Муҳовара бо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулнисои Ато
- Шуморо дӯстдорони каломи бадеъ чун адиби хушсухан ва нозукхаёл мешиносанд. Шеъри нахустинатонро ёд доред?
- Зиёд китоб мехондам ва шавқи пайравӣ ва эҷоди шеър дар дилам барвақт ҷо гирифт. Наврасон, одатан, нахустин шеърашонро дар васфи Модар, баҳор, дабистон ва ё омӯзгорон менависанд. Аммо ман аввалин шеърамро овони мактабхонӣ дар васфи сарбоз гуфтам. Модарам корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ рӯзҳои баргузории ҷашнҳо маро бо худ мегирифт. Сафороии зебои низомиён, ки ба назарам дар китфонашон ситораҳо медурахшиданд ва бо қадамҳои устувор аз майдон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба бар фашизм мегузаштанд, ба қалбам ҷо гирифтанду илҳом бахшиданд ва чунин мисраъҳо эҷод шуданд:
Шаби хомӯш дар хати сарҳад,
Дар ҷилои таровати маҳтоб.
Сари китфат ситора рахшон аст,
Халқ дорад ба ту муҳаббату меҳр.
Ҳанӯз дар солҳои таҳсил узви маҳфили «Адибони ҷавон» - и назди шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон гардидам. маҷмуаҳои ашъорам «Лолаҳо аз ёлаҳо», «Назокати роҳат», «Ғунчаи умед» - ро интишор ва пешкаши ҳаводорон гардондам.
- Дар ашъоратон мавзуъҳои иҷтимоӣ бартарӣ доранд. Чаро?
- Падару модарам бо ҳам муҳаббати самимӣ доштанд, вале бо андак сабабе байнашон ҷудоӣ афтоду ман фарзанди ягонаашон бо модарам мондам. Вақте дар кӯча бозӣ кардан мехостам, гоҳе ҳамсолон худро канор мегирифтанду мегуфтанд, ки бо духтари ятим бозӣ намекунем. Ҳарчанд волидонам ҳар ду ҳаёт буданд, дар назари ҳамсолонам ятим будам.
Дар мактаб аъло мехондам ва мекӯшидам пешоҳангиро аз даст надиҳам. Сахт алам кард, вақте як зан, корманди мактаб, бо ғазаб ба рӯям дод зад: «Гулнисо, худнамоӣ накуну худро ин қадар фаъол нишон надеҳ, бидон, ки медали тиллои хатми мактаб насиби набераам мешавад». Мактабро бо медали тилло хатм намуда, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дохил шудаму дипломи аъло гирифтам.
Модарам, ба сабаби беморӣ, бармаҳал вафот кард ва бо ду духтарчаи хурдсолам танҳо мондам. Тифлонамро алла мегуфтаму чун ба хоби роҳат мерафтанд, дар дили шаб қалам ба даст мегирифтаму ба он роз мегуфтам ва ин аст, ки бештари шеърҳоям аз иҷтимоъ бархостанд:
Рӯзи нав омад, валекин лолазорам холӣ аст,
Шаҳдбори зиндагонӣ, гулъузорам холӣ аст.
Кафтаре бо кафтару товус бо товус боз,
Дар баҳори синаи ман навбаҳорам холӣ аст…
- Вайроншавии оилаҳои ҷавон мушкили имрӯзи ҷомеаи мо аст ва Шумо низ аз ҷудоӣ ва танҳоӣ месӯзед?
- Оила иттиҳоди муқаддас ва атои худованд аст. Марду зан бояд ба қадри ин неъмати бузург расанд. Таассуф мехӯрам, ки оилаи худам низ зуд пош хӯрд. Шавҳарам инсони хуб ва ҳалиму меҳрубон буд, вале дунёи дигар дошт. Вақте ман аз оинаи нилгун баромад мекардам, хуш надошт ва мегуфт, ки бояд аз пайи рӯзгордории хона бошаму шеърнависиро тарк кунам… Дар пош хӯрдани оилаамон дар баробари шавҳарам худро низ гунаҳкор меҳисобам, зеро сабру таҳаммулро аз даст додаму ба эҳсосот дода шудам.
Афсӯс мехӯрам, ки қисмат ба духтаронам Ҷонбегиму Назокат тақдири дар шароити ҷудоии падару модар ба воя расиданро раво донист. Неруямро ба тарбияи ин ду нури чашмонам бахшидам ва вақти зиёдро бо мутолиаи китоб мегузаронем. Яке аз духтаронам дар озмуни мактабӣ аз фанни химия ва дигаре дар озмуни шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз омӯзгорон сипосгузорам, ки ҳатто бештар аз волидон ба омӯзиш ва парвариши талабагон аҳамият медиҳанд.
- Шумо чун адиби тарғибгари арзишҳои миллӣ шинохта шудаед…
- Рисолати шоир бо каломи бадеъ дар тафаккури хонанда ҷо ва парвариш додани ҳисси эҳтиром, садоқат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои бузурги инсонӣ ва муқаддасоти миллӣ аст. Вожаҳои Ватан, Истиқлол, Ваҳдат ва Парчам бароям мисли ҳар фарди дигар азизанду муқаддас ва садои қалби шоир ин ҳисси ҳамватанон аст, ки дар қолаби шеър ифода ёфтааст:
Ватан - эй маскани шаъну шарофат,
Ватан - эй модари бахту саодат.
Ватан - эй чашмаи софи ҷавонӣ,
Ватан - эй манзили боғу назокат.
Вақте дар майдони Ваҳдати Хоруғ Парчами давлатӣ партавафшон гардид, беихтиёр ин мисраъҳо ба забон омаданд:
Ҷилвагар дар боми миллат Парчам аст,
Рамзи миллат, рамзи давлат Парчам аст.
Мо аз Истиқлол саодат ёфтем,
Баҳри мо бингар саодат Парчам аст.
- Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят 14 узв дорад, ки фақат як нафарашон зан аст. Оё шаҳбози илҳом ба бонувон камтар таваҷчуҳ дорад ва чаро занони адиб дар вилоят ангуштшуморанд?
- Шоираи шинохта Раънои Мубориз дар пойтахт кору эҷод мекунад. Марги бармаҳали шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулнисои Ризвоншо ёру дӯстон ва мухлисони ашъорашро ғамзада намуд. Вале майдони эҷод танзими миқдорӣ дар муносибатҳои гендериро намепазирад. Дар як намоишгоҳи ҳиндӣ дидам, ки дар гӯшаи ба занони ин кишвар бахшидашуда навишта шуда буд: «Осмони Ҳинд бар шонаи занони мамлакат устувор аст» ва фикр мекунам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зан дар баробари мард ва ҳатто бештар аз он бори гарони рӯзгорро мекашаду ба шеър гуфтан вақт надорад. Ҳарчанд бонувон ҳанӯз дар асрҳои мозӣ, ба мисли Махфии Бадахшонӣ дар давраи душвортарин шеър гуфтанду баръакс, мушкилоти зиндагӣ онҳоро барои шеъру дарди дилашонро тавассути каломи бадеъ ифшо намудан талқин сохт.
Бонувони зиёди эҷодкор, ба мисли Руқияи Давроншоҳ, Зарнигори Муборакшоҳ, Саодати Саидназар, ки бо ашъори рангинашон байни хонандагон маҳбубияти зиёд доранд, аъзои бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастанд ва метавон гуфт, ки бонувон дар ҳавзаи адабии Бадахшон мақоми шоиста доранд.
Ҳавзаи адабии Бадахшон дар асри ХV ташаккул ёфта, дар замони муосир мактаби адабии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд (равонашон шод бод) ва Лаълҷубаи Мирзоҳасан барои ҷило ва сайқали истеъдоди эҷодкорони ҷавон мусоидат менамояд.
- Ҳаводорони ашъоратонро чӣ армуғоне интизор аст?
- Маҷмуаи ашъори навамро бо номи «Ашки гул» ба чоп омода намудам.
- Суҳбатро бо мисраъҳои Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, ки бароятон бахшидааст, поён мебахшем:
Гулнисо - эй гули навхостаи гулшани шеър,
Рангу бӯйи ту таҷассум шуда андар тани шеър.
Ман дуоят бикунам: «дар раҳи пурранҷи сухан,
Дасти ту канда мабодо даме аз олами шеър».
Суҳбаторо Ш. Мирзоҷалол,
ВМКБ