Вақте дар бораи чанд нафар бонуи хушноми Аввалин бонки молиявии хурди Тоҷикистон, ки дар ҳайати роҳбарият шуғл доранд, шавқи зиёди дидор бо онҳоро дар дил парваридем, бо баҳонаи Рӯзи Модар ба коргоҳи мазкур қадам ниҳодем, то бо кормандоне муваффақ гуфтугӯ дошта бошем. Фазои кории Бонк бисёр дилхушкунанда буд. Ҳама бо чеҳраи хандон ва шод, бо самимияти беандоза муомила менамуданд.
Мадина Неъматова
Нахуст ба ҳуҷраи кории Мадина Неъматова, сардори шуъбаи кор бо кормандон ва омӯзишҳои Бонк ташриф овардем. Бо чеҳраи босалобат ва пурмуҳаббати хеш моро пешвоз гирифт, дар суҳбат шудем. Вақте аз таҳияи мавод сухан кушодем, гуфт: «Нахуст эҳтироми зиёди хешро ба аҳли қалами маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мерасонам».
Мадина Неъматова дар шаҳри зебои Душанбе дар оилаи зиёӣ, дар хонаводаи Неъматовҳо, ки ҳамчун санъаткор (амакҳояшон - Музаффар Неъматов, Баҳодур Неъматов ва падарашон Бурҳон Неъматов ва шоиру нависандаҳо Маҳбуба Неъматзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Раҳмат Назрӣ) машҳур ҳастанд, таваллуд ёфтаву ба камол расидааст. Мадина аз панду насиҳатҳо ва сурудҳои дилнишини падари бузургвораш Бурҳон Неъматов баҳра бурда, аз тифлӣ тарзи тафаккур ва ҷаҳонбиниаш нисбат ба зиндагӣ аз дигарон фарқ доштааст.
Мадина пас аз хатми мактаби миёна ва Коллеҷи омӯзгории Тоҷикистон (бо дипломи сурх) таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар факултаи забонҳои хориҷӣ давом дода, онро бо баҳои аъло хатм намуд. Ҳамчунин, ӯ хатмкардаи факултаи идора ва тиҷорат дар яке аз донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар буда, дорои сертификати муътабари байналмилалии CHRMP (Certified Human Resources Management Professional) дар бахши мудирияти манобеи башарӣ ва ё кор бо кормандон аст, мебошад. Дар AIHR (Academic to Innovate Human Resources) ва CIPD (Chartered Institute of Personnel and Development) низ узвият дорад.
- Аз хурдӣ дипломат шудан мехостам, аммо бинобар баъзе мушкилиҳо ва номуносиб будани вазъи иқтисодии оила, ки баъд аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шудем, ба ин ҷода қадам ниҳода натавонистам. Аммо аз касби кунуниям пушаймон нестам ва шукргузор ҳастам. Дар Донишгоҳ мо ба ҷузъ аз забонҳои хориҷӣ фанҳои иловагӣ низ, ба мисли равоншиносӣ ва педагогика мехондем ва онҳо ба ман хеле кумак карданд, ки дониши касбиамро такмил дода, дар соҳаи мудирият ва идоракунии захираҳои инсонӣ ё кор бо кормандон мутахассиси маслакӣ бошам ва дар ҳолатҳои изтирорӣ ва ё муҳим тасмими дурустро интихоб кунам, – мегӯяд Мадина Неъматова.
Ӯ пайваста дар омӯзиш ва рушду сайқал додани малакаҳои худ аст. «Дар даврони донишҷӯӣ қарор додам, бештар фанҳоеро омӯзам, ки дар соҳаи кориам зарур буданд, аз ҷумла забони англисӣ ва, ҳамчунин, фанни мудирият, идора ва тиҷорат бароям бисёр ҷолиб ва хушоянд буданд. Чунки бо омӯзиши мазмунҳои зикршуда тавонистам дониш, маҳорат ва қобилиятҳои зарурие, ки барои муваффақ шудан дар соҳаи бонкдорӣ ва дуруст мудирият кардани корманд, тарзи муоширати хуб, фикрронии интиқодӣ, роҳбарӣ ва ҳавасманд кардани одамонро аз худ кунам».
Мадина аз навҷавонӣ кӯшида, ки мустақил бошад. «Аз 18-солагӣ дар кӯдакистон таълим медод. Баъдан, дар мактаб ба ҳайси омӯзгор ва, ҳамзамон, дар яке аз ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ҳамчун оператори тамос кор мекард. Баъд аз издивоҷ муваққатан ба хориҷ рафт, ин сафар дар соҳаи касби бонкдорӣ барояш сарнавиштсоз гардид. Баъд аз пешниҳоди кор аз ҷониби яке аз бонкҳои машҳури хориҷӣ, фаъолияташ дар соҳаи бонкдорӣ дар соли 2013 оғоз шуд.
Сабрина Канденова
Бо ҷаҳон – ҷаҳон лаззат ба ҳуҷраи кории бонуи дигари зебо ва хушахлоқи Бонк Сабрина Канденова, ки иҷрокунандаи вазифаи роҳбари идораи хавфҳо будааст, ворид шудем. Сабрина бо чеҳраи кушод моро пешвоз гирифт.
Сабринабону соли 1989 дар оилаи духтур ва ходими илмӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ бо баҳои аъло хатм намуда, ба хулосае омад, ки ояндаи худро ба фанни риёзӣ мепайванданд, зеро дилбастаи ин фан буд. «Ҳанӯз дар хотирам ҳаст, ки баъди гирифтани вазифаи хонагӣ аз фанни математика давида хона омадам, то ки онро тезтар ҳал намоям. Дар синфи 5-ум ҳал кардани як масъала бароям душворӣ кард ва онро бо кумаки падарам, ки дар ман шавқ ба фанни риёзиро бедор карда буданд, ҳал намудам. Баъди рафтан ба мактаб муаллимамон пурсид, ки кадоме аз шогирдон масъаларо ҳал кард? Баъди чанд дақиқаи сукут ман даст боло кардам. Ҳаллашро гуфтаму муаллим пурсид, ки ба ман касе кумак кард? Ва ман аз ёрии падарам гуфтам. Устод бо ҷиддият таъкид намуданд, ки дар оянда ҳамаи вазифаҳоро худам иҷро кунам ва ман бошам, аз ин корам пушаймон шудам»,-гуфт ӯ.
Сабрина аз даврони донишҷӯйӣ орзу дошт, ки дар бонк кор кунад ва, ҳамчунин, дар ин солҳо ба таҳқиқоти илмӣ ҳам машғул шавад. Баъди сар задани буҳрони иқтисодии солҳои 2007–2008-ум дар ҷаҳон мавзуи бонкдорӣ барояш ҷолиб гардид. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, то онро бисёртар омӯзад. Соли 2016 ҳангоми хатми риштаи магистратура, рисолаи магистрии худро дар бораи таъсири макроиқтисодиёт ба даромаднокии бонкҳо навишт ва тасмим гирифт, ки барои пайдо кардани маълумоти бештар ва дақиқтар дар бораи фаъолияти бонкҳо риштаи бонкдориро интихоб намояд.
Сабрина хатмкардаи Донишгоҳи славянии Қирғизистону Россия, Донишгоҳи Глазгои Британияи Кабир ва Донишгоҳи молия ва менеҷменти Франкфурт мебошад.
«Дар Донишгоҳи славянии Қирғизистону Россия, ки он ҷо 5 сол хондам, бароям дарсҳои муаллими фанни омор - Марук Виктор Иванович хеле ҷолиб буданд. Ӯ мавзуъро ниҳоят хуб медонист, одами принсипиалӣ буд ва ҳамаи донишҷӯён, аз ҷумла банда низ барои гирифтани баҳои хуб бисёр талош мекардем.
Дар умум, донишгоҳҳои хатмнамудаам дар рушд ва интихоби касбам нақши бориз доранд. Онҳо на фақат аз ҷиҳати донишомӯзӣ, балки дар пайдо кардани дӯстон ба ман мадад намуданд. Масалан, баъди хатми Донишгоҳи славянии Қирғизистону Россия хатмкунандагони ин Донишгоҳ маро ба кор қабул намуданд.
Сабрина 6 сол аст, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд фаъолият дорад.
«Барои гирифтани маълумот оид ба соҳаи бонкдорӣ бештар аз интернет истифода мебарам, маҷаллаҳои Бонки миллиро мехонам ва, инчунин, дар сомонаи linkedin бо ашхосе, ки дар соҳаи бонкдорӣ нуфузи баланд доранд, дӯст шудаам ва аз онҳо низ меомӯзам.
Дар кор нақшаҳои бисёр дорам ва мехоҳам натиҷаашон хубу барои Бонк муфид бошанд», – мегӯяд қаҳрамони мо Сабрина Канденова.
Роҳила Имроншоева
Роҳилабону ба ҳайси роҳбари шуъбаи амо¬натҳо кор мекунад.
Вай 17-уми июли соли 1991 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм намудааст. Дар замони таҳсил дар мактаб ғолиби чандинкаратаи олимпиадаҳои шаҳрӣ аз фанҳои география, математика, таърих ва забони русӣ мебошад.
«Дар айёми хурдсолӣ орзу доштам, ки духтур шавам. Ҳамеша ният мекардам, ки як шифохонаи калонро сохта, ба шахсоне, ки вазъи молиявиашон бад аст, ёрӣ расонам ва онҳоро ройгон табобат намоям. Дар кӯдакӣ бештар аз ҳама модаркалонам Меҳрафрӯз, ки омӯзгор буданд, ба ман ёрӣ мерасонданд. Ҳар гоҳе лаҳзаҳои хурдсолиамро ба ёд меоварам, аввал симои ин шахси бузург пеши назар меояд. Дар ёд дорам, модаркалонам ҳанӯз аз кӯдакӣ маро бо худ ба мактаб мебурданд ва ман аз меҳрубониашон нисбат ба талабагон ва касбашон лаззат ва баҳра мебурдам».
Роҳила дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм кард.
«Дар хотир дорам, ки дар соли дувуми таҳсил дар Донишгоҳ мо, донишҷӯён, дар корхонаҳо ва бонкҳои шаҳр таҷрибаомӯзии таълимиро гузаштем. Маҳз пас аз ин таҷриба ман ошиқи касби бонкдорӣ шудам ва ба хулоса омадам, ки дар оянда дар бонк кор кунам ва бонки муайянро низ барои худам интихоб намудам, ки он Аввалин бонки молиявии хурд буд. Хушбахтона, ҳоло тули чанд сол аст, ки дар ин Бонк фаъолият дорам», – мегӯяд ӯ.
Қаҳрамони мо аз он ифтихор дорад, ки имрӯз занҳои тоҷик дар баробари мардон дар ҳама самтҳо фаъолият доранд. «Ҳамчунин, ба миллат сад ифтихор, ки зани тоҷик имрӯз на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, роҳбар, соҳибкори саховатпеша, табиб, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Ман низ истисно набуда, дар баробари ғамхорӣ нисбат ба оила, кӯшиш мекунам, ки дар пешбурди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ташаббускор бошам», - иброз медорад ӯ.
Аз ин се бонуи соҳибандеша ва дар ҷодаи худ комёб, вақте пурсидем, ки зани тоҷик бояд чӣ гуна бошад, ҳар се ҷавоби бисёр оқилона ва зебо доданд. Ба назари Мадина Неъматова, мутаассифона, бархе аз ҷавондухтарони мо дур аз таҳсил ва дониш мондаанд. «Тарзи тафаккур ва ақидаи онҳо, ҷаҳонбинӣ ва равиши зиндагии онҳо то андозае дур аз фарҳанг ва тамаддуни мо гардидааст. Ҳар яки мо новобаста ба ин, ки дохили кишвар ва ё хориҷ аз Ватан зиндагӣ мекунем, бояд ҳувият, таърих, фарҳанг ва тамаддуни худро фаромӯш насозем ва онро ба насли нав, фарзандони худ низ, омӯзонем ва онҳоро дар ин руҳия тарбия намоем».
Дар қатори ин бонувон боз чандин нафар духтарони лаёқатманди дигаре низ, ҳастанд, ки вазифаҳои гуногуни Аввалин бонки молиявии хурд¬ро бар уҳда доранд. Албатта, пеш аз ҳама, чунин шароити корро баҳри ин бонувони лаёқатманд Бонк фароҳам овардааст ва онҳо аз ин имкониятҳо истифода карда, ҳам дониш ва ҳам таҷрибаи кории худро рушду сайқал медиҳанд.
Ин қиссаи кӯтоҳи се бонуи хушному муваффақи кишвар буд. Роҳи зиндагӣ ва фаъолияти ин се бонуи ҳамида бошараф, саодатманд ва соҳибэҳтиром роҳи пурифтихор ва арзишманд мебошад.
Бояд гуфт, Бонки мазкур яке аз бонкҳои пешрафтаи кишвар ба ҳисоб меравад ва баҳри дастгирии занон ҳамеша иқдомҳои ҷадидро пеш мегирад, аз ҷумла баҳри дастгирии бонувони соҳибкор иқдоми қарзии «Занони соҳибкор – 2023»-ро чанде пеш бо беҳтарин имкониятҳо роҳандозӣ кардааст.