Мусоҳибаи хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Қутбия Неъматулло бо муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, таҳти №314 Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026 тасдиқ гардид. Ҳадаф аз таҳияи ин Стратегия чӣ аст?
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳз бо шарофати ташаббусҳои созанда, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони маҳбуб дар фазои сулҳу субот ва созандагиву ободкорӣ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки рушди низоми миллии бонкдорӣ ва фарогирии молиявӣ, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори низоми бонкии мамлакат ва баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор моҳи июли соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 тасдиқ гардид.
Стратегияи мазкур дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузорӣ, стандартҳои байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он бо роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон, иштироки фаъолонаи вазорату идораҳои марбута, дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейтсария таҳия шудааст.
Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026 аз 6 боб, 21 модда ва 133 банд иборат буда, дар он муқаррароти умумӣ, мақсад ва вазифаҳо, арзёбии вазъи ҷории рушди устувори иқтисодиёт, мушкилот ва самтҳои амалисозии Стратегия, механизми ҳамоҳангсозии Стратегия ва низоми мониторинг ва арзёбӣ оварда шудаанд.
Ҳуҷҷати болозикр роҳҳои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб, низом ва тартиби танзимро барои фарогирии молиявӣ дар солҳои 2022 - 2026 дар бар мегирад ва ҳамчун харитаи роҳ барои ҷонибҳои манфиатдор (субъектҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ) ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои фарогирии молиявӣ дар сатҳи миллӣ мебошад.
Стратегияи номбурда воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасии молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, фарогирии молиявӣ дар таъмини устувории бахши молиявӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақши назаррас дорад.
Дар робита ба гуфтаҳо Стратегияи мазкур кадом самтҳоро фарогир мебошад?
Стратегия чор самти асосиро дар бар мегирад, аз ҷумла: шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, ки мақсади асосии ин самт беҳтар намудани роҳҳои таҳвили хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва пардохтҳо, кам кардани хароҷот ва васеъ намудани дастрасӣ ба маҳсулоти молиявӣ барои ҳамаи муштариён дар кишвар мебошад.
Самти дигар ин гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ аст, ки ҳадафи асосии он таъмин ва васеъ намудани доираи истифодабарии хизматрасониҳои молиявӣ ба шумор меравад.
Самти сеюм, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро фаро гирифта, мақсади асосии он таъмини боварию эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявию бонкии кишвар мебошад.
Ва ниҳоят, самти чорум ин саводнокии молиявӣ буда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ мебошад.
Мақсади ниҳоии Стратегия таъмини сифатнокии маҳсулоти молиявӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ буда, маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявии ба таври муносиб тарҳрезигардида, нархгузоришуда ва ба талаботи бозор мутобиқгардидаро дар бар гирифта, низоми таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ҳамаҷониба фаро мегирад.
Вазифаҳои асосии саводнокии молиявӣ - яке аз самтҳои дигари Стратегияи мазкур аз чӣ иборатанд ва онҳо ба кадом қишрҳои аҳолӣ равона карда шудаанд?
Бале, яке аз самтҳои муҳими таъмини фарогирии молиявӣ саводнокии молиявии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути он аҳолӣ дорои фаҳмишу дониши молиявӣ гардида, усулҳои истифодабарии самараноки захираҳои молиявиро аз худ менамояд. Инчунин, ин иқдом дар навбати худ ба рушди соҳибкории хурду миёна, дастрасию истифодаи хизматрасониҳои баландсифати бонкӣ, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, афзоиши пасандозҳои аҳолӣ ва гирифтани қарзҳо мусоидат менамояд. Ҳалли масъалаи саводнокии молиявӣ аз нигоҳи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хиз¬матрасониҳои молиявӣ ва ташаккули эътимод ба низоми молиявӣ аҳамияти калон дорад. Вазифаҳои асосии саводнокии молиявӣ ин беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар байни бахшҳои молиявӣ ва мақомоти давлатӣ, инчунин байни таҳвилгарони давлатӣ ва хусусии хизматрасониҳои саводнокии молиявӣ, аз ҷумла, таҳияи қоидаҳо барои ҳамоҳангсозӣ ва мунтазам гузарондани вохӯриҳои ҳамоҳангсозӣ, ташкили таҳқиқоти талабот оид ба саводнокии молиявии гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ ва муайян кардани гурӯҳҳои афзалиятнок мебошанд.
Дар натиҷаи татбиқи вазифаҳои асосии саводнокии молиявӣ, нишондиҳандаи умумии саводнокии молиявӣ ҳадди ақал ба андозаи 10 фоиз зиёд мегардад. Барномаҳои саводнокии молиявӣ ҳадди ақал 500 000 нафар аҳолӣ, аз ҷумла 150 000 нафар хонандаро фаро мегиранд. Ҳамаи чорабиниҳо дар самти омӯзиши молиявӣ барои доираи васеи тарафҳои манфиатдор мувофиқа ва ҳамоҳанг карда мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои васеъ намудани технологияи молиявии рақамӣ ва навовариҳои дигар ҷиҳати фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, бахусус занон ва соҳибкории хурду миёна дар шаҳру деҳот чӣ чораҳо меандешад?
Истифодаи технологияи муосири молиявии рақамӣ ва навовариҳои дигари инноватсионӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои босифати молиявӣ нақши муҳим дошта, саҳми онҳо дар таъмини фарогирии аҳолӣ, бахусус занон ва соҳибкории хурду миёна ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди низоми бонкӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ назаррас мебошад.
Барои иҷрои мақсадҳои дар Стратегияи фарогирии молиявӣ гузошташуда, дар самти дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ба нақша гирифтааст, ки то соли 2026 барои расондани шумораи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 34 адад; миқдори банкоматҳо ба 24 адад; миқдори терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба 87,7 адад ва QR рамзҳо ба 96,9 адад, ба ҳар 100 000 нафар аҳолии калонсоли мамлакат, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Инчунин, расондани шумораи суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ то ба 95 дарсади аҳолии калонсол ва зиёд намудани ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ ба андозаи 2,4 маротибаи пардохти молу хизматрасонӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ пешбинӣ гардидааст.
Ғайр аз ин, таъмини истифодаи самараноки хизматрасониҳои пардохти рақамӣ то 60 фоизи аҳолии калонсол ва зиёд кардани истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ, ба монанди пасандоз, қарз ва суғурта ба андозаи 50 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии занону духтарон дар бахшҳои соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла роҳу усулҳои ташкили соҳибкорӣ дар деҳот курсҳои омӯзишӣ доир намуд, ки дар онҳо 224 нафар занон ва духтарон иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи нақши занону духтарон дар иқтисодиёти кишвар чунин омадааст:
«Дар соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд».
Ва ниҳоят, дар бораи фаъолияти бонувони Бонки миллии Тоҷикистон чанд сухан бигӯед?
- Дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон тибқи воҳидҳои штатӣ ба охири моҳи ноябри соли 2022 дар дастгоҳи марказӣ 517 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз он 147 нафар ё 28,4 фоизро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 26 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд ва 7 нафар бонувон соҳиби дараҷаи илмии доктор ва номзади илм мебошанд.
Дар ин давра 97 нафар мутахассисон ба вазифаҳои баландтар гузаронда шуданд, ки аз ин шумора 26 нафар бонувонанд. Дар доираи лоиҳаи Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) аз соли 2011 то ҳол 21 нафар мутахассисон дар зинаи магистратураи соҳаи рушди иқтисодиёти Донишгоҳи Осиё ва уқёнуси Ороми Ритумейкани шаҳри Беппуи Япония таҳсил намуда, аз 15 нафари хатмкарда 3 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Айни замон 6 нафар мутахассис таҳсилро давом дода истодааст, ки аз ин шумора 3 нафар мутахассис бонувон мебошанд.
Илова бар ин, бонувони мо дар Барномаи муштараки Бонки ҷаҳонӣ, Мактаби тиҷоратии Донишгоҳи Оксфорд ва Иттиҳоди фарогирии молиявӣ, ки барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон пешбинӣ шудааст, дар мавзуи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» муддати шаш моҳ, тариқи онлайн сессия бомуваффақият таҳсил намуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.