Табиати Бадахшон дорухонаи беназир буда, коркарди рустаниҳои шифоӣ метавонад ба як самти муҳими рушди саноат дар минтақа гардад. Дар ноҳияи Ишкошим ҶДММ «Гулчеҳра-80» ба ҷамъоварӣ ва коркарди ангат машғул аст.
Чанд сол корманди бонк будам. Азбаски ба омӯзиши гиёҳҳои шифоии табиӣ шавқ доштам, кӯшидам то ба коркарди ангат даст занам. Коркарди рустаниҳои шифоӣ, бахусус ангат, заҳматталаб аст ва кӯшишҳои ман он вақт барор нагирифтанд. Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаи саноатикунонии босуръатро ба миён гузоштанд, ман аз ин суханон илҳом гирифта ба таври касбӣ ба коркарди ангат машғул шудан дар дилам аз нав шуъла зад.
Баҳри иҷрои ин мақсад, ба Федератсияи Россия барои хариди таҷҳизот сафар кардам. Вақте ҳамдиёрон ва хешовандонам, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз ниятам огоҳ шуданд, бо маблағ ёрӣ расонданд. Дастгоҳи равғанкашӣ дар як соат метавонад аз ашёи хом то 100 литр маҳсулот истеҳсол намояд, - изҳор дошт соҳибкори ташаббускор Дороб Қаландаров ва афзуд.
- Ҷамъоварии ангат заҳмати зиёд мехоҳад. Дар мавсим 500 килограмм равғани тозаи ангат ба бозор баровардем. 100 грамм равғани ангат 60 сомонӣ нарх дорад. Равғани ангат барои муолиҷаи бемориҳои занона, рӯда, меъда, милки дандон, кафидаҳои лабҳо ва дасту пойҳо истифода шуда, талабот ба он зиёд аст.
Бонувон равғани ангатро ҳамчун маводи ороишӣ низ истифода мебаранд. Харидорон на танҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, балки аз минтақаҳои гуногуни кишвар муроҷиат мекунанд. Асосан маҳсулотро ба парки инноватсионии ноҳияи Дарвоз интиқол медиҳем, ки дар он ҷо банду баст гардида, ба нуқтаҳои фурӯш бароварда мешавад.
Дар баробари равғани ангат хокаи ангатро низ ба фурӯш мегузорем. Хокаи ангат хосияти табобати бемории қанд ва дар таркиби хун зиёд намудани гемоглобинро дорад. Мизоҷон равған ва хокаи ангатро ба шакли нӯшдору ва тарбанд истифода мекунанд.
Меваи ангат нозук буда, олудагӣ бо барг ва танаи рустаниро намехоҳад ва агар коркардаш тоза набошад, тез вайрон мешавад. Шаш нафар коргари мавсимӣ дорем, аз ҷамъоварии ангат даромади хуб мегиранд. Ба як кило ангат то 30 сомонӣ мепардозем.
Дар ноҳияи Ишкошим масоҳати васеи ҷангалзорҳо мавҷуданд, ки самараи заҳмати сокинони он ва олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир мебошад. Ин ҷангалзорҳо ба хотири кабудизоркунӣ ва ҳифз намудани хок аз лесидашавии бод бунёд ёфта, ангат дар майдони васеъ паҳн гардидааст. Дар Бадахшон намуди зиёди рустаниҳои шифоӣ мавҷуданд, вале кам андар камашон коркард мешаванд.
-Ҳанӯз чанд сол қабл дар водиҳои Бадахшон рустаниҳои шифоӣ, ба мисли озаргум (календула), лимӯгиёҳ (мелиса), нардгиёҳ (валерианка) мекоштанд, ки онҳо сифати хеле баланд дошта, ба корхонаҳои саноати доруворӣ фиристонда мешуданд. Вақти он расидааст, ки аз дорухонаи табиати саховатманди Ватан самаранок истифода бурда, ба коркарди рустаниҳои шифоӣ диққати бештар диҳем ва бо ин мақсад истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва хушсифатро боз ҳам афзун намоем, - гуфт дар фарҷом соҳибкор Дороб Қаландаров.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ