Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ чунин ҳарфҳо садо доданд: «Ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям».
Дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба соҳибкорон кам нест ва мебоист ин ғамхориҳоро тариқи ободкориҳои ҳар ваҷаби замини ин миллат ҷавоб гардонд, - иброз дошт директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авиценна» Абдуразоқ Саидов.
ҶСК «Авиценна» аз ҷумлаи ширкатҳои пешрафта ва рушдкунанда дар кишвар буда, аввалин бор моҳи майи соли 1997 ба истеҳсоли оби маъданӣ ва нӯшокиҳои газнок дар зарфҳои пластикӣ ба фаъолият шуруъ кард. Баъдан, ба тиҷорати гандум шуғл варзида, аз кишварҳои Россия ва Қазоқистон бо воридсозии ғалла мушкили озуқаи аввалияро, ки мардум бештар ба он ниёз доранд, таъмин намуд.
Соли 1999 ширкат корхонаи истеҳсоли оби ҷавро таҳти тамғаи «Ҳисорӣ» таъсис дод. Дар соли 2004 ширкат коргоҳи истеҳсоли спирти этилиро бо иқтидори 10 ҳазор литр дар як шабонарӯз бунёд кард. Дар ин ҷо истеҳсоли спирти тиббӣ ва коғазҳои ташноб низ ба роҳ монда шуд.
- Замоне, ки мардуми сайёра аз бемории СOVID-19 ташвиш дошт, талабот ба дору, бахусус спирт, афзуд, зеро ин мавод барои тамизу табъйизкорӣ ниҳоят зарур шумурда мешуд. Тамоми бунгоҳҳои тиббӣ, дармонгоҳҳою беморхонаҳои шаҳри Ҳисор ва атрофи он аз маҳлули спирти ин коргоҳ истифода бурданд. Ҳамчунин, ба аксар хонаводаҳое, ки дар хариди доруворӣ ва маҳлули спиртӣ душворӣ доштанд, ройгон дастрас кардем, - мегӯяд соҳибкор.
Дар баробари ин, Ширкати «Авиценна» дар шаҳри Ҳисор бо бунёди ҶДММ «Маркази савдои «Тоҷирон», ки дорои бозори сохтмонӣ дар масоҳати 6 гектар ва ҶДММ «Шоҳроҳ» истеҳсоли масолеҳи инертӣ (сангҳои майдаи фраксияҳои гуногун ва рег) ва корхонаи истеҳсоли асфалтро роҳандозӣ намуд. Дар шаҳри Душанбе низ ҶДММ «Пластик» чун корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ, лӯла ва маснуоти гуногун ба истифода дода шуда, ҶДММ «ТОК» истеҳсоли аккумуляторҳоро оғоз бахшид. Ҳамчунин, ҶДММ «Такомул» барои коркарди пӯсту пашм ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда ба фаъолият пардохт.
-Ҳамаи дастовардҳои ширкат ба замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз рост меояд. Оромиву осудагӣ сарчашмаи муваффақияти ҳар шаҳрванди кишвар аст. Ин аст, ки сол аз сол тариқи лоиҳаҳо ва нақшаҳои тиҷоратӣ ба самтҳои гуногуни соҳибкорӣ шуғл меварзем. Аз ҷумла, самти дигари ширкат бунёди биноҳои бисёрошёна аст, ки соли 2011 дар шаҳри Душанбе маҷмааи истиқоматии баландошёна бо маркази савдо бунёд кардем. Алҳол, дар пойтахт якчанд лоиҳаҳоро амалӣ карда истодаем ва ният дорем, ки масоҳати сохтмони биноҳои истиқоматиро васеътар намоем, - гуфт Абдуразоқ Саидов.
Имрӯз ширкати «Авиценна» се лоиҳаи азими сохтмони маҷмааҳои истиқоматии боҳашаматро дар маркази шаҳри Душанбе амалӣ менамояд. Маҷмааҳои истиқоматии «Ватан», «Ҳушанг», «Ваҳдат» ва «Симурғ», ки ҳар кадом аз 16 то 24 ошёна иборатанд, ба кӯчаҳои пойтахт ҳусни тоза зам намуда, ҳамчунин, аҳолӣ бо ҷойи зист таъмин мегардад.
Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои дигари боафзалият барои пешрафту равнақ ва беҳ намудани вазъи иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад. Соли 2013 ширкати «Авиценна» хоҷагии бузурги истеҳсолии шаҳри «Абдурофеъ Юсупов» - ро дар шаҳри Ҳисор таъсис дод. Хоҷагии мазкур фаъолияти худро ба таври замонавӣ дар соҳаи кишоварзӣ васеъ карда, дар баробари истеҳсоли маҳсулоти ғаллагӣ ва пахта, парвариши 1200 сар чорвои калонро ба роҳ монд, шири 500 сар гови ширдеҳ дар корхонаи шири шаҳри Ҳисор коркард ва ба аҳолӣ пешкаш мегардад.
- Барои сазовори боварӣ ва эътимоди мизоҷон шудан, пеш аз ҳама, ба сифати аслии маҳсулот диққати ҷиддӣ бояд дод. Зеро имрӯз бозори иқтисодӣ боло рафтану шумораи коргоҳҳои хурду миёна афзудан доранд. Ҳар якеашон ба таври имкон барои пайдо кардани мавқеъ дар бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ маҳсулот истеҳсол менамоянд. Ҳамин нуктаро ширкати «Авиценна» низ ба инобат гирифта, мекӯшад, то молу маҳсулоти истеҳсолнамудааш бо беҳтарин сифат дастраси мардум гардад. Аз ин рӯ, вобаста ба талаботи замон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои пешбурди фаъолият, ҷалби мутахассисон ва ворид сохтани технологияҳои муосирро аз кишварҳои Эрон, Чин, Туркия, Беларус ва Россия роҳандозӣ намудем. Воқеан, нарасидани мутахассисон дар ҳамаи самтҳои кории ширкат мушкили асосӣ буд. Тасмим гирифтем, то ҷавононро ба ширкату корхонаҳои бузурги истеҳсолии мамлакатҳои хориҷӣ барои омӯзиш ва таҷрибаандӯзӣ сафарбар намоем. Заҳматҳо бор оварданд, ки имрӯз ҶСК «Авиценна» чун ширкати фаъол дар миқёси кишвар писандида аст, - мегӯяд роҳбари ширкат.
Абдуразоқ Саидов иқрор меояд, ки ҳадафи ҳар соҳибкор, агар ба даст овардани фоида ҳам бошад, дар баробари ин мекӯшад, то дар ободонии Ватан ва некуаҳволии халқ саҳм дошта бошад. Бо таъсис додани чунин коргоҳҳои хурду миёна садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, зиндагии осудаи орӣ аз мушкилоти иқтисодиро паси сар мекунанд.
- Дар асоси барномаҳои иҷтимоию маишӣ ширкат мактаб – боғчаи «Кабӯтар»-ро сохт, ки беш аз 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Ҳар сайёҳе, ки ба тамошои Мамнуъгоҳи бостонии Қалъаи Ҳисор меояд, аз мавзеи истироҳатии «Шаршара» боздид ба амал меорад. Қасри варзишии дар маркази шаҳри Ҳисор қоматафрохта ҷойи истироҳат ва тамрингоҳи ҷавонони завқманд ба варзиш мебошад.
Хуллас, якдил шавему мулк обод кунем, то кори имрӯзаи мо барои насли оянда намунаи ибрат бошад, - иброз дошт дар хотимаи суҳбат директори генералии ҶСК «Авиценна» Абдуразоқ Саидов.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО