19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Қонуни хосе барои занҳо надорем

 

Хонуми вазир, муваффаќияти худро дар ин зинаи болои сиёсї аз чї мебинед?

- Дар муњите, ки ман бузург шудам, њама њуќуќњои баробар доштанд. Њатто дар хонадони мо тавозуни миёни љинсњо баръало эњсос мегашт. Касе то њол ба ман нагуфтааст, ки ту зан њастї ва аз ин рў ба фалон кор ё амал њаќ надорї. Њељ гоњ мушкилоте амсоли нобаробарии гендерї маро дунболагир набуд ва ин боиси пешравии ман гашт. Ман муваффаќиятамро аз ин медонам. Ва худамро аз хушбахтњо мењисобам. На ба њама бонувон даст медињад, ки мисли ман озод бошанд, ба имрўзи ман бирасанд.

Чї зарурате буд, таъсиси вазорати хосе барои занон дар чунин кишвари пешрафта?

Соли 1993 давлати мо ќароре ќабул кард, ки мувофиќи он вазорате, барои дастгирии занњо ва расидагї намудан ба мушкилоти онњо рўи кор ояд. Ин он вазорате буд, ки њоло роњбариаш бар зиммаи ман аст. Занњо дар Туркия бо ташкили ин вазорат ба муваффаќиятњои бештаре ноил гаштанд. Гарчанде дар сиёсат ман наметавонам аз муваффаќияти онњо ифтихор намоям, вале дар мудирият ва соњоти иљтимоъ ва иќтисод хеле муваффаќанд. Дар бисёр њолат, рушди кишвар аз рушди занон вобастагї дорад. Дар кишвари мо масоили зиёдеро ин вазорат метавонад њал созад. Ва муваффаќ будани кишвар њанўз нишони он нест, ки занон дигар ба дастгирињои хоса ниёз надоранд. Занњои Туркия бештар дар риштаи омўзиш ва илм муваффаќанд ва ифтихорамон низ аз ин аст. Теъдоди занњои мо, ки дар донишгоњњо тањсил менамоянд, аз теъдоди занњои тањсилкунанда дар кишвари инглистон њам зиёдтаранд, яъне мо дар ин самт пешрафтем. Ва њамчунин занњои мо дар мудирияти озод пешрафтаанд. Аммо дар сиёсат ин шавќмандиро камтар мебинем.

Яъне, бароятон иштироки занон дар њаёти сиёсї ќонеъкунанда нест?

- Иштироки занон дар риштаи сиёсат нисбатан камтар ба назар мерасад. Ин нишондод на аз он хотир аст, ки давлат зидди фаъолияти сиёсии занњост, балки занњо худашон намехоњанд, ки фаъолияти сиёсї дошта бошанд. Дар парлумон бошад, аксари намояндагони аз њисоби њизб интихобшударо занњо ташкил медињанд, аммо ин боз њам кам аст. Шояд ягон дањ фоиз ширкати занонро дар сиёсат метавон ном бурд. Иллаташ он аст, ки аксари занон ба худ камтар боварї доранд. Давлат занонро сахт пуштибонї мекунад. Аз лињози моддї мушкил надоранд, вале…

Масоили ќонунгузории вобаста ба занњо дар кадом сатњ аст?

- Ќонуни махсусе барои занњо надорем, зеро масоили ќонунии вобаста ба занњо дар тамоми ќонунњои дигар арзанда баррасї шудааст, њатто дар Сарќонун низ моддаи алоњидае дорем, ки тавозуни њуќуќњои зану мардро пуштибонї мекунад. Дар маљмўъ 30 дарсади намояндагони њизби моро занон ташкил медињанд. Ваќте дар мо нафаре аз хонумон лоињаи ќонунеро пешнињод менамояд, новобаста аз он ки ў намояндаи кадом њизбу созмон аст, ин амалаш бо хушнудї пазируфта мешавад. Лоињаи ягон ќонун беасос, ё ба хотири чизеву касе бозпас намегардад. Агар як нафар аз намояндагони зинаи болоии парлумон лоињаеро беасос бигардонад, ин амали ў дар ВАО инъикос мегардад ва хавфи бадномшавии ин нафар вуљуд дорад, ки ин албатта бар манфиати намояндаи парлумон нест.

Махсусиятњои зани Туркияро назди љомеаи љањонї муаррификунанда?

- Бо он ки духтарони Туркия дар роњи омўзиш ва илм озоданд, байни духтарон ва писарон дар ин роњ фарќ гузошта намешавад, љомеаи љањонї моро хуб ќабул кардааст.

Мушкилоте, ки хонуми вазир бо он тез-тез рў ба рў мешаванд кадом аст?

- Аз он хотир, ки ман намояндаи њизбе њастам, ки сари њокимият аст ва ин њизб маро њамаљониба дастгирї мекунад, то њол њељ мушкили љиддие њини адои вазифа надоштам.

Вазъи нашрияњои занона дар Туркия чї гуна аст?

- Теъдоди нашриёти хоси занон дар Туркия хеле зиёд,зиёда аз 200 номгўй аст. Ман наметавонам њамаи онњоро дар алоњидагї ёдовар шавам. Вале куллан онњо дар фаъолият озоданд ва давлат барояшон шароити хуб фароњам овардааст.

Њуриннисо АЛИЗОДА

Душанбе-Анќара-Душанбе

:.  Мусоҳиба 21.01.2010 05:36 3243

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz