Шароити мусоиди иқлимӣ ва захираҳои обии фаровони Тоҷикистон барои рушди соҳаи агросаноатӣ ва, инчунин, пешрафту тараққиёти самти иқтисодӣ мувофиқ мебошад. Бо пешрафти ин соҳаи барои ҷомеа муфид, дар баробари арзон шудани маводи хӯрока дар бозорҳои дохилӣ, чун кишвари содиркунандаи молу маҳсулоти истеъмолӣ ба хориҷ низ, роҳ хоҳад ёфт.
Рушди соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои судманди хоҷагидорӣ буда, дар таъмини бозори истеъмолии кишвар аз гӯшти парҳезӣ мусоидат хоҳад намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи иқтисодӣ ва некуаҳволии халқ чораҳо андешида, аз нимсолаи дуюми соли 2019 соҳаи моҳипарвариро аз пардохти 6 намуди андоз, воридоти таҷҳизоти технологиву мавод барои таъмини соҳаро аз ҳама намуди андозҳо озод намуданд. Ин аст, ки солҳои охир дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъсис ёфтанд.
Бахусус, дар шаҳри Ваҳдат, дар масоҳати 80,5 га кӯлу обанборҳо 29 хоҷагии моҳипарварӣ мавҷуд аст, ки дар 6 моҳи соли равон аз онҳо 259 тонна моҳӣ сайд шуд. Дар хоҷагиҳо намудҳои гуногуни моҳӣ, аз қабили зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ, пешонағафси сафед, амури сафед ва ғайра парвариш меёбанд.
«Аквапорс» аз зумраи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шаҳри Ваҳдат мебошад, ки аз соли 2008 дар он ду намуди гулмоҳӣ парвариш меёбад.
- Пешаи банда аслан соҳибкорист. Самти корам ба сохтмон иртибот дорад. Табиист, ки ҳадафи ҳар соҳибкор истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва роҳ ёфтан ба бозор мебошад. Ба истилоҳ, маҳсулоти «бозоргир», соҳибкорро ба мақсади ниҳоӣ, яъне ба даст овардани фоида мерасонад. Вақте ба кишвари Эрон барои воридоти масолеҳи сохтмон сафар намудам, ҳампешагонро дидам, ки дар баробари тиҷорат ҳавзҳои калони моҳипарварӣ доштанд. Бо тавсияи онҳо, ки Тоҷикистон кишвари фаровон аз об аст, тасмим гирифтам, то чунин хоҷагиро дар шаҳри Ваҳдат ташкил намоям. Воқеан, бунёди обанборҳо имкон медиҳад, ки об захира ва ҳам соҳаи моҳипарварӣ рушд ёбад.
То имрӯз дар бобати пешравии кор дар ин самт бо мутахассисони эронӣ ҳамкории зич дорем. Онҳо, дар баробари дониши назариявӣ, инчунин, таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи моҳипарварӣ доранд.
Бемориҳои камхунӣ (аксаран ҳангоми тухмпартоӣ моҳӣ мубталои он мегардад), шикамдард ва дигар касалиҳои замбурӯғӣ, ки хоси моҳӣ мебошанд, танҳо бо ёрии мутахассисон бартарф мешаванд, - мегӯяд Алиҷон Раҷабов, роҳбари Хоҷагии моҳипарварии «Аквапорс».
Мавсуф мегӯяд, ки шароити иқлими ватанамон барои рушди ин соҳа мувофиқ аст, ба истиснои фаслҳои боронӣ, ки обҳои кӯлу дарёҳо лойолуд гаша, боиси талафи моҳӣ мешаванд. Бо сабаби сард омадани зимистони соли равон хоҷагии мазкур низ, зарар дида, қисми зиёди моҳиҳоро талаф дод.
- Агар дар аксар кишварҳо сол аз 12 моҳ моҳӣ парвариш намоянд, дар шароити мо ҳамагӣ шаш моҳ имкони парвариш ҳаст. Ҳамчунин, моҳипарварони хориҷ обанборҳои махсус ва корхонаҳои тухмипарварӣ ё кирминатайёркунии алоҳида доранд. Ҷиҳатҳои мусбати ин соҳаро ба инобат гирифта, чунин ҷараёни кор дар соҳа ҷорӣ шавад, кишвари мо низ, яке аз содиркунандаи гӯшти моҳӣ хоҳад шуд, - иброз медорад моҳипарвар.
Хоҷагии мазкур дорои 9 гектар замин буда, дар 2 гектари он беш аз 60 ҳавзи моҳӣ бунёд шудааст. Дар ҳавзҳо вобаста ба ҳаҷму вазн 4 намуди гулмоҳӣ, аз зумраи гулмоҳии дарёӣ, гулмоҳии зарди тиллоӣ, гулмоҳии пешонипаҳн ва гулмоҳии рангинкамон, парвариш меёбад.
- Агар 20 дарсади тухм ва кирминаи гулмоҳиро аз хоҷагиҳои маҳаллӣ дастрас намоем, боқӣ аз кишварҳои Франсия, Дания ва Россия ворид мешавад. Кирминаҳои аз хориҷ воридгашта, дар корхонаҳои махсус аз тухмиҳои яккачини селексионӣ истеҳсол шудаанд. Моҳиҳои дарёии кишвар пас аз 2 сол тухм мегузоранд, давраи тухмгузории тухмиҳои аз хориҷ воридшуда пас аз 4 сол сурат мегирад.
Ғизо барои парвариши гулмоҳиро аз хориҷи кишвар меорем. Беш аз 40 дарсади маводи ғизоии гулмоҳӣ аз протеин иборат буда, боқимондааш маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз дар кишвар корхонахои истеҳсоли орди устухон ва дигар маводи ғизоӣ барои моҳӣ фаъолият доранд, аммо, ғизонокиашон кам аст. Равғани соя, кунҷора, инчунин, зиёда аз 20 намуд маҷмуи витаминҳо барои парвариши гулмоҳӣ аз дигар давлатҳо ворид мешаванд. Танҳо 10 дарсади ғизои гулмоҳӣ, иборат аз ҷуворимаккаю гандум, дар кишвар истеҳсол мешавад, - иброз медорад Алиҷон Раҷабов.
Роҳбари хоҷагӣ тасмим дорад, ки дар оянда бо афзудани ҳаҷми маҳсулот корхонаи консерви моҳӣ ва тухми моҳӣ (икра)-ро роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин, сохтани сардхонаҳо барои нигаҳдории моҳӣ ва маҳсулоти моҳиро дар нақша доранд.
- Гулмоҳӣ, агарчи дар бозорҳо нархаш нисбат ба дигар намудҳои моҳӣ гарон бошад ҳам, аз ҷиҳати манфиатнокӣ камхарҷ мебошад. Масалан, нархи 1 кг зағорамоҳӣ (сазан) дар бозор 60 сомонӣ аст, гулмоҳӣ бошад, 70 сомонӣ. Дар тоза кардани гулмоҳӣ ҳамагӣ 15 дарсад пасмонда мебарояд, аз зағорамоҳӣ бошад, 40 фоиз. Устухон, болчаҳо ва пӯсти гулмоҳӣ нисбатан кам буда, асосан аз гӯшт иборат аст.
Баъдан, намудҳои гуногуни моҳӣ, ки дар ҳавзҳо ва обанборҳо парвариш меёбанд, ғизои камхарҷ истеъмол менамоянд, ба мисоли алаф ва ҳар гуна буттаҳо. Дар ҳар сурат, бо рушд додани соҳаи моҳипарварӣ истифодаи об ба танзим даромада, кӯлҳо, обанборҳои иловагӣ ва ҳавзҳо бунёд мешаванд. Ҳамчунин, аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ таъмин гашта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳанд шуд, - афзуд Алиҷон Раҷабов.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО