Барои рушди соҳаи саноат ва истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат, афзоиши содирот ва мавқеи муайян пайдо намудан дар бозори ҷаҳонӣ захираю имкониятҳо заруранд, ки имрӯз ин ҳамаро дорем ва танҳо роҳҳои дуруст истифода бурдани захираю имкониятҳо боиси муваффақ шудан дар ин самт хоҳад буд.
Ҳамчунин, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон ва дастгирии соҳибкорон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф маҳсуб меёбад. Чанд соли охир, ки аксари кишварҳои дунё гирифтори буҳрони иқтисодиянд, роҳҳои пешбурди вазъи молию иқтисодии аҳолиро дар ҳамкориҳои муштарак бо давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта медонанд.
Дар Тоҷикистон чунин ҳамкориҳои муштарак бо давлатҳои Хитой, Россия, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон, Беларус ва дигар кишварҳои тараққикарда роҳандозӣ шудааст, ки фаъолияташон барои дастгирии ин ё он самт, бахусус рушди соҳаи иқтисод равона гардидааст.
Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» аз зумраи корхонаҳоест, ки бо шарикони рушди ҳамкории рушди иқтисодии мутахассисони Ҷумҳурии халқии Хитой ва Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст. Ин ҳамкорӣ амалисозандаи яке аз чор ҳадафҳои стратегӣ, яъне саноатикунонии кишвар дар як гӯшаи диёр мебошад.
Лоиҳаи корхонаи мазкур соли 2014 байни ду кишвар, Хитой ва Тоҷикистон барои бунёд ёфтани корхона тарҳрезӣ шуда, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ширкати Ҷунтайи кишвари Хитой самти кишоварзии лоиҳаро ба дӯш гирифт ва дар ҳудуди 19 гектар замини ҷудошуда кишти пахтаи тоҷикӣ ва чиниро ба роҳ монд. Сехи якум аз 31 августи соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, алҳол, дар корхона 6 сех амал мекунад.
Коргоҳ бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Хитой, Швейтсария ва Олмон муҷаҳҳаз буда, беҳтарин мутахассисони дохилию хориҷӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Дар асоси лоиҳа ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» сар аз кишти пахта, коркарди нахи пахта, истеҳсоли ришта, бофтани матоъ, рангу пардоз намудани матоъ ва дӯхтани либосҳои ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯро роҳандозӣ намуда, ҳамчунин тибқи нақша маҳсулоти истеҳсолшударо ба хориҷи кишвар бояд содирот созад.
- Алҳол, дар асоси шартномаи тарафайн бо кишвари Россия фармоиши 500 ҳазор либоси ҳарбӣ (футболка)-ро ба уҳда гирифтаем. Яъне, ба ин васила маҳсулоти корхона берун аз кишвар низ муаррифӣ мешавад ва бо имкони пайдо шудани муштариёни маҳсулоти тоҷикӣ дар хориҷ меафзояд.
Ҳамчунин, аксаран фармоиш барои дӯхтани либосҳои корӣ, ҷойхоб ва ғайра аз дохили кишвар ба мо дастрас мешавад. Хуллас, ҳар рӯз фармоишу кор ҳаст, - мегӯяд Моҳрӯ Ҳошимова, бригадири сехи дӯзандагӣ.
Мавсуф иброз медорад, ки пештар аслан аз пешаи дӯзандагӣ огаҳ набуд ва бо эълони корхона ба ин ҷо ба кор омад. Муддати се моҳ ҳунар омӯхт. Моҳрӯ завқу шавқи беандоза ба донишандӯзӣ дошт, бо сабаби ҷангҳои таҳмилии кишвар волидонаш идомаи таҳсилро иҷозааш надоданд. Аз он ки шуғле надошт, аз бекорӣ ҳунаромӯзиро авлотар донист. Мегӯяд, ки роҳбарияти корхона дар баробари маоши ҳармоҳа барои ҳавасмандкунии коргарон сари ҳар вақт бо маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, шакару биринҷ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия коргаронро таъмин менамояд.
Барои амалӣ шудани лоиҳаи мазкур роҳбарияти корхона талош варзиданд, то шароити мусоиди кориро ба коргарон муҳайё созанд. Риояи низоми корӣ аз ҷониби коргар шарти асосии корфармо аст. Сари вақт ҳозир шудан ба нуқтаи корӣ, риояи либоси корӣ ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои вазифа, эътибори хосса додан ба маҳсулоти истеҳсолшуда талаботи ҷиддии корхона маҳсуб меёбад.
- Дар баробари ин, сифати кори анҷомдодаи коргар бо маоши хуб қадрдонӣ мешавад. Масалан, онҳое, ки барои шогирдӣ, яъне азхудкунии касб дар корхона ҷалб мегарданд, 1200 сомонӣ маош мегиранд. Ҳам касб меомӯзанд ва ҳам барои буҷети хонавода фоида меоранд. Вақте коргар корро бо сифати баланд анҷом дод, ба сехҳо фиристонда мешавад ва аз рӯи теъдоди кори анҷомдодааш маош муайян шудааст, ки он болотар аз 2500 сомонӣ аст, -
мегӯяд муовини директори генералии корхона Абубакр Алимардонов.
Ба ғайр аз он ки дар корхона аз маҳалҳои дуру наздики ноҳияи Дангара коргарон ҷалб шудаанд, ҳамчунин тариқи эълон бонувон аз шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг омада, дар коргоҳ фаъолият доранд.
Коргарони роҳдур бо хобгоҳ ва хӯроки севақта таъмин буда, танҳо рӯзҳои истироҳатӣ барои дидорбинии аҳли хонавода мераванд. Мувофиқи шартнома коргарони аз шаҳри Кӯлоб ҷалбшуда аз ҳисоби корхона бо нақлиёти махсус таъмин мебошанд. Дар ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» бонувон асосан ба корҳои дӯзандагӣ, назорати маҳсулоти омодашуда ва борпеч намудан машғуланд.
Дар маҷмуъ, иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта, ки ҳамчун ашёи хоми асосӣ маҳсуб меёбад, баробар мебошад. Истеҳсоли 150 млн метри мураббаъ матои пахтагӣ дар як сол ба нақша гирифта шудааст ва дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳад гашт.
- Мебоист танҳо дар сехи дӯзандагӣ 650 нафар ба кор сафарбар шавад, вале алҳол, ҳамагӣ 470 нафар ба фаъолият пардохтааст. Яъне, ҳанӯз, агарчи тамоми шароитҳои корӣ фароҳам бошад ҳам, то имрӯз корхона ба коргар ниёз дорад. Барои пурра ба истеҳсолот ворид шудан қувваи корӣ нақши муҳимро мебозад. Аз ин хотир, тариқи эълон дар шаҳру навоҳии атроф корҷӯёнро ба кор даъват намуда истодаем, - афзуд Абубакр Алимардонов.
Қутбия ЗИКРИЛЛОЕВА