Милоди ӯ ба фатҳи қуллаи орзуҳои аҷдодонаш рост омада буд, ки бо таъсиси нахустин ансамбли оилавии тарона ва рақси «Бахт» номи худро дар саҳфаи таърихи санъати халқи тоҷик сабт намояд. Роҳгардиро ҳам дар саҳнаи театри ҳунарӣ шуруъ карда буду дар рафти тамринҳо ва сафари 35-рӯзаи ансамбли оилавиашон ба шаҳри Москва афтону хезон домони модарро раҳо намекард. Сафарҳои ҳунарӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногун, исту зист дар меҳмонхонаҳо ва ранҷи роҳу лаҳзаҳои хушгузаронӣ бо падару модар мисли наворҳои нодир пеши назар ҷилвагар мешаванд.
Наргис фарзанди савуму хурдии хонадон ба замми меҳрубониҳои беандозаи зодмандон кӯдаки ниҳоят оромтабиату дидадаро буд, ки бо нигоҳи меҳрангезу лаҳни дилнишин, ошкоргӯиҳои оташин ва дӯстдориву самимияташ дар оила ва доираи хешу ақрабо маҳбубият дошт. Гузори даври шубоб, бардошти аввалинаш аз синни худшиносиву бедории фикрӣ ба ин нукта ҳусни оғоз ёфта буд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи пайвандону атрофиён ба инсон неруи бузург ва ангезаи худсозиву шукуфоӣ илқо намуда, касро ба иқдомҳои созандаву гомзании устувор ба сӯи фатҳи орзуву ҳадафҳо таҳрик мебахшад. Ба вижа, таваҷҷуҳи беандозаи модари азиз, ки дар ташаккули зеҳниву илму ҳунаромӯзӣ ва рушди истеъдодҳои фарзандонаш нақши бағоят муҳим дошт, Наргисро бармаҳал аз ҳамсолон дар пайроҳаи ҳаётӣ пухтаву суфта гардонд.
- Шукри сарнавишт, дар хонадони зиёӣ ва пешоҳангони арсаи санъати рақсу мусиқӣ зодаву дар муҳити фарҳанги волои хонаводагӣ, ки зодмандон ҳама ҳастии худро ба хотири беҳбудии рӯзгору рушди ояндасозии фарзандон бахшида буданд, тарбия гирифтаву ба воя расида, боре дар зиндагӣ камбудиву норасоиро эҳсос накардаам,- бо қаноат изҳор медорад Наргис Нурализода. Модари бузургворам Хатича Ализода, ки дар ҷодаҳои роҳбарӣ ифои вазифа дошт, ҳамеша моро ба парҳезгорӣ, ростқавливу амонатдорӣ ва омодагӣ ба мушкилоту санҷишҳои ҳаётӣ талқин менамуд. Чаро ки камолоти касбу мақому эътибор дар ҷомеа ва хушбахтиву саодати рӯзгори хешро аз баракати садоқат ба касбу заҳмати хастанопазир ноил гардида, таманнои онро дорад, ки фарзандону дастпарваронаш ҳам рӯзии ба заҳмати худ дарёфтаро аз сарвату пешравиҳои дар сояи дигарон, бартару афзал бидонанд.
Овони мактабхонӣ фарзандони хонаводаҳои зиёӣ бо ахлоқи ҳамидаву таҳсилоти аъло ва пешоҳангӣ дар чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ намунаи ибрати ҳамсабақон буданро, масъулият медонистанд. Ин буд, ки ӯро ҳамчун хонандаи беҳтарини Литсейи №1-и шаҳри Бохтар, ба саёҳат - омӯзиши дуҳафтаина ба Ҷумҳурии Қирғизистон фиристоданд. Баъд аз он, ки дар синфи ҳафтумӣ падар барояш дучарха тақдим намуд, ин роҳхат барояш дувумин инъоми бебаҳову фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб мерафт, ки дунёву дидгоҳи вайро ба зиндагӣ дигар кард. Он сафари нахустину тулонӣ ба хориҷ аз Ватан, дидору вохӯриҳои ҷонбахш бо одамони кишварҳои гуногуни олам, дар ташаккули афкору ҷаҳонбинӣ ва ҳаёти ояндааш таъсири бузург гузошт.
Ба эҳтимоли зиёд модар ба лутфи меҳри ҷовидониву эҳсосоти беназираш нисбат ба ҷигарбандон аз рӯзу рӯзгорони ояндаи зодагони худ огаҳӣ дошт, ки дар тарбияву тадриси Наргис ниҳоят сахтгир буда, духтари хурдии хонадонро дар руҳияи матонату озодандешӣ ба воя мерасонд. Ба хотири аз баҳори умр самараи дигаргуна бардоштан ончунон таваҷҷуҳи духтаронашро ба донишомӯзиву сайқали ҳунарҳо ҷазб намуд, ки дар симои модар дӯсти меҳрубону ҳамдам ва уқдакушои розу ниёзҳои худро тасаввур мекарданд.
Наргис бо насиҳату ҳидояти зодмандони ҳунарпарвар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо дипломи сурх хатм намуда, фаъолияти худро аз шуъбаи кадрҳои Донишгоҳи мазкур оғоз бахшид. Овони фаъолияти омӯзгорӣ дар Донишгоҳ таҷрибаи ҳуҷҷатгузорӣ ва тартибу таҳияи санадҳои расмиро аз бар намуда, донишу маҳорати хешро бобати сиёсати кадрӣ сайқал медод.
Агар ихтисоси иқтисодиёт ва молияро ба хосту пешниҳоди модар пазируфта бошад, масираш ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фаъолияти сиёсӣ амри сарнавишту тақозои замон буд. Пас он, вақти интихобаш ба вазифаи раиси Шурои бонувони Донишгоҳ устодон тавсия доданд, ки ин масъулияти ҷамъиятӣ-сиёсиро низ, бояд таҷриба намояд. Аз соли 2017 вобаста ба масоили мубрами фаъолияти бонувон барномаву чорабиниҳои муҳиме рӯи кор омаданд, ки ба муаррифии дастовардҳои илмиву эҷодии омӯзгорбонувону донишҷӯдухтарон, рушди зеҳниву такмили маҳорати касбӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ миёни бонувони Донишгоҳ нигаронда шуда буд.
Дар ин миён, илова ба таълими фанҳои молия ва қарз, муносибатҳои асъориву молиявӣ ва иқтисоди корхона, бонуи иқтисодшинос пажӯҳишҳои илмиро дар мавзуи «Рушди низоми омодасозии кадрҳои ихтисосманд барои соҳаи санъат дар шароити гузариш ба иқтисодиёти саноатӣ - инноватсионӣ» идома дода, соли 2019 рисолаи илмӣ дифоъ кард. Дарвоқеъ, нуфуси бонувон дар соҳаи иқтисодиёти вилоят қонеъкунанда набошад ҳам, фаъолиятҳои назарраси ангуштшумори бонувон дар вазифаҳои роҳбарии самти иқтисод ва риштаи иқтисодшиносӣ бозгӯи он аст, ки ояндаи наздик аз миёни ин мутахассисон кадрҳои лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарии соҳа пешбарӣ хоҳанд гардид.
- Дар партави сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2011–2020 ва солҳои 2021–2030) ва дигар барномаҳо ҷиҳати ҳузури занону духтарон дар арсаи сиёсат ва роҳбарии фишангҳои иқтисодии мамлакат имкониятҳои мусоид фароҳам омаданд, – гуфт Наргис Нурализода.
Дар ин росто, пешбарии номзадиам ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ва ба ҷонибдории ман раъй додани сокинони маҳаллаи Зарбдор баёнгари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳузури бештари фаъолзанон дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва вазифаҳои роҳбарӣ арзёбӣ мегардад. Аз таҷрибаи се соли вакилӣ дар самти суҳбату вохӯриҳои хона ба хона бо бошандагони маҳалла бори дигар итминон ҳосил намудам, ки мардум аз дидору ҳолпурсӣ бо вакилону масъулони мақомоти маҳаллӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, омодаанд, ки дар рушду ободии маҳалу шаҳри худ саҳми хешро гузоранд.
Бар замми фаъолияти содиқонаи омӯзгорӣ ва масъулиятҳои муҳими ҷамъиятӣ, Наргис ба симати мудири кафедраи молияи Донишгоҳ, дар таъмини низоми таълиму тарбия, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарият ва тарбияи мутахассисони ҷавон нақши муассир дорад.
Ҷамол УСМОН,
шаҳри Бохтар