Мусоҳиба бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим
Сол аз сол вазъи соҳаи нақлиёт дар мамлакат беҳтар мегардад. Ва, албатта, дар ин раҳ нақши кормандон ва муассисаҳои тобеи Вазорати нақлиёт муассир аст…
Бале, аслан, мо ба фаъолияти Вазорат баҳо намегузорем. Ин ҳаққи халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Фикр дар бораи бурду бохти соҳа, кормандон ва муассисаҳои зертобеи он саҳеҳ аст. Аммо, тавре фармудед, «вазъи соҳа торафт беҳтар мегардад», пас ин хизмати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ барои «девдара»-ҳоро ба «гулдара»-ҳо табдил додану нақбҳоро «бо нохун» шикофтан, тамоми талошҳоро ба харҷ доданд…
Моҳи майи соли равон дар доираи сафари кории худ аз қитъаи роҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони роҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе - Қулма дидан кардед. Мегуфтед, ки корҳои сохтмону навсозии роҳ дар кадом ҳол аст?
Корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди сатҳи байналмилалии Душанбе - Кулма дар қитъаи Дарвоз - Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфта, давоми нуҳ моҳ роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини ин масирро тахту ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаи 4-ум ва 5-уми лоиҳа ворид шуданд.
Қитъаи мазкур яке аз хатарноктарин қисми роҳи мазкур ба ҳисоб рафта, ронандагону мусофирони мошинҳои мусофирбару боркаш бо мушкили зиёде ин масирро тай мекунанд. Давоми тирамоҳу зимистон ва баҳори гузашта роҳсозон, сарфи назар аз сардии ҳаво ва боронгариҳои пай дар пай, корҳоро дар қитъаҳои хатарнок пеш бурданд ва алҳол корҳо дар авҷанд. Дарозии ин қитъа 109 километр буда, ронандагон ин масофаро ба иллати сангрезиву селфуроӣ бо мушкилоти зиёд тай менамуданд.
Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳ ва сохтмони 2 нақб бо дарозии 5,2 км масофаи ин қитъаи роҳ то 16 км кӯтоҳ гашта, ба 93 км баробар мешавад.
Алҳол дар масофаи 40-километраи роҳ сохтмони 6 пули мошингузар, як долони зиддитармавӣ, 3 девори ҳимоявӣ, 66 новаи кушодаи селпарто ва чароғонкунии деҳаҳои аҳолинишин дар назар аст ва иҷрои ин корҳо бар уҳдаи ширкати чинии зерпудратчии «Сензиан Бейсин» гузошта шудааст. Шуруъ аз километри 580-уми деҳаи Дашти Язгулом ҶДММ «Аҳмадиён» бо истифода аз техникаи пуриқтидори роҳсозӣ ба тахту ҳамкоркунии қитъаҳои душворгузари роҳ машғуланд. Гурӯҳи дигари роҳсозон корҳои хоккании пойдевори роҳро анҷом медиҳанд. Корҳои навсозӣ дар қитъаҳои алоҳидаи ҳудуди ноҳияи Ванҷ тибқи лоиҳа пеш меравад. Роҳсозон қуллаи кӯҳро тавассути экскаватори дорои болғаи гидравликӣ ба замин ҳамвор мекунанд, то дар оянда лағзиши кӯҳпора, сангу хок¬ро, ки боиси хароб ва басташавии роҳ мегардад, комилан аз байн баранд.
Дар мавзеи Хумроғӣ коргарону мутахассисони ҶДММ «Сохтмон ва тиҷорат» бо истифода аз 10 адад таҷҳизоту техникаи пуриқтидор корҳои роҳсозиро мутобиқи нақша ва талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ пеш мебаранд. Дар мавзеи Сурхсангоби ноҳияи Ванҷ аллакай шаҳраки роҳсозон бунёд ёфта, корхонаи истеҳсоли сангу шағал сохта шудааст.
Фармоишгари татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ҳамоҳангсози лоиҳа - Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ ва паймонкори асосии лоиҳа - Ширкати чинии «Чайна роуд бришин корпорэйшн» мебошанд. Маблағгузории лоиҳаи роҳи байналмилалии Душанбе - Қулма, дар қитъаи Қалъаихумб - Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аст, ки хароҷоти лоиҳавии он 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.
Санги асоси ин қисми роҳи байналмилалӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2021 гузошта шуд. Қитъаи мазкур кӯтоҳтарин масири роҳ то шоҳроҳи Қароқурум ва бандари Карочӣ маҳсуб меёбад. Роҳи мазкур барои тамоми кишварҳои минтақа аз лиҳози иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ манфиатовар аст. Яке аз натиҷаҳои асосии ин лоиҳа ҳаракати пайваста ва бемамонияти нақлиёти автомобилӣ дар масири Афғонистону Чин аз як тараф ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дурнамои васеъ хоҳад буд.
Роҳсозон бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани роҳ аз механизму техникаи пуриқтидори замонавӣ истифода бурда, талош меварзанд, ки роҳи пурхавфу душворгузарро ба ҷодаи тахту ҳамвор табдил диҳанд.
Бино ба гуфтаи мутахассисон, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба роҳи дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мешавад. Ин роҳи сохташаванда аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии роҳ 12 метрро ташкил медиҳад. Самараи асосии иқтисодии ин роҳ сарфаи хароҷот аз ҳисоби кам шудани муҳлати сафар ва истифодаи нақлиёт, ривоҷ ёфтани тиҷорат ва робитаҳои байналмилалӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дигар аз паёмадҳои мусбати иҷрои ин лоиҳа рушди сайёҳӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб меравад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ лоиҳаҳои азиме дар самти роҳсозӣ амалӣ гардиданд, ки дар натиҷаи ин Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии худ – баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро амалӣ сохт. Феълан, кадом лоиҳаҳои нав барои ба ҳам пайвастани минтақаҳо дар ҳоли иҷро қарор доранд?
-Дар солҳои аввали истиқлолият бо сабабҳои ноустувории сиёсӣ ва иқтисодӣ 80 фоизи инфрасохтори системаи нақлиётӣ корношоям гардида буд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва танзиму назорат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июли соли 1998 дар назди Вазорати нақлиёт Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъсис дода шуд. Ҳукумати кишвар соли 2011 Барномаи давлатии мақсадноки рушди комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2025 қабул кард.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 59 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 24 млрд сомонӣ амалӣ шуда, беш аз 2400 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 326 пул, 6 нақб ва 219 километр роҳи оҳан бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар натиҷа Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, роҳҳои навбунёд кишварамонро бо давлатҳои ҳамсоя пайваст намуданд.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон дар раддабандии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ҷаҳон ҷои 50-ум ва дар миёни кишварҳои ИДМ мавқеи 2 - юмро ишғол намуд. Ба ин мақсад, ҳоло дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ин шумора 12 лоиҳа ба Вазорати нақлиёт ва 5 лоиҳаи дигар ба салоҳияти шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар мансубанд. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Айни ҳол татбиқи амалии 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки фармоишгари онҳо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст (ба маблағи 10,7 млрд сомонӣ ё 1 млрд 55,2 млн доллари ИМА) бо маром пеш меравад. Дар доираи ин лоиҳаҳо, аз ҷумла, марҳилаи якуму дуюми таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар (сохтмони 72,7 км роҳ ва 14 адад пул), сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб ( 58 км роҳ, 4 адад пул ва 1 адад нақб) дар назар дошта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин лоиҳаҳо анҷом ёфта, ба муҳлати кафолатӣ расонда шудаанд.
Марҳилаи якуму дуюми таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод (сохтмони 76 км роҳ, 2 адад нақб ва 13 адад пул ва таҷдиди 1 адад пули мавҷудбуда), таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук-Темурмалик (60 км роҳ ва 5 адад пул), Данғара – Оқмазор (28,9 км роҳ ва 8 адад пул), сохтмони 52 км роҳ дар вилояти Суғд, бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма (қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон (сохтмони 93 км роҳ, 2 адад нақб, 15 адад пул ва 5 адад долони нақлиётӣ), таҷдиди қитъаи Қизилқалъа – Бохтар-и роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар (сохтмони 9,2 км роҳ) ва марҳилаи дуюми сохтмони нақби «Истиқлол» идома доранд…
Дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон, солҳои охир тамоюли рақамикунонӣ мушоҳида мегардад. Бигӯед, ки дар ин самт чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
- Чил - панҷоҳ сол пеш рақамикунонӣ мисли афсона ба назар менамуд, вале ҳоло ин афсона ба ҳақиқат бадал гаштааст. Имрӯз фаъолияти босамари ягон соҳаро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур карда намешавад. Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо имзои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ноябри соли 2003 таҳти № 1174 ба тасвиб расидааст. Баъдан дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим чандин қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳо қабул шуданд, ки дар онҳо, дар баробари дигар соҳаҳо, дар соҳаи нақлиёт низ, пурра татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ, ки ҷузъе аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд, пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» қабул гардид, ки мутобиқи он барномаҳои электронии рушд дар тамоми соҳаҳо таҳия ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Вазорати нақлиёт чанд сол пеш ба иҷрои тадбирҳо ҷиҳати марҳила ба марҳила амалӣ сохтани рақамикунонӣ дар тамоми самтҳои соҳа, аз ҷумла дар бахши логистика, коркарди роҳхату борномаҳо, идоракунии дороиҳои роҳҳо шуруъ намуд. Дар ин давра дар назди Вазорат КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» таъсис ёфт, ки ҳоло ба таҳияи барномаҳои шиносномакунии роҳҳо ва нақбҳои автомобилгард, лӯлаҳои обгузар, деворҳои муҳофизатӣ ва долонҳои нақлиётӣ машғул аст.
Феълан, аз 26 модул дар 4 модул (иштирок дар тендер, гирифтани борхат, гирифтани CMR ё санади боркашонии байналмилалӣ ва иҷозатномадиҳӣ) корҳо оид ба марҳилаи аввали барномасозӣ ба анҷом расида, марҳилаи дуюм оғоз ёфтааст. Дар самти рақамикунонии соҳа Вазорат бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Агентиии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) ва дигар шарикони рушд ҳамкории босамар ба роҳ мондааст.
Далер САФАР