Моҳи майи соли равон иқтисодшиноси ҷавон Фирӯза Файзуллоева рисолаи номзади илмро дар мавзуи «Амнияти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзёбӣ ва самтҳои таъмини он» дифоъ намуд.
Асарҳои муаллифони ватанӣ, ки ба масоили таъмини амнияти молиявии кишвар ва бозори молиявӣ ё ба бахшҳои алоҳидаи он бастагӣ доранд, кам нестанд. Ҳамчунин, иқтисодшиносони рус дар омӯзиши асосҳои таъмини амнияти молиявӣ таҳқиқоти назаррас доранд. Аммо дар асарҳои муаллифони ватанию хориҷӣ ба ҷанбаҳои умумии амнияти иқтисодии мамлакат ва ҷанбаҳои алоҳидаи таъмини бехатарии он бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардида, масъалаи бо усулҳои маҷмуӣ ва ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои иқтисодӣ таъмин намудани амнияти молиявӣ дар шароити гузариш ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ба қадри зарурӣ таҳқиқ нагардида буд.
- Рисола тамоми соҳаҳои иқтисодиётро фаро гирифта, нишон медиҳад, ки чи гуна бо усулҳои маҷмуӣ ва ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои зидахл иқтисодиёти ҷумҳурӣ метавонад рушд намояд ва хатару таҳдидҳои чи дохилӣ ва чи берунии он, агарчи пурра аз байн бурда нашаванд ҳам, бо роҳу усулҳои мазкур метавон онҳоро дар зинаҳои поёнтар нигаҳ дошт. Дар ҷараёни таҳқиқ модели махсуси маҷмуӣ дида баромада мешавад ва метавон гуфт, ки он модели хеле ҷолиб ва хубест барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар сурати истифодаи он дар оянда иқтисодиёти диёр метавонад беш аз пеш рушд намояд, - иброз дошт Фирӯзабону.
Болозикр рисоларо чанде пеш ба Маркази патенту иттилооти ҷумҳурӣ пешниҳод намуд ва соҳиби патент низ гардид. Рисола бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ омода гардидааст, ки мутахассисони соҳа, донишҷӯёну аспирантони бахшҳои иқтисод метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода баранд.
Фирӯза Файзуллоева хатмкардаи факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Дониш¬гоҳи технологии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиро соли 2008 ҳамчун хазинадори Департаменти хазинадории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикикистон «Амонатбонк» шуруъ намудааст. Баъдан дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи II шуъбаи интиқоли маблағҳои идораи ҳисоббаробаркунии раёсати БДА «Амонатбонк» (2009–2010), муҳосиби дараҷаи I шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллии идораи ҳисоббаробаркунии раёсати бонки мазкур (2010–2014), мутахассиси пешбари шуъба (2014–2016), иқтисодчии пешбари Департаменти қарздиҳии раёсати бонк (2016–2018), иқтисодчии пешбари шуъбаи назорати минбаъдаи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ (2018–2020), муовини директор ва сардори идораи кортҳо ва шабакаҳои терминалии Департаменти мазкур (2020–2023) ифои вазифа намуд. Алҳол муовини сардори идораи метология ва бозомӯзии кормандони БДА «Амонатбонк» мебошад.
Мавсуф солҳои 2014 - 2019 аспиранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд ва дар баробари дифои рисолаи номзадӣ, ҳамчунин, муаллифи 9 мақолаи илмӣ асту аз соли 2020 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз фанҳои «Идоракунии хатарҳои иқтисодӣ» ва «Бозоргирӣ» ба аспирантон дарс мегӯяд.
Омӯзгори пешсаф ва роҳбари дилогоҳ Фирӯза Файзуллоева новобаста ба ҷавонӣ, дар баробари вазифаҳои бар дӯш дошта, масъулияти бузурги модариро ба ҷо оварда, ду фарзандро ба воя мерасонаду ҳамсари саодатёру бонуи хушиқболи хонаводаи накуном аст.
Омина ХОҶАЕВА