На ҳама сарфаҳм мераванд, ки табиби эндокринолог кист ва кадом бемориҳоро табобат менамояд. Ва ҳине, ки духтури диабети қанд ва ё ҷоғар мегӯем, ҳамагон бо нишони тасдиқ мегӯянд, ки аз фаъолияти чунин табибон бархӯрдоранд. Бобати системаи эндокринии инсон ва бемориҳои вобаста ба он бо мудири кафедраи эндокринологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илми тиб, дотсент Наргис Ниёзова суҳбате оростем.
- Мафҳуми эндокринологияро тавзеҳ дода, мегуфтед, ки кадом бемориҳоро табиби эндокринолог табобат менамояд.
- Мафҳуми эндо – дарунӣ, крино – хориҷ кардан ва логия илм дар бораи он аст. Эндокринология ғадудҳои тарашшӯҳи (секретсия) дохилиро меомӯзад, ки ҳормонҳо, яъне моддаҳои фаъолкунандаро ҳосил мекунанд ва ташаккули умумии инсон, аз ҷумла инкишофи зеҳнию ҷинсиро муайян менамоянд. Дар натиҷаи вайроншавии фаъолияти ҳормонҳо бемориҳои диабети қанд, ҷоғар ва бемориҳои ғадуди сипаршакл пайдо мегарданд. Табиби эндокринолог на танҳо диабети қанд ва ҷоғарро табобат мекунад, эндокринология мафҳуми васеътар дорад. Дар кишварҳои пешрафта ташхиси саривақтӣ (скрининг) мегузаронанд ва миқдори калтсийи хунро таҳлил намуда, намудҳои пинҳонии бемориҳоро муайян месозанд.
Дар илми эндокринология бемории диабети қанд дар навбати аввал қарор дошта, баъдан бемориҳои ғадуди сипаршакл, амсоли ҷоғар ва ғадудчаҳои назди он, ки дар пушти ғадуди сипаршакл ҷойгир шуда, ҳаҷман хеле хурданд, меистанд. Бо бузургшавии ин ғадудчаҳо шикастани устухонҳо, пайдошавии сангҳои гурда, захми меъда, ва дигар бемориҳо мушоҳида мегарданд, ки онҳо калтсийро аз бофтаҳо шуста, устухонҳоро зудшикан менамоянд ва дер ташхисшаванда мебошанд. Аксар чунин беморон надониста, ба дигар мутахассисон муроҷиат мекунанд.
- Ин бемориҳо метавонанд, ки дар марду зан дар шаклҳои гуногун зуҳур намоянд ва ба онҳо кам ё зиёд таъсир дошта бошанд?
- Гирифторӣ ба диабети қанд аз ҷинс вобаста нест, он дар зану мард баробар дида мешавад. Ин беморӣ ду намуд дошта, навъи дувуми он дар синни баъд аз 40-солагӣ, дар натиҷаи вазни барзиёд, аз рӯйи ирсият арзи ҳастӣ менамояд. Дар намуди яки бемории мазкур, фавти бета ҳуҷайра ва ҳосил нашудани инсулин мушоҳида мегардад. Фоизи ин гуна беморон камтар аст. Аслан 85 - 90 дарсади беморон гирифтори намуди дувуми бемориянд. Танҳо 10 – 15 дарсад гирифтори намуди якуманд, ки дар кӯдакон, наврасону ҷавонон дида шуда, онҳо аз инсулин вобаста мебошанд.
Аммо ба бемории ҷоғар бештар занон мубтало мегарданд. Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ буда, дар хоку оби мо йод ҳаст, вале ба он миқдоре, ки барои истифодаи ҳамарӯза зарур аст, кифоя нест. Йод микроэлементест, ки дар табиат вуҷуд дошта, онро инсон бештар аз ғизои рустанигӣ мегирад ва он барои синтези ҳормонҳое, ки дар ғадуди сипаршакл ҳосил мешаванд, бениҳоят заруранд ва ба дарунибатнӣ вобастагӣ доранд. Духтарон, ки бо ду икс (XX) хромосома таваллуд мешаванд, хафви бештари гирифторшавӣ ба ҷоғарро доранд ва писарон бо як хромосомаю игрик (XY) камтар ба ҷоғар дучор меоянд.
- Норасоии йод ба инкишофи ҷанини батни бонувон таъсир мерасонад ва норасоии онро чӣ гуна метавон бартараф сохт?
- Барои дуруст ҳосил шудани ҳормонҳо ва инкишоф ёфтани ҷанин, ишкишофи майнаи сари ӯ, ки ба ҳормонҳои тероидӣ вобаста аст, йод бағоят муҳим мебошад. Зани мубталои ҷоғар метавонад кӯдаки носолим ба дунё орад. Дар ин бора гуфтае ҳаст: агар хоҳед, ки ба миллате осеб расонед, аз тамоми ғизои ӯ йодро пурра маҳв созед. Дар натиҷаи норасоии йод ҳормонҳои тероидӣ ҳосил намешаванд ва навзод ноқисулақл ба дунё меояд. Ҷоғарро хатари ҷиддӣ ба инсоният унвон додан хато нахоҳад буд.
Дар Тоҷикистон қонуни йодноккунонии намак роҳандозӣ шудааст. Намак маҳсулоти арзон аст ва сарфи назар аз ҳолати иҷтимоӣ ҳама онро истеъмол менамоянд. Миқдори йоде, ки ба ҳар шахс ҳамарӯза зарур аст, метавонем аз тариқи намаки йоднок гирем. Аммо йод таҳти нурҳои ултрабунафш ё ҳарорати баланд бухор мешавад ва, агар истифодаи онро дуруст ба роҳ монем, бемории ҷоғар ба нестӣ мерасад.
- Бемориҳои системаи эндокринӣ дорои чӣ гуна аломатҳоанд ва оё ҳар яке аз ин бемориҳо нишонаҳои умумӣ ё хос доранд?
- Ҳар яке аз ин бемориҳо аломатҳои муайяни худро дорад. Дар диабети қанд тағйирот на он қадар зиёданд - лоғаршавӣ, ташнагӣ ва пешобкунии зуд – зуд мушоҳида мегардад. Дар бемории ҷоғар калоншавии ғадуд ва каме вайрон шудани намои қисми пеши гарданро мебинем. Вақте ҳормонҳо зиёд ва заҳролуд бошанд, дар шахс лоғарӣ, ғӯзачашмӣ, нигоҳи ғазабнок, пӯсти бадани намнок ё гармро метавон мушоҳида намуд. Баръакс, агар ғадуди сипаршакл камфаъол бошад, дар кас фарбеҳшавӣ, варамкунӣ, варам шудани забон, заифшавии нутқ, харобшавии талаффузи овозӣ, хушк ё зардчатоб шудани пӯст ва ниқобмонанд шудани рӯйро дидан мумкин аст. Боз ҳангоми бемориҳои эндокринӣ тағйироти зерин ба назар мерасанд: калонҷуссагӣ, тағйирёбии шакли рӯй ва дурушт шудани он, калоншавии бинӣ, дасту пойҳо, гӯш, шона, фарбеҳии нодуруст, шиками калон, рухсораҳои сурх, баландшавии фишор, пайдо гардидани рахҳои гулобӣ дар бадан, қадпастӣ, ки ба синну соли худ мувофиқат намекунад ва ғайра.
- Миёни мардум овозае ҳаст, ки гӯё ҷоғар дарунӣ ва берунӣ мешавад. То кадом андоза ин дуруст аст?
- Дарунӣ будани ҷоғар нодуруст аст. Ғадуди сипаршакл асосан дар қисми пеши гардан ҷойгир шудааст. Табибон онро бо ангушти калон палмосида, мегӯянд, ки ғадуд ҳаст ё не. Аксар духтарон мегӯянд, ки дар ком чизе руст монда, нафаскаширо бозмедорад, ки дар натиҷа аз ҳуш мераванд ва аксаран онҳо инро ҷоғари дарунӣ унвон медиҳанд. Чунин вазъ ҳолати психосоматикӣ буда, дар натиҷаи ҳассосияти баланд ва воқеае ҳормонҳои стрессорӣ ҳосил гашта, спазма ва ҳиссиёти тангнафасиро ба вуҷуд меоранд. Солҳои пеш бемории ҷоғарро ба 5 дараҷа тақсимбандӣ мекарданд. Ҳоло мувофиқи таснифоти нави Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дараҷаҳои 0, 1 ва 2 муайян шудаанд.
- Тартиби ба табиби эндокринолог муроҷиат кардани беморон чӣ гуна аст ва марказҳои эндокринологӣ дар куҷо ҷойгиранд?
- Беморонро мутахассисони зинаи аввал, яъне духтурони оилавӣ, табибони узвҳои дарунӣ ва дигар мутахассисоне, ки дар бемор тағйироти эндокриниро мушоҳида мекунанд, бояд барои ба назди табиби эндокринолог рафтан роҳхат диҳанд. Беморон метавонанд ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, воқеъ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнӣ 2, гузаргоҳи 7, ба Маркази шаҳрии бемориҳои эндокринологӣ, воқеъ дар Маркази тиббии шаҳрии № 1 ба номи К. Ахмедов (маъмул бо номи 1-ум Советский)-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Ситора АШУРОВА