Нависанда, шоир ва рӯзноманигор Марямбонуи Фарғонӣ зодаи ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (11.11.1956) буда, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Фирӯза», «Истиқлол», «Омӯзгор» ва радиои Ҷумҳурии Исломии Эрон - «Садои Хуросон» фаъолият намудааст. Аз эҷоди Марямбону ба дасти хонанда маҷмуаҳои зерин расидаанд: «Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон», «Хуморшикан», «Чаҳор қисса», «Исои ман шав», «Нури ахтарпораҳо», «Шаҳболи хаёл», «Таманно», «Табъи гуҳаррез» ва «Ман чунин девонаам» (дар Теҳрон бо хатти форсӣ).
Марямбонуи Фарғонӣ узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барандаи Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак, Ҷоизаи адабии ИН ба номи Садриддин Айнӣ ва «Нишони сухан» мебошад. Бо нишонҳои аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти ҷумҳурӣ қадр шудааст.
Имрӯз аз субҳи солеҳон тараддуд доштам. Мехостам Марямбонуи Фарғониро ба муносибати зодрӯзашон табрик намоям ва ба ин баҳона ба чанд суоли хеш посух гирам.
- Овони тифлию кӯдакӣ барои ҳар инсон субҳи зиндагии ӯст. Шамъи хотираҳоятонро рӯшан месохтед.
- Кист, ки ӯро дар овони солрафтагӣ хумори даврони навҷавониҳояш нагирад? Субҳи ҷавонии ман… Банда китобе дорам бо номи «Чаҳор қисса». Қиссаи чаҳоруми ин маҷмуа «Хумор» ном дорад, ки як навъ асари ёддоштист. Бале, бандаро тез-тез хумори айёми кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ мегирад, ки асосан дар зодгоҳи биҳиштосоям - Субҳ дар иҳотаи азизонам гузаштааст.
- Киҳо буданд азизони Шумо?
- Модаркалони фариштахӯю афсонагӯям, падарбузурги ҳамадону шеърдӯсту фозилам, модари мушфиқу заҳматқаринам, тағоҳои оқилам, ки барои мо-хоҳарзодаҳояшон ҷойи падарро иваз кардаанд. Ҳамчунин, устодон ва дигар ҳамдиёронам, ки беҳтар аз ҷон дӯсташон дорам. Ман на танҳо дар қиссаи «Хумор», балки қариб дар аксари навиштаҳоям, чи мансуру чи манзум, рӯй меорам ба он овон, гардише мекунам дар кӯчаҳои бачагиву навҷавонӣ ва хумор мешиканам. Ин аст, ки яке аз маҷмуаҳои қиссаву ҳикояҳоямро «Хуморшикан» ном додаам…
- Гуфтанатон андаке аҷиб менамояд…
- Банда қиссае дорам бо унвони «Ман чунин девонаам». Дар он қисса ишқи ману қалам - он ёри ҳамешагиам, ки, фикр мекунам, аз ӯ ҳеч ҷои гурез нест, тараннум ёфтааст. Ин қисса ҳам як пораи субҳи ҷавонии банда аст. Ман хеле барвақт гирифтори ишқи беҳамтои қалам шудаам, дар он қисса ишорат ҳам кардаам, ки хутбаи никоҳи ману қалам дар арш хонда шудааст. Воқеан, Лавҳу Қалам аз арш омада. Ман худро аз ҳар чизу ҳар кас бурида метавонам, аммо аз қалам не.
- Қаҳрамони қиссаи мазкур - Гурдофарид гӯё одами дунёи дигарест ё зиндагии вай руъёест, ӯро занҳои рустоӣ париёр ё паривара мепиндоранд. Чаро образи Гурдофаридро чунин офаридед?
- Ғафлатзадагони чашмбоз дар зиндагӣ лак андар лаканд. Онҳо пайваста дар хоби гаронанд, аммо гумон мекунанд, ки бедоранду ҳушёр. Аммо инсонҳое ҳам ҳастанд, ки дар хоби амиқи биологӣ ҳам, дарду ғами миллату Меҳанро мехӯранд…
- Шумо дар як шеъратон худро духтари Сӯху хоҳари Ворух хондаед. Дар Ворух хешу таборе доред?
- Аввалан, Воруху Сӯх барои ман ва кулли тоҷикони ҷаҳон марзи номус аст. Сониян, шумо ҳеч аз харита нақшаи Сӯху Ворухро дидаед? Ба шеваву тарзи зисти ин ду пораи Ватан эътиборе додаед? Кӯшиши омӯхтани ҷойномҳои Сӯху Ворухро кардаед?
Ба дили ман, мавзеву маҳаллоти Санги Арӯс, Сариканда, Беди Каҷ… басо наздиканд. Ин номҷойҳо ҳам дар Ворух ҳастанду ҳам дар Сӯх. Зимнан, бобоҳои падарии бандаро эшонҳои Беди Каҷ ҳам мегӯянд. Беди Каҷ лақаб нест, балки ишорат ба манзилест, ки ба ҷадди ин эшонҳо мутааллиқ аст. Ҳамсари дуюми яке аз бобокалонам, ки мазори покашон дар Яйпани вилояти Фарғона аст, ворухӣ будаанд. Аз ин бонуи эшонзодаи ворухӣ низ хело хешу табор дар Яйпан дорем, ки, хушбахтона, забони тоҷикиро фаромӯш накардаанд. Онҳо ҳам худро аберагони Сӯху Ворух мешуморанд. Мардуми Сӯху Ворух як себи дукафонро монанд, ҳамқисматанд, як дард доранд, хатоҳояшон ҳам ҳамсон аст, ки раҳмдилу зудбоваранд. Қариб як аср пеш кӯчиёни чӯпонро зери паноҳи худ гирифта буданд, юртанишинонро хонанишину таҳҷойӣ карданд. Ин аст, ки ҳамсояи омада ғамсояашон шуд.
- Шояд бамаврид бошад, ки шеъри «Ман духтари Сӯху хоҳари Ворухам» - ро ҳамчун ҳусни анҷоми суҳбат пешкаши хонандагони маҷалла гардонем?
-Ин шеър андаке тулонист.
Чун пок будан дар ин замона душвор,
Як ғунча диле дораму соқам ҳама хор.
Марям на манам, Қайсари Фарғона манам,
Гаҳ дар сари гаҳвораю гаҳ сар ба дор…
Ин модари дилшикастаи мо Сӯх аст
В-ин хоҳари ҳамқисмати мо Ворух аст.
Фарғона равам, чунон бигирам куштӣ,
Сад нола кунад аду ба сӯям: «Куштӣ!!!»
Суҳбаторо З. МУҲАММАДИСО,
Ҷумҳурии Ӯзбекистон