Шоирабону бонкдор, донишманду болаёқат, тавонманди зеҳниву зарфиятҳои баҳори умр аз муҳити хонаводагӣ ба зинаҳои баланд расида, ҳурмату эҳтироми умумро соҳиб гардидааст. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, дар оилаи зиёӣ ба камол расидааст. Падараш корманди вақти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, полковники милитсия, модараш табиб ва бобояш адиби шинохта, ҷангноманавис Ҳоҷӣ Содиқ мебошанд.
Мавсуф соли 1995 ба факултаи менеҷмент ва иқтисодиёти филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуд. Аз моҳи августи соли 1996 то моҳи июли соли 1997 таҳсилро дар Коллеҷи технологии шаҳри Роҷестери Миннесотои ИМА идома дод.
Агар соли 1997 фаъолияти меҳнатиашро дар Созмони ҷамъиятии «Ассотсиатсияи занон дар ҷомеа» ҳамчун мудири идора оғоз намуда бошад, моҳи январи соли 1999 дар Созмони ҷамъиятии «Саодат» ба симати мудири идораи барномаи «Оянда» адои вазифа кардааст. Соли 2000-ум Донишгоҳи болозикрро хатм карда, солҳои 2001 - 2002 мудири молиявии Агентии рушди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хуҷанд буд.
Соли 2002 дар шаҳри Хуҷанд намояндагии Созмони байналмилалии ACDI | VOCA ифтитоҳ ёфт. Шоира аввалин мутахассиси ватанӣ дар лоиҳаи «Маркази дастгирии рушди соҳибкории хурд» ҳамчун ёрдамчии молиявии роҳбари лоиҳа ба кор даъват шуд. Кордонию мушкилнописандиаш буд, ки Шоира Содиқоваро дар муддати кӯтоҳ роҳбари лоиҳа таъин намуданд.
Баъдтар лоиҳа ба як созмони маблағгузории хурд – Фонди қарзии хурди «Микроинвест» табдил ёфт. Дар ана ҳамин лоиҳа дари дастовардҳо ба рӯи ин бонуи кордон боз гардид. Моҳи октябри соли 2008 Фонд ба ҶДММ ТАКҲ «Арванд» табдил ёфт ва Шоира директори генералии он таъин гардид. Соли 2019 Шоира роҳбари аввалин коргоҳҳои якҷояшудаи ду ташкилоти молиявӣ - ҶСП Бонки «Арванд» таъин гардид, ки то имрӯз дар он ҳамчун сардори раёсат фаъолият менамояд. Бонуи кордон баҳри беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагии сокинон, алалхусус бонувон хизмати басо шоиста сомон медиҳад.
Аз зина ба зина қадами бурдборона ниҳодану онро тасвир сохтан хеле осон аст, аммо дар паси пешбурду ба ҳадафрасӣ бонуи муваффақ, чӣ қадар заҳмат ниҳон аст. Шоира, вақте ки созмони молиявиро роҳбарӣ мекард, ҳамагӣ 24 сол дошт. Ӯ собит сохт, ки азми қавӣ, донишу маҳорат, истеъдод, муоширати хуб, меҳнатдӯстиву мушкилнописандӣ, албатта, шахсро ба сӯи ҳадафҳои нек ҳидоят менамояд. Яке аз дастовардҳои назарраси Шоирабону донистани забони хориҷист. Ӯ озодона бо забони англисӣ ҳарф зада, баҳри комёбиҳои «Арванд» фаъолияти пурсамар дорад.
Қисми зиёди мизоҷони «Арванд» занону духтарони соҳибкор ҳастанд, ки маҳз бо дастгириву пуштибонии номбурда аз як соҳибкори одӣ ба соҳибкори муваффақ табдил ёфтанд.
Вақте ки дар бораи дастовардҳои бонкӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла бонки «Арванд» сухан меравад, Шоира Содиқова изҳор дошт, ки маҳз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Сарвари давлат моро ба чунин зинаи тараққиёт расонд.
Алҳол дар Тоҷикистон низоми бонкӣ рушд ёфта, он ба маблағгузории фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини равандҳои бо пардохтҳои аҳолӣ вобаста нигаронда шудааст. 43 дарсади мизоҷони қарзии бонкро бонувон ташкил намуда, ҳиссаи онҳо дар маҷмуи умумии қарз 910 миллион сомониро дарбар мегирад.
Бонувони кишвар аз сандуқи қарзии «Арванд» 300 миллион сомонӣ маблағ гирифтаанд, ки 150 миллиони он ба соҳибкорон рост меояд.
Бонки «Арванд», ки 42 дарсади кормандонашро бонувон ташкил медиҳанд, рисолати худро дар маблағгузории занон, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии онон, паст кардани сатҳи нобаробарӣ, беҳтар намудани рушди иқтисодӣ ва коҳиши камбизоатӣ медонад.
Бонки «Арванд» дар бахши «Таъмини маблағгузорӣ» дар озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии соҳибкории бонувон» ҷойи дуюмро гирифт. Номзад ба ҷоизаи бонуфузи байналмилалии «Зан дар тиҷорат-2014» барои пешбурди баробарии гендерӣ дар муассисаи молиявӣ гардид. Ҳамчунин, дорандаи ҷоизаи нуқраи Бонки аврупоии Рушд ва Таҷдид барои рушди устувор-2023 мебошад.
Шоира Содиқоваро бо ордени Бонки аврупоии Рушд ва Таҷдид ва ҷоизаи махсуси молиявӣ қадр намудаанд. Соли 2019 беҳтарин соҳибкори вилояти Суғд эътироф шуд. Соли 2021 ба рӯйхати нахустин «100 зани муваффақи Тоҷикистон» ворид гардид.
Бонки «Арванд» таҳти роҳбарии Шоирабону ба зиёда аз 120 ҳазор мизоҷон хизмати содиқона мерасонад ва бо ин роҳ сазовори бовариву эътимоди муштариён шуд.
Шоира Содиқова оиладор, соҳиби се фарзанд буда, сарфи назар аз масъулияти муҳими ҷамъиятӣ, модару ҳамсари намунавӣ аст.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд