Имрӯз бонуи тоҷик баробари тарбияи насли наврас, инчунин баҳри рушди саноат, ки яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва боло рафтани некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ аст, саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамасола барои дастгирии занони соҳибкор 80 гранти президентӣ ҷудо мегардад, ки яке аз воситаҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодии занон, хонаводаҳои онҳо ва ҳам омили баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявию ҳуқуқии занони соҳибкор ба ҳисоб меравад.
Алҳол теъдоди занони соҳибкор дар ҷумҳурӣ афзудан дорад, 25 дарсади шумораи умумии со¬ҳибкорони инфиродии кишварро занон ташкил медиҳанд ва 15 фоизи роҳбарони корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби онон мебошад.
Бонувони вилояти Суғд низ дар рушди соҳаи саноат саҳми арзанда доранд. Ҳамчун роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ, дӯзандагиву қаннодӣ, марказҳои хиз¬матрасониву тиҷоратӣ, хоҷагиҳои деҳқо¬нӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои солим-гардонӣ, кӯдакистонҳо фаъолият намуда ҳазорон нафарро бо ҷойи кор таъмин месозанд.
Дар соли 2022-юм 16 нафар бонуи соҳиб¬кори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сазовори гранти мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ҳамчунин, 60 нафар ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Суғд гашта, ба андозаи 420 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтанд.
Мувофиқи маълумоти раёсати андози вилояти Суғд дар ҳудуди вилоят 32 ҳазору 879 нафар зани соҳибкор, аз ҷумла роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ 1191 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Яке аз чунин роҳбарони кордон Мадина Каримова ба ҳисоб меравад, ки баҳри пешрафти соҳаи саноат дар кишвар ва таъмин намудани занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ саҳми хешро гузоштааст.
Ҳангоми суҳбат бо Мадина дарк намудем, ки содиқи касби хеш мебошад. Вай хатмкунандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ихтисоси технолог-дизайнер аст.
Нахуст кори хешро дар КМ «Ҷавонӣ» ҳамчун мастер-технолог оғоз намуд. Сипас, соли 2016 коргоҳи дӯзандагии хешро бо номи «Мадина» таъсис дода, 25 занони хонашинро бо ҷойи кор таъмин намуд. Бо мақсади бештар таъмин кардани занону духтарон бо кор соли 2019 ҶДММ коргоҳи дӯзандагии «Амир» ва соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ «Амир компания»-ро таъсис дод, ки бо дӯхтани либосҳои низомӣ ва маъмурӣ машғул мебошанд. Ҳамчунин, дар деҳоти Хистеварз ва Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанд коргоҳҳои дӯзандагӣ ташкил дод, ки имрӯз дар маҷмуъ, 200 коргар доранд. Кормандони коргоҳҳо бо хӯроки нисфирӯзӣ ва нақлиёт таъмин мебошанд.
Мадина дар шаҳрҳои Истаравшан, Бохтар ва Ваҳдат барои дӯхтани сарулибоси мактабӣ коргоҳи дӯзандагӣ ташкил кардааст.
Моҳи октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ҳунармандон ташриф оварда, ба маҳсули дӯзандагии коргоҳҳои Мадина баҳои баланд доданд. Зимни мулоқот ба ин зани ҳунарманду кордон таъкид намуданд, ки ҳамкориашро бо коргоҳи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ба роҳ монад ва ба кормандон шароити кориро фароҳам созад. Маҷмаи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» матоъҳои трикотажӣ истеҳсол мекунад, ки ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати намуд бартарӣ доранд. Мадина Каримова дастури Сарвари давлатро хуш пазируфта, ҷиҳати дастрас намудани ин навъи матоъ ба ноҳияи Данғара рафта, бо «Ҷунтай-Данғара» шартномаи ҳамкорӣ баст.
Якуми апрели соли 2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як коргоҳи дӯзандагӣ, қолинбофии таъсисдодаи Мадина Каримоваро бо номи «Ёсуман», мавриди истифода қарор доданд.
Дар ошёнаи якум коргоҳ ва маркази омӯзишию истеҳсоли қолинҳои дастӣ ва попуридӯзӣ бо таъсиси 16 ҷойи корӣ ва дар ошёнаи дуюм коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 24 ҷойи корӣ ҷой гирифтаанд. Барои мутобиқсозии сифати маҳсулот ва таъмини пурраи хонандагон бо либоси мактабӣ, корию ҳарбӣ, варзишӣ ва миллию аврупоӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз хориҷи мамлакат ворид ва насб шудаанд. Корхонаи дӯзандагии «Ёсуман» иқтидор дорад, ки дар як сол беш аз 10 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагиро истеҳсол намояд. Дар коргоҳ, ҳамзамон, бо ҷалби мутахассисон нозукиҳои ҳунари қолинбофӣ ва попурдӯзӣ ба занону духтарон омӯзонда мешавад.
Мадина идеяҳову тозакориҳоро дар ҳунари дастиву дӯзандагӣ аз табиати Тоҷикистон меомӯзад. Вай дӯстдори табиати нотакрорӣ кишвар буда, мехоҳад ба ҷаҳониён ҳунару тозакорияшро муаррифӣ намояд.
- Омӯзиши ҳунари дастӣ заҳматталаб бошад ҳам, манфиатовар ва дар бозорҳои дохилию хориҷӣ харидорони зиёд дорад, - мегӯяд Мадинабону.
Мадина Каримова бонуи хушбахт, соҳиби 4 фарзанд, ҳамсари вафодор мебошад. Дастоварди хешро аз дастгирии волидони ғамхор, устодон ва ҳамсари вафодораш Шуҳратҷон Ғаниев медонад.
Оре, дар кишвар мисли Мадина бонувони ҳунарпешаву соҳибкор зиёданд, ки кору пайкорашон намунаи ибрат аст.
Ҷаннат УМАРОВА,
Рӯзноманигор