Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 ироа шуд, ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид ва дастгирии соҳибкорию рушди он яке аз самтҳои асосии он низ буд.
Ҳукумат баҳри рушди бахши хусусӣ лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ намуд. Дар натиҷа шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар зарфи 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шуданд. Соҳибкорони кишвар танҳо дар соли 2023-юм 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супурданд.
- Аз эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 «Солҳои рушди саноат» соҳибкорони ватанӣ хеле хурсанд шуданд ва онҳо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуш пазируфтанд. Соҳибкорӣ яке аз самтҳои рушддиҳандаи иқтисодиёти кишвар буда, барои пешрафти ин соҳаи ниҳоят муҳим сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмии кулли соҳибкорони ватанӣ боиси амалӣ гардидани иқдоми Сарвари давлат хоҳад шуд, - гуфт Азиз Ҳалимов, ёрдамчии директори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сардор – 2008».
Шаҳри Турсунзода, ки яке аз минтақаҳои саноатии кишвар маҳсуб меёбад, алҳол дар он беш аз 90 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ фаъолият дорад. Корхонаҳои саноатӣ қариб то 100 намуд молу маҳсулоти хушсифат истеҳсол намуда, аҳолии шаҳр ва ноҳияҳои атрофи онро бо анвои гуногуни ватанӣ таъмин месозанд.
ҶДММ «Сардор – 2008» аз зумраи коргоҳҳоест, ки фаъолияташро аз соли 2012 ба роҳ мондааст.
- Замони шуравӣ қисме аз маҳсулоти сохтмонии Заводи алюминийи Тоҷикистон, ба мисоли бетону шағал ва хишт дар ҳамин макон истеҳсол мешуд. Баъдан, ин ҷо валангору ба вайронае табдил ёфт. Роҳбари коргоҳ барои ташкили корхонаи истеҳсолӣ ин мавзеи ба муҳити саноатӣ мувофиқро интихоб ва обод намуд. Дар ин мавзеъ неруи барқ, об фаровон буда, аз нигоҳи мавқеъгирӣ аз макони аҳолинишин дуртар мебошад.
Нахустин маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳ ғӯлачаҳои ҷуворимакка мебошад, ки аз як дастгоҳи одии худсоз тавлид ёфт. Ин намуди маҳсулоти ба истилоҳ «камхарҷи бологузар» дар муддати кӯтоҳ харидор пайдо намуд ва талабот ба он рӯз ба рӯз афзуд, - мегӯяд номбурда.
Вобаста ба талабот Шавкат Мадраҳимов, роҳбари ҶДММ «Сардор – 2008», тасмим гирифт, ки таҷҳизоти наву замонавиро аз хориҷ ворид намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро биафзояд. Ба кишварҳои рушдкардаи саноатӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Чин ва Туркия сафар карда, шартномаҳои ҳамкорӣ баст. Дар асоси гуфтушунидҳо беҳтарин таҷҳизоти истеҳсолиро бо ҷалби мутахассисон аз ин мамлакатҳо ба Тоҷикистон овард. Коргарҷавононро ҷиҳати ҳунаромӯзӣ ба ҷумҳуриҳои аз нигоҳи саноату иқтисодиёт пешрафта сафарбар намуд. Онҳо устоди касб гардида, дар омода намудани мутахассисон баҳри пешрафти кори минбаъдаи коргоҳ саҳм гирифтанд. Худ соҳиби ҷойи кори доимианд ва барои дигарон барои соҳибкасб шудан роҳ кушоданд.
- Аз он ки дар шароити имрӯза дарёфти ҷойи корӣ барои занону духтарон хеле мушкил аст, роҳбарияти корхона инро ба назар гирифта, шумораи зиёди коргарони коргоҳро аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ таъмин намудааст. Алҳол, беш аз 350 бонуи хонашин, ки ҳамсарони аксарашон дар муҳоҷиратанд ё модарони танҳоянд ва аз нигоҳи иқтисодӣ зиндагии мушкилро аз сар мегузаронанд, ба кор ҷалб гардиданд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Имрӯз, дар 6 коргоҳи корхонаи «Сардор – 2008» беш аз 400 нафар коргар фаъолият дорад, ки ҳар яке моҳе зиёда аз 2 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Азиз Ҳалимов иброз медорад, ки бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолоти корхона аз ин ҳам зиёдтар маблағ ба даст меоранд. Ҳамчунин, коргарон бо либоси доимии корӣ, нақлиёти хизматӣ ва хӯроки гарм таъмин мебошанд. Табибони бунгоҳи тиббии корхона сари ҳар вақт аз вазъи саломатии кормандон бохабар шуда, ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд ва тавсияҳои зарурӣ медиҳанд.
- Дар ҶДММ «Сардор – 2008» намудҳои гуногуни маҳсулотро бо номҳои чипси (картошкақоқак), кулчанонҳо бо таъмҳои гуногуни ҳасибӣ, кабудӣ, панирӣ ва қаймоқӣ («Креешки», «КОК» ва ғайра), ҳалво, ғӯлачаҳои ҷуворимакка, сақич, донаи офтобпарастро бо брендҳои «Ҳавас» ва «Симбо» истеҳсол менамояд. Нархи тамоми намудҳои маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳ дастрас ва аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар мебошанд. Орди гандум, ҷуворимаккаю картошка ва донаи офтобпараст, ки маҳсулоти корхона аз инҳо омода мешаванд, бе иловаи ягон намуди маҳсулоти кимиёвӣ пешкаши истеъмолгарон мегарданд.
Дар истеҳсолоти корхонаи «Сардор – 2008» асосан ашёи хоми ватанӣ истифода мешавад ва танҳо хушбӯйкунандаҳо, инчунин, донаи офтобпараст аз кишварҳои хориҷ ворид мегарданд. Баъзан миқдори ками донаи офтобпарастро аз деҳқонони маҳаллӣ дастрас менамоем, ки ин барои гардиши маҳсулоти коргоҳ басанда нест, - мегӯяд Азиз Ҳалимов.
Иқтидори истеҳсоли молу маҳсулот асосан ба талаботи бозор иртибот дорад. Корхонаи мазкур бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сазовори боварии харидор гардидааст, ки имрӯз аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои дастрасии маҳсулоти онҳо дархост мефиристанд. Аҳли коргоҳ дар талошанд, бо нигоҳ доштани қурбу вазни брендҳои маҳсулот дар оянда ба кишварҳои хориҷӣ бо номгӯю намудҳои зиёд маҳсулоти корхонаро содирот намоянд. Инчунин, ҳадафи дигари иқдом, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани бонувон аст, бо васеъ шудани ҳаҷми истеҳсолот иҷро хоҳад гашт.
Роҳбарияти корхона мақсад дорад, ки дар баробари бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолии маҳал ва дастрасии мардум ба маҳсулоти ватанӣ, инчунин маҳсулоти истеҳсолшударо ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир намояд.
- Ҳадафи асосии ҳар соҳибкор муаррифӣ намудани молу маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳ мебошад. Ҳама гуна маҳсулоти хушсифати ватанӣ муаррифгари иқтисодиёти кишвар буда метавонад, - меафзояд мавсуф.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе – Турсунзода - Душанбе