Мардуми тоҷик аз азал бо санъати бозордорӣ ва бозорсозиаш аз дигар халқу миллатҳои дунё ба куллӣ фарқ дорад. Барои тоҷикон бозор на танҳо макони хариду фурӯш, инчунин, воситаи пайдо намудани маълумот ва огаҳӣ ёфтан аз навигариҳои дар ҷомеа рухдода буд ва ин одамони гуногунпешаро ба ҳам меовард.
Агарчи бо тараққӣ намудани самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳар гӯшаи ин ё он шаҳрҳо ё маҳаллаҳои кишвар мағозаҳои замонавии ба истилоҳ «супермаркет» ва «гипермаркет» - ҳо рӯи кор омадаанд, санъати бозордорӣ то ҳанӯз аз байн нарафтааст, балки дар нумӯ мебошад. Ҳунармандону кандакорон ва ороишгарону тарроҳони чирадаст, ки дар самти сохт¬мон муваффақ гаштаанд, то имрӯз бо диди наву замонавӣ санъати меъмории тоҷикро рушд мебахшанд. Воқеист, ки имрӯз заҳмату ҳунари волояшон дар тарҳи бинову иншооте, ба мисоли сохтмони бозорҳо мунъакис гаштаанд.
Бозори «Меҳргон» - и шаҳри гулободи Душанбе аз зумраи он марказҳои савдост, ки дар замони истиқлолияти кишвари тоҷикон дари худро ба рӯи харидорону мизоҷон боз намуд. Санъати меъмории қадимаи тоҷикро дар дарвозаҳои боҳашамати бозори мазкур дидан мумкин аст, ки дили ҳар бинандаро тасхир намуда, ёдҳоро ба таърихи дуродури бозорсозии ниёгон мебарад.
- Шароити бозордорӣ дар «Меҳргон» ба таври бозордории ниёгон роҳандозӣ шудааст ва боз вобаста ба талаботи замон аз меъмории муосир низ баҳра бардоштааст, ки ба бозори имрӯза ҳусни тоза зам намудааст. Маҳз намои омезиши санъати меъмории қадим бо меъмории муосир бештар таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷиро ҷалб намуда, чун сайргоҳ дар ин макон гом мезананд.
Дар фурӯш будани маҳсулоти қадими ҳунармандӣ, аз қабили табақу чумчаҳои чӯбӣ, ангораҳо ва хушкмеваҳои лазиз сайёҳонро ба ин даргоҳ меорад. Бозор оинаи шаҳр аст, мегӯянд. Воқеан, бозори «Меҳргон» ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ санъати волои меъмории миллати тоҷик ва расму русуми бозордориро муаррифӣ менамояд, - иброз медорад директори бозори «Меҳргон» Лутфулло Қурбонов
Бозори мазкур дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, дар он фурӯшандаҳо ба савдои маводи хӯрока, ашёи рӯзгор шуғл дошта, ҳамчунин, марказҳои хизматрасонӣ фаъоланд.
- Дар бозори «Меҳргон» зиёда аз 700 нафар машғули хариду фурӯш аст, 50 дарсади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Шароити фароҳамбуда имкон медиҳад, ки боз 300 нафар соҳиби кор гардад. Ҳудуди бозорро васеъ намуда, барои хоҳишмандон ҷойҳои холиро барои ба фурӯш мондани маҳсулот муҳайё сохтаем, - мегӯяд Лутфулло Қурбонов.
• Занон дар соҳибкорӣ
Шуғли Кибриё Ғиёсова аслан ба занбӯри¬асалпарварӣ пайвастагӣ дорад, ки ӯ ин ҳунарро аз бузургонаш омӯхтааст. Падару бобо, тағою амак¬ҳояш бурдаи нон аз меҳнати ҳалоли занбӯрпарварӣ ёфтаву фарзандонро талқин ба ин пеша менамуданд. Кибриё, ки духтари кунҷкову зирак буд, рафти «истеҳсол»-и асал ӯро ба худ ҷалб мекард.
Аз пайи падар гашт, то аз сирри кор огаҳ шавад.
- Ҳамин тавр ҳам шуд, ки занбӯриасалпарвариро омӯхтам ва мустақилона аз пайи кор шудам. Боду ҳавои кӯҳистони тоҷик барои рушд додани ин соҳа мувофиқ аст. Бахусус, дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки макони гулу гиёҳҳои шифобахш мебошад. Нахуст дар ин макон, ки зодгоҳам аст, ба парвариши 100 оилаи занбӯр даст задам ва баъдан то 350 оилаи занбӯрро нигоҳубин кардам. Ҳанӯз ҳам даст аз пеша накашидаам ва талош дорам, ки аз оғози мавсими нав иловатан 200 оилаи нави занбӯри асалро биафзоям.
Аз он ки занбӯриасалпарварӣ шуғли асосии аҳли хонавода буд, бо маслиҳати хешовандон тасмим гирифтам, то нуқтаи фурӯш ё мағозаро ба иҷора гирам. Бо қарзи бонкӣ корро оғоз намудам. Дар бозори «Меҳргон» нуқтаи фурӯши асалро асос гузоштам. Дар ин макон асали истеҳсолнамудаи таборон фурӯхта мешавад. Вобаста ба талаботи харидорон, ҳамчунин, ба асал мағзи чормағзу бодом ва мавиз илова менамоям, ки ба саломатӣ, бахусус барои баланд бардоштани неруи ҷисмонии инсон муфид мебошад. Асаб ва дилро қувват мебахшад, - мегӯяд соҳибкор.
Бону Кибриё Ғиёсова рӯзафзунии ризқу рӯзӣ ва пешравӣ дар ҳама самтҳои иҷтимоию маишии аҳолиро аз баракати амнияти кишвар дониста, иброз медорад:
- Дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар фазои осоишта зану мард баробар дар ҳама соҳаҳо фаъолият доранд. Соҳибкорӣ низ яке аз самтҳои пешбарандаи соҳаи иқтисодии кишвар буда, ба ин васила садҳо нафар бо ҷойи кор таъминанд ва шароити мусоиди зиндагиро барои худ созгор намудаанд.
• Соҳибкор тарафдори фаровонӣ
Пешаи Лола Набиева иқтисодчӣ аст, вале ӯ бо тақозои вақт тағйири касб намуда, аз соли 2015 дар бозори «Меҳргон» ба соҳибкорӣ шуғл дорад. Ӯ мегӯяд, ки замоне бозорҳо навсозӣ шуданд ва шароити мусоид барои фурӯшандаву харидорон муҳайё гашт, талош варзид, то дар ин самт худро биозмояд.
- Ба соҳибкори имрӯза барои ривоҷи кор мушкиле вуҷуд надорад. Гоҳе дар фурӯши маҳсулот душворӣ мекашем, ки ин ҳам ҳалшаванда аст. Бахусус, дар фурӯши хушкмева, ки бо нархи гарон дастрас мегардад. Баландии нархи маҳсулот боиси норозигии харидорон аст. Ин намуди маҳсулот асосан аз хориҷ ба бозорҳои Тоҷикистон ворид мешаванд. Фурӯшанда низ тарафдори арзонии молу маҳсулот ҳаст, зеро ҳар чи қадар маҳсулот зиёд ба фурӯш равад, тоҷир бештар фоида ба даст меорад, - меафзояд ҳамсуҳбатам.
Намояндагони соҳа аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар сохторҳои марбута барои танзими нарх ва риояи тозагӣ ҳамарӯза назорати ҷиддӣ мебаранд.
Ба гуфти директори бозори «Меҳргон», мудирияти бозор барои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулот бо хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии атрофи пойтахт шартномаи шифоҳӣ дорад ва мекӯшад, ки ҳар рӯз меваю сабзавоти тару тоза, инчунин, дигар маводи ниёзи аввалро пешкаши истеъмолгарон гардонанд.
Қ. ЗИКРИЛЛОЕВА