Ноҳияи Шоҳмансур дар ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ғайр аз иншооти муҳими коммуникатсиониву нақлиётӣ, мисли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон, чанд соли охир дар ноҳия, дар майдони беш аз 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ минтақаи нави саноатӣ бунёд ёфтааст.
Моҳи сентябри соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуннисо ба бунёди корхонаҳои нав оғози расмӣ бахшида, бобати ба инобат гирифтани талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолӣ таъкидҳо доштанд.
Дар доираи эълони «Солҳои рушди саноат» дар ноҳия ҷиҳати тараққии соҳаҳои саноати сабук, коркарди нахи пахта ва ҷоннок намудани фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Давоми соли 2022 корхонаҳои саноатӣ бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 512,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки он назар ба соли 2021-ум 53,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳашт корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли 3 намуди маҳсулоти соҳаи саноати сабук машғул аст, аз ҷумла ҶДММ «Ёқут -2000», «Раёсати Комбинати дӯзандагии амволи ҳарбӣ» ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ҶДММ «Ваҳдат-текстайл» ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ - ҷуробҳои мардонаю занона ва кӯдакона, ҶДММ «Деккерс», «Зебокор», «Мирзо мебел», «Озум», «Роҳати дунё» ва «Абир» ба истеҳсоли мебел даст доранд, ки соли 2022 ба маблағи 29682,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд.
Моҳи декабри соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» ба фаъолият пардохт, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 метри мураббаъ қолинро ташкил медиҳад. Иқтидори солонаи он 1 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ қолин буда, бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи милливу аврупоӣ истеҳсол мегарданд. Фаъолият дар корхона дар ду баст ба роҳ монда шуда, 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин аст. Теъдоди зиёди кормандонро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Давоми солҳои 2019 - 2021 дар ҳудуди ноҳия, воқеъ дар кӯчаҳои Айнӣ, Зебуннисо ва С. Вализода сохтмони 15 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ «Ваҳдат текстайл», корхонаи коркарди санги хоро ва мармари «Стройкомплекс», корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷилои «Асрори санг», коргоҳи истеҳсоли ламинати «Фирӯз бинокор», ҶДММ «Алиҷони Карим» оид ба истеҳсоли равғани пахта, коргоҳи тавлиди маҳсулоти орди «СИ Шарипов Я.», ҶДММ «Ҳурия» оид ба истеҳсоли яхмос, коргоҳи тавлиди борҷома ва борчаспҳои «Нашри босифат» ва ҶСП «Лаззат», ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва консерв машғул аст, ба анҷом расида, ба фаъолият пардохтанд. Дар ин радиф, моҳи декабри соли 2020 ҶДММ «Комбинати орди Душанбе» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар як шабонарӯз то 100 тонна гандум коркард карда мешавад. Коргоҳ метавонад дар як шабонарӯз то 400 тонна ғалларо ба орди хушсифат мубаддал созад.
Соли 2021 дар ноҳия боз 5 корхона бо 170 ҷои кории нав, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли борҷома ва борчаспҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва консерв, чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо, таҷдиди бинои корхонаи таъиноти истеҳсолӣ (полиграфия) ва сохтмони сехи истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Моҳи августи соли 2021 забҳхонаи Комплекси агросаноатии ҶДММ «Мармарӣ» мавриди истифода қарор гирифт, ки он дар масоҳати 1,7 гектар бунёд шудааст. Бори нахуст дар забҳхона сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч насб гардид, ки дар ҷумҳурӣ беназир аст. Сардхона дар ҳарорати 40 дараҷа хунукӣ фаъолият намуда, қисмҳои парандаро бо иқтидори 3 ҳазор килограмм дар 1 соат то 18 дараҷа хунук менамояд. Барои мунтазам фаъолият намудани забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус меҳнати кормандонро сабук мегардонад.
Соли 2022 дар ноҳия 11 корхонаи нави истеҳсолӣ таъсис ёфт, аз ҷумла КВД «Таҷҳизоти мошинсозӣ»-и КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», ки қисмҳои эҳтиётӣ ба мошинҳои кишоварзӣ истеҳсол менамояд, ҶДММ «КМ Хуаксин Ғаюр маҳсулоти нави сохтмонӣ» (Ғаюр-1) оид ба истеҳсоли регу сангмайда, ҶДММ «Гурӯҳи саноатӣ ва бозоргонии Осиё», ки моеъи зарфшӯӣ тавлид месозад, ҶДММ «Деккерс», корхонаи истеҳсоли яхмос ва картошкаи хушки «Шарафманд», ҶДММ «Роҳати дунё», «Алиҷони Карим», коргоҳи тавлиди ҳасиби «Ихлоси комил», корхонаи истеҳсоли гаҷ (шпаклёвка) бо унвони «Корхонаи босифат», ҶДММ «Ясмина мед» роҷеъ ба истеҳсоли дору, ҶДММ «Пластикаи чинӣ», ки дару тирезаҳои пластикӣ истеҳсол менамояд, ба маблағи 17,5 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид намудаанд.
Бино ба маълумоти сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои МИҲД-и ноҳия Эмомиддин Маҳмадуллоев, соли 2023 дар ҳудуди ноҳия оғоз гардидани фаъолияти як адад корхонаи саноатӣ оид ба коркарди нахи пахта пешбинӣ шуда, бунёди корхонаи истеҳсолии фабрикаи дӯзандагии либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумии ҶДММ «Шаҳзода» бо фарогирии 50 ҷойи корӣ идома дорад. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дар панҷ соли оянда бунёди се коргоҳи дӯзандагӣ бо ташкили ҷойҳои кории нав, ҷалби мутахассисони ботаҷриба ва соҳибкасб, истеҳсоли маҳсулоти босифат, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ пешбинӣ гардидааст.
Чунин иқдом баҳри сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат роҳандозӣ гардида, бешак, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.
О. ХОҶАЕВА