Сухане чанд перомуни ҳунаре, ки дар феҳристи ҳунарҳои мардумӣ мақом наёфтааст.
Дар намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ӯро дар растаҳои ҳунармандон метавон дид, ки бо дастранҷҳои ғайриодияш диққати ҳозиронро ҷалб месозад. Духтараки қадрасу кушодачеҳра, бо симои тоҷиконаву либоси миллӣ ба бар, бо табассуми нарм ба суолҳои тамошогарон посух мегӯяд. Ин духтарак Моҳитобон Муқимова аст, ки ба пешаи собунпазӣ шуғл меварзад. Агарчи хонандаи синфи 10 – уми МТУ № 77 шаҳри Душанбе аст, аз падар нозукиҳои касби собунпазиро омӯхтаву шогирду ёвари беҳамтое гаштааст.
- Тарзи собунпазиро ба зудӣ аз худ намуд. Зеҳни хуб ҳам дорад. Дар банду баст ва ороиши собунҳо Моҳитобон саҳм гирифтааст. Афзудани харидорони маҳсулоти мо аз завқи баланди зебоипарастии Моҳитобон дарак медиҳад. Ӯ муқаддам дар часпу талош аст, то маҳсулоти мо бо идеяҳои ҷолиб ва диди нав банду баст гарданд, - мегӯяд падараш Маҳмуд Муқимов.
Дар гӯшаи ҳавлии ин хонаводаи ҳунарманд ҳуҷрачаи алоҳидае ҷойгир аст, ки осорхонаи мардумиро мемонад. Зебову миллӣ ороиш ёфтаасту тоқчаву рафакҳои он мунаққаш бо мусаввараҳост. Равғанҳои гуногун, гиёҳҳои хушккардашудаи ватаниву хориҷӣ, тухмиҳои сабзавот ва ғайра аз назар ниҳон намемонанд. Дар ин толори пешаварӣ қисмати дувуми кор - оро додан ва ба қуттиҳо ҷой додани собунҳо сурат мегирад.
- Собунҳои дастпаз ду намуданд. Оне, ки аз аввал то ба охир пухта ва омода мешавад, навъи якум аст. Дар навъи дувуми он собуни муқаррариро майда карда, аз нав мепазанду дар қолибҳои шаклан гуногун мерезанд, ба мисли гул, дил ва амсоли инҳо. Собунҳои мо намуди аввалӣ аст, ки аз равғанҳои гуногуни табиӣ омода мешаванд, - иброз медорад Маҳмуд Муқимов.
Собунҳои муқаррариро бо 4–5 сомонӣ метавон аз фурӯшгоҳҳо дастрас кард, аммо баҳои собунҳои хонагӣ нисбатан гарон аст.
- Дуруст аст, ки дар мағозаҳо арзиши собунҳои одӣ дар муқоиса бо собунҳои мо, ки 20 сомонӣ арзиш доранд, нисбатан арзон аст. Барои пухтани собун мо дар таркиби онҳо аз 7–8 намуд равған истифода мебарем, аз қабили равғани бодом, офтобпараст, норҷил (кокос), кунҷид, эфир, шираи гармдору (имбир), бобуна ва монанди инҳо. Масалан, 100 грамм равғани зайтунро бо арзиши 8 сомонӣ мехарем. Исбот шудааст, ки дар таркиби собунҳои бозорӣ маводи синтетикӣ бештар аст, аз ин рӯ, арзиши онҳо нисбатан арзон аст, - шарҳ дод устои собунсоз.
- Дар маъракаву чорабиниҳои гуногунсатҳ пайваста ширкат менамоем ва дастранҷҳои худро ба намоиш мегузорем. Тамошогарон саволборон мекунанд, қадри тавон посух медиҳам. Баъзеҳо кинояомез мегӯянд: «Истеҳсоли Тоҷикистон, на, намешавад». Зиёд аламовар аст, ки ба истеҳсоли ватанӣ ҳамватанон бо нобоварӣ менигаранд. Як қисми мардум аз нархи гарони маҳсулот шиква менамоянд. Аксари хориҷиён аз заҳмати дастӣ бохабаранд ва ба таври табиӣ омода намудани маҳсулотро авло медонанд. Дар борпечи собунҳо оид ба таркиби он маълумот бо забони англисӣ низ оварда шудааст. 100 грамми чунин навъи собунҳо дар хориҷи кишвар то 60 сомонӣ арзиш доранд, - арз дошт Моҳитобон.
Собунпазӣ кори заҳматталаб аст. Ба фаҳми пешаварони ин хонавода барои пухтани 40 адад собун на камтар аз 8 соат вақт масраф мегардад.
- Дар дег равғанҳоро андохта, болои оташ мегузорему чанд муддат нигоҳ медорем. Падарам, ки дар ин кор ботаҷриба аст, пухта шудани собунро аз чашидани он мефаҳманд. Баъдан, ману модарам қолибҳоро омода намуда, ҳамроҳ маҳлули собунро ба он мерезем. Рӯзи дигар собунҳоро ба шакли чоркунҷа қисмат мекунем. Сипас, 3 рӯзи дигар онҳоро дар ҷои хушк нигоҳ медорем. Ниҳоят ба банду баст ва борпеч намудан даст мезанем.
Моҳитобон мегӯяд, ки онҳо аксаран сарфи назар аз заҳмат баҳри ҷалби ҳар чи бештари муштариён собунҳоро туҳфа мекунем. Ба умеде, ки аз сифати хуби он огаҳӣ ёбанду минбаъд дар сафи муштариёни доимии мо рост шаванд.
- Чор-панҷ сол пеш қариб, ки харидоре надоштем. Дар 3–4 моҳ танҳо 1 адад собун мефурӯхтем. Бо эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки иқдоми наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳунармандони кишвар аст, тариқи иштирок дар намоишҳои ҳунармандон маҳсули дасти хешро тавонистем муаррифӣ намоем.
Аввалин харидорони маҳсулоти онҳо наздикону пайвандон буданд. Алҳол, як қисм иштирокчиёни намоишгоҳҳо муштарии доимии онҳо гаштаанд, ки аксар бонувонанд. Собунҳои хушбӯйи онҳо ба нарехтани мӯй, нарм ва нест кардани доғу доначаҳои рӯй ва ғайра мусоидат менамоянд. Алҳол, Моҳитобон бо падар барои омода намудани ҳудуди 20 навъи собун дар такопӯй аст. Ҳар кадоме аз ин собунҳо, барои узвҳои гуногуни бадан бастагӣ доранд.
- Ҳар навъи собуне, ки мепазем, нахуст онро дар худ месанҷем, яъне тӯли 15 -20 рӯз рӯйи худро шуста, аз натиҷааш баҳравар мешавем, баъд аз он маҳсулотамонро ба фурӯш мебарорем, - зикр намуд Моҳитобон.
- Дар номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, ки адади онҳо 104 - то асту аз андозҳои давлатӣ озод карда шудаанд, мутаассифона, собунпазӣ қайд нашудааст. Агар ин ҳунар ба рӯйхати мазкур дохил мегардид, барои рушд ва васеъ ба роҳ мондани фаъолияти собунпазӣ аз бонк вом мегирифтам, -гуфт бо ҳасрат усто Маҳмуд.
Моҳитобон забонҳои хориҷиро балад буда, тасмим дорад, ки пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар факултаи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино идома бахшад.
- Орзу дорам, ки аз хусусиятҳои табобатии растаниҳои кишвари азизамон огаҳии бештаре пайдо намуда, барои бонувон аз онҳо дорувориҳои табиӣ омода намоям. Хоҳони онам, ки дар ин ҷода муваффақ гардам. Барои расидан ба муроди дил заҳмат кашиданро канор намегузорам,- афзуд ҳини хайрбод Моҳитобон.
Меҳрона