Барои дар амал татбиқ гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, саноатикунонии босуръат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022 - 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Амалигардонии ин ҳадаф имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Дар вилояти Суғд ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ҳар сол чандин корхонаҳои саноатӣ созмон меёбад ва ё ба усули истеҳсолот тағйироти гуногун, навгониҳои муосир ҷорӣ менамоянд. Яке аз корхонаҳои муваффақ дар ин самт ҶДММ «Ҷавонӣ» меваи истиқлол ба шумор меравад. Корхонаи мазкур соли 1992 дар асоси сармоягузорони хориҷӣ созмон ёфта, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Дар ин коргоҳ наздик ба 800 нафар корманд фаъолият менамояд. Коргоҳ тавассути технологияи навтарин аз нахи пахтаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ришта, аз ришта газвор ва аз газвор сарулибоси фармоишӣ тайёр мекунад, ки 97 дарсади маҳсулоти тайёрнамудаашро харидорони аврупоӣ ташкил медиҳанд. Ҷавҳари коргарони корхона бонувонанд.
Дар коргоҳи мазкур 6 корхона фаъол аст: истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, пардоздиҳӣ, дӯзандагӣ, рангубордиҳӣ ва дарзмолу борпечкунӣ.
Аз ду корхона - дӯзандагӣ ва дарзмолу борпечкунӣ дидан намудем. Кор ҷӯш мезад. Шароит хеле хуб буд. Бонувон бо масъулияти баланд дарздӯзӣ мекарданд. Чунон саргарми кор буданд, ки барои ба суҳбат кашидани онҳо дар андеша мондем.
Бонуи чашмикордон Сайёра Абдушукурова фаъолияти меҳнатии худро соли 1995 ҳамчун бофанда оғоз кардааст. Баъдтар устои минтақаи оҳардиҳии маҳсулоти бофандагӣ буд. Кордонию мушкилнописандиашро ба назар гирифта, соли 2000 ӯро масъул ба сифати кор таъин намуданд.
Сайёра Абдушукурова тули фаъолияти худ технологияи пешқадами ҷаҳонии соҳаи саноати сабукро азбар намуда, бо мутахассисони итолиёвӣ робитаи зичро ба роҳ монд.
Дилором Раҳматова низ аз бонувонест, ки дар ҳамин даргоҳ ба кор оғоз кардааст. Аввал ҳамчун дӯзанда, баъдтар устои истеҳсолоти дӯзандагӣ фаъолият намуд. Соли 2020 технологи масъули истеҳсолоти дӯзандагӣ таъин шуд. Ӯ тавонист технологияи пешқадами ҷаҳонии соҳаи саноати сабукро аз худ намуда, бо мутахассисони хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, донишу маҳораташро сайқал бахшад. Вай пайваста талош меварзад, то дар коргоҳ маҳсулоти дорои сифати баланд истеҳсол шуда, шумори харидорон боз ҳам биафзояд.
Светлана Исмоилова устоди касби хеш аст. Вай солҳои зиёдест дар корхонаи «Ҷавонӣ» заҳмат мекашад. Ӯро соли 2002 ҳамчун назоратчӣ ба кор гирифтанд. Баъдтар устои дарзмолгарон таъин шуд. Ҳоло технолог мебошад.
Дар коргоҳи саноатӣ бонувони чи¬ра¬даст ба истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъ машғуланд ва маҳсулоти тайёрро бандубаст менамоянд.
Истеҳсоли матоъҳо дар истеҳ¬солоти мазкур дар дуконҳои бофандагии тамғаи PICANOL; OMN ва PICANOL; OMI плюс (давлати Белгия) ба роҳ монда шудааст. Дар коргоҳ таҷҳизоти ширкати AMALUMI (Олмон), BENIGER (Италия) барои матоъ ресмон тайёр мекунанд. Ҳамзамон, технологияҳои муосири замонавӣ имконият медиҳанд, ки матоъҳо бо номгӯй ва намуди гуногун бофта шаванд: суф, репс, сатин, омехта ва инчунин бо амалисозии тағйирдиҳии таркиб ва намудҳои функсионалии матоъҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар коргоҳ бонувон нахуст ба истеҳсоли ришта машғул шуда, сипас истеҳсоли матоъро ба роҳ мемонанд. Давраи тайёркунии либосҳо дар коргоҳ аз коркарди моделҳо, тайёркунии қолабҳо, омодасозии матоъ ба буриш, буридан, тафтиши сифати буриши қисмҳо аз рӯи имконияти андозаҳо иборат аст. Тарҳрезии либосҳо бо системаи Lectra-и Фаронса истеҳсол мешавад, дар дигар амалиёт плотери фирмаи ALGOTEX ва FLUPEN, барои буридан мошини барқии буришкунанда бо кордҳои рост истифода мегарданд. Дар ин ҷо пардоздиҳии матоъ, ки раванди муҳим аст, ба анҷом мерасад. Тавоноии истеҳсолот дар як рӯз 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд.
Дар коргоҳ истеҳолот рӯ ба рушд аст, ҳамаи корхонаҳо бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. 80 фоизи истеҳсолоти корхонаро рангубордиҳии маҳсулот ташкил медиҳад. Соли 2015 таҷҳизоти технологии корхона пурра бо таҷҳизоти рангубордиҳии ширкати OMI (Италия) иваз шуданд.
Имрӯз аҳли коргоҳ баҳри он мекӯшанд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаашон дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавқеи хос пайдо карда, бо рақобатпазирии худ обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
вилояти Суғд