ТОҶИКИСТОНРО ВАТАН ХОНДАМ
Суҳбати вижа бо оқои Додаллоҳ Ҳассос, собиқ корманди радиои Тоҷикистон, имрӯза шаҳрванди бознишастаи Канада
-Ҳини салом худро ватандори Тоҷикистон гуфтед, дуруст фаҳмидам ман?
-Оре, бемуҳобот Тоҷикистон Ватани ман аст. Муҳаббат, садоқату рафоқат, сулҳу сафову дӯстии безаволро ман дар ин ҷо ёфтам.
-Чӣ боис шуд, ки ба Тоҷикистон рӯ овардед?
-Дар Афғонистон миёнаҳол мезистем, он ҷо як пораи нонро бо дӯстон, ҳаққу ҳамсояҳо медидем. Аммо баъд аз вуруди толибон дар соли 1998, ки шимоли Афғонистонро низ дар ихтиёр гирифтанд, ҳаёти осоиштаро гум кардам. Ин режими исломситезӣ на танҳо барои ман, балки барои зиёд нафарони Афғонистон, хусусан озодандешон писанд набуд. Ин буд, ки ҳазорҳо нафар мардуми бумӣ яке паси дигар кишварро тарк гуфтанд.
Чун банда корманди соҳаи матбуот, раиси бахши иттилооту фарҳанги вилояти Бағлон будам, яқин доштам, ки толибонро хуш намеоям ва аз шимол тавассути чанд шаҳру вилоятҳои Афғонистон, аз ҷумла Бадахшону Панҷшер, Пешовару Покистон худро то шаҳри Машҳади Эрон расондам. Ин сафари пур аз тарсу бим, ки бехатар низ набуд, зиёдтар аз ду моҳ тул кашид.Гаҳе пиёдаву гаҳе савора, гаҳе гаваккашон масофаи зиёда аз садҳо километрро тай намудам. Ва аз ҳамин ҷо бо тайёра ба Душанбе парвоз кардем, чун аз ёру дӯстон шунида будам, ки ин ҷо амнтар зистан мумкин аст. Фурсати зиёд нагузашта дарк намудам, ки хато накардаам, ҳамзабонон бо дилу дидаи гарм маро пазируфтанд ва ҷойи кор низ муҳайё намуданд.
Мо ин ҷо мақсад доштем, ки як радиои бурунмарзӣ омода созем. Ин ташаббуси зиндаёд Аҳмадшоҳ Масъуд буд, вале бо сабабҳои зиёд онро эҳё карда натавонистем ва ҷаридае бо хати ниёкон интишор додам, ки ҳаёту рӯзгори мардуми Афғонистону Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Ин нашрияро ҳам ин ҷо ва ҳам дар Афғонистон мутолиа мекарданд. Дертар дар радиои Тоҷикистон, ки ахбор ва барномаҳои бурунмарзӣ дошт, маро ба кор пазируфтанд ва дар бахши дарии он наздики панҷ сол фаъолият доштам. Барномаи адабии «Камони Рустам»-ро пеш мебурдам, барномаи фарҳангии «Гулбаргҳо»-ро низ эҷод кардам, ки то ҳанӯз ин барнома ба сабку услуби пешин фаъол аст.
РадиоиТоҷикистон, он ҷое, ки ман як муддати мадид кор кардам, аз ҳама лиҳоз бароям хотирмон аст. Баҳсу андешаҳои гарму ҷолиб доштем бо ҳамкорон, бо вуҷуди он ки маошҳо пасту вазъи иқтисодӣ чандон хуб набуд, ҳамкорони мо, балки ҳамаи мардуми кишвар бо дили гарм, шукр гуфта, бо умеди фардои дурахшон кору зиндагӣ мекарданд. Ва бинед, ки ҳамин шукргузорӣ мардуми тоҷикро ба ҳам овард ва ба зиндагии осоишта расиданд. Ба такрор мегӯям, ки ин ҷо зиёдтар аз ҳама хизмати Сарвари дилсӯзи шумо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст.
-Сафари Канада ба чӣ хотир буд ва он ҷо тоҷикону Тоҷикистон ба ёд меоянд?
-Ман аслан, вақте ки аз Афғонистон бурун шудам, аз чанд кишвари ҷаҳон ҳаққи паноҳандагӣ хоста будам, аз ҷумла аз Канада. Ва аввалҳои соли 2004 ин кишвар ба дархости хонаводаи мо ҷавоби мусбат фиристоду пайи омода намудани ҳуҷҷатҳо шудем. Ва рӯзе, ки аз радио мерафтам, ин охирин рӯзи моҳи январи соли 2004 буд ва он лаҳза ҳеҷ аз гӯшаи хотир намеравад. Бовар кунед бо дили решу афгор, бо дидаи гирён мерафтам.Дӯстонамро, орзую ормонҳои зиёдро ин ҷо партофта мерафтам. Ман ҳатто дар Афғонистоне, ки солҳои тулонӣ фаъолият доштам, ба ин қадр дӯсту рафиқи шафиқ пайдо накарда будам.
Канада, албатта, давлати пешрафта аст, нахуст ба таҳсил дода шудем, ҳам ману ҳам фарзандонам. Забону касбомӯзӣ кардем, аз ҷумла худам ҳам тахассуси мудирияти бозаргониро аз бар намуда, чанде дар ин самт фаъолият ҳам бурдам.
Дар боби ёд карданҳо бошад, шояд соатҳо гӯяму нависам, ками дар кам аст. Дар ҳар нафас Тоҷикистон пеши назар меомад, худро зиёд вақтҳо дар ин кишвари афсонавӣ (бемуҳобот аст ин ифодаи ман) медидам. Кӯшиш мекардам, ки ҳамарӯз аз навгонихои он бохабар бошам, бо дӯстон мукотиба ҳам доштем. Ва аввалтар аз ҳама ин ки, ҳар гоҳе хумори Тоҷикистон мегирифт, ба духтарчаам, Синдухт (бибии Рустам аз «Шоҳнома»-и безавол) менигаристам, ки ӯ дар шаҳри орзуҳои ман, Душанбе-пойтахти тоҷикон таваллуд шуда буд. Биё Тоҷикистони ман, биё Душанбеи ман, биё ҳама орзую ормонҳои ман, нозанинаки ман мегӯям ба ӯ. Хуллас, тоҷикону Тоҷикистон дар Канада ҳар қадам бо мананд.
-Ин бор Тоҷикистонро, ки қариб баъди ду даҳсола омадед, чӣ гуна дарёфтед?
-Тоҷикистонро баъд аз 17 сол басо зебо, қашанг, гулбезу мушкофарин ёфтам. Мо аз ошёнаҳои баланди бинои радио ба берун нигариста, ҳамон биноҳои Шурои Олии ҷумҳурӣ ва чанд манзили баландошёнаро медидем. Ҳоло Душанбе симояшро куллан тағйир додааст. Ин қадар хонаҳои баландошёна, ки хуштарҳу замонавӣ сохта шудаанд, Парчаму Нишони давлатӣ, бинои Китобхонаи миллӣ, ки амсолаш дар ҷаҳон беназир аст, шаҳомати шаҳрро бемуболиға садҳо карат афзудаанд.
Берун аз Душанбе низ симои тозаву озода доранд. Муҳимтар аз ҳама мардум бо хайру хайрияту офият ва бетарсу воҳима, кадом вақт ки хоҳанд, рӯз аст ё бегоҳ ба кӯча мебароянд, сайр мекунанду тамошо. Сайру гаште, ки мардуми Афғонистон беш аз чил сол боз орзуяш мекунанд, хосатан ҷавондухтарону ҷавонписаронаш.
Фақат аз он ғамгинам, ки дар ин дидор чеҳраҳоеро чун роҳбари кори илмиам Ҳақназар Назаров ва устоди забардаст Убайдулло Раҷабов наёфтам. Ёдашон ба хайр.
- Ахиран бардоштҳои Шумо доири имрӯзи Афғонистон ва изҳороти Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пештар аз дигар сарварони давлатҳо мавқеи худро оид ба вазъи кунунии давлати ҳамсоя иброз доштанд?
-Афсӯс, ки «Толибон» боз сари қудрат омаданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ барои мардуми афғон хушбахтӣ наовардаанд ва намеоранд, ба ҷуз бадбахтӣ. Ҳамид Карзай худ як дӯсти «Толибон» буд ва бо онҳо дӯст мемонад. Ӯ барои мардуми Афғонистон чеҳраи шинохта ҳам набуд, аз Ғарб оварданду ҳокимаш монданд ва ӯ замони сари қудрат буданаш дар Афғонистон «Толибон»-ро тавону неру бахшид.
Нафари баъдӣ, Ашраф Ғанӣ бошад, бе ягон ҷангу муқовимат давлатро ба онҳо таслим карду худ аз ватан фирор намуд. Аслан, ин ду нафар аз мо набуданд ва барои Афғонистон, барои мардуми мулкӣ кори хайре ҳам накардаанд. Ман бовар дорам, ин қадар маблағҳое, ки тули ин даҳсолаҳо барои мардуми афғон аз кишварҳои Ғарбу Шарқ омад, мешуд, ки як Афғонистони нав сохт, аммо ин ҳамаро дуздиданду хӯрданду бурданд.
Тоҷикистон, ки Сарвари дилсӯзу мардуми ҳушёр дошт, ҳар имконоти хурдро сарфакорона истифода бурданд ва шаҳру деҳу хиёбонҳои зебо бунёд карданд. Агар ин дилсӯзӣ намебуд, агар аз худ гузаштанҳо намебуд, ҳалли буҳрон басо мушкил буд. Хушо, ки Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди меҳанпарастияш бар шиддати ин буҳрон сари вақт нуқта гузоштанд. Имрӯз барои Афғонистон чун Сарвари давлати тоҷикон роҳбари дилсӯз лозим аст, ки барои бақову пойдории ин мулк сина сипар кунад.
Мавқеи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доири таваҷҷуҳашон ба тоҷикони Афғонистон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ басо вақтӣ ва ҳушдоре барои аҳли «Толибон» медонам.
-Сафари беш аз думоҳаи Шумо рӯзҳои наздик ба охир мерасад, меравед ба Канада?
-Ин сафар кӯтоҳ буд, ман худ онро чанд рӯзе дароз кардам. Чун рисолаи илмиамро, ки тули ин солҳо ба фаромӯшӣ рафта буд, аз нав зинда доштам. Дар Китобхонаи миллӣ, шуъбаи мероси хаттӣ ва боз зиёд марказҳои илмӣ будам. Корро аз нав мураттаб ва ба ҳимоя омода намудам.
Бале, Ватани азизам – Тоҷикистонро ноилоҷ тарк мекунам, чун он ҷо (манзур Канада аст) ними тани ман, зану фарзандон ҳастанд. Агар умр вафо кунад, ҳатман боз хоҳам омад, албатта, барои дидорбинӣ. Ва агар не, ман як умр аз ин мардум, аз ин сарзамин миннатдорам ва ин меҳрубонию ин самимияте, ки аз Тоҷикистон омӯхтаам, то лаҳзаи вопасини умр бо мананд ва онро бо худ мебарам… Орзу дорам Тоҷикистони обод аз ин бештар ободу зебо шавад ва мардумонаш чун қуллаҳои осмонбӯсаш сарбаланд бошанду офият.
Рустами НАЗИР