Сарпарастии кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд, рушди қобилияти зеҳнии онҳо, беҳтар намудани вазъи зиндагӣ, ҳифзи тандурустӣ, дастрасӣ ба таҳсил ва оби тозаи ошомиданӣ аз вазифаҳое мебошанд, ки созмони байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors (Ҳамсоягии нек) дар Тоҷикистон имрӯзҳо пайи иҷрои онҳо корбарӣ дорад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи созмон бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии занон барои рушди тиҷорати хурд ба онҳо қарзҳои бефоиз низ пешниҳод мегардад. Бобати ин бо Фароғат Мирзоева, иҷрокунандаи вазифаи директори созмон, суҳбате оростем.
- Ҳоло чанд кӯдак зери сарпарастии созмон қарор дорад ва тартиби интихоби онҳо чӣ гуна сурат мегирад?
- Созмон сарпарастии беш аз 14 000 кӯдакро аз оилаҳои ниёзманд ба уҳда гирифтааст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ гардида, аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳар як сарпараст аз ин кишвар як кӯдакро таҳти парастории худ қарор медиҳад. Ғайр аз ин, созмон бо сарпарастони гуногун низ ҳамкорӣ дорад. Фаъолияти созмон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми вазорату кумитаҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Тартиби интихоби кӯдакон нахуст бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо сурат мегирад. Ҳамчунин, бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба зистгоҳи чунин оилаҳои ниёзманд рафта, аз инфрасохтори хона, шуғли доимӣ доштан ва надоштани аъзои хонавода огаҳ мегардем. Бо ҳамсояҳо ҳамсуҳбат мешавем, зеро ҳодисаҳое буданд, ки соҳибхонаҳо манзилҳои нав месозанд, аммо барои ба қавле «ба чашми мардум хок пошидан» дар хонаҳои куҳна зиндагӣ мекунанд.
- Лоиҳаи мазкур дар кадом минтақаҳои кишвар амалӣ карда мешавад?
- Шаҳру ноҳияҳои пилотӣ (озмоишӣ)-и мо - Рӯдакӣ, Рашт, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ваҳдат ва Душанбе мебошанд. Соли равон тасмим гирифтем, то дар минтақаи Кӯлоб низ кӯдаконро зери сарпарастӣ қарор диҳем. Дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ лоиҳаи танзими оила пиёда гашта, лоиҳаи коҳиш додани хушунат нисбат ба кӯдакон, бахусус духтарон дар шаҳру навоҳии Ёвон, Ҳисор, Восеъ, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Рӯдакӣ ва Душанбе амалӣ карда мешаванд. Лоиҳаи «Об, саломатӣ ва беҳдошт» бо сарпарастии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гашта, ба беҳбудии сифати оби нӯшокӣ ва беҳдошти санитарӣ дар мактабу ҷамоатҳо равона шудааст. Дар доираи амалӣ гардондани лоиҳаи мазкур беш аз 40 000 аҳолии минтақаҳо бо оби нӯшокӣ таъмин гашт. Барномаи наве низ таҳия кардем, ки ба омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб аз технологияҳои нав мутахассисони маҳаллӣ ва кореягӣ омӯзиш доир менамоянд, то донишҳои андӯхтаи онҳо ба донишҷӯён ва аз онҳо ба хонандагон интиқол ёбанд. Дар доираи ин барнома озмунҳои зиёдеро миёни кӯдакон доир менамоем, ки беҳтаринҳо ба гирифтани лэптопҳо (компютери сайёр) ва грантҳои пулӣ сарфароз мегарданд, то тавонанд ихтирое намоянд ва ё дар соҳибкорӣ комёб гарданд.
- Дар доираи лоиҳаи сарпарастӣ ба кӯдакон чӣ тадбирҳоро пиёда месозед?
- Мо на танҳо ба кӯдакон ва хонаводаи онҳо, балки ба мактабҳое, ки ин кӯдакон таҳсил мекунанд, кумаки моддӣ мерасонем. Мизу курсӣ ҳадия карда, синфхонаҳои иловагӣ ва ташнобҳои нав месозем. Дар хонаҳои онҳо низ мизу курсӣ муҳайё менамоем, то бачагон гӯшаи дарстайёркунӣ дошта бошанд. Ҳамасола кӯдаконро бо маводи таълимӣ ва либосҳои мактабӣ таъмин намуда, аз муоинаи тиббӣ мегузаронем. Дар мавридҳои зарурӣ барои муолиҷаи онҳо ёрӣ мерасонем.
Дар соли 2021 ҳамчун кумаки хайриявӣ чанд ҷарроҳии дилу гурда гузарондем. Курсҳои забони англисӣ ва русиро ройгон созмон медиҳем. Бо хоҳиши кӯдакон имсол тасмим гирифтаем, ки курсҳои ихтисосӣ, мисли дӯзандагӣ ва сартароширо барои волидон ва ҳам барои кӯдакон ба роҳ монем. Бо Маркази таълими калонсолон низ созишномае ба имзо расонданием. Ғайр аз ин, ҳар сол аз Ҷумҳурии Корея контейнерҳои хайриявии иборат аз маводи ғизоиву либосвориҳои босифат мегирем. Онҳоро на танҳо ба кӯдакони дар доираи лоиҳабуда, балки ба мактаб – интернатҳое, ки ба чунин мавод ниёз доранд, мерасонем. Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» китобҳои зиёдеро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба мактабҳо туҳфа кардем.
- Шунидем, ки барои бонувон қарзҳои бефоиз низ пешниҳод менамоед. Киҳо метавонанд аз чунин қарзҳо баҳра баранд ва шартҳои он кадоманд?
- Барои беҳтар намудани вазъи оилавии кӯдакони дар сарпарастӣ буда, бо волидони онҳо корбарӣ кардан зарур аст, бахусус модарон, ки дар ҳаёти кӯдак нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, дар минтақаҳои ҳадафии худ лоиҳаи «Дарёфти даромад»-ро роҳандозӣ намудем. Омӯзишҳои бизнес –банақшагириро миёни бонувон ба роҳ мондем. Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду соли ахир барои бонувоне, ки ба соҳибкорӣ шуғл варзидан мехоҳанд, қарзҳои бефоизро ба муддати як сол пешниҳод менамоем. Маблағҳои баргардондашударо боз ба дигар занҳои ниёзманд барои пешбурди тиҷорат медиҳем. Аксари онҳо дар тиҷорат муваффақ шуда, вазъи оилавии худро беҳтар намуданд. Онҳо ба чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, дӯзандагӣ ва ҳатто касбу корҳои ғайрианъанавӣ даст задаанд. Бонуе аз ноҳияи Рӯдакӣ қарз гирифта, ба таъмиру тармими мошинҳо пардохт ва имрӯз бо ҳамсари худ аз ин ҳисоб ризқу рӯзӣ меёбад.
- Барои корбарӣ бо гурӯҳҳои мақсаднок собиқаи корӣ ва таҷрибаи шахсӣ муҳим аст. Аз андӯхтаҳои хеш мегуфтед.
- Гирандаи стипендияи ленинӣ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро хатм намуда, дар кафедраи педагогика ва психология тули 10 сол омӯзгор будам. Зери роҳбарии профессор Файзулло Шарифов дар самти педагогика рисолаи номзадӣ ҳимоя намудам. Забони англисиро худомӯзӣ карда, дар созмони байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» ба ҳайси директор (дар Тоҷикистон ва Қирғизистон) фаъолият бурдам.
Дар оила 5 духтару 2 писар будем. Ҳар боре, ки модар духтар ба дунё меовард, сахт нороҳат мешуд. Аммо қиблагоҳам Барот Мирзоев, профессори соҳаи физика, аз ин дода шукр мегуфтанд. Пайваста мекӯшиданд, ки ҳамаи мо соҳибкасбу поквиҷдон ба воя расем. Нангу номусро волотар аз ганҷи Қорун медонистанд. Баъдан падарам бо духтарони донишманди хеш ҳамеша меболиданду ифтихор мекарданд.
- Фаъолияти доимиро дар хориҷи кишвар мепазиред?
- Муддати 20 соле, ки дар созмонҳои гуногун фаъолият бурдам, барои беҳтар намудани вазъи кӯдакон ба беш аз 30 кишвари дунё сафар доштам, дар Непал ва Шри-Ланка чанд муддат кор кардам. Дар Амрикову Британияи Кабир ҳам будам, аммо то ду ҳафта сабр мекардаму халос. Баъд ончунон ёди Ватан, ёди пайвандон мекардам, ки ҳич ногуфтанӣ. Оинҳои шарқии мо дигар аст. Суҳбат оростан бо пайвандон, ҳамватанон бо забони модарӣ аҷаб кайфияте дорад. Баъзеҳо орзу доранд, ки дар Амрикову Аврупо кори доимӣ ёбанд, аммо ман Тоҷикистонро мепазирам ва мехоҳам барои кӯдакони тоҷик кореро анҷом диҳам. Аз ҳама муҳим дар Ватан, назди пайвандон будан аст.
Ситора АШӮРОВА