Доктори илми санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ соли 2003 дар ҳафт донишгоҳи Амрико коромӯзӣ карда, муаллифи як боби китоби дарсии «Мусиқии Осиёи Марказӣ» аст, ки ба жанри «Фалак» бахшида шудааст ва дар Донишгоҳи Индианаи ИМА рӯйи чоп омадааст.
Арбоби ҳунари Тоҷикистон, доктори Академияи байналмилалии «Ҷаҳони антиқа», барандаи ҷоизаи байналмилалии ЭКО ва Академияи илмии байналмилалӣ, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 2, муаллифи 8 монографияи илмӣ, 4 китоби дарсӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмиву оммавист.
Суҳбате доштем бобати жанри «Фалак» бо муаллим, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон менамоем.
- «Фалак» моҳи декабри соли 2021 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ЮНЕСКО шомил шуд, ки ин навиди фараҳбахш ва дастоварди бузурги замони соҳибистиқлолии кишвар аст. Чаро аз хусуси «Фалак» дар аҳди шуравӣ қариб ҳарфе набуд?
- Воқеан ҳам, «Фалак» ҳамчун жанри мусиқӣ танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ расман ба илми мусиқии тоҷик ворид гардида, ба саҳнаи бузург раҳ ёфт. Дар сиёсати замони шуравӣ, ки тухми маҳалгароӣ аз пантуркистон мерос монда буд, муттаҳидшавии тоҷиконро намеписандиданд. Тоҷикони кӯҳистонро аз тоҷикони водинишин ҷудо месохтанд ва зеҳнияти кӯҳистониёнро пайваста таҳқир мекарданд. Бо вуҷуди ин, сокинони кӯҳистони баланд таҳаммулгаро буданд ва «Фалак» низ сарфи назар аз омилҳои сиёсӣ устуворона дар мактабҳои устод - шогирди маҳаллӣ, авлодӣ, оилавӣ ва минтақавӣ рушд ёфт. Барои устодони асили кӯҳистонӣ муҳим буд, ки «Фалак» садо диҳад ва онро ҳамчун яке аз василаҳои рушди зеҳнии мардуми кӯҳистон истифода мебурданд.
Хушбахтона, таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи жанрҳои мусиқии суннатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид ва «Фалак» умри дубора ёфт. Қадамҳои устувор, мушаххас ва арзишманди Президенти Тоҷикистон буд, ки ҷашни «Рӯзи Фалак» эълон гардид ва Ансамбли давлатии «Фалак» дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Ин иқдоми нек санъаткоронро руҳбаланд намуд, то ҳамвора дар набзи эҷодӣ бошанд.
- Дар саҳнаҳои хориҷ аз кишвар «Фалак»-ро чӣ гуна истиқбол карданд ва омӯзиши он ҳамчун фанни таълимӣ дар мактабҳои мусиқӣ чӣ гуна даст дод?
- Соли 1987 дар Симпозиуми байналмилалии мусиқишиносони ҷаҳон дар шаҳри Самарқанд ширкат доштем. Фалакхони машҳури тоҷик аз ноҳияи Восеъ – устод Муҳаммадсафар Муродов ҳамроҳи мо буд. Ҳине ки ӯ аз саҳнаи мадрасаи Шердор «Фалаки Даштӣ» сароид, ҳама ҳайратзада гаштанд. Пас аз анҷоми консерт аксари хориҷиён сарояндаи хориқулоддаро суолборон карданд, ки ин чӣ буд, ки сароидед, ин сурудаи аҷиб моли кадом мардум аст, ки бори аввал мешунавем. Хурсандии моро ҳадду канор набуд, чаро ки Тоҷикистонро он замон ҳатто тавассути «Шашмақом» ҳам кам мешинохтанд.
Иқдоми дигари арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки соли 2003 Консерваторияи миллии Тоҷикистонро асос гузоштанд. Дар шуъбаи мусиқии суннатӣ дар баробари «Шашмақом» омӯзиши «Фалак» низ оғоз гардид. Ин шуъба соли 2014 ба факултети мусиқии суннатии тоҷик табдили ном кард ва гурӯҳҳои фалакхонон ва шашмақомхонон бомуваффақият рушд ёфтанд. Таълими мусиқии суннатӣ ба таври хосаи устод-шогирд барои фаҳмиши амиқи «Шашмақом»-у «Фалак» ва ба ҷалби ҷавонон мусоидат намуд. Бахшида ба Рӯзи Фалак Консерватория лоиҳаи ҷадидеро роҳандозӣ кард - шомҳои фалакхонӣ ва шашмақомхонӣ оғоз шуданд, ки хеле пурмуҳтавоянд.
- Дар шинохт ва пажӯҳиши жанри касбии «Фалак», маънии он чанд сухан мегуфтед.
- «Фалак» падидаи қадимии мусиқии кӯҳистони тоҷик аст, ки системаи лаҳнии чормақомро доро аст. Дар амалияи мусиқӣ ин системаи лаҳнӣ, инчунин, бо номҳои «Чормодарон» ва «Чорпарда» низ зикр мегардад. Он ба давраҳои қадими пеш аз исломӣ, ки тафаккури мардуми мо космополитизм буд, рост меояд. Ва он бо чор нахустунсур, чор фасли сол, чор самти олам, фалсафаи чорвака ва ғайра алоқамандӣ дорад.
Дар системаи чормақом чор пардаи асосӣ вуҷуд дорад ва дигар пардаҳо ҳама фаръиянд ва метавон аз як пардаи аслӣ даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо оҳангу асарҳои нав эҷод кард. Яъне, ин системаи кушода аст. Адад дар номгузории системаҳои мусиқӣ хеле рамзист ва моҳияти онро таҷассум менамояд. Системаи нахустини мақом дар фарҳанги мусиқии қадими тоҷику форс зери истилоҳи «парда» пайдо шудааст. Бо мурури замон ҷойи калимаи тоҷикии «парда»-ро вожаи арабии «мақом» гирифт. Мақом ҳам дар водӣ ва ҳам дар кӯҳистон рушд ёфтааст. Агар дар шаҳр системаҳои лаҳнии «Ҳафтпарда», «Дувоздаҳпарда/Дувоздаҳмақом» ба ташаккули «Шашмақом» оварда бошад, кӯҳистониён системаи лаҳнии мақоми худро ибтидоан «Чорпарда» ва «Чормодарон» ва сониян, дар фарҳанги асримиёнагӣ, зери ҷараёни арабикунонии истилоҳоти илмӣ бо шеваи худ «Чормуқом» гуфтанд. «Чормодарон» аз он аст, ки аз пардаҳои аслӣ пардаҳои фаръии бешумор пайдо мешаванд, яъне унсури зояндагиро дорад.
«Фалак» василаест, ки ба табиати кӯҳистон эҳтироми бузургро зоҳир менамояд, рубоихониву ғазалхонӣ дар «Фалак» касро ба назм мепайвандад. «Фалак»-ро мардуми кӯҳистон ҳифз мекарданд, шабҳои зимистону тобистон аз давраҳои пеш то ба имрӯз ҳуҷрабазмҳо меоростанду фалакхонӣ менамуданд.
Нахустжанри «Фалак» – «Фалаки Даштӣ»-ст, ки сароянда сӯи осмон менигараду дасти росташро ба гӯши рост мегузорад ва дар регистри баланд месарояд. Дар баландиҳо танҳоӣ ҷустану ибтидоан ба Худои Осмон ва бо мурури замон ба Худо рӯ оварда, аз сарнавишти худ шукр ва ё шикоят кардан бо «Фалаки Даштӣ» сурат мегирифт. Маънии калимаи «фалак» ҳам «осмон» асту ҳам «тақдир». Калимаи «даштӣ» дар ин унвонибора на мафҳуми ҷуғрофист, балки ба маънии фалсафӣ буда, маънои «ин дунё»-ро дар назар дорад.
- Фалакхонӣ ба кадом минтақаҳои кишвар хос аст ва чанд навъи он маъмул аст?
- Минтақаи Кӯлоб ва Бадахшони ҷумҳуриро метавон ватани «Фалак» номид. Дар ин минтақаҳо ду анъанаи аслии «Фалак» ташаккул ёфтааст: «Фалаки кӯлобӣ» ва «Фалаки помирӣ». Системаи ягонаи ҳар ду анъана чормуқом ва мактаби суннатии ҳар ду: устод – шогирд аст. Аммо аз рӯи услуби сарояндагиву навозандагӣ, созҳои мусиқӣ ва доираи жанрӣ аз ҳам тафовут доранд. Сози системавӣ - бунёдии «Фалак» дар Бадахшон рубоби помирӣ асту сози зарбии он даф. Дар Кӯлоб сози системавӣ-бунёдӣ думбра ва сози зарбӣ тавлак. Дар ҳар ду анъана навъҳои «Фалаки созӣ» ва «Фалаки овозӣ», «Фалаки якқисма» ва «Фалаки силсилавӣ» ҷой доранд.
Доираи жанрӣ дар Бадахшон аз «Фалак», «Фалак-Муноҷот», «Фалак-Фарёд», «Бепарвофалак», «Фалак-Рапо», «Фалак-Мадҳия» ва дигар иборат аст. Дар баъзе деҳаҳои дурдаст «Фалаки маросими мотам» ҳанӯз ҷой дорад. Анъанаи фалаки кӯлобӣ жанрҳои «Фалаки Даштӣ», «Фалаки Роғӣ», «Фалаки Ғарибӣ», «Фалаки Қаландарӣ», «Фалаки Сафарӣ», «Фалаки Дарӣ», «Фалаки Равона», «Фалаки Паррон» ва дигарро дар бар мегирад. Ин мафҳумҳо аксаран ба маънии аслӣ намеоянд, масалан «ғарибӣ» ва «қаландарӣ» маънои ғариб ва қаландарро надорад. Онҳо ҳамчун унвонҳои жанрҳои мусиқӣ дар амалияи мусиқӣ қабул шудаанд. Ҳар як жанри «Фалак» зери худ қолабоҳанг ва қолабзарбро дорад. Ва ин хусусияти мақомҳои Шарқ аст. Дар «Фалаки Роғӣ» вожаи «роғ» маънии «шаҳр», «макони обод»-ро дорад ва бештар ғазалхониро парастида, сохти силсилавиро дорост. Он зодаи ҳуҷрабазмҳои шаҳри ободу зебои Кӯлоби асримиёнагӣ аст. Дар Бадахшон ғазалхонӣ бештар хоси «Фалак-Мадҳия» аст. Ин жанри «Фалак» аз панҷ қисм иборат аст. Онро мардуми Бадахшон бо маҳбубияти хосса дар шакли пурра ва ё дуқисмаву сеқисма низ месароянд.
Дар ҳар ду анъана «Фалак»-ро ҳам зан ва ҳам мард месарояд. Аз оне, ки «Фалак» фаҳмиши фалсафиро металабаду мусиқии касбии классикист, барои иҷрои он дар регистри болоии мусиқӣ камолоти физиологӣ зарур аст. Бо овози бачагона ҳам сароидани он мушкил аст ва ҳам дарк кардани он. Вале хусусиятҳои «Фалак» дар ҳар ду минтақа заминавианд. Бинобар ин, унсурҳои он жанрҳои содаи суруд ва навозишро низ фаро мегирад. Ва онро насли наврас ба осонӣ иҷро намуда, рафта - рафта ба фаҳмиши «Фалак» мерасад.
- «Мақом ва Фалак ҳамчун падидаҳои асосии мусиқии суннатии тоҷик», таҳти ин ном соли 2009 рисолаи доктории хешро ҳимоя намудед. Корро дар ин самт аз чӣ шуруъ кардед?
- Ростӣ, «Фалак» ончунон зебо, мукаммал ва ҷаззоб аст, ки қалбҳоро ба як шунидан тасхир месозад. Соли нахустини таъсисёбии Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ лоиҳаи «Дарсҳои маҳоратӣ дар фалакхонӣ»-ро пешниҳод намудам. Ду нафар устодони фалакро, ки тарбиятгари мактабҳои асили устод - шогирди авлодӣ буданд, даъват кардем. Яке устод Муродалӣ Холов аз деҳаи Доғистони ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) ва дигаре устод Панҷшанбе Ҷорубов аз Рӯшон. Меъёри талабот он буд, ки ин устодон аз доираи мактаби авлодӣ берун наомада бошанд. Онҳо ба донишҷӯён дарс медоданд ва мо низ дар ин дарсҳо ширкат карда, мушоҳидаҳои худро қайд менамудем. Пас аз дарсҳо ман ва он вақт омӯзгори ҷавони серғайрат Саъдулло Каримов оид ба «Фалак» бо онҳо мусоҳиба меоростем. Дар яке аз дарсҳо устод Муродалӣ Холов суханони қиблагоҳашро, ки устодаш буд, ёдовар шуда, аз муҳимияти донистани «Чормуқом/Чормодарон» гуфт. Хоҳиш кардем, ки «Чормуқом»-ро ба мо сарояд. Баъдан онро ба нота гирифта, тавассути қонунҳои риёзӣ ва мусиқӣ системаи онро баровардем. Барои мо ин дарёфти бузурге буд. Ин ихтироот буд гӯем, хато намекунем. Барои кушодани ин «асрор» мо аз зиндаёд Муродалӣ Холов сипосгузорем.
- Китоби тозаэҷоди Шумо бо унвони «Назарияи мусиқӣ» омодаи нашр аст. Он аз китобҳои қаблӣ чӣ тафовут дорад ва кадом хостаҳои донишҷӯёнро бароварда метавонад?
- Мутаассифона, фанҳои мусиқӣ - назариявӣ ҳанӯз ҳам бештар ба забони русӣ ё омехта дарс дода мешаванд. Агарчи истилоҳоти аксарияти илмҳо аз асрҳои VIII - IX бо ду забон - тоҷикӣ ва арабӣ оғоз ёфтааст, истилоҳоти мусиқӣ ҳам ҳамин тавр рушд кард. Дар замони шуравӣ ягона китоби «Назарияи ибтидоии мусиқӣ»-и композитор Ҷӯрабой Охунов ба забони тоҷикӣ таълиф гардида буд. Он тарҷумаи китоби дарсии ин фан аз забони русӣ аст. Омили дигари навиштани китоби нав дар он аст, ки диди мусиқӣ - назариявӣ худ рушд ёфтааст.
Зарур омад, ки дар ифодаи истилоҳоти мусиқӣ аз сарчашмаҳои таърихӣ истифода барем ва саъй намоем, ки онҳо сирф тоҷикӣ бошанд. Мақсади дигар ин буд, ки мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони илмӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд барқарор гардад, зеро он ҳамеша забони илму адаб буду дар давраи шуравӣ дар илми мусиқӣ чунин зарфияти худро аз даст дод.
Китоби мазкур дар асоси китобҳои дарсии фанни назарияи мусиқӣ бо дарёфтҳои охирини фаннӣ ва илмӣ мураттаб шудааст, то донишҷӯй тавонад аз ҳамаи дарёфтҳои навтарини фанни назарияи мусиқӣ огаҳӣ ёфта, бо усулҳои гуногуни он ошно гардад. Агарчи мисолҳо, гуфтаҳо дар маҷмуъ, аз китобҳои дарсии гуногун аст, дар баробари композиторони ҷаҳонӣ намунаи корҳои композиторони тоҷик низ пешниҳод карда шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, ин китобро донишҷӯй на ҳамчун маҷмуи қоидаҳои фаннӣ бипазирад, балки тафаккури мусиқии ӯ ташаккул ёбаду ҳар як падидаву навгонии соҳаи мусиқиро тавонад ба риштаи таҳлил бикашад.
Ситора АШӮРОВА