- Неъмати бузург - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Комёбиҳои ин давраи таърихиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ҳамчун сокини шаҳр гуфта метавонам, ки симои маркази вилоят дар ин солҳо ба таври қиёснашаванда дигаргун ва ободу зебо гардид. Театри миллӣ, донишгоҳ, Маркази ташхиси тиббии Оғохон, коллеҷи тиббӣ, маҷмааи варзишӣ, маркази бемориҳои сил, нахустин биноҳои истиқоматии нуҳ ва дувоздаҳошёна, макотиби замонавӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён, хиёбон ва гулгаштҳои нав, майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ ва даҳҳо биноҳои нави маъмурӣ ба Хоруғ ҳусн зам намуданд. Фақат дар се соли охир 73 ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр бештар аз 200 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳукумати кишвар ба рушди минтақаҳо таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд ва ин ҳақиқати бебаҳс дар мисоли пешрафти шаҳри Хоруғ собит гардидааст. Истиқлол озодӣ ва ташаббусҳои шаҳрвандиро тақвият бахшиду самараашонро дар корҳои созандагӣ, ки дар ҳар гӯшаи шаҳр мавҷ мезананд, мебинем.
Чеҳраҳои болидаи сокинони шаҳри сабзу хуррам ва ободу озодаро беҳтарин намо аз истиқболи гарми мардум аз ҷашни миллӣ ва эҳтироми бузургашон ба ин дастоварди беназири таърихӣ мешуморем.
- Дар доираи ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба корҳои ободонии шаҳр чӣ гуфтание доред?
- Сокинони шаҳр бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрнишинӣ дар сабзу хуррам гардондан ва ободонии маъвои азизашон саҳми босазо мегузоранд. Саъю талош ва майли сокинон ба озодагӣ дар тозаву босафо нигоҳ дощтан ва ороиш додани манзилҳои истиқоматӣ ва ҳавлиҳояшон маҳдуд нашуда, ба тозагии кӯча ва маҳаллаҳояшон диққати зиёд медиҳанд. Зеро ҳар меҳмоне, ки ба шаҳр меояд, ҳанӯз аз дарвозаи он аз чигунагии муносибати сокинон ба муҳити зист ва атрофиён ба фарҳанги мардум баҳо медиҳад ва ҳар сокини Хоруғ бо аъмоли некаш кӯшиш менамояд, ки меҳмонон аз гӯшаву канори дунё таассуроти наҷибу гуворо бо худ бибаранд. Сокинон гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ ва коргоҳҳояшонро гулпӯш менамоянду бо истифодаи усулҳои меъмории замонавӣ ороиш медиҳанд.Чанд нафар муҳоҷири корӣ барои таъмири роҳи маҳаллаҳояшон маблағи муайян ихтисос доданд. Бонуе аз шаҳри Маскав барои маркази бемориҳои дил таҷҳизоти тиббӣ ирсол намуд. Бахусус дар давраи хуруҷи бемории COVID-19 ёрии зиёд расид. Муҳоҷирон аз кишварҳои гуногун дастгоҳҳои нафаскашии сунъиро дар ихтиёри муассисаҳои тиббӣ қарор доданд. Сокинони маҳаллаҳои шаҳр бонавбат беморони сироятёфтаро, ки дар беморхонаи вилоятӣ табобат мегирифтанд, се вақт бо ғизои гарм таъмин менамуданд, ҷавонон дар корҳои пешгирии беморӣ ва безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ ширкати фаъол доштанд.
Дар баробари ҳимояи моликияти давлатӣ дар кишвари соҳибистиқлол, ҳифзи моликияти хусусӣ ва рушди он дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Ин аст, ки солхои охир бахши хусусӣ ба таври бесобиқа тараққӣ ёфт. Агар чанд даҳсола қабл дар шаҳр ҳамагӣ як меҳмонхона мавҷуд буд, ки шароити хуб барои қабули мизоҷон надошт, айни ҳол шаҳр ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳӣ табдил ёфта, дар ин ҷо маркази пазироии сайёҳон фаъол аст. Дар баробари меҳмонхонаҳои зиёди замонавии хусусӣ 40 ҳоумстей (будубош дар оилаҳо) ба мизоҷон хизмат мерасонад.
Барои рушд додани сайёҳӣ ва воридоти даромад аз он бештар аз 80 ҳунарманди моҳири шаҳр ба харидорон маҳсулоти хушнамуд ва босифати дастӣ пешкаш менамояд. Бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ дар ин ҷо марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасонӣ, ба мисли «Де Памири», «Помир - Лодҷ», «Бадахшон - Травел» ва меҳмонхонаҳои замонавии «Серена», «Лаъл», «Кивекас» бунёд гардиданд, ки барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунанд. Осорхона, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, театри вилоятӣ, чор китобхона ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ки теъдодашон ба 17 мерасад, ба макони дӯстдоштаи тамошо ва баҳрабардории меҳмонону сокинон табдил ёфтаанд.
- Ба ҳайси рохбари Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар вилоят, Шумо бо кадом роҳҳо ба рушди намудҳои зиёди хизматрасонӣ дар шаҳр мусоидат намудед?
- Давлат на фақат барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон, балки ба касбомӯзии ашхоси калонсол диққати махсус медиҳад. Ба ин мақсад маркази омӯзиши калонсолон таъсис ёфт, ки дар мутобиқ намудани малакаи касбии онҳо ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим дорад.
Дар шаҳр кошонаи ҳусн, сартарошхона ва бисёре аз намудҳои дигари хизматрасонӣ қариб вуҷуд надоштанд. Марказ бекоронро барои касбомӯзӣ фаро гирифт ва ба муҳоҷирони соҳибсалиқа, ки касбҳои гуногунро омӯхтан мехостанд, мадад намуд. Афроди лаёқатманд дар шаҳри Душанбе аз курсҳои махсус гузаштанд ва малакаи касбиашонро такмил доданду ба хоҳишмандон касбҳои навро омӯхтанд. Алҳол марказ дар бинои нави зебо ва замонавӣ ҷой гирифтааст. Дар оғоз ба ихтиёри марказ таҳхонаи бинои истиқоматӣ вогузор гардида буд. Вале чун азм қавӣ буд, бесамар намонду пас аз чанд муддат, вақте вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ бо раиси вилоят аз марказ дидан карданд, корҳои анҷомдодаро муъҷиза номиданд. Бароямон муяссар шуд, ки шароити хуб барои омӯзиши касбҳои гуногун, аз ҷумла бофандагӣ, дӯзандагӣ, муҳрабофӣ, устои барқ, таъмиргари телефонҳои мобилӣ ва муҳосибӣ шароит фароҳам орем. Коргоҳи қаннодӣ кушодем ва ба ҳунармандони омӯзишдидаи моҳир муяассар шуд, ки бозори дохилиро аз маҳсулоти қаннодии истеҳсоли худӣ таъмин созанд.
- Ансамбли «Баракат аз калонсолон», ки имрӯзҳо ба сафари ҳунарӣ ба маркази ҷумҳурӣ омодагӣ мебинад, чӣ гуна ва бо кадом мақсад таъсис ёфт?
- Дар шаҳри Хоруғ ҳунармандони калонсол зиёданд. Бо мақсади ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо ин андеша ба сар омад. Бо ибтикори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ тендер эълон шуд, дар он баранда будам. Маркази буду боши рӯзона барои ашхоси калонсол таъсис ёфт, 25 нафар ба он фаро гирифта шуд. Ба зиндагӣ дилгарм намудани ашхоси калонсол, ки бесаробон мондаву худро яккаву танҳо ва дур аз ҷомеа ҳис мекарданд, кори хайру савобе шуд. Бештари афроди пиронсол ҳунарманданду ба дастгирии маънавӣ ниёз доранд. Гулдонҳо ва ашёҳои дигари зебое, ки бошандагони марказ аз қуттиҳои холимондаи пластикӣ ва ё шинаҳои корношоями автомобил сохтанд, муъҷиби ҳайрат буда, ҳоло саҳни бисёре аз муассисаҳои шаҳрро зинат мебахшанд.
Аз ҳисоби бошандагони марказ ансамбл таъсис ёфт, ки мукаммал шуда, ҳоло 50 ҳунармандро дар бар мегирад. Ҳунармандон ҳангоми баромад дар Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа ва Рӯшон ба истиқболи гарми мухлисон рӯ ба рӯ гаштанд, барномаашонро хеле такмилу сайқал бахшиданд ва ҳоло ба сафари ҳунарӣ ба пойтахт омодагӣ мебинанд.
- Занон ва ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии шаҳр ба кадом андоза ширкат доранд?
- Ягон ҷашни давлатӣ ва халқӣ дар Бадахшон бе ширкати фаъоли занон ва садои даф намегузараду ҳунармандони даф ба каф бо сару либоси миллӣ ба хотири тарғиби фарҳанги бостонӣ бидуни музд дар хизматанд. Онҳо бо садои даф муждаи шодмонии мардумро аз истиқболи меҳмонони олиқадр ифода месозанд, рӯзгори хушу хуррам ва ҷашни фархундаро барояшон мояи ифтихор медонанд.
Аз 67 хизматчии давлатӣ 33 нафар занону духтарон мебошанд, ки 50 дарсади нишондиҳандаи гендериро ташкил медиҳад.Ҷавонон сеяки аҳолии шаҳрро ташкил дода, шумораашон ба 10 ҳазор нафар мерасад.
Анъанаи солҳои охири иҷрои нақшаи даъват ба сафи артиш дар як рӯз аз болоравии ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии қишри ҷавони ҷомеа шаҳодат медиҳад. Кулли сокинони шаҳр сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба таҳкими сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаву шоиста ва пешрафту шукуфоии кишвар нигаронда шудааст, ҷонибдоранд.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ