Садои занги телефон баланд шуд. Ӯ гӯширо гирифта, бо нигоҳи шигифтомез ба гӯшае назар афканд. Овози ноошно, рақамҳо ҳам ношинос… Лаҳзае пас дар чеҳрааш эҳсоси хурсандӣ ҳувайдо гашт. Бо хушнудӣ бо ҳамсуҳбаташ хушбошӣ кард.
- Магар хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад? Вақте бо заҳмати ҳалол байни мардум обрӯй пайдо намоӣ ва заҳматат қадр гардад, кас чи қадар хушҳол мешавад, - мегӯяд Машҳура.
Ин лаҳзаҳо бармало ашкҳои чашмонаш медурахшиданд, ки воқеан, аз эҳсоси хушҳолиаш гувоҳӣ медоданд. Бо кафи ду даст рухсораҳои гулгунгаштаашро маҳкам менамуд, то эҳсосоташро ба ин васила фурӯ нишонад.
- Волидон занг мезананд. Сипос аз либосҳои мактабии омоданамудаи корхонаамон мегӯянд. Вақте заҳмати мо аз ҷониби харидорон, бахусус зодмандон хуб пазируфта мешавад, ин дастоварди хубест. Ҳамаи талошҳо ҳам баҳри он аст, ки бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифати бозоргир дар кишвар мавқеъ пайдо намоем, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Хонаводаи Машҳура Искандарова ба истилоҳ аз авлод ба авлод чевар мебошад. Бибӣ, ки бо ҳунари дӯзандагӣ дар маҳал ном бароварда буд, мехост, наберагон низ ин пешаро омӯзанд. Вале аз миёни онҳо шавқи ҳунарро дар ботини Машҳура дарёфт ва аз пайи сайқали маҳораташ шуд. Пас аз анҷоми дарсҳои мактабӣ Машҳура паси мошинаи дарздӯзӣ нишаста, ҳамроҳи бибӣ куртаҳои наварӯсонро бо риштаҳои заррин гулкорӣ мекард.
Агарчи ҳама завқу шавқи ӯ мутеи ҳунар буд, пас аз хатми мактаб волидон кӯшиданд, то вай аз илм низ бархӯрдор бошад. Аз ин хотир, ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд супурд ва муддате ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс гуфт. Омӯзгориаш дер давом накард, зеро баъди оиладорӣ ва таваллуди фарзандон вазъи иқтисодии хонавода боис гашт, то тарки пеша кунад. Рӯ ба соҳибкорӣ овард. Кордон, ки буд, роҳу равиши тиҷоратро зуд омӯхт. Дар маркази шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯши либосҳои занона ва кӯдаконаро роҳандозӣ намуд. Кораш барор гирифт…
- Рӯзе барои хариди либосҳои мактабии фарзандонам ба корхонаи дӯзандагие, ки роҳбариашро Шоира ном бонуи муваффақу корозмуда хеле маъруф аст, ба уҳда дошт, рафтам. Ӯ аз кӯчаи ҳунар гузаштаву тиҷораташро низ хуб роҳандозӣ намудааст. Баъди суҳбати дурудароз бонуи ҳунарманд маслиҳатам дод: «Ту имкон ва ҳунар дорӣ ва метавонӣ, ки корхонаи дӯзандагие созмон диҳӣ. Ҳоло дар як мағоза чанд нафарро кор додаӣ, дар сурати таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ даҳҳо бонувон соҳиби кору маблағ мешаванд. Магар аз ин дида кори савобе ҳаст?».
Ростӣ, сари ин мавзуъ чанд рӯз ба фикр рафтам. Нақша кашидам, ҳисобу китоб намудам ва сари ҳар лаҳза аз худ мепурсидам, ки оё метавонам аз уҳдаи кор бароям? Ва, хушбахтона, коргоҳи дӯзандагии «Амина» дари худро ба рӯи мизоҷон ва бонувони корҷӯ боз намуд, - мегӯяд бонуи кордон.
Беш аз 30 бонуи ҳунарманд дар ин коргоҳ ҷамъ омад ва бо дархости хонандагон, омӯзгорон, табибон, тоҷирону фаррошон ва дигар мизоҷон либосҳои махсус омода месозанд.
Машҳура Искандарова барои авҷи кор ва рушди тиҷорат роҳу усулҳои беҳтарро барои худ кашф намуд. Бо волидон ҳамсуҳбат шуда, аз завқи онҳо огаҳӣ ёфт. Чи гуна интихоб кардани либос барои мактаббачаҳоро аз пешниҳоду дастури волидон дарёфт. Ҳатто вобаста ба табъу завқи онҳо тарроҳӣ кард. Бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мактаб – интернатҳои шаҳр дар хусуси тайёр намудани либоси ягонаи мактабӣ шартномаи ҳамкорӣ баст.
- Оғози ҳама гуна кор бе мушкилӣ намешавад. Замоне коргоҳ ба фаъолият пардохт, ки баъди чанде бар асари бемории коронавирус дари бисёр муассисаҳои таълимӣ ва ҳам дигар корхонаҳо баста шуданд. Албатта, дар ин сурат зарари моддӣ ба коргоҳ расид. Қарзи бонк меафзуд. Маҳсулоти тайёр дар анборҳо интизори харидор мехобид, - иброз медорад бону Машҳура,- ва меафзояд, - хушбахтона, бемории сироятӣ зуд аз байн рафту кор ба маҷрои пештара баргашт.
Баъди хуб чархидани соҳибкорӣ, Машҳура тасмим гирифт, то чунин коргоҳро дар ноҳияи Шаҳринав низ роҳандозӣ намояд. Соли гузашта коргоҳи дӯзандагии «Машҳура» то 20 нафар занону духтарони маҳаллии ин ноҳияро ба кор фаро гирифт. Бонуи кордон мегӯяд, ки ин ҳанӯз аввали кор аст ва оянда бояд дар коргоҳ бонувони зиёд ба кор ҷалб шаванд.
- Дар урфият мегӯянд, ки корро корфармо ва асбоб мекунад. Воқеан, агар дар ҳар коргоҳ кор дуруст роҳандозӣ шавад ва барои пешрафти он асбобу таҷҳизоти зарурӣ фароҳам бошанд, маҳсулот низ бо сифати хуб истеҳсол мешавад. Мошинаҳои дарздӯзӣ ва матоъро аз бозорҳои кишвар дастрас намудем. Бархе аз дастгоҳҳоро, ки фақат барои пора кардани матоъ аст, аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон харидем. Алҳол, чунин мошинаҳо 35 адад дар коргоҳи «Амина» ва 9 адад дар коргоҳи «Машҳура» мебошанд, ки ҳунармандон дар ҷараёни кор аз онҳо истифода мебаранд.
Рушди саноат ва ба фаъолият пардохтани коргоҳҳои хурду миёна на танҳо ба манфиати буҷети хонаводагии аҳолист, инчунин, бо супурдани андоз буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ғанӣ мегардад. Машҳура Искандарова соли равон вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри коргоҳ ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллии ноҳияи Шаҳринав андоз пардохт.
- Инчунин, ба худ аҳд намудаам, ки ба ятимони кулли мактаб – интернатҳое, ки шартномаи ҳамкорӣ дорем, ҳар сол 40 – 50 ҷуфт либоси мактабӣ ройгон тақсим кунем.
Ҳадафи асосии Машҳурабону ин ба кор андохтани корхонаи бузурги дӯзандагӣ ва ҷалб сохтани шумораи зиёди занону духтарон ба кори доимист. Хоҳони он аст, ки бо брендҳои ҷаҳонӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он маҳсулоти корхона харидор пайдо намояд. Бовар аст, ки вай ба ҳадафи худ мерасад.
Қ. НЕЪМАТУЛЛО