20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Кори мардона?

     Барои ин сӯҳбат соате беш дар ихтиёр надоштем.  Мусоҳибам  45 дақиқаи ҳамин як соатро низ қурбони вазифаҳои хизматиаш (ҷавоб ба зангҳои пайвастаи телефонӣ, қабулу гусели меҳмонҳо) кард.

     Танҳо 15 дақиқа...

     Ӯ дар Тоҷикистон ягона зан дар мақомаш аст. Фарқкунанда аз ҳамтоёни дигараш дар ҳамин вазифа. Ҳамтоёнаш аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон дар хусусаш шунидаву дар ҳайрат уфтода буданд. «Чунин як вазифаи пурмасъул, бар дӯши як бону? Аҳсан ба  ҷасорату тавоноӣ!», яке чунин мегуфту дигарӣ ба муваффақ шудани як бону дар ин сатҳ бовар надошт...

     Барои расидан ба имрӯз чи роҳҳоро паймудаед?

     - Роҳҳои мушкилу осони зиёдеро паймудаам, то ба имрӯз бирасам. Баъди хатми Донишгоҳ 15 сол ба ҳайси омӯзгор дар макгаби миёнаи раками 14-и ноҳияи Қайроқкум фаъолият доштам. Яъне, то омадан ба ҳукумати ноҳияи Қайроқкум ман омӯзгори оддӣ будам.    

     Ворид шудан аз муҳити омӯзгорӣ ба муҳити роҳбарӣ хуб аст ё бад?

     -   Саволи аҷиб! Намедонам барои дигарон чӣ гуна, аммо барои ман ин хуб аст. Ман ҳанӯз замони омӯзгор буданам бо фаъолияти кормандони ҳукумат ошноӣ пайдо карда будам. Вакте роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум таъин шудам, аз масъулияти баланди вазифа огаҳӣ доштам. Ба ғайр аз ин ман хатмкардаи мактаби захиравии кадрҳои вилоят будам. Он ҷо устодони таҷрибадор мо занҳоро дарси роҳбарӣ меомӯхтаанд. Имрӯз назарияҳои замоне омӯхтаамро дар амал татбиқ карда истодаам.    

     Роҳбари Дастгоҳ будан чӣ масъулият дорад?

     - Масъулияташ хеле зиёд аст. Масъалаҳои молиявии ҳукумат, интизоми меҳнат, гузаронидаи маҷлисҳои машваратии раиси шаҳр, гузаронидани иҷлосияҳо, омода намудани нақшачорабиниҳо, баррасии мактубҳои воридотӣ ва... ҳамаи ин вазифаи бевоситаи роҳбари дастгоҳ аст.    

     Шумо дар ҷумҳурӣ ягона зан дар ин вазифа ҳастед.  Ягона будан  чӣ эҳсосе дорад?

     -  Ман дар ин вазифа ягона ҳастам, аммо дар кулл дар қатори занҳои фаъол худро ягона эҳсос намекунам. Имрӯз дар Тоҷикистон мисли ман занҳое, ки бори гарони вазифа мекашанд, кам нестанд. Ман худро ҳатто лаҳзае зани хонашин тасаввур карда наметавонам. Корҳои ташкилиро дӯст медорам. Фикр мекунам ташкилотчии хуб ҳам ҳастам (механдад). Ин яке аз хусусиятҳои муҳими роҳбарӣ ва гарави муваффақият дар тамоми соҳаҳост. Вазифаро ба ман бовар кардаанд, мекӯшам лоиқ бошам.    

     Қобилияти  ташкилотчигиро дар худ аз кай эҳсос кардед?

     -  Модарам мегӯяд, ки ҳанӯз аз кӯдакӣ бо ҳамин хусусият аз ҳамсолонам фарқ мекардаам. Баъдтар вақти дар мактаби миёна  таҳсил кардан устодон ҳамин хислатро дар ман дида ва эҳсос карда буданд, ки ҳамеша дар чорабиниҳои мактабӣ масъулияти асосиро ба зиммаи ман мегузоштанд.    

     Вазъи занҳо дар ноҳияи Қайроққум чӣ гуна аст?

     - Қайроққум шаҳри саноатӣ аст, ки боиси ифтихори мо сокинонаш аст. Занҳои мо бо ҷойи кор таъминанд. Корхонаҳои «Қолинҳои Қайроққум», «Бародарони саховатманд», «Апрелевка», корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой ва корхонаҳои хурду бузурги дигар дар ноҳия зиёд ҳастанд, ки дар баробари мардҳо, занҳоро низ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаанд. Асосан занҳоро дар соҳаи саноати сабук, соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф зиёд дидан мумкин аст. Ба ғайр аз ин қисмати зиёди хизматчиёни давлатиро низ дар мақомоти иҷроияи шаҳри Қайроққум занҳо ташкил медиҳанд. Мо занони роҳбар зиёд зиёд дорем. Ман дар давоми се соли фаъолият дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр будан, боре бо масъалаи ҳалношуданӣ, ё мушкили ҷиддие, ки занҳоро ба ташвиш оварда бошад, рӯ ба рӯ нашудаам.    

     Дар масъалаи роҳбар будани зан чӣ назар доред? 

     - Пешравии кор аз ҷинсият вобастагӣ надорад. Роҳбар зан аст, мард аст бояд аз ӯҳдаи вазифаи бар зиммааш вогузоршуда барояд. Ман тарафдори бо озмун ва тарзи шаффоф сари кор омадани роҳбарҳастам.

Гулноза БОБОМУРОДОВА

Душанбе-Қайроққум-Душанбе

Ду нигоҳ

НЕ!
Мансур Гулаҳмадшоев, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ, ВМБК:
     - Ростӣ, бори аввал аз забони Шумо фаҳмидам, ки ман дар вилояти Суғд ҳамингуна як ҳамтое аз ҷинси латиф доштаам. Боварам намеояд. Вазифаи мо на соати кори муаӣян дораду на рӯзи кори муайян. Рӯзҳое мешаванд, ки моро лозим меояд, то бе истироҳат 16-18 соат дар кор бошем. Бо таҷрибаи 20 солаи корие, ки ман дар ҳукумат дораму чаҳор соли он ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр сипарӣ гаштааст, бори масъулияти роҳбари дастғоҳи раиси шаҳрро бардоштани як бону бароям қаҳрамонӣ менамояд. Аҳсан! Офарин, бар зане, ки ҳамқадами мардон аст. Агар имконе фароҳам меомаду мо роҳбарони дастгоҳи раисони дигар шаҳру ноҳияҳо омада аз фаъолияти ин бону дидан мекардем, шояд бар манфиати кор мебуд.

 

БАЛЕ! 
Сафарбек Шарифов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қурғонтеппа, вилояти Хатлон:
     - Ба андешаи ман ба вазифаи роҳбари дастгоҳ бештар мардон бояд таъин шаванд. Онҳо дар ин вазифа муваффақ буда метавонанд. Зеро вазифа ӯҳдадориҳои  зиёдеро  бар зиммаи  соҳибвазифа  мегузорад.   Баъзан ҳафтаҳо ба хона намеоӣ.  Бо одамони гуногун сару  кор  кардаву  забон  бояд  биёбӣ.  Асаби  мустаҳкам  ва  иродаи мардона лозим аст. Агар бону Биволида Самадова тавониста бошад, ки ҳамчун як зан оиларо бо ин вазифаи пурмасъул тавъам бисозад, пас ин амали ӯ воқеан боиси таҳсину ифтихор аст.Муваффақ бошад!

 

 

:.  Мусоҳиба 23.04.2010 06:38 4323

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz