Ҷамъияти саҳомии «Ариана Метал Пласт» тибқи қарори қабулшуда дар ҷаласаи комиссияи Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба баррасии бизнес - нақшаҳои довталабон аз 27 декабри соли 2017 самти фаъолияти худро иваз намуда, ба корхонаи истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти металлопластикӣ табдил ёфт.
Муассисони корхона бародарон Алишер ва Мирзо Умаровҳо буда, роҳбарии корхона бар дӯши хоҳари калонии онҳо - Дилором Аҳроровна Умарова аст. Ҳаҷми умумии маблағгузории ҷамъият мувофиқи сармоягузории он 2 миллион доллари ИМА буда, арзиши ҳаҷми истеҳсолоти корхона 2,1 миллион доллари амрикоӣ дар як сол аст. Масоҳати умумии корхона 4 гектар, биноҳои истеҳсолӣ 6000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ашёи хом – полипропилен, ранг барои металлҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳо аз Россия, Эрон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дастрас мегарданд. Таҷҳизоти нави замонавӣ аз як ширкати бонуфузи Чин оварда шудаанд.
Маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба меъёрҳои стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ба ҷуз аз фурӯш дар бозори дохилӣ ба бозорҳои давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Афғонистон пешниҳод мегарданд. Ҳадафи аслии корхона истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда мебошад.
Алҳол дар корхона воситаҳои гуногуни нақлиёти бачагона – дучархаву сечархаҳо, фойтунча, пойгардак (ходунок), мошинча истеҳсол мешаванд. Дар нақша аст, ки ба истеҳсоли таҷҳизоти маишӣ: шамолдиҳак, мошини ҷомашӯӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо аз металл ва пластмасса шурӯъ намоянд.
Дар коргоҳ алҳол зиёда аз 80 нафар корманду мутахассисон фаъолият мебаранд, ки 70 дарсадашон бонувонанд.
Аз андоз ба саноат
Дилором Умарова соли 1986 пас аз хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияташро аз Иттиҳодияи истеҳсолии «Нонпаз»-и шаҳри Душанбе оғоз намуд. Сипас ба мақомоти андоз гузашт. Шурӯъ аз соли 1996 дар раёсати андози вилояти Суғд 23 сол фаъолият намуд. Аз байни бонувони мақомоти андоз нахустин нафарест, ки бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст. Соли 2015 аз кор рафт ва соли 2017, баъде ки бародарони соҳибкораш дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сохтмони корхонаи азимро оғоз бахшиданд, аз ӯ хоҳиш шуд, ки роҳбарии коргоҳро ба уҳда гирад. Ӯ ва бародаронаш ифтихор доранд, ки кори падари номварашон, истеҳсолотчии машҳури истаравшанӣ шодравон Аҳрор Умаровро, ки се даъват вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, идома медиҳанд.
Онҳо барои он бунёди корхонаро дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» интихоб карданд, ки барои сармоягузории соҳибкорон имтиёзҳои зиёдеро пешниҳод мекунанд. Корхонаҳои ин минтақа танҳо андозҳои иҷтимоӣ, музди кор ва ҳаққи хизмати гумрукро мепардозанду халос.
Сайре дар коргоҳ
Каме дуртар аз бинои маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ки дар шафати маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, корхонаи навсохти «Ариал Металл Пласт» бо шукӯҳу ҳашамати хос қомат афрохтааст, ки аз чандин биноҳои истеҳсолӣ иборат мебошад. Дилором Умароваро дар ҳуҷраи корияш дарёфтем. Пас аз лаҳзае пешниҳод кард, ки ҳамроҳ биноҳои коргоҳро бубинем.
Чанд тан ҷавонмард аз мошин симоҳанҳои андозаву қутрҳояшон гуногунро аз мошин мефуроварданд. Дар дастгоҳҳои оҳанбурӣ онҳоро мувофиқи андоза бурида, шакли қисмҳои дучарха ва ғайраро медоданд. Дар ин бахш, ки меҳнатталаб аст, ҳама мардон кор мекарданд. Вақте ки ба бахшҳои васлу пайвасткунӣ ворид шудем, аксар бонувонро машғули кор дидем. Онҳо бо истифодаи таҷҳизоти муосир кор мекарданд.
Дар бинои дигар ғурӯшаҳои пластмассиро об мекарданду дар қолибҳои махсус ба онҳо шаклу намудҳои олатҳо, ҷузъҳои маҳсулоти ояндаро медоданд. Дар коргоҳи рангубор ҳамаи ин ҷузъҳо рангҳои мувофиқ мегирифтанд. Ниҳоят, дар бинои дигар ин ҳама ҷузъҳоро ба ҳам пайваста, мошинчаю дучарха ва дигар маҳсулот омода мекарданд. Ин кори нисбатан сабукро коргарзанон иҷро менамуданд.
Арзи сипоси бонуи коргар
Аз фурсат истифода бурда, бо бону Муҳайё Исмоилова суҳбат оростем.
- Ман аз деҳаи Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам. Деҳаи мо дар наздикӣ воқеъ аст. Вақте ки намояндагони коргоҳ ба деҳа омада, дар бораи коргоҳ ва ояндаи он суҳбат карданд, дудила шудем. Онҳо гуфтанд, ки шуморо касб меомӯзонем, музди хуб ҳам медиҳем.
Гурӯҳе аз занону духтарони деҳотӣ омадему пушаймон нашудем. Корро зуд ёд гирифтем. Ҳоло ман саркор ҳастам. Ҳам кор мекунаму ҳам кори дигаронро назорат мебарам. Маошро сари вақт мегирем, мошини хизматӣ ба хона мебараду ба кор меорад.
Дар суҳбати раис
Дилором Умарова, ки ҳама ӯро бо эҳтиром «раис» мегӯянд, ҳангоми суҳбат изҳор дошт, ки пеш аз оғоз яке аз муҳимтарин масъалаҳо ба кор ҷалб кардани мутахассисон ва кормандони ҳирфаӣ буд, ки онро ҳал намуданд.
- Аз мутахассисони чинӣ, ки дастгоҳҳои корхонаро насб мекарданд, хоҳиш намудем, ки тарзи истифодаи онҳоро ба кормандони муҳандисию техникӣ омӯзанд. Тӯли се моҳ, хусусан, бонувон аз асрори ин касби нав огоҳ шуданд ва ҳоло бо маҳсулнокии баланд ва сифати хуби кор моро ба ҳайрат мегузоранд. Аз ҳама муҳимаш, аксари бонувон, ки модар ҳам ҳастанд, моли истеҳсолкардаи худро дар дасти бачагон дида, изҳори хушҳолӣ мекунанд. Чанд рӯз пеш дар яке аз хиёбонҳои Хуҷанд мардеро дидам, ки набераашро бо аробачаи сохти «Ариан Металл Пласт» сайр мекунонд. Ростӣ, дар чашмонам ашки шодӣ ҳалқа зад. Охир мо ҳам метавонем барои фарзандонамон маҳсулоти ватанӣ созем. Алҳол дар мағозаву бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар муштариён бо нархҳои нисбатан арзон метавонанд маҳсулоти корхонаи моро дастрас намоянд.
- Ин кор мисли заргарист. Тавре ки заргар аз маъданҳои гуногун маснуоти зебову дилрабо месозад, коргарони мо дар раванди истеҳсолот аз оҳану пластик масолеҳи зарурӣ меофаранд. Ҳоло барои рақобатпазирӣ дар бозор ҳамаи шароиту имкониятро дорем. Зеро дастгоҳу таҷҳизоти мо дар ин соҳа навтарин мебошанд, лекин ба хотирҷамъӣ роҳ намедиҳем. Аз ин рӯ, технологҳои коргоҳ доимо дар ҷустуҷӯ буда, моделҳои нави маҳсулотро коркард намуда, ба истеҳсолот пешкаш менамоянд.
Рӯзи 24-уми октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи корхонаи мо иштирок намуданд. Сарвари давлат иқдоми бародарони соҳибкорро дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, тақвияти имконияти содиротии кишвар, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ шумурда, дастур доданд, ки вақти тавлиди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба сифати он диққати асосӣ диҳем ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузорем. Танҳо дар ниҳоят маҳсулот метавонад дар бозори дохил ва хориҷ аз он мизоҷони бештар пайдо намоянд.
Алҳол дар корхона 8 хати истеҳсолӣ фаъол аст ва боз 2 хати дигарро низ ба истифода хоҳанд дод, ки ҳам номгӯйи маҳсулот меафзояду ҳам шумораи коргарон, аз ҷумла бонувон бештар мешаванд.
Ҷӯёи СУҒДӢ,
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»