20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Вакили хомӯш намешавам

яке аз чунин чеҳраҳои шинохта чӣ дар сиёсат ва чӣ дар роҳбарӣ, марҳабо Ҷабборова вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи исмоили сомонии ШАҲРИ ДУШАНБЕ МЕБОШАД. БаЪДИ ДАРЁФТИ ғолибият миёни рақибони зиёд, сӮҳбате доштем бо  Ӯ.

 
Фаъолият
•  ДОКТОРИ ИЛМИ ФИЛОЛОГИЯ, ПРОФЕССОР, АКАДЕМИКИ ШӮЪБАИ ТОҶИКИСТОНИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ, МУАЛЛИФИ ЗИЁДА АЗ 100 МОНОГРАФИЯ ВА мақолаҳои  ИЛМӢ, КИ ДАР ТОҶИКИСТОН , РУСИЯ, ҚАЗОҚИСТОН  ВА УКРАИНА НАШР ГАРДИДААНД;
•  узви кумитаи иҷроияи шаҳри душанбегии ҳхдт, узви раёсати ҳАракати ваҳдати миллӢ ва эҳёи тоҷикистон, узви ШӮрои ҳамоҳангС ози  Кумитаи   кор   бо  занон  ва   оилаи   назДИ   Ҳукумати   Ҷумҳурии   ТОҶИКИСТОН,  узви   Раёсати   ҷамъияти  ДӮСТӢ ВА РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОН БО МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ;
•  А3 СОЛИ 2005 ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БУДА, РАИСИИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ ОИД БА РИОЯИ  ДАСТУРИ  МАҶЛИСИ   ВАКИЛОНИ   ХАЛҚРО   БА  ӮҲДА ДОШТ;
•  соҳиби «Ордени Шараф дараҷаи I», УНВОНИ фахрии «АЪЛОЧИИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН», Ифтихорномаҳои ВАЗОРАТҲОИ ФАРҲАНГ ВА МАОРИФИ ҶУМҲУРӢ;
•ҶОНИШИНИ РАИСИ  ШӮРОИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ  ТАҲСИЛОТИ ҶУМҲУРӢ.

 

    - БОНУ  МАРҲАБО,  ПИРӮЗӢ МУБОРАК!   

- Ташаккур.   

- Шумо  зодаи хонадоне ҳастед, ки аз авлоди пазируфтагону олимон сарчашма мегирад. модари соҳибноматон омӯзгори қаҳрамон асту  падари   шодравонатон   журналист,   оё метавон гуфт,  ки  асолати  аҷдодӣ дар ташаккули шахсият ва фаъолияти  инсон  мавқеи  муҳим дорад?

-Бешак. Ман ҳанӯз зимни мактабхонӣ атрофи номи баланди тағои алифбонависам Ҳилол Карим, модари муаллимаву қаҳрамони меҳнатам (Ҳабибахон Каримова), ки пандомӯзи ҳамагон буда, ба ин касб ҳанӯз аз 13-солагӣ икдом кардааст ва падари қаламкашам (Тӯхтасун Ҷабборӣ), ки то нимашабҳо чун сармуҳаррир аз рӯзномаи ба чоп нимтайёр сар намебардошт ва дигар хешону хоҳарону бародаронам, ки ҳамагӣ бори маърифат мекашиданд, наметавонистам андеша накунам. Ман бояд номбардори авлоде мешудам, ки соҳибэҳтирому саршинос буданд. Чун пешиниён бо хулқу атвор ва донишу заковатам бояд меросбари эшон мешудам.

Инак, шукр мегӯям, ки ба ин мартабаи баланд расидам ва ирсиятро дар ин ҳама нодида наметавон гирифт.

-   Шумо бону,  ҳамсар,  роҳбар ва модар ҳастед.  андешаатон нисбати ин ҳар чаҳор «ПЕША»?   

- Ҳамчун зан раҳмдилиро барои бонувон як хислати ҳатмӣ меҳисобам. Бону бояд ботин ва зоҳири зебову пок дошта бошад. Ҳамсари хушбахту соҳибифтихоре ҳастам, ки тӯли 30-сол, паҳлӯям инсони шарифу поктинат ва донишманду якрӯяву якмаром, ки дар зинаҳои баландтарини давлатӣ хизмат намудаву одамияташро ҳифз карда, мебошад.     

Шавҳарам Шавкатҷон (Исмоилов Шавкат Маҳмудович – собиқ Вазири адлия, собиқ раиси кумитаи МН МОҶТ ва аӣни ҳол мудири кафедраи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ) бахти Худодод меҳисобам.

Тӯли 7 сол бори роҳбариро (ректори Донишгоҳи забонҳо) кашидаам, ки сифотамро метавонанд онҳое намоянд, ки ҳамкорам буданд. Ва бешубҳа, хушбахттарин модаре ҳастам, ки се фарзанди солеҳ - Ашраф, Шаҳноз ва Сарварро тарбия кардаву се набера - Амира, Суруш ва Фариштаро чун бибӣ парастор мебошам Ду фарзанди дигаре баъдан дар симои келинам Ситора ва домодам Дилшод ёфтаам, ки маҳз туфайли эшон лаззати ширинтарин меваи боғи умри инсон - набераро чашидаам.

Дар андешаам, ки ин ҳар чаҳор рисолат он қадар  тавъаманд, ки якеро бе дигаре тасаввур наметавонам кард.

Аслан  модарӣ рисолатест, ки барои иҷрои он на нақша ҳасту на вақту соати муайян он ҳамешагист. Ҳамсари хуб будан ҳунар, роҳбарӣ, малака ва бону  будан шараф аст.   

- ЯЪНЕ ДАР МАҶМӮЪ ЯК ИНСОНИ ХУШБАХТ?   

- Бале.

- ЯК ДАЪВАТ ВАКИЛИ ШАҲРӢ БУДЕД, БА СИЁСАТМАДОРИИ ХЕШ ЧӢ ГУНА БАҲО МЕДИҲЕД?

- Вакили хомӯш набудам. Сиёсатмадор бояд нахуст дар андешаи манфиати мардум бошад.   

- МАРДУМРО ТО  КАДОМ АНДОЗА МЕШИНОСЕД?

- Ростӣ, то замони номзадӣ ба вакилии Парлумон шояд камтар. Зеро фаъолияти ман бештар ба Донишкада ва чун депутати шаҳрӣ ба як қишри камтари ҷомеа равона буд. Зимни зиёда аз 200 вохӯриву дидорбинӣ бо интихобкунандагон ва гӯш кардани дарди дили онҳо дарёфтам, ки миёни мардум будан чизи дигар буда аст. Онҳоро гӯш кардану ба мушкилашон расидагӣ карданро дар оянда пеши худ сахт мақсад гузоштаам.

- Чун   дигар   вакилон   баъди   ба   курсӢ   нишас тан   ваъдаҳо   фаромӮш   намешавад?   

-  Иншооллоҳ не. Муҳимаш он аст, ки боварии бонувон - интихобкунандагонро, ки таъкидам мекарданд, вакили «безабон» нашавам,  сазовор бигардам.

Ташаккур!  

Сӯҳбатнигор

Ҳуриннисо АЛИЗОДА

 

:.  Мусоҳиба 21.04.2010 09:26 3041

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz