19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Баҳри пешрафти босуръати кишвар

 

280vbaqedgc

Соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад. Дар баробари тараққии соҳаҳои дигар, пешрафти соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти созандаи Ҳукумати мамлакат аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод карданд, ки солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Дар ин радиф, саноатикунонии босуръат чорумин ҳадафи миллӣ маҳсуб ёфта, мақсади ниҳоии он бунёди корхонаҳои истеҳсолии рақобатпазир дар ҳамкорӣ бо коргоҳҳои рушдёфтаи хориҷӣ, дарёфти мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонӣ ва, албатта, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Рушди босуръати саноат боис ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанигардонии буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти воридшаванда, афзоиши иқтидори содиротӣ ва, дар умум, рақобатпазир гаштани иқтисодиёти миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.

Дар ин замина, дар Суғд тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт дар самти саноатикунонӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Аз рӯи барномаҳои миллии саноатикунонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло дар ноҳия сохтмони корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар авҷ аст. Бунёди коргоҳи ҷуроббофӣ аз зумраи онҳост, ки дар он асосан бонувони ҳунарманду хушкор баҳри таъмини мардуми кишвар бо ҷуробҳои хуштарҳу замонавӣ паси дастгоҳҳои ҳунармандӣ фаъолият доранд.

Ҳини сафар ба ноҳия, моро даст дод, ки аз ин коргоҳ дидан намоем. Сохтмончиён машғули кор буданду дар басти дӯзандагӣ бонувони маҳаллӣ бо роҳбарии Фирӯза Абдураҳмонова машғули омӯзиш буданд. Ӯ дар деҳаи Аппони Ҷамоати деҳоти Ошоба умр ба сар мебарад. Касбаш дӯзандагист. Баъд аз он ки басти ҷуроббофӣ омода шуд, роҳбарон тасмим гирифтанд, ки мутахассисонро барои кор тайёр намоянд. Аз ин рӯ, чанд нафар духтаронро бо роҳбарии Фирӯза ба шаҳрҳои Қӯқанду Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои омӯзиш фиристоданд. Онҳо 15 рӯз ҳунари худро сайқал доданд.

Гулнора Солиева, Лобар Ҷӯраева, Дилноза Мамадҷонова, ки дар ҷумҳурии ҳамҷавор касби бофандагӣ ва идора намудани дастгоҳҳоро омӯхта буданд, имрӯз бофандагӣ ва идора кардани дастгоҳҳоро ба духтарони маҳаллӣ ёд медиҳанд.

Вақти ба басти дӯзандагӣ ворид шудан, дидем, ки гулдухтарон машғули омӯзиш ва истеҳсоли ҷуроб буданд. Дар паси ҳар дастгоҳ яккасӣ, яъне 15 нафар машғули бофтану азбар намудани ҳунари бофандагӣ буд. Аз онҳо 4 нафар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳунар омӯхта, ба 11 нафари дигар касби бофандагӣ ва идора намудани дастгоҳро ёд медоданд. Ба ғайр аз ин, 5 тани дигар дар ҳуҷраи шафат бо духти бо ном «оверлок» машғул буданд.

Маҳлиё Муллохонова, ки хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Абдураҳмони Ҷомии Ҷамоати деҳоти Ориён асту дар деҳаи Марҳамат бо аҳли хонаводааш сукунат дорад, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тули даҳ рӯз ҳунари оверлокро аз бар намуд. Вай Мастонаву Анора Ҳасановаҳо, Манзура Юлдошева, Тӯхтаҷон Маҳмудоваро ба ин касб омода месозад.

Сардори коргоҳ изҳор дошт, ки баъд аз оверлок задани ҷуробҳо маҳсулоти омодашударо дарзмол карда, онро банду баст менамоянд. Алҳол дар коргоҳи ҷуроббарорӣ марҳалаи сохтмон ва омӯзиш идома дорад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

ноҳияи Ашт

:.  Иқтисод 20.07.2023 11:54 328

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz