Тадқиқотҳои марбут ба нақши бонувон дар рушди иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир таносуби занону духтарони коргар дар фаъолияти иқтисодӣ афзудааст ва ин аз ҳузури фаъоли онҳо дар арсаи иқтисодӣ шаҳодат медиҳад…
Занони меҳрубону шафиқ, донишманду закии тоҷик дар низоми бонкдории Тоҷикистон бо ҳузури худ ин соҳаро зебу зиннат мебахшанд.
Дар Аввалин бонки молиявии хурд бонувонеро мушоҳида мекунем, ки дар ҷодаи интихобкардаи хеш муваффақ буда, кору рафтори шоиста доранд. Роҳи зиндагии чунин занон барои бонувони кишвар ҳамеша намунаи ибрат аст.
Фирӯза Раҳимова, мутахассиси калони қарзҳои соҳибкории хурду миёна (СХМ)
Солҳост дар Аввалин бонки молиявии хурд кор мекунад. Ӯ соли 1981 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омада, мактаби миёнаро бо баҳои аъло ба итмом расондааст. Дар хурдсолӣ ба сурудхонӣ шавқу рағбати беандоза дошта, ҳанӯз аз синфи 1-ум дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб ҳунарнамоӣ намуда, дар муҳити онрӯза шуҳрат дошт. Ҳангоми таҳсил дар синфи 9-ум ду маротиба дар телевизион, дар озмуни «Хушдилон» ҷойи аввалро ишғол намуд.
Фирӯза бештар аз ҳама фанҳои забони англисӣ, химия ва математикаро дӯст дошта, дар олимпиадаҳои мактабӣ борҳо ғолиб баромадаст. Зиракии Фирӯзаро ба назар гирифта, модар ӯро ба соҳаи бонкдорӣ ҷалб намуд.
Соли 1998 ба факултаи аудит ва муҳосиботи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил гашт. Муҳити донишҷӯиро ба ёд оварда, бештар аз тарзи корбарии муаллимон Умеди Давлатзод, Тилло Гулов мисол меорад, ки аз онҳо назокатҳои ихтисосашро мукаммал омӯхтааст.
Фирӯза мегӯяд, ки барои инкишофи тафаккури инсон хондани китоб, аз ҷумла асарҳои бадеӣ нақши бузург мебозад. «Ростӣ, хондани китобҳои бадеиро аз хурдӣ дӯст медорам. Халқи тоҷик бузургони зиёдеро ба ҷаҳониён ҳадия кард, ки онҳо бо андешаҳои худ дар рушди тамаддуни ҷаҳон нақши арзанда доранд. Ман пайваста достонҳои ҷолиби «Шоҳнома»-ро мехонам. Эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Саъдии Шерозӣ ва аз шоирони муосир Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва асарҳои устод Садриддин Айниро меписандам», - иброз медорад ӯ.
Донишгоҳро хатм нокарда корро дар соҳаи бонкдорӣ шуруъ намуд. Ӯ он солҳоро ба ёд оварда чунин мегӯяд: «Он замон хеле ҷавон будаму мехостам зудтар ҳамаи корро аз худ созам. Дар омӯхтани кор мутахассисони собиқадор бароям хеле ёрӣ расонданд. Хусусан, мураббӣ Марям Ҷонбобоева басо меҳрубон буданд.
Фирӯза Раҳимова аз соли 2004 ба Аввалин бонки молиявии хурд омад, ҳамчун маъмури қарзӣ ва баъдан дар маркази хизматрасонии бонкии №36-и бозори «Корвон» ба ҳайси мутахассиси калони қарзӣ ба фаъолият пардохт. Ӯро ҳамчун мутахассиси таҷрибадор ҳама мешиносанд, ҳурмат мекунанд ва аз ӯ маслиҳат мегиранд.
Товус Наъматова, роҳбари маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Аввалин бонки молиявии хурд солҳои зиёд фаъолият дорад. Ӯ 27-уми майи соли 1971 дар ВМКБ, дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Падараш Назармамад Наъматов моҳи ноябри соли 1971 роҳбари колоннаи сайёри механикии байниноҳиявии (МПМК) №15 таъин гардида, ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (он замон Колхозобод) меояд ва Товус мактаби миёнаи №10-ро бо баҳои аъло ба итмом мерасонад. Ӯ даврони мактабиашро чунин ба ёд меорад: «Дар тарбия ва хондан барои мо падару модар талошҳои зиёд карда, ҳамаи шароитро муҳайё месохтанд. Ман дар мактаби русӣ мехондам. Зиёдтар аз ҳама, ба фанҳои математика, геометрия, физика ва химия рағбат доштам. Аз аввал мехостам, ки касби падарамро гирам, яъне муҳандис шавам». Аз ин рӯ, ба Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кард. Фаъолияти меҳнатиашро аз Ширкати алюминийи тоҷик, ҳамчун муҳандис-энергетик оғоз намуд ва се сол кор кард. Дар ин муддат ӯ факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Москваро низ бо сари баланд ба итмом мерасонад. Ҳамчун иқтисодчии пешбар дар шуъбаи иқтисоди Ширкати алюминийи тоҷик 11 сол кор мекунад. Соли 2007 ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргашта дар Аввалин бонки молиявии хурд муҳосиб мешавад. Роҳбарияти Бонк баъди чанде ӯро роҳбари маркази хизматрасонии бонкии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин мекунанд. То ҳол дар ин вазифа кор карда, миёни аҳли ҷомеа ва ҳамкорон обру ва эътибори хоса пайдо намудааст. Ӯ дар пешрафти худ зиёдтар аз ҳама нақши шавҳарашро мебинад: «Ҳама вақт сарвари хонадон - Темуршо Мамадатоев ёрӣ мерасонад ва дар ҳама пастиву баландиҳо дар канорам аст. Дар Аввалин бонки молиявии хурд 17 сол аст, ки фаъолият менамоям ва тули ин солҳо бо маслиҳатҳои шавҳарам ба сӯйи пеш қадам мемонам, таҷриба омӯхтам ва дар ин соҳа мутахассис гардидам».
Бону Товус соҳиби як духтару як писар аст. Духтараш ҳоло дар соҳаи тиб дар Россия таҳсил менамояд.
Зарина Иноятова, сардори шуъбаи бозгардонии қарзҳои мушкилситон
17-уми майи соли 1975 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, МТМУ № 39-и пойтахтро соли 1992 бо баҳои аъло хатм менамояд. Аз хурдӣ орзу дошт, ки дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият намояд. Бештар ба фанҳои забони модарӣ, адабиёти тоҷик ва забони русӣ алоқамандӣ дошт…
Зарина соли 2007 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба факултаи молия ва қарз дохил шуда, онро соли 2011 тамом карда, боз соли 2019 ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ворид гашта, онро низ бо баҳои хубу аъло соли 2022 хатм менамояд.
Замони таҳсилашро чунин ба ёд меорад: «Фанни молия ва қарзро дӯст медоштам, зеро ба ин фан бештар барои давом додани фаъолияти кориам ниёз доштам. Дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бошад, бештар ба фанҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи манзил, андоз ва оила хеле алоқаманд будам».
Зарина фаъолияташро дар соҳаи бонкдорӣ аз соли 1998 оғоз намуда, аз соли 2011 ба филиали ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамчун мутахассиси қарзӣ ба кор медарояд. Соли 2014 ба саридораи Аввалин бонки молиявии хурд тариқи озмун ба вазифаи мутахассиси калони шуъбаи назорат ва хавф гузаронда мешавад. Аз соли 2016 ба симати сардори шуъбаи бозгардонии қарзҳои мушкилситон кор мекунад. Ӯ мегӯяд: «Рӯзҳои аввали кор ҳама чиз бароям ҷолиб буд ва аз ин рӯ, мекӯшидам, ки кори ҳамаи шуъбаҳоро омӯзам. Соҳаи бонк ва корамро хело дӯст медорам ва бо хушҳолӣ 26 сол аст, ки дар ин соҳа кор мекунам. Ҳар як корманд, агар кори худро бо муҳаббат ва масъулиятшиносӣ иҷро кунад, ҳатман ба комёбиҳо шарафёб мегардад.
Дар расидан ба комёбӣ ба гумонам барои ҳар як фард падару модар ва баъдан оила - шавҳар ва фарзандон дар ҷойи аввал меистанд. Шахсан ба ман низ нахуст падару модар ва шавҳару фарзандонам руҳ бахшида, доимо дастгириам мекунанд.
Рӯзҳои аввали корамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Соли 1998 ба хона барои омӯзиш дастурамалҳои хазинавии БМТ-ро оварда, шабҳо онҳоро ҳамчун афсона ба ду фарзанди хурдсолам мехондам, то ки хоби онҳо бараду ман низ онро омӯзам».
Зарина Иноятова, ки солҳо дар соҳаи бонкдорӣ кор кардааст, бар ин назар аст, ки рушди иқтисод дар айни замон аз нуқтаи назари инноватсионӣ таъсири торафт ҷиддиро тақозо мекунад, зеро маҳз ягонагии амалиётҳои муайян ба баланд шудани сатҳи иқтисодиёт дар баробари фаъолияти муътадили тамоми табақаҳои он таъсири мусбат мерасонад: «Инноватсияи бонкӣ навовариҳои бонкӣ мебошад, яъне ин натиҷаи ниҳоии фаъолияти бонк аст, ки дар шакли маҳсулот ё амалиёти нави бонкӣ амалӣ карда мешавад.
Масалан, моҳи ноябри соли 2023 дар яке аз филиалҳои ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» технологияҳои нави замонавӣ ҷорӣ гардиданд, ки ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва равандҳои тиҷоратро ба куллӣ тағйир медиҳанд. Айни замон ин беҳтарин модули филиал буда, дигар филиалҳои Бонк низ ба ин модул пай дар пай гузаронда мешаванд, зеро табдил додани филиалҳо ба сохторҳои муосири муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ яке аз стратегияҳои Аввалин бонки молиявии хурд мебошад. Бинобар ин, Аввалин бонки молиявии хурд тасмим гирифт, ки рушди худро мунтазам идома дода, дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хизматрасониҳои босифат ва замонавиро роҳандозӣ намояд».
Ин буд шаммае аз рӯзгори се бонуи муваффақи Аввалин бонки молиявии хурд, ки барои хонандагони азиз бозкушоӣ намудем. Зикр бамаврид аст, ки яке аз дороиҳои муқоисанашавандаи Бонк ин бонувони донишманду хушахлоқи он мебошад. Дар роҳбарияти Бонки мазкур низ чанд бонуи пуртаҷриба ва донишманде фаъолият мебарад, ки нақши онҳо дар пешрафти Бонк назаррас аст. Роҳи зиндагии ин бонувон роҳи пуршараф ва пурифтихор аст, ки ҳамеша идома хоҳад ёфт. Бигузор дар зиндагӣ мисли гулҳо ҳамеша хушрангу хушбӯ ва азизу гиромӣ бошанд.
Маҳваш ҚОСИМӢ