19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУҲБАТ БО РАИСИ ШАҲРИ БӮСТОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАЪНО ҲОШИМЗОДА

15-01-2020

 

- 26 сол омӯзгори донишгоҳ, номзади илми иқтисод. Аз соҳаи таълиму тарбия ба сиёсат, чунин гаштро тасаввур мекардед?

- Бо таҷрибаи хеле зиёди омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯзе ба назди раиси вилоят (он замон Абдураҳмон Қодирӣ) даъват шудам. Зимни суҳбат раис пурсиданд, ки медонед барои чӣ даъват шудед? Гуфтам: «Не!». Ҷониби Назира Ғаффорӣ, муовинашон (ҳоло дар нафақа) табассум намуда, шуморо ба вазифаи муовинии раиси шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карданием, гуфтанд. Дасту по хӯрдаму гуфтам: «Ман омӯзгори одиям, корам бо сиёсат рабте надорад, шояд натавонам». Қодирӣ ҷиддӣ таъкид карданд: «Ин қадар сол бо сари баланд фаъолият бурдед, дар маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳам метавонед!».  

Соле ба ҳайси муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдаму ба вазифаи дигар, раиси шаҳри Бӯстон таъйин карданд…

- Фаъолият дар кадом зинаи сиёсӣ осонтар буд?

- Мантиқан, ба сифати муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардан сабуктар буд, зеро дар як соњаи мушаххас кор мебурдам. Ҳоло тамоми самтҳоро бояд баробар таҳти назар дошта бошам.

- Мушкил нест роҳбарии шаҳр ё ноҳия барои як бону?

- Агар набзи ноҳияву шаҳри мавриди назарро хуб донед, огоҳ бошед, ки мардум чӣ мехоҳанд, чӣ мушкил доранд, ба тадриҷ чунон вориди кор мешавед, ки нофаҳмида мемонед.

Дастгирии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ҳамеша эҳсос мекунам. Бо иқдоми раис дар маркази шаҳри Бӯстон майдони зебои Парчами давлатиро бунёд намудем, парчам бо њашамат қомат афрохт.

Ҳар субҳи барвақт корро нахуст аз гаштугузори кӯчаҳои шаҳр оғоз мекунам. Аз зиндагии мардум, тозаву озодагӣ, вазъи партовгоҳҳо, корҳои ободонӣ бохабар шуда, пас ба идора меоям. Баъди боду борон ҳатман ҳар гӯшаи шаҳрро мегардам, то бо чашми худ бинам, ки хисороте ба хоҷагии халқ нарасида бошад. Ҳар кӯчаву хиёбоне, ки сафолакпӯш мешавад, рафта сифати масолеҳи сохтмонӣ, дарахтони атроф, гулшинониву ҷараёни корро шахсан назорат мекунам.

- Яъне аз илм канор рафтед?

- Рисолаи номзадии банда марбут ба соҳаи хизматрасонӣ буд ва сарфарозам, ки пажӯҳишам имрӯз дар соҳа мавриди амал қарор гирифтааст. Роҳи илмро кӯтоҳ нахоҳам кард, яъне онро идома хоҳам дод.

Чун рисолати имрӯзаам масъулият талаб дорад, ҳоло пурра банди корҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсиам. Бо ҷиддияти том ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегирем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ҳам сари мавзўи арзанда истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ ибрози андеша намуда, дар назди мо супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Пешорӯи 30 – солагии Истиқлолият тасмим дорем намуди зоҳирии шаҳри Бӯстон ба бўстони воқеӣ табдил ёбад. То соли 2021 ният дорем, 167 иншоотро бо сифати баланд ба истифода диҳем. Аллакай 60 фоизи нақша ба анҷом расид. Бо баробари содир шудани Амри Президенти Тоҷикистон вобаста ба ин ҷашни миллӣ бо ҳамроҳии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмадсаид Шоҳиён, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ сардори Гурўҳи ҳукуматӣ  дар шаҳри Бӯстонанд, бо соҳибкорон вохӯрӣ доир намуда, зуд корро шурӯъ кардем.

- Воқеан, соҳибкорон дар пешрафту ободонии шаҳр чӣ саҳм доранд?

- Мо дастгирии арзандаи соҳибкорон ва шахсони саховатмандро дар ҷараёни корҳои сохтмону ободонӣ хуб эҳсос кардем. Чанде пеш соҳибкор Шодимурод Саидов корхонаи истеҳсолиеро бо номи «Суғд политекс» дар шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор дод, ки барои сокинон ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб муҳайё гардид. Ин соҳибкор дар шафати корхона як боғчаи таъмирталабро ҷавобгӯ ба шароити муосир, бо сифати олӣ барои 200 кӯдак таъмир намуд. Исроилхӯҷа Самандаров, соҳибкори ҷавон, корхонаи истеҳсолии «Анҳор»-ро мавриди истифода қарор дод, ки дар кушодашавиаш Ҷаноби Олӣ ширкат доштанд. «Анҳор» ягона ва аввалин корхонае дар ҷумҳурист, ки бо супориши Президенти кишвар дар баробари таъмини сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон, содироти ордро ба Афғонистон ба роҳ мондааст. Соҳибкор мунтазам ба мактаб - интернати кӯдакони ятими вилоят, ки дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ҷойгир аст ва њам ба 1400 нафар сокини ниёзманди шаҳр пайваста ёрии моддї мерасонад. Роҳбари корхонаи коркарди санг – «Элигант» соҳибкор Абдулаҳад
Муъминов ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатї тасмим дорад, маҷмаи варзишии замонавӣ бисозад. Чанде қабл бо иқдоми ду соҳибкор дар шаҳри Бӯстон корхонаи саноатии «Тоҷфилиз» ба истифода дода шуд, ки он ҷо 200 номгӯй маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол мешавад. «Тоҷфилиз» ба 7 миллион ва корхонаи истеҳсоли қоғазҳои гуногун ва дастмолҳои тару хушк – «Дурахшон» наздик ба 3 миллион  сомонї таҷҳизот ворид карданд. Бо кушода шудани ин ду корхона дар шаҳри Бӯстон 150 ҷои кории нав муҳайё шуд. Соҳибкор Абдувосит Очилов  корхонаи саноатии истеҳсоли лўлаҳои асбестиро мавриди амал қарор дод ва тасмим дорад корхонаи шифербарориро низ мавриди истифода қарор диҳад.

Ҳамаи ин корхонаву коргоҳҳоеро, ки зикрашон рафт, тоза ба кор шурўъ карданд. Ба ғайр аз ин дар шаҳри Бӯстон 26 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият мекунад.

- Шаҳри Бӯстон аз дотатсия баҳрманд ҳаст?

- Не, баръакс, дар баробари таъмини буҷети шаҳр, мо буҷети вилояту ҷумҳуриро низ ғанӣ месозем.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаву саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба се ҳадафи стратегии худ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ғизоӣ расидем. Ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат аст, ки дар зимн имтиёзу дастгириҳои зиёде ба соҳибкорон дода шуданд. Рӯзе нест, ки як ё ду нафар барои таъсиси корхона ё коргоҳе бо ариза ба МИҲД шаҳри Бӯстон муроҷиат накунад. Имтиёзҳои соҳаи истеҳсолот ҳамаро ба худ ҷалб месозанд.Тоҷироне, ки бо хариду фурӯш машғул буданд, имрӯз барои ташкили корхонаҳои саноатӣ кўшиш доранд.

Соҳибкоре, ки маблағ дорад, корхона сохтаниву мардумро бо кор таъмин карданист, марҳамат! Ду соҳибкори шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан мехоҳад дар шаҳри Бӯстон корхонаи саноатӣ бунёд созад, ҳамчун раиси шаҳр онҳоро бовар кунондам, ки барои иқдомашон Бӯстон беҳтарин макон аст.

- Бонувон ҳам мехоҳанд корхонаҳои шахсӣ таъсис диҳанд?

- Бонувон ҳавасманданд бештар боғчаҳои кӯдакона созанд. Занон ҳоло меҳмонхонаву тарабхонаҳои замонавӣ бунёд мекунанд. Соҳиби сехҳои калони дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн, бунгоҳҳои тиббӣ аслан занонанд.

Мо барои бонувон ҷойҳои фаровони корӣ созмон додаем, аммо боз ҳам норасоии ҷойҳои корӣ барои кадрҳои баландихтисос эҳсос мешавад. Дар макотиби таҳсилоташон бо забони русӣ омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд. Умед дорем, ки бо эълон шудани 20-солаи фанҳои дақиқ аз ҷониби Пешвои муаззами мо ин камбуд бартараф хоҳад шуд.

- Масъулияту вазифаи Шуморо шавҳаратон чӣ гуна қабул кард?

- Шавҳарам номзади илмҳои педагогианд. Мо дар донишгоҳ бо ҳам фаъолият доштем. Чор духтар дорем, ки ду нафарро ба шавҳар додем. Он кас ҳамеша таъкид мекунанд, ки ту ҳаққи хаста шудан надорӣ. Аз замони таъйинам ба ин вазифа фурсати иштирок дар тӯю маъракаҳоро камтар доштам. Худро пурра ба кор бахшидаам. Субҳ барои кӯдаконам субҳона омода месозам. Давоми рӯз ду кӯдаки ман зери назари модаркалони 85 - солаашон. Рӯзи якшанбе ҳатман барои онҳо хӯрокҳои болаззат мепазам. Шириниҳо пухта барои давоми ҳафта захира мекунам. Субҳи рӯзи истироҳат ҳамроҳи шавҳарам аввал шаҳрро аз назар мегузаронам. Мехоҳам шавҳарам бинанд, донанд, ки ман бо чӣ кор машғулам. Бегоҳї пиёда шаҳрро мегардем.

Воқеан, кори кормандони хизмати коммуналӣ дар шаҳри Бӯстон боиси таҳсин аст. Онҳо рӯзи истироҳат надоранд. Дар кӯча рӯбандаҳо ё кормандони соҳаи коммуналиро бинам, ҳатман миннатдории худро баён месозам, мегӯям: «Дастони шумо дард накунад, ободии шаҳр аз шумост!». Дар идҳои касбии кормандони соҳаи барқ, хизмати коммуналӣ, сохтмон ҳатман ба табрикашон меравам. Бо даст додани имкон беморону маъюбонро аёдат мекунам.

- Идеали Шумо дар сиёсат кист? Дарси сиёсӣ ҳам аз собиқадорон мегиред?

- Дармонда, ки шудам, ҳатман ба занони сиёсатмадор, роҳбарони собиқадор занг мезанам, наздашон меравам. Биҳоҷал Раҳимова, Мавҷуда Бобоева, Шуҷоат Ҳасанова, Гулафзо Савриддинова, Бибихон Азизова (рӯҳашон шод бод!) устодони мананд. Барои такмили худ китобҳои марбут ба сиёсату роҳбарӣ мутолиа мекунам. Лаҳзае вақт ёфтам, донишамро сайқал медиҳам. Зеро таъкиди Сарвари давлат: «Мо бояд хидматгори мардум бошем», - шиори њамешагии ман аст.

- Ва Шумо, воқеан, эҳсос мекунед, ки «хидматгори халқ» ҳастед?

- Кӯшиш мекунам, ки масъулиятшинос бошам. Аз рўи имкон ҳамарӯза корафтодагонро қабул ва дарди дилашонро гӯш мекунам. Рӯзҳои аввал ба Назира Ғаффорӣ мегуфтам, ки бисёр душвор будааст. Муаллима мегуфтанд, ки душвор нагӯед, имрӯз, ки ба мо бовар кардаанд, бояд хизмат кунем. Вақти таъйин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Шумо барои хизмат кардан ба назди халқ меравед!». Ҳар бегоҳ ба худ ин суолро медиҳам, ки ҷое аз ин бовариву эътимод берун нарафтаам?

- Кор дар самти омода кардани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби духтарон чӣ гуна аст?

- Мо ба ин масъала диққати махсус медиҳем. Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ давраи омӯзишии «Зан-сарвар»-ро ба роҳ мондаем. Ба духтарони фаъол бонувони сиёсатмадору иқтисоддонҳои касбӣ дарс мегӯянд. Дар МИҲД шаҳри Бӯстон 8 нафар зани роҳбар фаъолият дорад. Занон дар вазифа нисбатан бештар масъулият эҳсос мекунанд.

Ҷавобгӯ ба талаботи замон ва бо супориши Роҳбари давлат ҷавонон бояд на камтар аз се забонро балад бошанд. Мо марказҳои забономӯзии ройгонро зиёд кардем. Забонҳои русӣ, англисӣ ва дар назди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургӣ маркази омӯзиши забони чиниро созмон додем. Бонуе маркази омӯзишии «Гурдофарид»-ро таъсис додааст, ки он ҳам пурра ройгон ба хоҳишмандон забонҳои хориҷӣ меомӯзад.

Дар Маркази таҳсилоти иловагӣ мо омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ - муҳрабофӣ, қуроқдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, ҷуробу кокулбофиҳои бадахширо ба роҳ мондем. Давраҳои омӯзишии созҳои мусиқии миллӣ ва сохтани асбобҳои мардумиро барои ҷавонон созмон додем. Наврасону ҷавонон бояд вақту соати бекор надошта бошанд, зеро бе кор, ки монданд, даст ба амалҳои ғайр заданашон мумкин аст.

Дар шаҳри Бӯстон шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ба қайд гирифта нашудааст. Як нафар ҷавон дар Арабистони Саудӣ тадрис дорад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ барои овардани ӯ бо волидонаш рафта истодаанд.

- Солҳои баъд худро дар куҷо мебинед?

-   Ҳамчун омӯзгор бо сари баланд ба нафақа рафтанро орзу мекардам. Дар фикрам ҳам набуд, ки рӯзе ман сиё- сатмадор мешавам. Ба оянда некбинам.

- Дар сиёсат ба зани роҳбар гузашт пешбинӣ шудааст?

-  Талабот ба марду зан як хел аст.

- Ба занони ҷумҳурӣ чӣ таманно доред?

-   Аввал саломативу хонаи обод. Дар кадом самте, ки фаъолият накунанд, бо дасту дили гарм кор кунанд. Сар- вари давлат вақти таъйин ба вазифаҳо махсус таъкид меку- нанд: «Мансабро ман медиҳам, аммо обрӯву эътиборро ман дода наметавонам. Баҳои кори Шуморо танҳо халқ медиҳад!». Воқеан, дарёфти боварии халқ душвор, аммо имконпазир аст.

Гулноза БОБОМУРОДОВА,

Душанбе - Хуҷанд – Бӯстон - Душанбе

                

:.  Мусоҳиба 24.01.2020 14:56 1654

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz