Шаҳбоз Кабиров:
Профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шаҳбоз Кабиров, ки мутахассиси таърихи забон ва луғатшиносӣ буда, дар ин ришта собиқаи беш аз 50-сола дорад. Муаллифи беш аз 25 дастуру васоити таълимӣ ва китоби дарсӣ барои хонандагону донишҷӯён аст. Зиёда аз 300 мақолаҳои илмию методӣ таълиф намудааст. Бобати арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ ва ҳифзи асолати он, ҳамчунин, нақши модарон дар нигаҳдошти ин забони ширину шево бо устод суҳбате оростем.
– Забони тоҷикӣ, ки ёдгории бузурге аз ниёгон ва яке аз рукнҳои миллатсози мост, дар тули мавҷудияти худ бо чӣ таҳаввулот дучор гаштааст?
– Нахуст, зикр бояд кард, ки забон муқаддастарин унсур барои аҳли башар, ҷон ва равони инсон аст, ки тамоми розу ниёзҳои инсониятро амалӣ месозад ва беҳуда Салими Теҳронӣ намегӯяд:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!
Агар ба умқи таърих назар афканем, забони тоҷикӣ се давраи тулонии инкишофи таърихиро сипарӣ намуда, бо вуҷуди тохтутозҳои аҷнабиёну ғосибон ва қариб ҳазор соли маҳрумӣ аз давлатдории миллӣ шебу фарозҳоро пушти сар карда, то имрӯз расидааст. Агар авроқи таърихро саҳфа гардонем, кам забонеро дармеёбем, ки мисли забони тоҷикӣ ин қадар, ба қавле, сахтҷон бошад. Чунончи, дар давраи истилои араб, ки мехостанд хатти ниёгонро аз байн бурда, бар ивази забони тоҷикӣ, ки онро забони форсии миёна меноманд, забони арабиро ҷорӣ намоянд. Билохира, тавонистанд, ки ба ҷойи хатти форсии миёна ё худ паҳлавӣ хатти арабиро ҷорӣ намоянд. Аммо беш аз дусад сол кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар Хуросони Бузург ин забонро аз байн бибаранд ва то андозае онро ба ҳолати таназзулу нестшавӣ низ оварданд, лек ҳадафашон амалӣ нашуд.
– Чӣ боиси бақои ин забон гардид?
– Забони тоҷикӣ дар тору пуд ва ҷавҳару ҷони мардуми мо омезиш ёфтааст. Забони тоҷикӣ таърихи хеле куҳан дошта, забони нобу ширину салис буда, ба ҳамаи розу ниёзи мардум ҷавобгӯ мебошад. Дигар ин ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар баробари таърихи мардуми ориёиро зинда кардан, ӯ барои завол наёфтани ин забон хидмати ҷовидонӣ намудааст. Баъди истилои араб забони тоҷикӣ ниёз ба эҳёгарӣ дошт ва маҳз Фирдавсӣ ин масъулияти бузургро бар дӯш гирифт ва дар шоҳасари безаволи хеш аз истифодаи калимаву ибораҳои арабӣ то ҳадде парҳез кард. Ба қавли муҳаққиқон, дар «Шоҳнома» ҳамагӣ 900 калимаи арабӣ ба назар мерасад. Хидмати дигари Фирдавсӣ он буд, ки аз забонҳои давраи миёна – бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ, портӣ ва ғайра, ки бо забони тоҷикӣ хешӣ доштанд, вожаҳои беҳтаринро гулчин карда, дар ифодаи баён дар ин шоҳасар ба кор бурдааст. Бад-ин васила, Фирдавсӣ тавонист, ки қомати хамидаи забони тоҷикро рост карда ва Сомониён онро ба авранги заррин нишонданд.
– Баъди парокандашавии давлати Сомониён то ибтидои асри XX (соли 1920) зимоми давлатдорӣ ба дасти сулолаҳои турк буд, аммо забони аҳли дарбор ва девон забони тоҷикӣ боқӣ монд. Чаро?
– Дар тули беш аз ҳазор соли таърих танҳо ду давлати тоҷиктабор – Ғуриҳо ва Ҳайтолиён зуҳур карданд, ки мутаассифона, ҳудуди салтанаташон он қадар ҳам бузург набуду умри дароз ҳам надиданд. Дигар сулолаҳое, ки омаданд, турктабор буданд. Барои он забони тоҷикиро забони давлатӣ пазируфтанд, ки пеш аз ҳама, фарҳанги давлатдории Сомониёнро, ки тоҷикӣ буд, мерос гирифтанд. Иловатан забони тоҷикӣ хеле шевою гуворо ва гӯшнавозу дилнишин будаву ба ҳамаи розу ниёз ҷавобгӯ ва ҳам забони аҳли илму адаб буд. Ҳамчунин забони бостонӣ буду таркиби луғавиашро аз ҳисоби ҳам калимасозии худ ва ҳам аз ҳисоби забонҳои дигар то дараҷае ғанӣ гардонд, ки то ҳанӯз одитарин мафҳумро метавон бо чанд вожа ифода кард.
Баъзе муҳаққиқон бар он назаранд, ки муродифоти зиёд доштани калимаҳо нолозим аст. Баръакс, табиати забон чунин аст, ки чизи нолозимро шабеҳи хасу хошок аз худ дур месозад. Ҳар кадоме аз муродифҳо ҷилову тобишҳои нозуки услубӣ доранд. Масалан, оразу лиқо ва чеҳраро ба шахси азизу маҳбуб нисбат дода шавад, лекин нисбати нафари манфур шаклу шамоилу сумотро ба кор мебаранд. Забони тоҷикӣ забони шеъру шоирист, зеро забони ширину гӯшнавозу равону мусиқидору дилпазир буда, аз калимаҳои душворталаффузу овозҳои хашину гӯшхарош орӣ мебошад. Масалан, ҳарфи «қ» дар забони тоҷикӣ қариб ки нест ва агар бошад, ё иқтибос аз арабист, ё туркӣ, ба истиснои чанд калимаи тақлидию овозӣ (қар-қари зоғ, тақ-тақи дар ва ғайра). Ин далели он аст, ки забони тоҷикӣ чунин овозҳоро хуш надорад.
– Метавон гуфт, ки миллати тоҷик дар паноҳи ҳамин забон то ба имрӯз расидааст?
– Бале, маҳз ба шарофати забонаш мардуми тоҷик то ба имрӯз арзи ҳастӣ намудаст, ки шарҳу тавзеи ин пурсиш посухи тулониро тақозо мекунад, ки ин мавзуи баҳси алоҳидаро мехоҳад.
– Раванди ҷаҳонишавӣ азбайнравии бисёр забонҳоро собит кардааст. Метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ аз шарри он эмин ҳаст?
– Ҷаҳонишавӣ мисли наҳангест, ки забонҳои майдаро фурӯ мебарад. Масалан, дар асри XVIII дар Австралия 250 забон арзи ҳастӣ дошт, ки имрӯз тақрибан 50-тои онҳо боқӣ мондаасту халос. Забонҳое вуҷуд доранд, ки доираи басо маҳдуди истифода доранд. Имрӯзҳо раванди нестшавии забонҳо дар афзоиш аст. Бинобар ин ЮНЕСКО 21-уми феврали ҳар солро Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон намуда, ва мардуми ҷаҳонро ҳушдор кардааст, ки агар ба забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир намуда, онро пос надоранд, забонҳои абарқудрат тадриҷан забонҳои хурду майдаро аз байн хоҳанд бурд.
Дар «Китоби сурхи забонҳо» беш аз 6 ҳазор забони зинда ва мурда ба қайд гирифта шудааст. Тибқи нишондодҳои меъёрии он (бо назардошти шумораи аҳолӣ ва ҳудуд) забони тоҷикӣ низ дар хатти сурхи хатар қарор дорад. Барои он ки аз ин хатти сурх берун оему забони худро ҷовидонӣ гардонем, халқ бояд забони модариашро дӯст дорад ва ба он арҷ гузорад. Мегӯянд, ки шахси аввали давлат нисбат ба забони миллат чӣ гуна муносибат намояд, вобаста ба он забон рушд, ё пурра маҳв мегардад. Хушбахтона, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифозату муроқибати забони тоҷикӣ ҷонашонро дареғ намедоранд. Забони тоҷикиро рукни асосӣ ва ҳастии миллат медонанд ва ҷиҳати мақому мартабаи боз ҳам сазовортарро касб намудани ин забон тадбирҳои зиёде андешидаанд. Ин хушбахтии халқи тоҷик аст.
– Чун забони тоҷикиро забони модарӣ мегӯем, мегуфтед, ки нақши модарон дар нигаҳдошти ин забони ширину шево то чӣ андоза аст?
– Модар нахустин устоди фарзанд дар зиндагист, ки бо аллаҳои гӯшнавозу ҷонбахшаш, бо шири покаш забонро мағз андар мағз, бар ҷону ҷавҳари тифл ҷой медиҳад. Чаро забони падарӣ на, балки забони модарӣ мегӯянд? Падар гарчи сутун ва саробони хонадон аст, лекин дар тарбияи фарзанд нақши модар волотар аст. Меҳру муҳаббату самимияту одамиятро маҳз модар ба фарзанд меомӯзонад. Аз овони тифлӣ то давраи камолот модар дар ҳаёти фарзанд мақом ва ҷойгоҳи арзанда дорад. Забон, ки дар тули мавҷудияти хеш рушд ёфта, зина ба зина пеш меравад, асолати он ба шарофати модарон ҳифз мегардаду беосеб ба дуриҳои дур, ба наслҳои ояндаи миллат чун ганҷинаи бебаҳо интиқол меёбад.
С. Ашӯрова