Ситора ШЕРЗОДА:
Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқи шаҳрвандӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ аксар шаҳрвандон, ки ҳамчун истеъмолгари мол, кор ва хизматрасонӣ маҳсуб меёбанд, ба ҳимояи ҳуқуқи худ ниёз доранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ 15-уми мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил менамоянд. Вобаста ба ин мавзуъ суҳбате доштем бо муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») Ситора Шерзода Ҷалол, ки фишурдаи он пешкаши хонанда мегардад.
- Яке аз самтҳои фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолии шаҳрвандон равона шудааст. Алҳол, дар ин самт чӣ корҳо роҳандозӣ гардидаанд?
- Албатта, дар ин самт ҳамасола корҳои назаррас ба сомон расонда мешаванд. Бо мақсади ҳамоҳангсозии кори мақомоти назоратӣ дар таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода шуда, аъзо ва низомномаи он тасдиқ гардид. Дар назди Агентӣ Шурои машваратӣ - ҷамъиятӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат амал менамояд ва масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро низ баррасӣ месозад.
Қонунгузории кишвар тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳамчун истеъмолкунанда дар харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии шаҳрвандон бехатар кафолат медиҳад.
Дар ин радиф, мутахассисони «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти назоратӣ фаъолияти худро хуб роҳандозӣ намудаанд.
- Аксаран молу маҳсулоти пастсифат аз номи ширкатҳое, ки дар бозори истеъмолӣ мавқеъ пайдо намудаанд, ба фурӯш бароварда мешаванд. Чунин молу маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯйнабуда чӣ гуна вориди бозори истеъмолӣ мегарданд?
- Тоҷикистон дар қатори чандин давлатҳои пешрафтаи дунё узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо буда, тибқи талаботи он истеҳсолкунандагони ватанӣ дар талоши онанд, ки молу маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда, бо маҳсулоти хушсифату ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй кишварро муаррифӣ намоянд. Мутаассифона, ҳолатҳое, ки истифода аз номи ширкатҳои маъруф, ки то расидан ба ҳадафи худ чӣ мушкилеро пушти сар накарданд, бархе аз соҳибкорон ё шаҳрвандони алоҳида бо истеҳсоли молу маҳсулоти пастсифат ба номи он истеҳсолкунандагон доғ меоранд.
Дар самти таъмини риояи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ ва дар ин замина таъмини риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз тарафи нозирон якҷоя бо намояндагони ширкатҳое, ки тамғаи молии ҳимояшудаи онҳо дар бозори истеъмолӣ аз тарафи дигар соҳибкорон истифода гаштааст, санҷишҳои амалӣ гузарондем.
Дар ин давра ба «Тоҷикстандарт» аз ҷониби истеҳсолкунандагони молу маҳсулот, ба мисли ҶДММ «КокаКола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» (истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои ташнагишикан), ҶДММ «Текмаксан» (истеҳсолкунандаи рангҳои сохтмонӣ), ҶДММ «Сардор-2008» (истеҳсолкунандаи маҳсулот аз донаи офтобпараст), ҶДММ «Адана» (истеҳсолкунандаи шири хушк), соҳибкори инфиродӣ Р. Абдурауфов (истеҳсолкунандаи халтаҳои полиэтиленӣ) ва С. Давлатов (истеҳсолкунандаи рангҳои сохтмонии «Алван») аризаҳо оид ба ҳимояи тамғаи молиашон ворид гардиданд. Дар асоси аризаҳои молистеҳсолкунандагон дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ санҷишҳо гузаронда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида нисбат ба соҳибкороне, ки ба қонуншикании соҳаи моликияти зеҳнӣ роҳ доданд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Инчунин, нозирони соҳа бо мақсади пешгирӣ дар самти сохтакории молҳои саноатӣ, истифодабарии тамғаҳои молӣ ва умуман, назорати қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷишҳои муштарак гузаронданд.
- Дар самти маърифати ҳуқуқии истеъмолгарон ва ҳимоя аз ҳуқуқҳояшон чӣ андеша доред? Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз истеъмолгар аз ҳуқуқҳояш бархӯрдор аст?
- Имрӯз пешрафти технологияи навин ва пайвастшавӣ ба шабакаҳо кори ҳар соҳаро осон кардааст. Фаъол гаштани нишонии расмии Агентӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ имкон дод, ки то имрӯз садҳо шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолиашон муроҷиат намоянд.
Инчунин, бо тақозои давр санаду ҷиҳати таъсис бахшидан ба ҳуқуқу озодӣ ва ҳимояи шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дорад. Ҷиҳати амалӣ сохтани Қонуни мазкур дар китоби махсус арзу шикоят ва дигар мактубҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамчунин, бо телефони «Боварӣ» шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати риоя нагардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон бевосита ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоянд. Мазмуну мундариҷаи аризаҳои шикоятӣ асосан аз поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ба монанди фиреби харидор, кам бар кашидан, кам чен кардан, моли бе сифату ғайристандартиро бо роҳи фиреб фурӯхтан ва ғайраҳо иборатанд.
Ин шаҳодати он аст, ки шаҳрвандон метавонанд ҳамчун истеъмолгар аз ҳуқуқҳояшон дифоъ созанд ва барои ворид нашудани маҳсулоти пастсифат бо ин амали хеш мусоидат намоянд.
Агар кормандони Агентӣ ба василаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолгарон саҳм дошта бошанд, нақши воситаҳои ахбори омма низ дар ин ҷода назаррас аст. Аз ин хотир, тариқи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки аксаран харидори молу маҳсулот бонувонанд, мегӯем: «Бонувони азиз! Ҳангоми харидории маҳсулот ба сифати он, муҳлати истифода, ранг, бӯй, лаззат, санаи барориш, ҳолати нигоҳдории маҳсулот эътибори ҷиддӣ дода, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати сифати маҳсулотро талаб намоед. Дар сурати нофаҳмиҳо, ё бо поймол шудани ҳуқуқҳоятон, аз ҷониби истеҳсолкунандагону фурӯшандаҳои молу маҳсулот, ба телефонҳои 233–68–69 ва 233–51–67 занг занед.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО