Мусоҳибаи муаррих Ҷонибеки Асрориён оид ба рамзҳои ориёӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат, соли 2010
Суманак ва озмуни бонувон
Ҷ. Асрориён: - Дар атрофи вожаи суманак ва истилоҳоти ба он вобаста андешаҳо мухталифанд. Шумо чӣ фикр доред? Ва ҳам дар мавриди ҳадоёи идона ва армуғон чӣ гуна маълумот метавон пешниҳод кард? Аз рӯйи сухани солдидаҳо, дар деҳа хостгорӣ бештар мешудааст.
М.Қаноат: - Суманак ҳамон сумани маъмулист. Ду ҳафта қабл гандумро дар зарфҳои махсус мехобонданд. Ҳам аз сабзишаш фол мегирифтанд ва ҳам барои ғизои идона мавод буд. Ба дину мазҳаб пайвастанд ва сӣ малакаш шарҳ доданд, ки ба гумонам ғалат аст. Сабзаи гандум хонро зеб медод. Пас аз кӯфтан аз обаш ғизои ширину хуштаъм дар дегҳо мепухтанд ва дар танӯр кулчаи суманак маъмул буду латдодаашро чанголӣ мегуфтанд. Хеле ҳунарманд буданд занҳо.
Барои озмун занҳо худашонро орою торо медоданд, мушку атру анбар мезаданд, афзорҳои зарринаю симина ба дасту ангушт, пеши бару гардан мекарданд ва бо рӯйи кушода мегаштанд. Дар ҳамин базмгоҳ интихоби ҳамсар ба вуқуъ меомад. Дар ҳамин ҷо дастпаймон ва даста мефиристоданд. Агар ҷавон ба духтар писанд биёяд, бо дастрӯмол, рӯймолча, рӯмоли миён ё тоқии гулдӯзӣ посух мегуфт. Гул ва сабза маъмул буд. Баъзан ба ҷойи ҷавоб накӯҳиш ҳам мешунид ҷавон. Агар писандида ва ошно бошанд, бо имо, ишора, ханда ҷавоб мегирифтанд.
Дар аксари ҳолат посухҳо рӯшод набуданд. Ба василаи миёнараве ва чизе будааст.
Тоқӣ ва пироҳани парпар – рамзҳои ориёӣ
Ҷ. Асрориён: - Дар мавриди пироҳани идона ва сӯзанию чодар, бардеворию сарандоз ва дигар ороишот аз Шумо ташреҳ мехоҳем. Ҳамзамон, перомуни тоқиҳои нақшину дилбари кӯҳистонӣ. Ман тоқӣ ва тупиҳои чустӣ ва фарғонагиро дар назар надорам. Ҳарчанд, гумонам онҳо низ таҳаввулотхӯрда ва транскрипсияи тоқиҳои гунбазбунёд аст. Аз кадом муҳите набошанд, тоқиҳо чор гул доранд, ки Хуршеду Моҳу Ситораро мемонанд. Ё ба пеши бару доман ва пушти куртаҳои чакан таваҷҷуҳ намоед, тимсоли Моҳу Хуршеду ситораҳоро пайхас мекунед.
М. Қаноат: - Дуруст аст, ки рамзу нишонаҳои ҷирмҳои осмониро дар офаридаҳо метавон вохӯрд. Интихоб, дӯхт ва намунаҳои либосҳои бонувон ғалатианд. Дар назари аввал гумон меравад, ки аз рӯйи либосҳо мардумони камбағалу нодоранд. Шояд матоъ гаронарзиш набуд, вале аз назари моҳият хеле қиматанд. Ончунон зебу оро дода мешаванд, ки мушоҳид ҳайрон мемонад.
Гузашта аз ин, барои мардуми мо ҳама намунаҳои матоъ ва дигар асбобу ускунаи рӯзгор дастрас буд. Яъне, аз назари бардошти ахборӣ низ нотавон набудем.
Қаблан бозорҳои ягонаи муштараки ҷаҳонӣ вуҷуд надошт, лекин бозорҳои оламшумули Ҳинду Чину Эрони бузург ва кишварҳои арабу минтақа амал мекарданд. Мамолики мумтоз буданд инҳо. Дигар минтақаҳо беравнақ буданд. Урупо макони растохезу эҳёгари ҷаҳон набуд. Баъд бад-ин поя расид. Дар маънавиёт Юнонистон буд, ки Арасту ва Афлотуну Суқрот дошт. Ҳамонҳо низ таъсир аз Шарқ бардошта буданд. Зеро ҷумлаи кашфиёт аз Шарқ хеста буд. Дар ҳамин замина ва тафаккури баланд сомону созмон меёфтанд либосу пӯшокҳо, ки зебоияшон афзалият дошт. Яъне, зебоию нафосат чизи одӣ набуд.
Таркиби либосҳои занона ҷиддӣ набуданд. Дар мардҳо дигаргуна ва хеле ҷиддӣ буд. Хатҳо, тарҳ, дӯхт ва дигар паҳлуҳошон. Барои он ки зан офаридгор асту зоянда ва аз рӯйи моҳият ба табиат тавъам аст. Ӯ нафаре аст, ки одам офарида метавонад. Бад-ин хотир либосҳои занона нишона аз табиат доштанд.
Барои ҷашнвораҳо, хоса Наврӯз, пироҳани сафеди парпар медӯхтанд. Гиребону остинҳош парпар буд. Ба гумони мардум, ки пироҳан хоси испанҳост. Ин тавр нест, макони тавлиди пироҳан инҷост. Яқинаш зерпироҳан буд ва пироҳани исмат.
Баъд, пироҳани наврӯзӣ ороста мекарданд, ки рамзу розҳои зебое муҷассам мешуд.
Наврӯзи ватан омаду гулдӯзи чаман
Ҷ. Асрориён: - Мардум солҳои тулонӣ аз мушоҳида умумияте миёни қаламкашон ва ҳунарварон дарёфта буданд. Ва шояд аз ҳамин аст, ки гулпартоӣ ва гулдӯзии пироҳан дар мардум бесобиқа ва камназир аст. Ба гумонам дар фасли сармо гулдухтарон ва ҷавонзанҳо рӯйи матоъ ҷаҳони ормонӣ тасвир мекунанд, ки дар он Моҳу Офтобу Ситораро мерезанд ва як чаманистони дигар меороянд. Ағлаби офаридаҳо бо устура пайвандӣ доранд. Ва шояд замина ривоятест, ки Ҷамшед ба хидмат камар баст, ба мардум риштабофӣ, матоъсозӣ ва либосдӯзиро омӯхт. Аз ҳамин аст, ки як рукни оини Наврӯз гулдӯзӣ будааст.
Ва ҳам тоқиҳо, тупиҳо, ки ба сар мепӯшанд, пурнақшу нигоранд, вале ба тадриҷ аҳамияти худро гум кардаанд. Паҳлуи дигараш, ки бисёриҳо аз пӯшидани онҳо ор доранд. Хавфи аз миён рафтани чунин ҳунарҳои зебо эҳтимол дорад? Ин амри воқеист? Ва таваҷҷуҳатонро ба як пораи шеъри Сӯзании Самарқандӣ ҷалб мекунам:
Бинмуд ба ман рӯйи нигорини худ имрӯз,
Дил банди ман он кард, ки маҳрӯйи кулаҳдӯз…
Метофт ба каф риштаву медӯхт ба сӯзан,
Тарҳи кулаҳ он рӯй чу рӯйи гули Наврӯз.
М.Қаноат: - Гулдӯзӣ ҳунари саҳлу сода нест. Ба тафаккур ва бовару пиндорҳо бастагӣ дорад. Эҷод ва нақшофарӣ аз рӯйи тавону ҳунари ҳар кас вобаста буд. Дар минтақаҳои Тоҷикистон тарзи ифодаи гулҳо фарқ доранд.
Фарз кардем, тоқии чоргули фарғона куҳантарин рамзи ориёӣ – тауҳма боқӣ мондааст. Тауҳмаи каҷ, ки мардум онро ба моҳи нав нисбат медиҳанд, тауҳма – тухма аст. Барои мисол, аз даврони Ҳахоманишиҳо як чодар –гилем ҳифз шудааст, ки саросари он нақши ҳамин тухма аст, тухмаи инсон. Ҳама чиз дар шакли ибтидоияш чунин шакл дорад. Кӯдак, тифл дар батни модар ва гули бодом низ. Барои ҳамин онро бодомгул мегӯянд, ҳарчанд тухма аст. Қадимтарин ва шакли нахустину шинохти классикии мо будааст.
Баъдҳо сурати маҳаллӣ густариш меёбад, ки аз даврони Каёнӣ вомондааст. Ватанаш водии Вахш буду Балх. Он нишонаҳо, ки мегӯем, ҳинду ориёӣ ва ҳинду авастоист. Манзур, дар ибтидо пеши бар ситора меовехтанд, ки аз нуқра сохта мешуд. Овезаи дигар шабгин буд. Он аз муҳраҳои сафеду сурх мураттаб мешуд, ки то имрӯз дар Помир ҳамчун зеби гардан барҷост. Муҳраҳои гуногунандозаи марҷон: сурхи равшан ва сурхи ба сиёҳӣ моил, ки аз ақиқ буданд, зеби занҳо ба шумор мерафт. Пешовез ҳатмӣ буд. Пешовезро аз чӯби туғ – нахли авастоӣ месохтанд, ки дар дохилаш яштҳои зардуштӣ ва дар даврони исломӣ ояти зоишу афзоиш менавиштанд.
Дар пушти шона тасвири гуле дӯҳта мешуд, ки гули Пуштибон ном дошт. Ба хотири он ки Худованд пуштибонашон хоҳад буд. Дар асл пироҳанҳо аз рӯйи дӯхт ҳархела мешуданд. Дар баъзеҳо гулҳои пурра нақш меёфтанд, чуноне дар чаканҳои кӯлобӣ маҳфуз мондааст. Нақшҳо дар сурати рамзу ишораҳо низ ҳамсон набуданд. Яъне, ҳар қисмат сабку услуб ва шеваи хоси гулпартоию гулдӯзии худро дошт. Рамзи офтоби гардон дар курта, чодар ва бардеворӣ дар Кӯлоб ва сӯзаниҳои шаҳрҳои Самарқанду Бухоро боқӣ мондааст.
Суроби аждаҳо, ки Аждаҳогул мегӯянд ва ҳошияи сӯзаниро мепечонад, хоси шаҳрҳои Самарқанду Бухорост. Дар замини сӯзанӣ ва дохили аждаҳогул рамзи чор хуршедро мекашанд, ки арраҳои пушташон намоён аст. Арраҳо нишона аз чархиши офтобанд. Пештар фикр мекарданд, ки Хуршед дар атрофи Замин мечархад.
Аз офтобу аждаҳо сиёҳию сафедӣ ду чизи ба ҳам зид метобад. Ҳошия сиёҳ аст, ки атрофро печондааст ва дар миёна Офтоб. Офтоб бояд бо тавоне, ки дорад, аз муҳосира зада барояд, то ба Наврӯз бирасад. Ин аз боварҳои мардум буданд.
Дар гулдӯзиҳо гули ситораҳои дигар, ки дар низоми Офтоб аз гоҳанбори авастоӣ ва гоҳномаи даврони Сосонӣ шинохта мешуданд, нақш меёфтанд.
Фарз кардем, ситораи Тир, ки Тирмоҳ аз он баромада аст, ситораи Вастан, ки дар Ромит возеҳтар намоён аст ва Ванан. Онҳо се ситорае ҳастанд, ки халқи мо аз нахуст мешинохтанд. Онҳоро ситораҳои ориёӣ ё тоҷикӣ унвон додаанд.
Наврӯз ва интихоби ҳамсарон
Ҷ. Асрориён: - Интихоби ҳамсарон дар ҳамин давра сурат мегирифт. Ва агар базми арӯсӣ ба Наврӯз рост биёяд, кадом одату русумро пайгирӣ мекарданд? Манзурам, ки баъзе вижагиҳои куҳан то замони мо парешон расидаанд. Дар бештари ҳолат моҳияташро фаромӯш кардаем. Чунончи, дар миёни бозёфтҳои бостоншиносон аз мавзеи Фархор ду ҳайкалчаи зан, ки дастҳояшон пеши бар аст (ишора ба ҷинсият), ҷолиб буданд. Домани куртаҳошон дар поён фарохтар ва ба шакли парпар чида шудаанд (дар як ҳолат доман ва остин бо хату рахҳои печдарпеч оро ёфтаанд) ва тандисҳо дар панҷаҳо оинаи дароздаста доранд. Бозёфт мутааллиқи асрҳои II-I пеш аз милод аст.
Дар таърихи мардумамон бозёфтҳои ҳамсон, яъне ҳайкалчаи зан бо оина аз Марв ба даст омада буд, ки ишора ба оини куҳан аст. Оини муқаддас шумурдани оина дар мардуми тоҷик шуҳрат дошт, аз рамзҳои эътирофи олиҳаи Замин ва фаровонҳосилӣ буданд. Шояд ба оини нисбатан қадимтар – парастиши Меҳр – худои қадимтарини эрониён алоқаманд бошад. Чи ки ба оина назири Хуршед ба як чизи қобилияти сеҳрофаридошта менигаристанд. Аз рӯйи нақшу нигор ва гулбуриҳои даври оинаҳо пайдост, ки онро тимсоли Хуршед мепазируфтанд…
М.Қаноат: - Ии замон низ пеш аз суруру сур кадом вақте ки набошад, хонаҳо ба тартиб оварда мешаванд. Солҳои қаблӣ чун русуми наврӯзӣ дар равоқи хонаҳо ва тоқҳо орд мечошиданд. Бо оҳак деворҳоро чапотаку муштак мезаданд. Ин амалро бо ҷорӯб анҷом медоданд, ки сурати бурс пайдо мешуд, ки имрӯз маъмул ба номи арча аст.
Ҳама мардон ва хосатан ду китфи домод ё шаҳро ва пешонии арӯсро бо орд сафед мекарданд. Нишонаи сафедӣ ба сурати рамз ниҳоят муҳим буд. Шонаю оина дар маросим аҳамияти вижа доштанд. Шона нишонаи оростан ва оина рамзи покӣ буд. Шаҳу арӯс бори аввал дар оина ҳамдигарашонро медиданд. Ва гӯё дар зоҳиру ботин якдигарро мебинанд, ки ишора ба рамзҳои ҳинду ориёӣ дорад.
Чанд муддат шаҳу арӯс бояд рӯйи бегонаро набинанд. Як нафари мутасаддӣ ба онҳо аз пушти парда ғизо медиҳад. Ва пешашон 7 рӯз касе намедаромад. Пас аз ин барои дидани арӯс рӯйбинак ҳатмӣ буд. Ҳафта, ки гузашт, сайёраҳо ҷой тағйир медиҳанд ва ба навхонадорон бадиҳо намерасанд.
Рақси ҷавонмардон аз ёдҳо рафта
Ҷ. Асрориён: - Мехостам андешаҳои Шуморо дар боби арғушт ё рақсҳои мардона ва занона, ки дар ҷашнвораҳо иҷро мешуданд, дониста бошам.
М.Қаноат: - Рақсу арғушт кори саҳлу сода ва аз давидану париданҳо иборат нест. Рамзу маъно дорад ва дар худ таърихи қавму миллатҳоро мунъакис месозад. Рақсҳои алоҳидаи занон, мардон ва дастаҷамъона вуҷуд доштанд. Ҳамзамон, арғуштҳои занона, ки нозу ишва ва хосагиҳои латифро ба саҳна меовард. Ва рақсҳои диловарию қаҳрамонӣ, ки мардро ба сурати ҳомӣ, мубориз ва ҷанговар ҷилва медоданд. Дар замони шуравӣ рақси махлути занону мардон пайдо шуд, ки ҳадафрас набуд. Манзур ин буд, ки баробарии зану мардро намоиш бидиҳад.
Рақси мардона аз занона билкул фарқ дошт. То ҷое мушоҳида кардам, арғушти занона се хел буд, якеаш дар арафаи Наврӯз иҷро мешуд. На ҳама арғуштҳо пешниҳоди умум мегардиданд. Яъне маҳрамона буданд. Дар фасли сармо занҳо камтар фаъолу камҳаракат буданд, бо омадани баҳор рақси зиндагисозро омода месохтанд. Онҳо дарҳоро маҳкам баста, арғушти нишаста иҷро мекарданд. Тамоми вуҷудашон ба ҳаракат медаромад ва онро «Атрпипу» меномиданд. Ин намунаро ягон мард намедид.
Намуди дуюмаш «Раҳпо» ном дошт, ки баъзе нишонаҳояш дар Помиру Дарвоз боқӣ мондаанд. Намунаи сеюмаш рақсҳои базмӣ буданд, ки онро дар суру ҷашнвораҳо медидем. Ҳаракати дасту по хеле зебо ва дилкаш мебаромад. Ҳамин гуна рақси зебо рақси «Остин» буд. Остинҳои дароз тоб мехӯрданд ва ҳар ҳаракат баҷо ва бомаънӣ буд.
Як ҳунари зебои занҳо даф ва дойразанист. Онҳо дар маъракаҳои бузкашӣ, барои таги пой намондан, болои бом ва сангҳои бузург баромада, дойраҳои калони занҷиракдорро менавохтанд. Дафи аз ҳама маъмул дафи дурӯя буд. Аз дарун ҳам мезаданд, аз берун ҳам. Садоҳо фарқ мекарданд.
Ҳанӯз соли 1958 омодагӣ ба ҷашни 1100-солагии Абуабдулло Рӯдакӣ мерафт. Девони Одамушшуаро омода мешуд. Баъзе вожаҳо тафсир мехостанд. Дар мавриди байти устод аз ман пурсиданд:
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,
Момот дафи дурӯя чолок задӣ…
Манзур, ки дафи дурӯя чӣ маънӣ дорад? Ман гуфтам, ҳамон дойраҳо, ки аз беруну дарун навохта мешаванд.
Рақсҳои мардона рақсҳои паҳлавонӣ буданд, ки дар оҳанги найрез тезу тунд мешуд. Мардон ба шӯр меомаданд. Рақси «Уқоб» хеле маъмул буд. Мардон китфу бозуро чун болҳои уқоб мекушоданд, гӯё парвоз мекарданд. Рақси «Шамшер» хеле густаришёфта буд.