Моли соҳибкорони ватанӣ бояд сифати олӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, - мегӯяд мудом ба таъкид роҳбари ширкати «Маҳсулоти хӯрокаи кӯҳӣ» Садрия Мародмамадова.
Садрия нигарон аст, ки ҳанӯз ҳам дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо миқдори зиёди молҳои истеъмолии пастсифати воридотӣ ба фурӯш гузошта мешаванд. Дар таркиби ин гуна маводи истеъмолӣ моддаҳои химиявӣ зиёд буда, онҳо барои саломатии инсон зарароваранд. Ҳол он ки дӯстдорони анвои ғизоӣ, назири чипсу ролтон, анвои шириниҳо ва нӯшокиҳои мухталиф, асосан кӯдакону наврасону ҷавононанд. Вазифаи асосии корхонаҳои ватанӣ бо пешниҳод намудани маҳсулоти босифат ва тозаи экологӣ, танг кардани мавқеи молҳои воридотӣ дар бозори дохилӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии харидорон арзёбӣ мешавад. Мутаассифона, иддае аз корхонаҳои ватанӣ ба хотири ба даст овардани даромад, сифатро қурбони миқдор мегардонанду маҳсулоти сифатан паст ба харидорон пешкаш менамоянд. Дар мисоли чипс ва таҳлили таркиби он бо боварӣ метавон гуфт, ки дар бештари маврид картошкае, ки барои тайёр кардани чипс омода мешавад, дар ҳарорати бештар аз 180 С хушк ва дар равған доғ шудааст, ки дар натиҷа моддаҳои фоидаовари таркиби он пурра нобуд мегарданд.
Ширкати «Маҳсулоти хӯрокаи кӯҳӣ» бо истеҳсоли чипс фаъолияташро дар шаҳри Хоруғ оғоз намуд. Истифодаи технологияи экологӣ дар истеҳсоли маҳсулот ва дар мадди аввал гузоштани сифат боис гардид, ки чипсҳои ширкат зуд ба завқ ва дили харидорон роҳ ёфтанд.
Корхона бо технологияи навтарин муҷаҳҳаз аст, чипс дар ин ҷо бо усули вакуум дар ҳарорати 110 С гармӣ омода мегардад. Чунин тарзи истеҳсол имкон медиҳад, ки витаминҳои дохили маҳсулот пурра боқӣ монда, ба саломатӣ фоидаоваранд.
Таҳлили таркиби ағлаби чипсҳое, ки дар мағозаву бозорҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, нишон медиҳад, ки бештарашон ба хотири ба таври оммавӣ истеҳсол намудан дар ҳарорати 180 С ва бо истифода аз технологияи арзон тайёр гардидаанд. Ба ҷуз ин, ба хотири намуди зоҳирӣ - рангу тақвият бахшидани маза ба онҳо моддаҳои химиявӣ ҳамроҳ карда шудаанд. Ин гуна чипсҳо ба саломатии инсон зараровар буда, барангезандаи омосҳои бадсифат дар организми инсон мебошанд.
Ширкати «Маҳсулоти хӯрокаи кӯҳӣ» ба хотири тавлиди моли босифат ва барои саломатӣ манфиатовар, дар баробари дастрас намудани технологияи муосири замонавӣ ба омӯзиши кормандону мутахассисон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир сохт. Аксари кормандони ширкат нозукиҳои истеҳсоли чипсро дар мамолики хориҷӣ омӯхта, дар коргоҳ малакаашонро амалӣ менамоянд.
Садрия хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мебошад. Ғолибият дар як озмуни байналмилалӣ барояш имкон дод, ки таҳсилоти олии магистратураро дар кишвари Ҳинд идома диҳад. Пас аз ду соли таҳсил се сол ҳамчун намояндаи як ширкати тиҷоратии тоҷикистонӣ дар Ҳиндустон кор кард. Тайи солҳо ба нозукиҳои тиҷорат ва истеҳсолот ошноии бештар пайдо намуд.
Пас аз бозгашт ба Ватан, Садрия фаъолияти соҳибкориро пешаи худ қарор дод. Ҳангоме дар Форуми «Помиринвест», ки дар Хоруғ баргузор гардид, яке аз сармоягузорони хориҷӣ қобилияти соҳибкорони вилоятро дар мавриди таъсис ва идораи истеҳсолот зери суол бурд, Садрия бо забони англисӣ барномаи истеҳсолиашро пешниҳод намуда, бовар кунонд, ки дар сурати дастгирӣ дидан, соҳибкорон омодаанд, нақшаҳояшонро ба таври дуруст ва азму талоши ҷиддӣ амалӣ созанду комёб гарданд.
- Иқлими вилоят барои парвариши намудҳои серҳосили картошка хеле мусоид асту таъсиси корхонаи чипсро дар ин ҷо фоидаовар мешуморам. Таҷрибаҳои нахустини истеҳсолиамон дар ин ҷода самара оварданд, - бо қатъият баён дошт С.Мародмамадова.
Садрия бо ҳамроҳии гурӯҳи мутахассисони гирдовардааш дар ширкат собит сохт, ки фикри таъсис додани корхонаи чипсбарорӣ барояшон танҳо ҳавову ҳавас набуда, онҳо дар ин ҷода аллакай донишу таҷриба андӯхтанд ва қодиранд ба таври касбӣ мақсади дар пеш гузоштаашонро амалӣ намоянд. Ҳамин тариқ, дар Хоруғ бо дастгирии сармоягузорон корхонаи замонавии истеҳсоли чипс ба кор даромад. Ширкат имконият дорад, ки дар давоми шабонарӯз бо риояи пурраи технологияи экологӣ то се тонна картошкаро коркард намояд.
Ба гуфтаи Садрия, маҳсулоти бе риояи стандарт ва истифодаи технологияи муосири экологӣ, ки ба хотири кам кардани арзиши аслии он якбора ба миқдори зиёд истеҳсол мешавад, агарчанде аз лиҳози сифат паст ва баъзан ҳатто барои саломатии инсон зараровар бошад ҳам, арзонтар меистад. Бештари муштариён ба хотири арзонӣ ба ин гуна маҳсулоти воридотӣ рӯ меоранд. Вале, тавре мақоли халқӣ садо медиҳад, «арзон бе иллат нест, қимат бе ҳикмат» ва, агарчанде чипси истеҳсолнамудаи корхона бо назардошти хароҷоти истеҳсолӣ гаронтар меистад, муштариён аллакай бо дарки фоида ва мазаашон онҳоро интихоб менамоянд.
Айни замон корхона дар баробари чипс тушбера ва хамираҳои гуногун барои пухтани санбӯса истеҳсол менамояд. Мудирияти корхона ният дорад, ки фаъолияти истеҳсолиро боз ҳам тавсеа бахшида, номгӯи истеҳсоли маҳсулотро биафзояд.
Бонуи саховатпеша, ҳамчунин, расондани ёрӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ашхоси камбизоат¬ро барояш қарзу фарз медонаду ба қадри имкон аз ҳисоби коргоҳ дар ин кори хайр ҳисса мегузорад.
- Бо дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ин рӯ, вазифаи ҳар соҳибкор аст, ки маҳсулоти сифатан аъло ва тозаи экологӣ ба бозор барораду пешкаши харидорон намояд. Бовар дорам, ки сифат кафили ғолибият дар рақобати иқтисодӣ буда, соҳибкории истеҳсолӣ дар ин замина бозоргир ва равнақи бештар меёбад, - афзуд Садриябону.
М. САИД,
шаҳри Хоруғ