Барои ӯ ҳар рӯз оғози ҳаёти наву милоди орзуву андешаҳои ҷадид, азму талошҳои навгуна ба хотири худсозиву шукуфоӣ аст, то бо ташаббусҳои созандаву идеяҳои ҷолиб саҳме дар рушду пешрафти ҷомеа ва некуаҳволии мардум гузошта бошад.
Зарнигор дар рустои дурдасти Танобчии ноҳияи Темурмалик дар хонадони собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 шахсияти шинохта Турдӣ Бегов зодаву ба воя расидааст. Дар арафаи хатми мактаби миёна бо чанд тан аз ҳамсинфон омодагӣ барои идомаи таҳсил дошт, аммо раванди бозсозии пеш аз пошхӯрии давлати шуравӣ, пеш аз ҳама, садди барномаҳои рушди ҷавонон гардид. Новобаста ба муҳити осебпазири даврони бетаваҷҷуҳӣ ба таҳсилоти олии духтарон Зарнигор пайи амалӣ намудани орзуҳо ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд, аммо ҳамон сол бо тасмими зодмандон хонадор шуда, бо ҳамин идомаи таҳсилро мавқуф гузошт.
- Соли 1995 дубора ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи мазкур дохил шуда, баъдан фаъолияти меҳнатиро аз Созмони ҷавонони вилояти Хатлон оғоз намудам, - риштаи суҳбатро мекушояд ҳамсуҳбатам. – Сарфи назар аз мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дар он солҳо мутахассисони корозмудаи сохторҳои давлатӣ дар баробари масъулиятҳои хизматӣ ба тарбия ва такмили касбияти кадрҳои ҷавон аҳамияти зиёд медоданд. Аз соли 2000 – ум, бо сабаби мушкилоти оилавӣ як муддат дар шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр карда, фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондам. Шояд ҳамин пайроҳаи зиндагӣ боис шуд, ки баъдан дар озмуни ишғоли ҷойи кор дар раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон иштирок карда, ба симати мутахассиси ин ниҳод ба фаъолият пардохтам.
Зарфияти барҷастаи Зарнигор дар рушди соҳибкории вилоят аз гомҳои устувори ӯ дар оғози марҳилаи хусусигардонии амволи давлатӣ ва эҳёи бахши хусусӣ маншаъ мегирифт, ки баъди собиқаи омӯзанда дар мактаби сиёсии Созмони ҷавонон ва дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар) ба раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон ба кор омад. Он замон бар замми моҳияти таъсису ташаккули коргоҳу хоҷагиҳои инфиродӣ, соҳибкорони навтаҷриба аз масъалаи сармоягузорӣ дида ба неруи зеҳнӣ, яъне, коршиносони саводманду тоҷирони чашмикордон эҳтиёҷ доштанд, ки аз онҳо роҳҳои ташкилу ба роҳ мондани фаъолиятҳои гуногуни истеҳсолиро биомӯзанд. Чаро ки дар раванди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, хусусигардонии амволи ҷамъиятӣ ва таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ дар кишварамон таҷрибаи нав ба ҳисоб мерафт.
- Зимни мусоҳиба масъули кор бо кадрҳои раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба гумони шояд аз уҳдаи кор намебароям, ба такрор мепурсид, ки то куҷо оид ба мафҳуми сармоягузорӣ ва омилҳои рушди бахши хусусӣ донишу тасаввурот дорам, - табассумомез ба ёд меорад Зарнигор Бекзода. – Биноан, ба шарти натиҷагирӣ аз муҳлати санҷишӣ маро ба кор гирифтанд. Собиқаи фаъолияти бисёрсола дар шуъбаҳои ташкиливу умумии Созмони ҷавонон ва дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар андӯхтаам мусоидат кард, ки мурури азбар намудани самтҳои фаъолияти соҳа ва дар зинаҳои мутахассис, сармутахассис, мудири бахши дастгирии соҳибкорӣ ва сардори шуъбаи сармоягузорӣ обутоб ёфтан, ба вазифаи муовини сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон таъин шудам.
Тули фаъолият дар ин ҷода бо машварату роҳнамоиҳои ӯ бисёр аз соҳибкорону саҳмдорони хоҷагиҳои инфиродӣ фаъолиятҳои истеҳсолии худро ривоҷу равнақ дода, ҳолиё дар афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодиёт саҳми назаррас доранд. Ба андешаи Зарнигор, дарёфти грантҳо танҳо ба хотири қадамҳои аввал ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулот, ба роҳ мондани парвариши чорвову паранда ё истеҳсоли дигар маҳсулот аст. Баъдан. бо роҳандозӣ намудани истеҳсолот ва ба даст овардани фоида аз маҳсулот, соҳибкор бо ташкили фонди даромади соф доираи фаъолияти худро густариш медиҳад.
Бо мақсади такмили ҳунару маҳорати соҳибкорон, мусоидат ба рушду ташаккули фаъолиятҳои истеҳсолӣ ва густариши шаклҳои замонавии пешбурди бахши хусусӣ, бо дастури Роҳбари давлат Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» таъсис ёфта, соли 2019 шуъбаи муассисаи мазкур дар вилояти Хатлон ба фаъолият пардохт. Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳибкорӣ тавассути бозомӯзии соҳибкорон ва омода намудани мутахассисони варзида, роҳбарияти вилоят пешбарии Зарнигор Бегзодаро ба симати роҳбари ин муассисаи навтаъсис салоҳ донист.
- Барои татбиқи ҳадафҳо дар самти ташаккули тиҷорату соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии истеҳсолӣ, қабл аз ҳама, донишу малакаи бозаргонӣ, касбу ҳунарҳои ниёзи замони муосир мебояд, - мегӯяд Зарнигор. - Вобаста ба ин самти асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», ин дар доираи мизҳои мудаввар, семинар-машваратҳо, мастер-класс, экспресс-курс ва дигар чорабиниҳо ба бозомӯзӣ ва такмили ҳунару маҳорат фаро гирифтани соҳибкорону шаҳрвандонест, ки хоҳиши таъсиси дуконҳои корсозиву коргоҳи истеҳсолиро доранд. Истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва омӯзондани сокинон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ аз омилҳои муҳимест, ки дар рушди иқтисоди миллӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Давоми ду соли охир дар семинару тренингҳои шуъбаи МД «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, 2213 нафар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои дӯзандагӣ, кадбонугӣ, ороиши ҳусн ва сартарошӣ, такмили маҳорату омӯзиши малакаи соҳибкорӣ фаро гирифта шуданд. Ба андешаи Зарнигор Бегзода, барои амалисозии идеяву тарҳҳои ҷадиди соҳибкорӣ, ба роҳ андохтани тиҷорати пурдаромад ва таъсиси коргоҳҳои хурди саноативу рушди истеҳсолот дар вилояти Хатлон имкониятҳо фаровонанд. Мутаассифона, на ҳама соҳибкорони навкор ба хотири пешрафти кору ҳунари худ барои иштирок дар барномаҳои омӯзишии вобаста ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳ доранд.
Ба мушкилу норасоиҳо нигоҳ накарда имрӯз дар кишвар фазои мусоиди соҳибкорӣ фароҳам буда, бахши хусусӣ ривоҷу равнақи тоза дорад, соҳибкорон, аз ҷумла бонувони соҳибкор ба пешбурди ҳунарҳои хонагиву хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳдуд нашуда, ҷиҳати таъсиси коргоҳҳои саноатӣ, аз қабили дӯзандагиву бофандагӣ, чорводориву занбӯриасалпарварӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тиҷорат иқдом менамоянд.
Дар пайравӣ аз ташаббусҳои Сарвари давлат бобати дастгирии занону духтарони соҳибкор аз соли 2006 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар ниҳоди марбута грантҳои президентӣ ҷудо менамоянд, ки ин раванд ба рушди бахши хусусӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ, ки бонувон роҳбарӣ доранд, вусъати тоза мебахшад, - иброз медорад Зарнигор Бегзода. – Шуъбаи Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, соли ҷорӣ низ, ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ як силсила семинару машваратҳои омӯзиширо ба роҳ монд. Ин муддат дар доираи барномаҳои омӯзишӣ ва роҳкушоии занону духтарони соҳибкор барои дастрасӣ ба грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 нақшаи тиҷоратӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси коргоҳҳои дӯзандагиву адрасбофӣ, таъсиси ошхонаву гармхона ва рушди моҳипарвариву дигар намудҳои соҳибкорӣ таҳия ва пешниҳод карда шуд.
- Ҷиҳати фарогирии ҷавонон ва бонувони бешуғл ба касбу ҳунаромӯзӣ мо дарсҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Оғози тиҷорат»-ро идома дода, дар ҳар даври таълимӣ аз 35 то 40 нафарро ба ҳунаромӯзӣ фаро мегирем. Ҳамзамон, ташкилу баргузории намоишҳои маҳсулоти миллии истеҳсолнамудаи бонувони соҳибкор ва ба роҳ мондани озмунҳои ҳунарӣ дар татбиқи имкониятҳои рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонону бонувон нақши муассир дорад, - иброз дошт дар фарҷом Зарнигор Бегзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар