳошияи саҳафоти «Маснавӣ» гузоштааст, хеле аҷоиб, эҷодкорона ҳастанд. Мисле, ки калимаи «бисмиллоҳ» - ро ба шакли мурғони биҳишт тасвир кардааст. Боз хаттотони дигаре буданд дар ин мактаб, ки матнҳои форсиро асосан бо хати настаълиқ ва мутуни арабиро бо хати насх ва қасоид ва ғазалҳоеро, ки дар баёзҳо ҷой медоданд, бо хати настаълиқи омехта бо хати шикаста менавиштанд, бо хати басо хушрӯ.
- Вақте ки хушнависони бадахшонӣ ягон рисола ва ё асарро нусхабардорӣ мекарданд, дар охираш одатан менавиштанд:
Хат дар варақи даҳр бимонад сад сол,
Бечора нависанда, ки дар хок равад.
Ин аз бузургии хат, калом ва абзорҳои хатнависӣ гувоҳӣ медиҳад ва дар баъзе аз абёт ҳасби ҳоли котиб ва ақидаҳои ирфониаш ифода меёбанд.
- Авлодону шогирдони хаттотони номӣ, ки дар гузашта шуҳрат доштанд, ин ҳунарро идома медиҳанд. Ҳоло набераҳои устодон Ҳидоятуллоҳ ва Айналишо дар Сарои Баҳор ба хаттотӣ ва тайёр намудани абзорҳои хатнависӣ шуғл меварзанд. Аммо анъанаи хушнависӣ ба эҳё ва рушд ниёз дорад ва ба манзури ташвиқи ин ҳунар баргузории озмунҳои хушнависӣ ва тайёр намудани абзорҳои хатнависӣ ва таъсиси маҳфили хушнависон зарур аст.
Бовар дорам, баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ бо амри Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари афзудани шавқу завқ ба китобхонӣ дар кишвар ба эҳё ва рушди фарҳанги китобдориву хаттотӣ мусоидати фаъол менамояд.
Суҳбаторо М.САИД